ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 23 Октябр 2019 10:20

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! 1 савол ба домулло Исмоил Пирмуҳаммадзода ва ба ҳоҷӣ Мирзо Ибронов дорам: Дар давлати Непал (доманакӯҳҳои Ҳимолой) заминҷунбӣ рӯй дод. Ва ба ин давлат футболисти машҳури ҷаҳон Криштиано Роналдо 7 млн доллар ва барои халқи азиятдидаи Фаластин бошад 1,5 млн доллар кӯмак намуд. Охир, ӯ мусулмон нест! Инро чӣ тавр фаҳмидан мумкин?

С.Аминов,

муаллими собиқадор, н.Фархор

 

Чоршанбе, 23 Октябр 2019 09:10

Аввало Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 5 октябр зодрӯз доштанд, аз самими дил табрик ва барояш тани сиҳат, умри дарозу бахту саодат, хонаи обод орзу мекунам. Ӯ раҳбарии кишварро дар лаҳзаҳои хеле вазнин ба даст гирифт, ки на ҳар кас ҷуръат мекард. Ва ваъда дод, ки «Ман ба хонадони шумо сулҳ меорам ва то охирин фирорӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд!...». Шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд гуфта буд: «Ман имрӯз Роҳбари давлати Шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст, зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки ба мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст, сулҳ оварад. Атрофаш муттаҳид шуда ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати афғон ин аст, ки то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надорад».

9.07.2009 Сарвари давлат ба н.Хуросон омад. Дар ин ноҳия 148 хона пурра ва 127 хона қисман аз селу лой зарар дида буд. Бо супориши президент ҳама бо хонаҳои нав ва ашёи рӯзгор ройгон таъмин шуданд. Ӯ с.1994 дар яке аз сафарҳои худ ба ноҳияи он замон Шӯрообод дар суҳбати рӯ ба рӯ бо мардум аз устодаш Нуриддин Маҳмудов чунин ёдовар шуда буд: «Ман ба мардуми Шурообод эътимоду эътиқоди зиёд дорам, ин мардумро хеле дӯст медорам. Охир, устоди ман аз ин диёр аст. Ӯро шумо хеле хуб мешиносед. Ин кас деҳқони варзидаи ҷумҳурӣ, Нуриддин Маҳмудов аст. Маҳз ҳамин инсони некдил ва хайрхоҳ мани деҳқонбачаи одиро то ба дараҷаи Сарвари давлат тарбия карда расонид…». Ин сухан ҳоло дар деҳаи Шӯрообод бо оби заррин навишта шудааст.

Сафаралӣ Назарови 81-сола,

ҷамоати Чагам, н.Ш.Шоҳин

 

Чоршанбе, 23 Октябр 2019 09:07

Мушкили миллӣ-5

Агар аҳамият додаӣ, хонандаи гиромӣ, мо-Тоҷикон 1 иллате дорем, ки шахсан ман дар ягон миллати дигар надидаам: дар дилхоҳ маҳофил агар 1 ғайритоҷик бошад, аҳли маҷлис кӯшиш мекунад, ки бо забони ӯ гуфтугӯ кунанд; русе алкаш бошад-русӣ, ӯзбеке деҳқон бошад-ӯзбекӣ; қирғизе подабон бошад-қирғизӣ. Хориҷӣ бошад-ку эҳааааа… Борҳо шоҳид шудаам, ки Тоҷикон бо англису немису фаронсавӣ бо забони…русӣ сӯҳбат карданӣ мешуданд.

Соле қабл дар Амрико будем ва мушоҳида кардам, ки ҳамсафаронам чун англисиро намедонистанд, бо амрикоиҳо…урусӣ гап мезаданд! Ба онҳо нимшӯхиву нимҷиддӣ мегуфтам, ки «Тоҷикӣ гап задан гиред, аздусар намефаҳманд»…

Воқеае дигар ҳамин ҳоло ёдам омад: Ягона корманди сафорати Амрико, ки Тоҷикиро дар сатҳи олӣ медонист, Ҷеф-садри маркази матбуоти ин сафоратхона буд. Ва ҳар боре, ки бо-журналистон Тоҷикӣ ҳарф мезад, аксарият бо ӯ…русӣ сӯҳбат мекарданд. Ин чист? Бегонапарастӣ ва ё таъсири 70-солаи ғуломӣ?!

Дар рӯзи озодии матбуот, 3 май, журналистони Тоҷик бо аҳли толор русӣ сӯҳбат мекарданду масъулин ба англисӣ ва…тоҷикӣ тарҷума!!! Ягона нафаре, ки шарафмандона Тоҷикӣ сӯҳбат намуд он рӯз, Адолати Мирзо-сардабири Миллат буд.

Кормандони тамомии созмону сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон забони давлатиро аз ин боргоҳҳо рондаанду на Дастгоҳи иҷроияи президент ва на Вазорати корҳои хориҷӣ, на Вазорати адлия, ки онҳоро номнавис мекунанд, талаб намекунанд, ки забони тоҷикӣ ҳадди ақалл мақоми русиро дар ин ташкилотҳо дошта бошад! Касеро парвое нест, ки сафирону дипломату мутахассисини хориҷӣ, ки аз ҳисоби кор дар Тоҷикистон НОН мехӯранд, ақаллан тарҷумони Тоҷик дошта бошанд! Ва ана ҳамин аст, ки корпусҳои дипломатии хориҷии мустақар дар Тоҷикистон ба бурду бохтҳои кишвари мо аз забон ва диди тоҷикони манқуртшуда ва забону ҳувият гумкарда баҳо мегузоранд; аз диди афроде, ки дар сар фирор аз ин кишварро доранд…

30 сол аз Истиқлолияти мо гузаштаасту то ҳанӯз забони модарии худро арҷ намегузорем!

«Ин ҳам гӯрба!»-гуфти Ортиқи Қодир. Бархе аз забонпарвардагони мо афғону ируниеро бинанд, чунон лабу даҳонро каж карда сухан мекунанд, ки «хара хандаву буза бозