ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 07 Ноябр 2018 12:55


Салому дуруд ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР! Бубояд гуфт, ки мо қаблан тавассути маршруткаи №28 бо қимати 1.60 дирам рафтуо мекардем. Аммо аз он рӯзе, ки фаъолияти маршруткаи ин хатсайр манъ карда шуд, ҳаракат хело мушкилу печида гардидааст. Фаъолияти автобусҳои 28 хеле бенизом ва дар сатҳи паст қарор дорад. Ба автобуси 28 нишаста ба кор рафтан дида, пиёда рафтан 100 бор беҳтар аст. Оё ҳамин хатсайр ягон соҳиб дорад, ё не? Аз ҳамон маршруткаҳое, ки дар 2 сомонӣ гаштан доранд, ҳамон мусофиркашҳои 1.60 дирам беҳтар набуд магар?

Фарҳод Шукрихудоев,
ш.Душанбе, тел: 93 579 64 20

Чоршанбе, 07 Ноябр 2018 12:55


Салому дуруд ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР! Бубояд гуфт, ки мо қаблан тавассути маршруткаи №28 бо қимати 1.60 дирам рафтуо мекардем. Аммо аз он рӯзе, ки фаъолияти маршруткаи ин хатсайр манъ карда шуд, ҳаракат хело мушкилу печида гардидааст. Фаъолияти автобусҳои 28 хеле бенизом ва дар сатҳи паст қарор дорад. Ба автобуси 28 нишаста ба кор рафтан дида, пиёда рафтан 100 бор беҳтар аст. Оё ҳамин хатсайр ягон соҳиб дорад, ё не? Аз ҳамон маршруткаҳое, ки дар 2 сомонӣ гаштан доранд, ҳамон мусофиркашҳои 1.60 дирам беҳтар набуд магар?

Фарҳод Шукрихудоев,
ш.Душанбе, тел: 93 579 64 20

Чоршанбе, 07 Ноябр 2018 12:52


Салом, СССРи дилсӯз ва пуштибони мардуми озордида! Кай озору зулм аз болои мардуми нодору бекор бардошта мешуда бошад? Дар бозору маъракаҳо мардум аз ҷабру зулми баъзе масъулину ташкилоту идораҳои давлатӣ шикоят мекунанд! Шикоят аз болои ширкатҳои мобилӣ бошад аз ҳама зиёдтар. Ширкатҳои мобилӣ тарифҳоро 10-рӯзаю 1-моҳа кардаанд. Дар 10 рӯз 7 сомонию 50 дирам, дар 1 моҳ то 30 сомонӣ месупорӣ. Бечораи деҳотӣ 30 сомонӣ супорида, дар 1 моҳ ҳамагӣ 3-4 бор бо дӯстону наздиконаш тамос мегирад, ё не, аммо баланс 0!!! Дуруст, ки телефон имрӯз ба мардум мисли боду ҳаво зарур шудааст, лек операторони ширкатҳо аз пеши худ чӣ коре хоҳанд кардан доранд. Баднафсӣ ҳам ҳадд доштагист.

Туманҷон Сафаров,
н.Фархор

Чоршанбе, 07 Ноябр 2018 12:48

Психологияи миллӣ-2

Чоршанбе, 07 Ноябр 2018 09:08


Алимурод Исломзода, раиси КВД "Хоҷагии манзиливу коммуналӣ" субҳи 6.11.2018 дар синни 63-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Гуфта мешавад, ки субҳи рӯзи гузашта фарзандонаш Алимурод Исломзодаро бо фишори баланд ба беморхона мебаранд, вале то ба бемористон нарасида, эшон ҷон додааст.
 Алимурод Исломзода 8 соли охир роҳбарии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-ро бар ӯҳда дошта, дар гузашта ба ҳайси раиси н.Восеъ низ кор кардааст.


