ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 14 Ноябр 2018 11:27


   Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 41-солаи сокини ш.Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 13.11.2018, тахминан соати 12:00-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дӯкони гуштфурӯшиаш, воқеъ дар к.Меҳнат 150-кг гӯшти гов, ки арзиши умумиашон 6000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
   Бино ба иттиллои аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба мо расида, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини к.Саҳбои пойтахтро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Чоршанбе, 14 Ноябр 2018 11:24

 Санаи 12.11.2018, тахминан соати 19:30 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-НХ”, аломати қайди давлатиаш 0017ЕН 01, Каттахонов Ғолибшоҳ Раҳматович, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Қиблаии н.Рӯдакӣ, донишҷӯӣ курси 2-юми Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди к.Ҳофизи Шерозӣ, аз тарафи кӯчаи И. Сомонӣ ба самти кӯчаи С. Носири ш.Душанбе, аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард ҷавонзани 31-солаи истиқоматкунандаи ш.Душанберо зада аз пой меафтонад.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти РВКД дар ш.Душанбе хабар доданд, дар натиҷа ҷавонзани 31-сола бо бардошти ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.Оиди ҳодисаи мазкур тафтиш идома дорад.


Сешанбе, 13 Ноябр 2018 08:39

 Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар назди толори дилхушкунии «Хваканта»-и ш.Хуҷанд, марди 39-солаи сокини ш.Душанбе, бо гумони муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, дастгир карда шуд.
Чуноне ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, зимни кофтуков аз номбурда, ба миқдори умумии 400-адад ампулаҳои дорои маводи заҳролуди «Заҳри мор» гирифта шудааст. Маълумотномаи Институти кимиёвӣ таҳти №31008/23-1/288-267 аз 5-уми ноябри соли 2018 тартиб дода шудааст. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 206 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Ҷумъа, 09 Ноябр 2018 11:28


    Субҳи имрӯз президенти ҶТЭмомалӣ Раҳмон бо раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ дар к.Айнии н.Шоҳмансур бинои Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
   Тавре гуфта мешавад, ки иншоот аз бинои асосӣ, меҳмонхона, майдончаҳои варзишӣ ва инчунин нуқтаи назорати гузаргоҳӣ иборат мебошад. Масоҳати умумии иншоот ба 14 ҳазору 351 метри мурабаъ баробар аст. Бинои асосии Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм бо тарҳи муосиру мутобиқ ба талаботи имрӯза сохта шуда, аз чор ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино аз қисми навбатдорӣ, утоқҳои корӣ, таълимӣ, маҷлисгоҳ ва дигар инфрасохтори ёрирасон иборат аст.
    Дар ошёнаи 1-уми бинои асосии марказ қисми навбатдории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ошхона бо 50 ҷойи нишаст ва ғайра ҷой дода шудааст. Ошёнаҳои дуюм ва сеюми он барои утоқҳои корӣ, синфхонаҳои таълимию маҷлисгоҳҳои хурду бузург, утоқ барои қабули меҳмонон ва ҳуҷраҳои хоб пешбинӣ шуда, дар онҳо шароити мукаммали кору фаъолият фароҳам мебошад.
Тавре аён шуд, инфрасохтори мавҷуда дар бинои асосии марказ бо муосиртарин лавозимот, аз ҷумла компютеру ноутбук, принтер ва ғайра ҷиҳозонида шуда, дар синфхонаҳои таълимӣ имконияти фаррохи ба омӯзиш ва такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони соҳа мавҷуд мебошад. 3 синфхонаи таълимии марказ, ки ҳар кадом дорои 6 ҷойи нишаст аст бо воситаҳои навтарини таълим муҷаҳаз карда шудаанд.
   Дар ошёнаи 3-юми бинои асосии Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм 8 ҳуҷраи хоб барои омӯзгорон ва курсантон муайян гардидааст. Ҳар як ҳуҷра дорои ду рахти хоб, ҷевон ва дигар лавозимоти зарурӣ мебошад.
Толори нигоҳдории таҷҳизоти техникӣ, ҳуҷраи хоҷагидорӣ ва ҷойгоҳ барои захираи об бо иқтидори 300 метри мукааб дар ошёнаи чорум ҷой дода шудааст. Дар ҳамин бино китобхона мавҷуд аст, ки дар он номгӯи зиёди адабиётҳои таълимии соҳавӣ ҷамъ оварда шудааст.
   Дар дохил ва атрофи иншоот 28 камераи мушоҳидавӣ насб ва қисмати болоии девори гирди бино бо симтурҳои махсуси муҳофизатӣ иҳота гардидааст.

