ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 29 Ноябр 2018 10:58


  Аз 1.01.2019 мизони ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар ҶТ боло хоҳад рафт. Масалан, агар ҷарима барои сурх гузаштан аз чароғаки роҳ то ба имрӯз 250 сомонӣ буд, аз оғози соли нав ронандагон барои чунин қонуншиканӣ 275 сомонӣ пардохт мекунанд.
   Инчунин, андозаи ҷарима ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо шуморида шуда, ҳаҷми ин нишондиҳанда, ки айни замон 50 сомониро ташкил менамояд, аз соли нав 55 сомонӣ мешавад.
   Гуфта мешавад, ки ин тағйирот дар қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2019 ворид шуда, ҳафтаи гузашта аз тарафи вакилони порлумон ба имзо расид. 

Панҷшанбе, 29 Ноябр 2018 10:49


 Ширкати ҳавопаймоии миллии «Тоҷик эйр» аз тамоми мусофиронаш, ки рӯзи гузашта бо сабаби таъхири парвозҳо дар фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд соатҳои тӯлонӣ дар интизор монданд, узр пурсид.
   Дар баёнияе, ки Азиз Хайруллоев, котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» субҳи имрӯз паҳн кард, гуфта мешавад, ки бо сабаби вазъи номусоиди ҳаво рӯзи 28.11.2018 2 хатсайри ширкат дар масири Маскав-Душанбе ва Душанбе-Хуҷанд бо таъхири зиёд парвозҳои худро анҷом доданд. Аз ҷумла, бо сабаби фаромадани тумани ғафс дар фурудгоҳи Душанбе, ҳавопаймо аз Маскав маҷбур шуд дар фурудгоҳи Хуҷанд нишинад ва танҳо пас аз аз байн рафтани туман ба ҳавопаймо муяссар шуд, ба Душанбе баргардад. Ин боиси таъхири рейси дигари ширкат дар масири Душанбе-Хуҷанд гашт.
   Бояд гуфт, ки хатсайри ширкати номбурда дар самти Душанбе-Хуҷанд бояд соати 8-и субҳи рӯзи гузашта парвоз менамуд, вале ба ҷойи ин соат, ҳавопаймо соати 22.30 парвоз кард. Дар байни 131 мусофири хатсайри Душанбе-Хуҷанд 20 нафар хонандагони мактабҳои ш.Хуҷанд низ буданд, ки пас аз ширкат дар олимпиадаи математикӣ аз Истамбул ба Ватан бармегаштанд, хурдтарини ин хонандагон дар синфи 1-ум мехонданд. Ин кӯдакон ва наврасон бо омӯзгорон ва бархе аз волидайн аз соати 6-и субҳ то соати 19-и шом дар фурудгоҳи пойтахт бидуни ҷой ва хӯроки гарм нишаста, нафаре аз намояндагони ширкати «Тоҷик эйр» ба сӯи онҳо наомадааст.
   Тибқи талаботҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ дар чунин ҳолатҳо ширкати интиқолдиҳанда вазифадор аст мусофирони хешро бо ҷой ва хӯроки гарм таъмин намуда, дар сурати даст кашидани мусофир аз парвоз, қимати чиптаро ҷуброн намояд.

СССР

Панҷшанбе, 29 Ноябр 2018 09:28

 
   Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бахшида ба истифода додани агрегати 1-уми НБО Роғун ба 103 мутахассиси НБО Роғун, ки қаблан аз ҷониби  Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар бунёди НБО Роғун бо орденҳои “Шараф дараҷаи 2”, Медалҳои “Хизмати шоиста” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”қадрдонӣ шуда буданд, барои парвози ройгон дар дилхоҳ самте, ки ширкати ҳавопаймоӣ парвзҳоро анҷом медиҳад, сертификатҳо тақдим намуд.
    Чуноне ки ба мухбири СССР Тимур Бандишоев, котиби матбуотии ширкати “Сомон эйр” хабар дод, сертификатҳо то охири соли 2019 амал карда, аз сертификати мазкур на танҳо соҳиби он, балки яке аз хешовандони наздикаш метавонанд истифода баранд.
    Инчунин, бояд гуфт, ки аз ҷониби ширкати мазкур дар ҳамдастӣ бо МИҲД дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва И.Сомонии пойтахт ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба фаъолият оғоз намудани агрегати 1-уми НБО “Роғун» ба оилаҳои ниёзманд кӯмаки моддӣ расонида буд. Кормандони ширкати ҳавопаймоӣ  дар саридораи ширкати ҳавопаймоӣ ба 430 оилаи камбизоат маводи хӯрока тақсим намуданд. Илова бар ин, шахсони масъул ба хонаҳои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар н.И.Сомонӣ зиндагонӣ мекунанд ташриф оварда, аз вазъи зиндагонии онҳо хабардор шуданд.

