ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 14 Ноябр 2018 18:49


Дар ин соли пурбараккати 2018 банда 2 маротиба ба зиёрати шаҳрҳои бостонии Самарқанд ва Бухорои Шариф шарафёб шудам. Бори аввал даҳаи дуввуми моҳи май ва бори дуввум аввали моҳи сентябр бо роҳи Душанбе-Панҷакент. Роҳ аз Душанбе то Панҷакент ба дараҷаи олист, аммо баъд аз марзи Тоҷикистони азиз чандон хуб нест…
Сарҳадро ба осонӣ гузаштем, ягон монеа вуҷуд надошт, аз номеҳрубониҳои қаблӣ дараке набуд. Ҳам дар Самарқанд ва ҳам дар Бухоро мардум асосан Тоҷикӣ суҳбат мекарданд. Дар Самарқанд мадрасаҳои Шердор, Улуғбек, Тиллокорӣ, ҳамчунин Шоҳи зинда ва ғайраҳоро тамошо кардем, ки хеле таъсирбахш буд. Дар вақти аз Самарқанд ба сӯи Бухоро сафар кардан дидем, ки саҳроҳои бепоён ва бисёр ҷойҳояш кишт нашуда буд. Сабабашро пурсидам, гуфтанд, ки «об намерасад».

Аз Самарқанд то Бухоро
Аз Самарқанд то Бухоро ҳудуди 300 км роҳ аст, дар байни ин 2 вилоят 1 вилояти нав бо номи Навоӣ таъсис шудааст. Дар масофаи 300 км на тале ҳаст, на теппае, на боғе, на роғе, куҳ тамоман намоён нест. Тақрибан дар 5 соат ба Бухорои Шариф расидем.
 Дар Бухоро ҳам иморатҳои таърихӣ хеле зиёд аст. Мадрасаи Мири араб, Кӯкалтош, Лаби ҳавз, Тахти шоҳ, Зиндон, Моҳи Хоса ва хело ҷойҳои дидании дигарро низ тамошо кардем. Бори аввал дар Бухоро 1 рӯз пеш аз рамазон будем ва вақте намози асрро дар масҷиди «Лаби ҳавз» хондем, ҷавоне назди ман омаду ҳамсуҳбат шуд. Ӯ аз ман бо забони ӯзбекӣ суол кард: «Таробеҳни бугун ӯқиймиз-мӣ, ё эртага?». Китфҳоро дарҳам кашида, гуфтам: «Ман шуморо намефаҳмам, чӣ мегӯед?». Ӯ ин дафъа ба ман «Шумо магар Тоҷикед?» гуфт. Гуфтам: «Бале, ман Тоҷикам». Гуфт: «Шумо аз Бухороед?» Гуфтам: «На, аз Душанбе». Ва пурсидам: «Шумо ҳам магар Тоҷикед?». Гуфт: Не, ман ӯзбекам. Пурсидам: «Аз Бухороед?» Гуфт: Не, аз қишлоқи фалон, ки аз Бухоро тақрибан 30 км роҳ аст…
Маро ҳусни кунҷковиям боло гирифту боз пурсидам: «Дар қишлоқи шумо Тоҷикон ҳам ҳастанд, ки Тоҷикиро медонед?» Гуфт: «На, ҳама ӯзбеканд ва Тоҷикиро намедонанд, ман бошам Тоҷикиро аз Тоҷикон дар Россия ёд гирифтаам». Баъд мо хайру хуш карда аз ҳам ҷудо шудем ва ба манзили худ баргаштем.

