ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 25 Сентябр 2017 17:12


Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» чанд лаҳза пеш қазияи нишасти ҳавопаймоии АН-28, ки пас аз парвоз аз фурудгоҳи Хоруғ ба самти Душанбе пас аз зӯҳри имрӯз дубора ба замин нишаст, шарҳ дод.
Бино ба иттиллои Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати мазкур, сабаби қатъи парвоз ин мушкилоти фаннӣ, аниқтараш аз кор мондани яке аз муҳаррикҳо буда айни замон барои бартараф намудани мушкилот 1 комиссияи вижа таъсис дода шудааст. Мусофирони АН-28 бо чархболи аз Душанбе ба Хоруғ парвоз карда, ки масъулини ширкати «Тоҷик эйр»-ро ба таври оҷилӣ бурд, ба Душанбе баргашта истодаанд.

СССР



Душанбе, 25 Сентябр 2017 17:09


Шоми 24.09.2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо  иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, аҳли илму адаб маросими ботантанаи ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Барномаи фарҳангиро вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода ва муовини вазири фарҳанги ФР Сергей Абривалин оғози расмӣ бахшида, баргузор намудани  барномаи фарҳангиро таҳкимбахши робитаҳои соҳавии 2 кишвар арзёбӣ намуданд.
Ба ҳайати эҷодии меҳмонон Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» ва гурӯҳи созии «Трио»-и  Консерваторияи Москва шомил буда, дар доираи Рӯзҳо баргузории барномаи консертӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, намоишгоҳи «Русский север» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, дарси сайқали маҳорат дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов, вохӯрии эҷодӣ дар Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Инчунин, имрӯз, 25 сентябр ҳайати меҳмонони Федератсияи Россия ба ш. Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон сафар намуда, ба  сокинони он барномаи консертӣ пешниҳод намуданд. Худи ҳамин рӯз консерти Ансамбли давлатии академии рақсии «Алан» дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи  А. Муҳаммадҷонов дар назар дошта шудааст.

СССР

Душанбе, 25 Сентябр 2017 10:00


Илҳом Алиев-президенти Озарбойҷон зимни қабули эътимоднома аз Рустам Солиев-сафири навтаъини Тоҷикистон дар Боку гуфт, ки имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон феълан истифода нашудаанд: “Имкониятҳои зиёди додугирифти мол тариқи нақлиёти автомобилӣ мавҷуданд”.

Душанбе, 25 Сентябр 2017 09:59


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар доираи сафари кориаш ба шаҳри Сочии Русия бо ҳамтои русаш-Владимир Путин мулоқот карда гуфт: «Ман хушҳолам ва инро пинҳон намекунам, ки дар мулоқоти охирамон дар ш.Москва масъалаи ҳуҷҷатҳои ронандагӣ барои муҳоҷирон ва масоили дигарро баррасӣ кардем. Ҳамаи ин ҳал мешавад. Мехостам, чунин масъалаҳо дар муҳлате, ки ман дар ихтиёр дорам, ҳарчи бештар ҳал шаванд. Бояд коре кунем, сатҳи ҳамкориҳои мо дар ҳамин мавқеъ, ки ба он даст ёфтем, рушд ёбанд".

Душанбе, 25 Сентябр 2017 09:52


«Ҳосилот» с.1981 бо иқдоми ҷавонони ғайюру сарбаланди ҳамин ноҳия таъсис ёфта, беш аз 36 сол боз дар майдони футболи Тоҷик ҳунарнамоӣ мекунад. Пӯшида нест, ки даста дар ин муддат марҳилаҳои гуногунро аз сар гузаронидааст. Дар давоми фаъолияти худ с.1991 дар мусобиқоти Лигаи 2-юми СССР-минтақаи 7-уми Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон бо муваффақият бозӣ кардааст. Баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ бошгоҳи «Ҳосилот» ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, аҳён-аҳён дар баъзе мусобиқаҳо бо мушкилиҳои зиёд ширкат мекард. Боиси зикр аст, ки даста дар солҳои 1993-1997 гоҳ дар Лигаи якум ва гоҳе дар Лигаи Олӣ қувва меозмуд. Ахиран, даста с.2003 аз сари нав эҳё гашт, аммо на бо номи «Ҳосилот», балки таҳти унвони «СКА Хатлон» (Фархор) ва дар мусобиқоти Лигаи Олӣ ширкат варзида, ба гирифтани мақоми 3 мушарраф гашт. Солҳои 2010 бошад, бо дастгирии роҳбарияти вақти Ҳукумати н.Фархор ҳайати нави даста интихоб ва номи таърихии худро соҳиб шуда, худи ҳамон сол дар лигаи якуми футболи Тоҷикистон бозида, аз 26 бозии сабқати мусобиқа 17 ғалаба ба даст оварда, бо касби 55 имтиёз ҷои 2-ро гирифта, соҳиби медали нуқраи мусобиқа гашт. Соли 2011 бошад дар лигаи якум сабқатҳои худро идома дода, с.2012 ба Лигаи Олӣ роҳхат гирифт.