Чоршанбе, 28 Ноябр 2018 15:47


  Вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати шарҳ додани сабаби марги шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон Илҳомуддин Шоев ҳангоми бозпурсӣ дар шуъбаи полиси ноҳияи Вешнякии ш. Москва ба Вазири корҳои дохилии ФР генерали политсия Колоколсев В.А. барқия ирсол намуд.
   Чуноне ки дар иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ гуфта мешавад, Рамазон Раҳимзода инчунин аз ҳамтои руси худ хоҳиш кард, ки санҷиши қазияи мазкур зери назорат қарор дода шавад.


Чоршанбе, 28 Ноябр 2018 11:31


Имрӯзҳо вақте мардуми Тоҷик тантанаи Роғунро дораду аз ба кор даровардани чархаи 1-уми ин НБО, ки дар ҳақиқат воқеаи таърихист, табли шодӣ мезанад, пеши назарам пайваста Пер Морел-фиристодаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2008-2011 меояд. Шояд шумо пурсед, ки Морелро ба Роғун чӣ дахле дорад? Дорад! Ӯ нафаре буд, ки моро бовар мекунонид, проекти Роғун кори ношуданист!!!
 Моҳи майи с.2009 дар ҳайати журналистони Тоҷик ба конфронси созмони НАТО барои 1 ҳафта ба пойтахти кишвари Белгия-Брюссел сафар намуда, онҷо бо Пер Морел вохӯрдам. То ин дам эшон чандин маротиба аз минбарҳои баланд дар Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Аврупо дар бораи зарари сохтмони НБО Роғун, хосса, барои кишварҳои ҳамсоя суханронӣ карда, дар ИА низ ҳамеша бар зидди бунёди НБО Роғун ташвиқоту тарғибот бурда, аз манфиатҳои ҳукумати онвақтаи кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистони каримовӣ ҳимоят менамуд.
 Мо-журналистони Тоҷик он замон аз сафири ҶТ дар давлати Белгия ва ҳамзамон намояндагии ҶТ дар ИА Саймумин Ятимов (имрӯз раиси КДАМ) хоҳиш намудем, ки барои мо бо Морел вохӯрӣ ташкил намоянд, зеро мехостем аз ӯ шахсан бипурсем, ки чаро ӯ зидди бунёди НБО Роғун асту бар зидди сохтмони ин нерӯгоҳ пайваста кор мебарад. Ин вохӯрӣ дар дафтари кории Морел дар ИА сурат гирифт ва ӯ маро бо ҳамроҳии Марат Мамадшоев, Фахриддини Холбек, Гулнора Амиршоева ва Ҳикматулло Сайфуллозода ба ҳузур пазируфт.
«-Оё шумо медонед, ки бунёди чунин нерӯгоҳ дар минтақаи кӯҳӣ, ки таҳдиди сейсмикиаш хеле зиёд аст, ҳам барои мардуми шумо ва ҳам барои сокинони кишварҳои хамсоя, хосса, Ӯзбекистон хатарнок аст? Шумо медонед, ки агар заминларзаи 8-9 балла рух диҳад, чӣ мешавад? Шумо медонед, ки сарбанди 340 метраи ин нерӯгоҳ ба талаботҳои саддсозӣ мутобиқ нест? Сарбанди баланд месозеду обро барои худ захира мекунед, дигарҳо чӣ кор мекунанд? Бигузор асосноккунии техникии байналмилалӣ гузаронида шавад, танҳо пас аз он мо бовар мекунем, ки бунёди НБО Роғун зарар ва пайомадҳои нохуш надорад! Сарбандро низ набояд ин қадар баланд созед!»-такрор ба такрор мегуфт П.Морел ба мо.
 Морел тӯли тамоми фаъолияти хеш ҳамчун фиристодаи махсуси ИА дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тамоми сафарҳо ва мулоқоту баромадҳояш ҳамеша аз зарари бунёди НБО Роғун мегуфту дар баробари ин аз манфиатҳои кишварҳои ҳамсоя Ӯзбекистону Қирғизистон пуштибонӣ менамуд. Ҳатто депутатҳои ИА низ мутмаин сохта буд, ки сохтмони НБО Роғун, ки ба он Тоҷикон сар кардаанд, кори ғалат асту ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бар зидди он баромад кунад, зеро ин кор метавонад дар оянда Ӯзбекистонро беобу хушк гардонад. Ӯ душмани ашаддии НБО Роғун шуда буд ва инро аз касе пинҳон намедошт. Мегӯянд, ки маҳз бо пешниҳоду тавсияи эшон кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистон бидуни огоҳӣ рӯзи 9.11.2009 аз системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ баромад-ин ҳам 1 навъи эътироз ба сохтмони НБО Роғун буд. Аммо Морел  ба орзуяш нарасид.
Ӯ барин лже-демократҳои ришвагири аврупоӣ, мутаассуф, дар таърихи 10 соли охири сохтмони НБО Роғун кам набуданду аз минбарҳои баланд дар бораи ин иншооти таърихии аср, бештар зарарҳои он мегуфтанду менавиштанд, лек бо ин навиштану гуфтанҳо онҳо натавонистанд азму иродаи мардуми Тоҷик ва Сарвари Миллати моро бишкананд!
   Имрӯз, бо гузашти на беш аз 10 сол мо НБО Роғунро бунёд кардем, сохтем ва ба истифода додем. Тавонистем! Ҳар касе то ин дам аз Роғун бад гуфт, шоҳиди ин воқеаи таърихӣ-истифодаи чархаи нахустини он гашт. Мардуми Тоҷик бо роҳбарии Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуд, ки Тоҷик Метавонад!
   Ҳоло танҳо мехоҳам бигӯям, ки бунёди НБО Роғун ва ба истифода додани чархаи нахустини он ба Пер Морел, дар кадом гӯшаи дунё набошад, муборак бод! Мо Метавонем!

