ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 06 Сентябр 2018 08:42


Ҳасан Ҷалолов, сокини кӯчаи “1 май”-и шаҳри Кӯлоб (тел: 907 84 13 47, 98 849 50 28) ба СССР занг задаву гуфт, ки дар бораи формаи мактабӣ гуфтаниям. Ман дар хона 2 кӯдаки мактабхон дорам. Корхонаҳои либосдӯзӣ пешакӣ 50 сомонӣ аз мо гирифта, гуфтанд, ки баъди дӯхтани либос боқимондаашро мегирем. Баъде, ки формаҳоро дӯхта оварданд, он мисли ашаглон-хӯса дар назарамон намуд, зеро ягон сифат надоранд, мисли пленка ҳастанд ва ҳам тангу бе размер. Болои ин 140-150 сомонӣ нархи 1 форма аст. Формаҳоро кооператори апаи Гулсун дӯхт. Вақте талаб кардем, ки 50 сомонии моро диҳед, то аз бозор рафта худамон интихоб карда бигирем, надоданд.

Панҷшанбе, 06 Сентябр 2018 08:39


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Ҷумъахон Исматов, аз деҳаи Лағмони ш.Кӯлоб (тел: 98 568 33 40) ба СССР занг задаву гуфт, ки табиат ба ғамхориву муҳофизати мо-инсонҳо сахт ниёзу эҳтиёҷ дорад. Саволе дорам ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ! То ба кай дар Тоҷикистон шикори моҳӣ бо «электроудочка»-ю «движокҳо» идома меёбад? Агар масъулини дахлдор пеши роҳи ин гуна бераҳмиро нагиранд, пас аз 2-3 сол дар рӯдхонаҳои мо ягон моҳӣ намемонад. Дар даврони шӯравӣ Кумитаи бонуфузи экология вазифаи худро сарбаландона иҷро мекард. Дар кӯлу каналу дарёҳо моҳӣ фаровон буд. Ҳоло «браконьер»-ҳо бо «электроудочка»ҳо моҳиро шикор карда, ба бозор мебароранд. Чунин шикор дар ягон кунҷи дунё нест. Баъзе моҳидорон мегӯянд, «мо доля месупорем, барои мо мумкин!» Ба кӣ месупоранд, инаш номаълум! Моҳиро беҳуш карда қапидан аз рӯи инсоф аст?

Панҷшанбе, 06 Сентябр 2018 08:36


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман ба раҳбарияти Бозрасии Давлатии Автомобилии ВКД ҶТ якчанд суол дорам.
1.Оё мумкин аст, ки ягон сомона-сайти интернетии тоҷикӣ оид ба кормандони назорати роҳ (БДА) ташкил намуд, то ин ки мо-ронандагон арзу шикояти худро он ҷо мустақиман бигӯем ё бинависем?
2.Муносибати кормандони ГАИ (БДА) бо ронандагон бояд чӣ гуна бошад?
3.Дар кадом ҳолат метавонанд нақлиётро манъ намоянд?
4.Бе ягон сабаб нақлиётро манъ кардани нозирони роҳ дуруст аст?
5.Вақте нозири роҳ дар дасти росташ радар бо туҳмат моро айбдор мекунад, ки «бо суръати баланд омадӣ», дар ин сурат бо ӯ чӣ хел рафтор кунем?
6.Корманди БДА нақлиётро манъ мекунаду худ ба сари ронанда намеравад ва интизор мешинад, то ронанда худаш биёяд… Ин аз рӯи қонун аст, магар? Ва ё нозири роҳ чанд нақлиётро паси ҳам медораду баҳазур, якто-якто ҳуҷҷатҳоро тафтиш карда мешинад! Охир, мо 100 кор дорему саросемаем ва аз куҷо вақти зиёдатӣ дорем?

Фаридун Ғафуриён,
ш.Хуҷанд, экспедитори фирма, тел: 92 888 77 68

Панҷшанбе, 06 Сентябр 2018 08:33


Рӯзи 21.08.2018 дар кишварамон Иди Қурбон шуда гузашт. Ман бегоҳии ид ба 1 хона рафтам. Дар он хона очаву бача дар бораи чорвои қурбонӣ мекардаашон бо ҳам баҳс доштанд. Писараш барои қурбонӣ аз молбозор 1 гӯсфанди гӯшбуридае харида будааст, лек дар масҷид мулло-эмом фатво додааст, ки «рӯзи иди қурбонӣ чорвое, ки нуқс дорад, қурбонӣ хисоб нест!», яъне мумкин нест онро қурбонӣ кардан! Ба қавли дигар гӯши чорво бурида, шохаш шикаста, чашмаш кӯр, ё пояш шикаста бошад, раво набудааст! Ман ба очаву писар гуфтам, ки «ин ҳама гапи холӣ аст, парво накунед!». Лек он ҷавон дар ними шаб чорпои харидаашро иваз карда омад. Охир, наход муллои бесавод чунин фатво диҳад? Хуллас, тамоми исрофкорию вайронкории мо маҳз аз дасти муллоҳост! Охир, мо рӯзи иди қурбон аз сидқ ва чени имконият чорво бикушем ва қурбонии кардаи мо чӣ айбу нуқс ва чӣ рангу намуд дорад, мардум аз куҷо медонанд? Зеро қурбонӣ ин хайру сахо, садақа ва бахшандагист. Чорпои зиндаро куштанаш ҳалол ва хӯрданаш низ дуруст аст, мурдаашро хӯрдан мумкин нест! Ё не? Муфтии мо дар ин бора чӣ мегуфта бошад?

Асадуллои Бохтарӣ,
аз водии Вахш

Панҷшанбе, 06 Сентябр 2018 08:28

Марзи милли-7

Чоршанбе, 05 Сентябр 2018 14:32


Бахшида ба 27-умин солгарди Ислиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариши равобити фарҳангии дӯстии ҷамоҳири Тоҷикистону Ӯзбекистон, рӯзи 11.09.2018, соати 17:30 дақиқа бо вақти Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат Шоу консерти «Шоми дӯстӣ» бо иштироки ситораи эстрадаи Ӯзбекистон-Севинч Мӯминова ва ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон-Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов, Сироҷиддин Фозилов ва Муслима Қодирова баргузор мегардад.
Чиптаҳоро аз Қасри фарҳанг ва Варзишгоҳи марказии ш.Ваҳдат дастрас карда метавонед.
Телефонҳо барои маълумот: 501 88 88 90, 904 43 45 56, 900 80 40 65.

Чоршанбе, 05 Сентябр 2018 08:57

 
   Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе дар арафаи таҷлили ҷашни 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии ҶТ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии  солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои  пойтахт, ки дар ободонии шаҳр саҳми арзанда мегузоранд, кӯмаки моддӣ  ҷудо намуд.
   Тибқи қарори мазкур Сарраёсати молияи ш.Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи раиси ш.Душанбе маблағи 4 миллиону 895 ҳазору  300     сомонӣ ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ, аз ҷумла, 245 ҳазору 300 сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии  солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда  ва маблағи 4 миллиону 650  ҳазор сомонӣ ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои ш. Душанбе ҷудо менамояд.

Чоршанбе, 05 Сентябр 2018 08:53


   Бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе гулгашти кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви н.Сино ба «Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ» табдил ва номгузорӣ гашта, Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба «Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” иваз карда шуд.
   Инчунин дар қарорҳои марбутаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гуфта мешавад, ки “Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ” дар масоҳати 3,20 гектар ба мувозинати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Синои ш.Душанбе гузаронида шавад.

  •  << 
  •  < 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  11 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 11 аз 11

Китобҳо

Flag Counter