ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 28 Ноябр 2018 08:39


Қаллобӣ яке аз амалҳои зишти инсонист. Аммо дирӯз қаллобиро дар яке аз мусофиркашонии ш.Душанбе дидам. Микроавтобуси хатсайри №33 (рақами қайди давлатиаш 5510 ТТ 05), ки аз бозори Корвон ба ҳаракат даромад, кондуктораш «то бозори Султони Кабир меравем» гуфта, мусофиронро ба нақлиёт савор мекард. Чанд мусофир бо ғазаб сабаби то охири роҳи муайяншуда нарафтани ронандаро мепурсиданд. Аммо нақлиёти мусофиркаш баъди расидан ба «манзили мақсад», яъне бозори Султони Кабир, роҳро идома дод. Онҳое, ки аз Корвон нишаста буданд, пиёда шуданд. Ман махсус барои мушоҳида аз мошин нафаромадам. Ин чӣ амалест? Чаро аксари ронандаҳо роҳ-хатсайрро 2-3 тақсим намуда, пули иловагӣ (қаллобӣ!!!) меғундоранд? Борҳо бо ин ҳолат дучор шудаам. Бо қарори раиси ш.Душанбе аз феврали с.2018 барои 1 нафар мусофир дар микроавтобусҳо роҳкиро 1,60 дирам муайян шудааст. Ва мусофир бо вуҷуди чӣ қадар масофа роҳ рафтан ин пулро мепардозад. Онҳо бо ин роҳ мардумфиребӣ карда, ҳаққи мардумро мехӯранд. Зеро мардумро маҷбур мекунанд, ки дар 1 хатсайр 2-3 бор 1 сомониву 60 дирам дода, ба манзил бирасад. Масъулини хатсайру ташкилот ин ҳамаро медонанд, аммо чаро хомӯшанд? Ё онҳо низ аз қаллобии ронандаҳо фоида мебинанд?

Руқия Қурбонова,
коромӯзи СССР

Чоршанбе, 28 Ноябр 2018 08:35

Психологияи миллӣ-5

Душанбе, 26 Ноябр 2018 15:44


 Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии бевоситаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба 20 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма ва журналистони собиқадору соҳибтаҷрибаи вилоят ба осоишгоҳи «Баҳористон» роҳхат дода шуд.
 Бино ба иттилои аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд ба СССР расида, дар охирон нишасти матбуотии Раиси вилоят, ки моҳи июли соли ҷорӣ сурат гирифта буд, аҳли қалам аз эшон дархост намуда буданд, ки бо мақсади ҳавасмандкунии кормандони воситаҳои ахбори омма теъдоде аз журналистон ба истироҳату табобат фаро гирифта шаванд.
    Дархости рӯзноманигорон аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода хуш пазируфта шуда, ҳамакнун бо кӯмаки роҳбарияти вилоят гуруҳи 20 нафараи журналистон бори аввал ройгон ба истироҳатгоҳ фиристода мешаванд.

Душанбе, 26 Ноябр 2018 15:41


    Рӯзи 24.11.2018 дар рӯзи солгарди навбатии ҷашни Парчами миллӣ дар деҳаи баландкӯҳи Ворух, ки яке аз дурдасттарин гӯшаҳои Тоҷикистони азиз маҳсуб меёбад, бо иштироки ҳазорҳо нафар сокинони шаҳру деҳот ва дар ҳузури меҳмонони сершумор дар маркази ин деҳаи зебоманзар болои сутуни тозабунёд Парчами давлатӣ ифтитоҳ карда шуд, ки 27 метр баландӣ дошта, бо тобиши тозаи худ ба чашмҳои мардум нур ва ба қалбҳояшон сурур мебахшад. Ҳамчунон, дар маркази деҳа 1 иншооти дигари ҷашнӣ-чойхона ва Маркази нави хизматрасонӣ ба истифода дода шуд, ки бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммедов Ваҳиддин бунёд гардидааст.
   Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти раиси ш.Исфара хабар доданд, шаҳрдори Исфара Саломзода Сиҷоуддин зимни муборакбодии идона саҳмгузорони иншооти мазкур ва ҳам ташаббускорони амалҳои созандаю ободкоронаро, ки бо саҳмгузории дастҷамъона дар дарозои 6 километр роҳи асосии деҳаро пурра аз нав мумфарш кардаанд, бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ намуд.
    Тазаккур бояд дод, ки дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 муассисаи таълимии шаҳру деҳоти Исфара, аз ҷумла 11 муассисаи таълимии ҷамоати деҳоти Ворух ба нишони эҳтиром ба рамзи муқаддаси давлатӣ сутунҳои барқади Парчамӣ миллӣ, ки баландияшон 8-метр мебошад, устувор карда шуданд.
Сутуни Парчами давлатие, ки дар деҳаи наздисарҳадии Ворух қомат афрохт ва 27 метр баландӣ дорад, айни замон дар Исфарамарз баландтарин маҳсуб меёбад.