Марадона ва Муаллими Фархор
Замоне, ки мо хурд будем дар ин дастаи овозадор бозингарони беҳтарин, мисли бародарон Хуршед, Ҷамшед ва Искандар Гулоновҳо, Тағай Дӯстов, Ҷумъахон Муродов, Толибҷон Ҳайдаров, Валӣ Раҳимов, Ботурхон Абдуллоев, Хуршед Куканов, Абдурасул Рӯзиев, Исмат Файзов, Маҳмад Ҳакимов, Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев тӯб мезаданд. Айёми кӯдакиамро хуб дар ёд дорам ва ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад, ки ҳини бозиҳои ин даста варзишгоҳи марказии ноҳия пур аз тамошобин мешуд. Ҳар 1 бозингар мухлиси хешро дошт. Аммо бештар тамошобинон ба Хуршед Гулонов (бо лақаби Марадона) таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд.
 «Ҳосилот» зери роҳбарии сармураббии шинохта Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев солҳои 2015-17 бозигузории худро бо маҳорати хос ба роҳ монда, дар ҷадвали мусобиқа мақоми 2-ро соҳиб гашта, ягона рақиби асосии дастаи овозадори «Истиқлол-и» ш.Душанбе шуд. Ҳамчунин имкони иштирок дар бозиҳои Ҷоми «Осиё-2016»-ро пайдо карда, дастаи қаҳрамони Афғонистон «Шоҳин Осмои»-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, вале бозиро ба «Дордой»-и Қирғизистон бохт.
Дар Супер-ҷом-2016 бар «Истиқлол»-и ш.Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Супер-бӯҳрон дар супер-даста
 «Ҳосилот» аз январи с.2017 ба мушкилоти молиявӣ дучор гашта, аксари бозингарони калидӣ дастаро тарк намуданд. Баъди муроҷиатҳои зиёди мухлисон ва ситоди мураббиён ба роҳбарияти Ҳукумати н.Фархор ва соҳибкорон касе ба додашон нарасид. Ҳайронем, ки дар муҳити фазои сулҳу оромӣ ва дар ин соле, ки бо иқдоми Президенти кишвар «Соли ҷавонон» эълон шуд, касе дар фикри кӯмак ба ин даста нест. Албатта, мо медонем, ки футболро аксаран соҳибкорону сармоядорон, ташкилотҳои тиҷоратӣ дастгирӣ менамоянд. Лек масъулини н.Фархор бояд ба қадри имкон ба ин даста кӯмак мекарданд, то боиси дилгармии ҷавонон мегардид. Ин сабаб гашт, ки Ҳабибуллоев баъди шикасти дидани «Ҳосилот» аз «КМВА-Помир» бо ҳисоби 1:0 аз мақом истеъфо дода, боқимонда бозингарон баъди танаффуси якмоҳаи тобистона ба дигар дастаҳо гузаштанд. Имрӯз сармураббии «Ҳосилот»-ро Алиёр Ашурмамадов мутахассиси соҳибтаҷриба ба дӯш дорад, вале ҳамоно мушкилоти молиявӣ боқӣ мондааст. Дар «Ҳосилот» ба ҷуз ҷавонони маҳаллӣ ва 2 бозингари ганагӣ дигар касе майдондорӣ намекунад. Қобили қайд аст, ки аз минтақаи Кӯлоб ҳамагӣ 1 даста дар Лигаи Олӣ боқӣ мондааст ва Ҳосилот низ имсол аз Лигаи Олӣ берун шавад, вой бар ҳоли футболи минтақаи Кӯлоб…

Акбар Абдусамадов,
мухлиси деринаи «Ҳосилот», ш.Душанбе, тел: 907 65 56 85

Душанбе, 25 Сентябр 2017 09:44


Мудернистони исломии азиз, ки аз номи Ислом дурӯғ мегӯед, оё аз Аллоҳ наметарсед? Аз баробарҳуқуқии зан дар Ислом мегӯед, занеро ҳимоя мекунед, ки дар донишгоҳҳо хонад, бозорнишин бошад? Латтаи арабии охундӣ ба сар дошта бошад бас? Чаро аз Худо наметарсед??? Агар баробарҳуқуқ бошад, чаро дар дунёю охират баробар намегиред? Чаро дар намози ҷумъа паҳлӯтон намемонед? Чаро имом намекунеду иқтидо намекунед? Чаро дар ҷаноза паҳлӯтон нест? Рӯтона сиёҳ накунед! Зан дар Ислом бо мард баробарҳуқуқ нест. Агар муслима аст, на ҳаққи хондан дораду на бозорнишинӣ. Латтаҳои сиёҳи шумо ҳамун тампакси тозию охунд аст, динӣ не, сиёсӣ аст. Президент ва ҳукумати Тоҷикистон вазифадоранд, ки барои амнияти ҷомеаи исломии Тоҷикистон латтаҳои сиёҳи сиёсии шуморо аз саратон бигиранд!!!