Ҷумъа, 09 Ноябр 2018 11:24


 Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҶТ озмуни Хазинаи сафир оид ба ҳифзи мероси фарҳангиро барои соли 2019 (ХСҲМФ) кушода эълон менамояд. Аз довталабон талаб карда мешавад, ки аввал консепсияи лоиҳаро дар 2 саҳифа пешниҳод кунанд. Пас аз интихоби консепсияҳои беҳтарин, аз довталабони интихобшуда хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи худро ба таври пурра пешниҳод намоянд. ХСҲМФ барномаҳоро аз қабили барқарор намудани иморатҳои бостонӣ ва таърихӣ, арзёбӣ ва ҳифзи дастнависҳои нодир ва нигораҳои осорхонаҳо, нигоҳ доштан ва ҳифз намудани мавзеҳои муҳими бостонӣ, сабту хуҷҷатгузорӣ намудани технологияи ҳунарҳои миллӣ ва забонҳои маҳаллӣ, ки зери хатари нестшавӣ қарор гирифтаанд дастгирӣ менамояд.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соли 2001 ҷиҳати нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ ва изҳор намудани эҳтироми ИМА нисбат ба фарҳангҳои ғайр таъсис дода шудааст. Мероси фарҳангӣ нишонаест аз саҳмгузорӣ ва таҷрибаи таърихии башарият. То ба имрӯз сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таввасути гранти ХСҲМФ 17 барномаро дар Тоҷикистон ба маблағи 619,658 доллари амрикоӣ дастгирӣ намудааст.
Барои гирифтани маълумоти муффасал, лутфан, аз сомонаи https://goo.gl/h7ChY1 истифода баред.
Мӯҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо 26 ноябри соли 2018 мебошад.

Ҷумъа, 09 Ноябр 2018 11:08

10 ноябр Рӯзи милитсияи Тоҷик

Панҷшанбе, 08 Ноябр 2018 16:10


Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости-и Россия, дар пайи ошӯбе, ки шаби 7 ба 8 ноябри соли ҷорӣ  дар маҳбаси низомаш пурзӯри ш.Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст, дастикам 13 маҳбус кушта шуданд.
Гуфта мешавад, ки 13 нафар маҳбус дар натиҷаи амалҳои ҷавобии пешгирикунандаи мақомоти қудратӣ кушта шудаанд. Ин ошӯб пас аз он сар зад, ки яке аз маҳбусон, ки бо ҷурми узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ зиндонӣ шуда шуд, бо латукӯби яке аз нозирон аслиҳаи номбурдаро ба даст гирифта, ба кушодани тир ба тарафи нозирони дигари маҳбас шурӯъ кард.
Аз рӯи хабарҳои зиддунақз дар сомонаҳои хабарӣ, ошӯб бо дахолати қушунҳои махсус пахш карда шуда, айни замон дар маҳбаси низомаш пурзӯри ш.Хуҷанд комиссияи махсуси санҷишӣ ба кори худ оғоз кардааст. Вазорати адлия ва идораи Сарраёсати корҳои ислоҳии ин вазорат то ҳанӯз дар бораи ин чизе нагуфтаанд.

Панҷшанбе, 08 Ноябр 2018 13:10


Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе бо 1 қарори вежаи худ, ки ба тақвият бахшидани фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигарднидашудаи пойтахт равона шудааст, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи ш.Душанбе ҷиҳати таъмин намудани талаботи ниёзи мардум бо молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ гурӯҳи корӣ таъсис додааст.
Гуфта мешавад, ки гурӯҳи корӣ вазифадор аст, ки ҷиҳати таҳлили вазъи фаъолият ва ба кор даровардани корхонаҳои хусусигардонидашудаи ш. Душанбе, инчунин ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ чораҳои амалӣ андешида, ба роҳбарони корхонаҳои хусусигардонидашудаи пойтахт ҷиҳати барқарор ва тибқи таъинот истифода бурдани корхонаҳои зикргардида, инчунин мувофиқи мақсад истифода бурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда огоҳнома оиди дар муддати 6 моҳ (то 1 апрели соли 2019) ислоҳ кардани камбудиҳо исрол намоянд.
Дар сурати барқарор накардани фаъолияти корхона ва мувофиқи мақсад истифода набурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда масъалаи ба манфиати давлат бозпас баргардонидани корхона ва қитъаи заминро дар асоси талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ баррасӣ хоҳад шуд.


саҳ 11 аз 16

Китобҳо

Flag Counter