М. Аминова,
СССР

Чоршанбе, 28 Ноябр 2018 11:24


Солҳои ахир дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ чизҳое нашр мешаванд, ки рӯзноманигорон ва умуман ҷомеаро нигарон кардааст. Баъзеҳо ба хотири ғаразҳои мазҳабӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбӣ, ки натиҷааш фақат ва фақат беобрӯкунии миллат аст, сабтҳои гуногунро дар сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ мепартоянд. Эшон фикр намекунанд, ки ин шабакаҳои ҷаҳониянд ва набояд сухани хонаро ба бозор баровард. Ҳизбиҳои мухолиф ба хотири ғаразҳои ҳизбӣ, кину ҳасаду дигар манофеъ, барои сиёҳ кардани рақиби сиёсӣ миллатро фаромӯш кардаанд. Яъне, дар ин муборизаҳо фақат миллати тоҷик ҷабр дида истодаасту халос.
Оппозитсияи номард
Чунин менамояд, ки гурӯҳ ба хотири манфиатҳои гурӯҳӣ аз дастгоҳи бузургу тавоно-журналистика суистифода мекунанд. Барои расидан ба ин ҳадафҳои худ аз таълимоти ҳазорсолаи миллати соҳибтамаддун, мисли ҷавонмардӣ, футувват, хоксорӣ, меҳрубонӣ, мардумозорӣ ва туҳмату хиёнат накардан, қадри дӯстӣ, хубиро донистан, дурӯғ нагуфтан, рост гуфтан, рафтору гуфтору пиндори некро шиори худ кардан…рӯ тофтаанд. Аксари эшон ноҷавонмардона аз ҳеҷ шармандагие, дурӯғе, туҳмате рӯ наметобанд. Барои эшон на манфиатҳои миллӣ вуҷуд дорад ва на арзишҳои муқаддаси миллӣ-динӣ. Ман дар ин ҷараён рӯзномаву нашрияҳои маҳаллӣ ё ватаниро муқассир намедонам. Зеро эшон ҳар танқиде карданд, ин дохилӣ буд, барои ислоҳи худамон буд. Рӯзноманигорони ватанӣ ҳеҷ гоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки берун аз ҷумҳурӣ фаъолияти моро муаррифӣ мекунанд, ҷор назадаанд. Онон барои беобрӯ кардани ҳамватани худ саъй накардаанд. Рӯзноманигорони мо меъёрҳои ахлоқи журналистиро риоя мекунанд, пос медоранд.
Шармандаҳои миллат
Шармандакунандаҳои миллатро мо кӯтоҳ карда «Шармандаҳои миллат» мегӯем, зеро онон асосан худро шармсор кардаанд. Кистанд ин «Шармандаҳои миллат»?
1.    Сабткунандаҳои завқӣ (любител). Инҳо журналист нестанд, одоби журналистӣ, этикаи рӯзноманигориро нахондаанд, аз ин рӯ, намедонанд, ки чӣ менависанд ва аз натиҷааш низ бепарвоанд.
2.    Телефонбадастони кӯчагӣ, ки аз кӯчаи журналистика нагузаштаанд.
3.    Фейкҳо. Ё беномҳо ё номҳои сохтаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ягон зарра масъулият ҳис намекунанд. Ҳар чӣ хоҳанд менависанд, ҳар сабт-сурат-видео хоҳанд мепартоянд. Онҳо аз касе мехоҳанд қасос гиранд, аммо дар маҷмӯъ фикр намекунанд, ки обрӯи миллатро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мерезонанд.