Ҳуқуқи зан, яъне чӣ?
Вақте "ҳуқуқ" мегӯем, чаро рост намегӯем? Метавонед, ки дар масҷиди худ занеро имом интихоб кунеду аз пасаш намоз гузоред? Ин ҳам ҳуқуқи зан чун инсон аст-ку?!
Чунин ҳуқуқ (аз мард пеш гузаштан)-ро Ислом ба зан надодааст. Баробарҳуқуқӣ, институтхонию корвоншинию туркияравиро низ. Агар зан ҳуқуқи имоматӣ дар намози мардонро надорад, пас чӣ фарқ аст, ки сурх пӯшад, ё сиёҳ. Ин бозии сиёсӣ аст, на мазҳабӣ.


Сафват Бурҳонов,
Одесса, Украина

Душанбе, 25 Сентябр 2017 09:42


Дар газетаи мардумии СССР (№30, 4.07.2017) матлабе бо номи «Шодизода дурӯғ мегӯяд» ба нашр расидааст, ки он ҷавоб ба вокуниши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Панҷакент ба матлаби сокини деҳаи Косатарош-Исмоил Зарифӣ (СССР, №22, 1.06.2017, «Ҳоҷӣ дар Амонатбонк лгот дорад?») аст. Матлаби мазкур аз ҷониби мутахассисони шӯъбаҳои дахлдори мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Панҷакент якҷоя бо кормандони филиали №34 БДА «Амонатбонк» дар ш.Панҷакент таҳия ва ба идораи ҳафтавор ирсол шуда буд. Зимнан, навиштаҳои Зарифиро барои пешрафти ҷомеа, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта зарурӣ меҳисобам, онҳоро дуруст қабул ва дарк менамоям. Дар ёд надорам, ки нисбати навиштаҳои ӯ кинояе карда бошам. «Ҳоҷии дукаратаи галстукдор» ибораи худи ӯст ва такрори он киноя ҳам буда наметавонад. Зарифиро ҳамчун шоири тавоно, шахси бомаърифат ва фаъоли ҷомеа мешиносам ва нисбати ӯ эҳтиром дорам.

П.Шодизода,
муовини раиси шаҳр

Душанбе, 25 Сентябр 2017 09:40


Аз нақлҳои модаркалонам дар хотир аз солҳои гуруснагии давраҳои инқилобию солҳои ҶБВ нақш бастааст. Дар Панҷакент мисли Қосими Бобохон, Ҳамроҳ Хӯҷамуродов, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ-Бобои Шафеъ, Мансуров-раиси колхози К.Маркс, директори корхонаи тамоку-Бобоҳоҷиев барин мардони баномус ба гуруснагон дасти ёрӣ дароз карда, ба бехонаҳо манзил медоданд. Дар ин давра ягон панҷакентӣ ба мардикорӣ намерафт, дорояш ба камбағалҳо нон медод. Дар давраи Шӯравӣ дар корхонаю фабрикаҳо мутахассисони Тоҷик кам буд ва раисони корхонаҳо талош мекарданд, ки кадрҳои коргариро аз сафи ҷавонон афзуда, онҳоро ба таҷрибаомӯзию таҳсил ба шаҳрҳои Маскаву Ленинград фиристанд. Ҳоло кор ба ҳадде расидааст, ки ягон чиновник кадри ҷавон тайёр намекунад, ки мабодо ҷоямро нагирад.
Дар замони Шӯро 1 зани говҷӯши фермаи молпарварии Панҷакент ақаллан вакили Шӯрои олии СССР буд. Ҳоло мутахассисони маълумоти олидори мо берун аз кишвар муҳоҷир. Солҳои охир нотифоқӣ байни мардуми Панҷакент маро зиқ кардааст. Панҷакентӣ панҷакентиро чашми дид надорад, ба кори ҳамдигар халал мерасонад, аз болои якдигар менависад!


Хуршед Муҳиддинов
омӯзгор, ш.Панҷакент

саҳ 3 аз 16

Китобҳо

Flag Counter