Чоршанбе, 07 Ноябр 2018 08:57


Дастаи «Истаравшан»-и ш.Истаравшан-ғолиби мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон ба Лигаи олӣ роҳ ёфт.
Дастаи «Истаравшан», ки пешакӣ бо 67 имтиёз ба гирифтани медалҳои тилло даст ёфт, дар даври охирин дар меҳмонӣ аз дастаи «Ваҳдат»-и ш.Ваҳдат бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда, ин ягона нокомии футболбозони шаҳри Истаравшан дар мавсими соли 2018 ба шумор меравад.
Ба дастаи «Истаравшан» ин комёбӣ муборак бошад!
  

Чоршанбе, 07 Ноябр 2018 08:53


Фурудгоҳи ш.Хоруғ, ки таҳти тобеияти идории ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» қарор дорад, фаъолияти худро дар 9 моҳи соли 2018 бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст намуд.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар доданд, фурудгоҳи «Хоруғ» дар давраи ҳисоботӣ 64 парвози тайёраи АН-28 ва 18 парвози чархболи МИ-8МТВ-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр»-ро қабул ва гусел намуда, дар маҷмӯъ ба 1075 мусофир хизмат намудааст, ки аз он ҷумлаи онҳо 248 нафар кӯдакони то 5 сола, 119 нафар кӯдакони синни аз 5 то 12 сола ва 10 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат мебошанд. Ба ғайр аз ин, тавассути ин фурудгоҳ 135 парвози чархболҳои мусофиркашу боркашонӣ сурат гирифтааст.
Бояд зикр намуд, ки вурудгоҳи «Хоруғ» фурудгоҳи асосӣ ва калонтарин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб рафта, он дар наздикии шаҳри Хоруғ—маркази маъмурии вилоят, дар лаби дарёи Панҷ ҷойгир шудааст. Фурудгоҳи «Хоруғ» аз сатҳи баҳр дар баландии 2080 метр ҷойгир гардида, яке аз баландтарин фурудгоҳҳои дунё ба ҳисоб меравад ва дар баробари ҳавопаймоҳои хурд ба чархболҳо низ хизмат мерасонад.

Панҷшанбе, 01 Ноябр 2018 10:58


Манучеҳр Ҷӯраев, донишҷӯи курси 2-и факултаи забон ва адабиёти рус (тел: 501 10 32 32), аз деҳаи Айвоҷи н.Шаҳритус дар меҳмонии СССР гуфт, ман 100% ҷонибдорам, ки ҷавонписарон дар Артиш хизмат кунанд, аммо зидди облава ҳастам. Шахсан маро санаи 5.10.2018, аз пеши дари хонаи акаам (назди маркази савдои «Ёвар») 1 гуруҳ бо либоси гражданӣ қапиданд, ки «чикора ҳастӣ?» Гуфтам, ки студентам. Азбаски билети донишҷӯӣ надоштам, маро ба мошини «Старекс» маҷбур савор намуданд. Ҳамин замон ба муовини декани факултет-Меҳринисо Бакаева занг задам. Облавачиён ба Бакаева гуфтанд, «ин хел бошад, справка фиристед». Ва маро ба комиссариати ҳарбии н.Фирдавсӣ бурданд. Он ҷо 5-6 нафар ҷавонро дидам, ки мисли ман «облава» шудаанд. Инро ба чӣ хотир гуфтам? Вазорати мудофиа борҳо гуфтааст, ки облава нест, аммо ин дурӯғ будааст!!! Воқеан, облава дигар бар зарари обрӯи Тоҷикистон хоҳад буд! Аз сӯи дигар, вақте маро дар назари мардум облава мекунанд, ин дар зеҳни мардум чӣ фикреро ба бор меорад. Ҳама мепиндоранд, ки дар хизмат ҳам нисбати аскарон чунин қапоқапӣ вуҷуд дорад. Агар донишҷӯ намебудам, ҳатман рафта дар Артиш хизмат мекардам.

саҳ 14 аз 16

Китобҳо

Flag Counter