Бухороии кӯлобӣ…
Бояд гуфт, ки ин шаҳрҳо дар ҳақиқат шаҳрҳои сайёҳианд. Мардуми муқимӣ хонаҳои худро ба меҳмонхона-«ҳотел» табдил додаанд, ки нархи 1 шабаш барои 1 кас аз 10-15 доллар кам нест. Дар ошхонаҳое, ки мо хӯрок хӯрдем, дидем, ки пешхизматҳо ҳатман забонҳои Тоҷикӣ, ӯзбекӣ, англисӣ ва форсиро медонанд. Дар хонае, ки будем, ниҳоят инсонҳои бомаданият ва тозаву озодаанд. Соҳибхона Садриддин ном дошт. Аз ӯ пурсидам, ки номатон чӣ маънӣ дорад, гуфт намедонам. Гуфтам, ки садр яъне сардор, раис, хулоса сардори дин. Оқои Садриддин хушҳол шуданд, ки номи хуб доштаанд. Ҳамчунин соҳибхона гуфтанд, ки бобокалони хонумашон кадом вақте аз Кӯлоб ба Бухоро барои хондан омада, он ҷо муқимӣ шудаанд. Дар ҷавоб ман ба хонумашон гуфтам, ки ин тавр бошад шумо ба ҳамшаҳриҳоятон хизмат кунед. Янга дар ҷавоб гуфт: «Хуб шудаст, бо ҷону дил». Аз оқои Садриддин пурсидам, ки шумо хориҷиёнро қабул мекунед, забони англисиро медонед?».  Дар ҷавоб гуфт, ки чандон хуб намедонам, аммо фикри худро фаҳмонида метавонам.
Ҳавлӣ шояд бо таҳҷои хона 15х15м бошад, дар ҳамон ҷо худ ва дар ошёнаи 2-ум меҳмононро қабул мекунанд. Барои худ дастшӯй ва шовар (душевая), барои меҳмонон низ ин чизҳоро доранд. Дар ошёнаи дуввум 2 ҳуҷра барои меҳмонон, ТВ, 5 поя диван-кроват хеле покиза ва олуфта буд, ки ҳалолашон бод. Падари Садриддин мӯйсафеди нуронии 95-сола, ки бо пои худ мегардад, бисёр ҳофизаи қавӣ дорад. Ин муйсафед хеле зиндадил ва санъаткори варзида буда, барои мо шашмақомсароӣ кард. Илоҳӣ, овозаш хаста нагардад.

Бухорои бе боғу роғ
Дар Бухоро дарахт ниҳоят кам ба чашм мерасад, дар кӯчаҳояш ҳам гулу гулкориро қариб, ки надидам. 2 маротибае, ки ба Бухорои Шариф ташриф овардам, ҳар навбат аввал мақбараи бобои Исмоили Сомониро зиёрат кардам. Он ҷо тиловат карда, ба мардуме, ки ҳузур доштанд, хитобан гуфтам, ки ҳар гоҳ касе ба Бухоро ояду сари марқади ин абармард оят нахонад, ба Бухоро омаданаш ягон маънӣ нахоҳад дошт. Хулоса, сафар хеле хубу гуворо гузашт, мардумонаш ҳам хеле меҳрубонанд.
 Баъди пошхӯрди Иттиҳоди Шӯравӣ ба фикри ман дигар иморатҳои замонавӣ сохта нашудааст. Лиҳозо, шаҳрҳои бостониро ба Душанбеи азиз муқоиса кардан аз имкон дур аст. Ба бародарони Самарқандӣ ва Бухороӣ гуфтам, ки агарчӣ ба шаҳрҳои шумо аз тамоми дунё сайёҳон биёянд ҳам, аммо шумо бояд, ки ҳар сол ақаллан 1 бор Душанбеи азизро зиёрат кунед. Зеро шумо Тоҷикед. Ҳамчунин бояд дониста бошед, ки Эмомалӣ Раҳмон Президенти тамоми Тоҷикони ҷаҳон ҳастанд. Хушбахтона ягон касе, ки ман бо онҳо ҳамсуҳбат шуда будам, сухани маро рад накарданд. Ростӣ, аз сафари худ хело ҳаловат бурдам.
Ба умеди рӯзҳои беҳтари худ ва Тоҷикистони азиз…