Ҷумъа, 23 Ноябр 2018 14:14


   Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии ҶТ  зимни нишасти матбуотӣ дар Брюссел эълон дошт, ки дар ошӯби шаби 7 ба 8 ноябри соли ҷорӣ дар маҳбаси №3-и ш.Хуҷанд 21 нафар исёнгар безарар гардонида шуд. Ба гуфтаи вазири Тоҷик, аксари исёнгарон нафароне будаанд, ки ба терроризм ва пайравӣ ба гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» маҳкум шудаанд.
    "- Дар ин ҳодиса 21 ошӯбгар безарар гардонда шуданд. Маъмурони зиндон дар аввал хостанд, ки онҳоро ба муколама даъват кунанд, вале онҳо ба муқовимати худ идома дода, хостанд, аз маҳбас фирор намоянд. 12 нафар аз ошӯбгарон ба ҳайси узви ДИИШ дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок кардаанд. 3 нафар узви гуруҳҳои ифротиву террористии “Ансоруллоҳ”, Ҳаракати исломии Узбекистон ва Ҷундуллоҳ ва шаш нафари боқимонда маҳкум ба ҷиноятҳои вазнине ба мисли роҳзаниву куштор ва қочоқи маводи мухаддир буданд", - шарҳ додааст ӯ.
   Ин нахустин шарҳи расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи ошӯби 2 ҳафта пеш дар зиндони №3-и ш. Хуҷанд рухдода аст


Ҷумъа, 23 Ноябр 2018 13:58


Имрӯз бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Данғара, Ховалинг ва ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбе аз вазифаҳояшон озод гардиданд.
Бино ба иттилои расмӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи ҶТ Юсуфӣ Муҳаммадраҳим-иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Фирдавсии ш.Душанбе, Акрамзода Рустам-иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Рӯдакӣ, Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо-иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Тоҷикобод, Раҳмон Исломиддин Хайриддин-иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Данғараи вилояти Хатлон ва Акрамзода Парвиз Акрам-иҷрокунандаи вазифаи раиси н. Ховалинги вилояти Хатлон таъйин гардиданд.
 Дар баробари ин тибқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед Авзал- Директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Шодихон Ҷамшед, собиқ раиси ВМБК муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.


Ҷумъа, 23 Ноябр 2018 13:56


   Бо Қарори Ҳукумати ҶТ Иззатулло Шарифзода, Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ва ҳамзамон муовини вазири адлияи мамлакат имрӯз аз вазифа сабукдӯш гардида, ба ҷойи ӯ Мансур Умаров, ки то ин дам дар вазифаи муовини аввали Раиси КДАМ кору фаъолият мекард, Сардори ин Сарраёсат таъин гашт.
   Гуфта мешавад, ки сабаби аз кор сабукдӯш кардани Иззатулло Шарифзода-ин ба синни нафақа расидани эшон мебошад, аммо коршиносон ҳадс мезананд, ки ошӯби охирин дар маҳбаси ш.Хуҷанд, ки куштаи зиёд ба бор овард, сабаби асосии аз кор озод кардани мавсуф мебошад.
 



Ҷумъа, 23 Ноябр 2018 11:31


Бовар дорем, ки Зафар Айюбӣ аз номи матлаб хафа намешаванд, зеро ӯро воқеан тӯли 2 асри ахир бо ҳамин тахаллус, яъне «Зафарча» мешиносанду медонанду мешунаванду мехонанду гӯш мекунанду мухлисӣ менамоянд.
Хулласи калом, Зафар Айюбӣ, ки таваҷҷӯҳ кунед, ҳоло пир нест (!!!), ҳамагӣ 54 сол дорад, метавонад ба китоби Рекордҳои Гиннес шомил шавад. Чаро? Зеро ӯ ҳамакнун тӯйи насли саввуми 1 хонаводаро гузаронид.
Хуршед ном як ҷавони 20-солаи тоҷик, соле муқаддам (соли 2017) оиладор шуд. Ҳофизи туй Зафарча буд. Вале ин аҷиб нест. Аҷиб он аст, ки Зафарча, расо 20 сол қабл дар туйи падару модари ҳамин ҷавон ҳофизӣ карда буд. Туйи хонадоршавии Шодибек-падари Хуршед дар соли 1997 баргузор шудааст.
Аммо ин ҳам аҷиб нест! Аҷоибот дар ин ҷост, ки дар  базми домодию арӯсии падари Шодибек-амаки Маҳмадсафар, ки аккурат 40 сол пеш, дар соли 1977 баргузор шуда буд, маҳз Зафарча бобову бибии Хуршедро, ки он замон навшаҳу наварӯс буданд, «Шаҳам бар минбаре!!!»-гӯён рӯи тахт бароварда буд.
Акнун худ хулоса кунед, ки оё воқеан ҳам соате нарасидааст, ки тибқи пешниҳоди донишманди Тоҷик-Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба Зафар(ча) Айюбӣ унвони ҳунарманди мардумии ҶТ дода шавад?
Мо тарафдор. Шумо чӣ мегӯед???

саҳ 4 аз 16

Китобҳо

Flag Counter