Обрӯи миллат аз ҳама болост!
4.    Ин бояд шиори ҳар нафар қаламбадаст бошад! Журналисте, ки аз дарси Этикаи рӯзноманигорӣ гузаштааст, инро мефаҳмад. Муроҷиати ман ба телефонбадастони камтаҷриба аст, ки бепарвоёна сабт мекунанд ва дар инет мепарокананд. Агар сабте ё навореро дар Ютуб мепартоӣ, пас фикр кун, ки оё ин ба обрӯи миллат лакнат ворид намесозад?! Агар танқидеро дар фейсбуки тоҷикӣ мепартоӣ, ҳангоми тарҷумаи он ба русӣ андеша кун, ки ба номи миллат иснод намеорӣ?
1)    Мехоҳӣ, дуздии олимеро нишон диҳӣ? Хуб, аммо обрӯи миллатро андеша кун.
2)    Мехоҳӣ, зани фоҳишаеро расво кунӣ, хоб, вале обрӯи миллатро фикр кун.
3)    Мехоҳӣ, ошхӯрии мардумро ба намоиш гузорӣ, хош, вале, аммо, лекин обрӯи миллат чӣ мешавад?
Ва ғ…
Ҳаргиз нагӯед, ки мо зидди танқидем. Вале интиқоди мо танқиди дохилӣ бояд бошад. Онҳое, ки дар хориҷ аз Ватананд, ин масъулиятро беҳтару хубтар дарк мекунанд. Онҳо занг зада, ба мо мегӯянд, ин чӣ гап аст, шарманда шудем. Онон дуруст мегӯянд, вале тақсир дар мардум нест. Балки дар паҳнкунандагони он аст, ки гуфтам.

Саъдӣ Маҳдӣ,
журналист


Аз СССР: Мақомот имрӯз қудрати кашф ва дарёфти ҳар Фейку муаллифи ҳар наворро доранд. Медонем, ки доранд! Зимнан ҷои пайи журналистони реалӣ кофтуковгузарониҳо бояд чунин сакалтуҳои бодоварди интернетиро пайдо ва ҷарима банданд. Нагӯед, озодӣ маҳдуд мешавад. Озодӣ ба шармандасозии миллат ҳич алоқамандие надорад. Мо метавонем!

Чоршанбе, 28 Ноябр 2018 11:14


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Шарифхон Поччоев аз деҳаи Сангдараи ноҳияи Муъминобод (тел: 918 30 90 59, 907 30 90 59) дар меҳмонии СССР гуфт, ман низ чандин сол боз газетаи дӯстдоштаам-СССРро дар кӯҳу дара, аз пайи рамабонӣ хонда, лаззат мебарам. Мисли ман даҳҳо чӯпони дигар мухлиси ашадди газетаи мардумии СССР ҳастанд ва ҳар шумораи онро бесаброна интизор. Нисфи умри мо, ки бештар дар адиру дара ва айлоқ мегузарад, СССРро дар зери рӯшноии шамъу чароғ ва фонарик мехонему лаззати маънавӣ мебардорем… Ман бо 1 мушкили чарогоҳ назди шумо омадам. Аз соли 1992 ин ҷониб дар дашту теппаҳо мегардам, ба ин маънӣ, ки чӯпон будам ва дертар сарчӯпон ҳам шудам. Аз соли 2009 то соли 2011 дар хоҷагии «Тебалай» ба ҳайси чӯпон ва аз соли 2011 сарчӯпон шуда кор кардам. 17.05.2017 маро 2 нафар низомипӯш аз қӯтан пеш карда, моламро беҳисоб бурданду таҳдид карданд. Бо ҳамин 20.000 сомонӣ ва 20 сар гӯсфандамро надоданд. Ба суди ноҳия хаттӣ муроҷиат кардам, аммо ягон натиҷа нашуд. Баъди 4 моҳ ҳалномаи судиро гирифтам. 1 солу 1 моҳ гузашту ҳалномаи судӣ ҳалли худро наёфт. Ростӣ, дигар намедонам ба куҷо муроҷиат кунам, то ба доди ман бирасанд!

Чоршанбе, 28 Ноябр 2018 09:18

 

Дар ҳоле, ки аз ин ошӯби хунбортарин 13 рӯз гузашта бошад ҳам, мақомот хомӯширо ихтиёр кардаву ҷилави ҷамоаро ба дасти овозаҳо додаанд, ки дар асри 21 кори савоб нест. СССР мавзуъро аз нашароти электронӣ ва интернет пайгирӣ кард. Мо Метавонем!

саҳ 2 аз 16

Китобҳо

Flag Counter