Зиёҷон Хошматов,
деҳаи Шайнаки Муллогадо, н.Рӯдакӣ

Чоршанбе, 14 Ноябр 2018 18:42


Замоне ки филиали Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (IRS) дар Тоҷикистон дар асоси шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати ҶТ нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанокро ба уҳда гирифт, буданд нафароне, ки изҳори норозигӣ мекарданд. Зеро барои гузариши автомобилҳо вобаста ба категорияашон маблағ ситонида мешуд ва мардум гумон мекарданд, ки он ба болоравии роҳкиро сабаб мегардад. Албатта, ин як раванди табиӣ буд, зеро он вақт ҳанӯз моҳияти пулакӣ шудани роҳро мардум хуб дарк накарда буданд. Хушбахтона, бо гузашти вақт сафи норозиён на танҳо коста гардид, балки қариб аз байн рафту ҳоло мардум аз фаъолияти филиали ин Ширкат изҳори қаноатмандӣ менамоянд.
Роҳи мавриди назар, ки аз минтақаҳои кӯҳӣ мегузарад, қаблан дар фасли зимистон барфи зиёд боридаву тармаҳои азим фаромада онро банд мекард. Борҳо шоҳид будем, ки дар чунин ҳолатҳо «IRS» дар муддати кӯтоҳтарин ҳаракатро дар роҳ таъмин кардааст. Муҳимтар аз ҳама, пулакӣ шудани роҳ нархи роҳкироро на афзоиш, балки коҳиш дод. Бо роҳкирое, ки имрӯз ба шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд сафар мекунед, пеш аз «пулакӣ» шудани роҳ сафар кардан ғайриимкон буд. Дар баробари нигаҳдории роҳ Ширкат, ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии худро дорад. Корхонаҳои қуму сангреза ва истеҳсоли асфалт бо сармоягузории Ширкат таъсис ёфтаву алъон фаъолияти пурмаҳсул доранд. Дар ин матлаб тасмим гирифтем, ки фаъолияти Намояндагии «IRS» дар минтақаи Зарафшонро ба риштаи таҳлил кашем. Намояндагии фавқ аз 1.08.2011 фаъолият дошта, нигоҳдории 86,966 км роҳ, аз ҷумла, 5,253 км нақби Шаҳристонро амалӣ мекунад. Соле пеш дар н.Айнӣ филиали Ширкат заводи асфалт мавриди истифода қарор гирифт, ки дар баробари қонеъ сохтани эҳтиёҷоти ширкат, ҳамчунин минтақаро бо асфалт, қуму сангреза таъмин мекунад. Иқтидори корхона дар 1 соат мутаносибан 70 тонна асфалт ва 38 тонна қуму сангреза аст. Соли 2017 завод 27164 тонна асфалт истеҳсол кардааст, ки 26935 тоннааш барои таъмири роҳи зери Душанбе-Чанок истифода шуд. Дар ин баробар ба фаъолият шурӯъ кардани заводи мазкур аз лиҳози ҳифзи муҳити зист низ манфиатовар аст. Зеро то ба фаъолият оғоз кардани он мардуми деҳаҳои атроф қуму сангрезаро аз ҳар ҷой мегирифтанд, ки дар натиҷа таъсири манфӣ ба табиат мерасид. Пас аз он ки заводи асфалти «IRS» ба фаъолият шурӯъ кард, мушкилот то андозае аз байн рафт.
Техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон 181 ададро ташкил медиҳад, роҳсозии замонавии Ширкат имкон фароҳам оварданд, ки мушкилоти дар роҳ бавуҷудомада дар муддати кӯтоҳ бартараф карда шавад. Ба ибораи дигар, филиали Ширкат дар давоми фаъолият аз имтиҳонҳои ҷиддӣ гузаштааст. Зеро дар муқоиса ба дигар роҳҳои ҷумҳурӣ, ки нигаҳдориашон ба зиммаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузошта шудааст, роҳи Душанбе-Чанок аз офатҳои табиӣ зиёд осебпазир аст. Дар давоми чанд соли охир бо вуҷуди лағжиши кӯҳпора ва фаромадани тармаҳои бузург баста нашудани роҳ дар муқоиса ба солҳои пеш қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Худ қазоват кунед, ки барои нигаҳдории 86,996 км роҳ (манзур намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон) 41 техникаву механизми роҳсозӣ сафарбар шудааст. Аммо дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои н.Айнӣ ҳамагӣ чанд техника мавҷуд аст, ки дар давоми сол шояд ҳамагӣ 3-4 маротиба истифода мешаванду халос ва боқимондаи рӯзҳо, бинобар набуди сӯзишворӣ, дар канори роҳ «хоб» мекунанд. Аз ин ҷост, ки роҳҳои дар тавозуни муассисаи мазкур хароб буда, умуман ба талабот ҷавобгӯ нест. Чунин тарзи корро дида, мардум аз фаъолияти филиали Ширкати «IRS» изҳори қаноатмандӣ мекунанд, зеро бо чунин фаъолияти Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои н.Айнӣ шояд шоҳроҳи байналмилалии зикршуда кайҳо хароб мегардид…
Дар баробари тоза нигоҳ доштани роҳ Ширкат, ҳамчунин нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетаваҷҷуҳ нест. Хусусан, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман онро ба макони лозимӣ мерасонанд. Нависандаи ин сатрҳо ба чунин ҳолат мувоҷеҳ шуда будам. Соле пеш, дар километри 69 ба садама дучор шуда, бидуни техникаи махсус интиқоли автомобил ғайриимкон буд. Ҳангоме ки бо ин мушкилот ба намояндагони филиали Ширкати «IRS» Тоҷикистон муроҷиат намудам, кормандони он бо дарки масъулият ва муносибати самимона автомобили маро то ш.Душанбе оварданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин корро ҳар сол кормандони Ширкат даҳҳо маротиба иҷро мекунанд. Фаъолияти филиали Ширкати «IRS» дар Тоҷикистон нишон дод, ки дер ё зуд бояд чунин таҷриба дар роҳҳои дигари ҷумҳурӣ низ амалӣ карда шавад. Ба касе пӯшида нест, ки барои таъмири куллӣ ва ё сохтмони роҳ садҳо миллион доллари ИМА маблағ лозим аст ва Ҳукумати Тоҷикистон, новобаста аз имкониятҳои маҳдуди молиявӣ, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ роҳҳои тамоми минтақаҳои кишварро азнавсозӣ ва ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ намуд. Бо фаъолияти ғайриқаноатбахши муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо наметавон роҳҳоро дар сатҳу сифати хуб нигоҳ дошт. Аз ин рӯ, вобаста кардани роҳҳо ба ширкатҳое, мисли «IRS», талаби замон аст.

Шариф Атобуллоев,
журналист

Чоршанбе, 14 Ноябр 2018 18:35

Чоршанбе, 14 Ноябр 2018 18:28

 

Чоршанбе, 14 Ноябр 2018 18:24


Нозироти андози ш.Хуҷанд ба самъи шумо мерасонад, ки маълумотҳои овардашуда дар СССР (№34, 23.08.2018) бо номи «Боғи Камоли Хуҷандӣ камбудӣ дорад» беасосанд. Зеро мутобиқ ба нишондоди Қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.02.2018, №60 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2012, №451» бо мақсади ҳавасмандӣ, дастгирии соҳибкорони инфиродӣ ва рушди ҳунарҳои миллии мардумӣ, номгӯи намудҳои фаъолият оид ба иҷрои кор, хизматрасонӣ, истеҳсол ва фурӯши молҳои ниёзи мардум дар хона, ки дар феҳристи номгӯи фаъолияте, ки ба қарори мазкур тасдиқ шудааст, аз пардохти ҳама навъҳои андоз озод пешбинӣ шудаанд. Яъне, ҳангоми амалӣ кардани фаолиятҳои пешбинишуда, дар мавриди истеҳсол, фурӯш (иҷрои кор, хизматрасонӣ), аз ҷумла, хизматрасониҳои таъмиру омӯзишӣ ба шарте аз пардохти ҳама намуди андозҳо озоданд, ки фаъолиятҳои мазкурро шахси онро амаликунанда бевосита дар хона (бе ташкили коргоҳҳои истеҳсолӣ, нуқтаи савдои алоҳида ё мағоза) ба анҷом расонад. Дар сурати берун аз хона анҷом додани фаъолиятҳо аз ҷумла, ба воситаи таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ё фурӯши маҳсулотҳои омодашуда дар дӯконҳо ва мағозаҳои алоҳида бо ҷалби коргари кироя, ки шахси онро амаликунанда бевосита истеҳсолкунандаи молу маҳсулоти мазкур нест, таҳти андозбандӣ қарор дода мешавад. Яъне фаъолияти соҳибкории шахсоне, ки дар даромадгоҳи Боғ, яъне берун аз хона ба фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ машғуланд, тибқи талаботи ин банди мазкур бояд андозбандӣ шаванд. Дигар ин ки шаҳрвандон қабл аз ба тасвиб расидани Қарори мазкур аллакай дар мақомоти андози ш.Хуҷанд ҳамчун соҳибкор ба қайди давлатӣ гирифта шуда, чанд муддат инҷониб дар ҳамин нуқта ба фурӯши армуғонҳои гуногун машғуланд. Аз сӯи дигар маҳсулоти дар ин нуқтаҳо дар фурӯш буда, аксаран маҳсули соҳибони онҳо набуда, асосан ба хариду фурӯши армуғонҳо ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ машғуланд.

М.Раҷабов, сардори Нозироти андоз дар ш.Хуҷанд

Чоршанбе, 14 Ноябр 2018 18:20


Журналист Нурулло Ҳасанов аз ноҳияи Муъминобод (тел: 918 67 08 05) ба СССР занг задаву гуфт, ки рӯзи 2.11.2018 телефонам 4 сомонию 11 дирам баланс дошт. Ширкати Вавилон аз СМС-паёмакравонкунӣ ба ҷонам овард. Хеста ба ҷои пулгузаронӣ рафтам. “9 сомонию 60 дирам гузашт” гуфта СМС-паём омад. 5 дақиқа пас ҳисобамро бинам, боз ҳамон 4 сомонию чанд дирам аст. Рӯзи 3.11.2018 хостам ба чанд ҷо занг занам, лек аз ширкат садо меояд, ки “дар ҳисоби шумо маблағ кифоя нест!”. Сипас чандин карат ба кормандони Вавилон занг задам, аммо ягон посухе надоданд. Аз муҳтарам Беҳзод Файзуллоев пурсиданиям, ки вақте ман ба ягон бозӣ ва ё аксия қӯш нашуда бошам, пас ин 13 сомонию 71 дирами ман дар давоми 20 соат куҷо мешавад?

Чоршанбе, 14 Ноябр 2018 18:15


Хонанда, дӯст ва мухлиси ҳамешагии газетаи мардумии СССР Сурайёи Сайфиддин аз шаҳри Маскав ба СССР занг задаву гуфт, ки барои чӣ ФМС-Хадамоти федеролии муҳоҷират нисбати кулли муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия бераҳмӣ ва беинсофиро раво мебинад? Ман 2 моҳ боз дар атрофи вилояти Маскав бо корҳои иҷтимоӣ ҳамроҳи шавҳару фарзандонам қарор дораму бераҳмии ФМСро ба муздурони Тоҷик дида, сахт дар ғазаб мешавам. Бовар мекунед, ФМС ва ҳам чанд мақомоти дигари Русия муҳоҷирони тоҷикистониро бе асос ва бе сабаб бемори СПИД бароварда, аз қаламрави Русия депорт мекунанд! Пас чаро ин ҳолати ҳузнангез ба ман алам накунад? Ман ҳоло 1 факт дорам, ки чӣ тавр 1 ҷавони шаҳритусиро дар 1 беморхонаи Калуга бистарӣ карда, тани беҷонашро ба Шаҳритус фиристоданд. Ҳамаи далелҳоро дар ин мавзуъ ҷамъ овардан дорам.

Чоршанбе, 14 Ноябр 2018 18:11


Салом, СССР! Ростӣ, хело нигарон аз онем, ки чаро бештар хонаводаҳои доро сагҳои худро ба дохили сабзаҳои сунъӣ (газон) бурда сар медиҳанд. Гап сари ин аст, ки сагҳо даруни газон даромада, номаъқулӣ мекунанд. Дар натиҷа ҳам газон хушк мешавад ва ҳам атрофро бӯи бад фаро мегирад. Инчунин, тибқи мушоҳидаи мо, мардуми одӣ ҷасадҳои сагу гурбаро ба ҷои он, ки дар ҷое таги хок кунанд, ё онро дар мусор мепартоянд, ё андаруни лӯлаҳои обгузар тела медиҳанд. Ин аст, ки вақте борони зиёд мезанад, обҳо ҷамъ шуда, бемориҳои сироятии гуногунро ба вуҷуд меорад. Ростӣ, намедонем, ки бо чӣ роҳ чунин афроди бефаросатро ҷазо диҳем!

Бо эҳтиром, Раҷабмад Раҷабов,
аз номи 1 гуруҳ сокинони ш.Кӯлоб, тел: 918 41 50 67

саҳ 9 аз 16

Китобҳо

Flag Counter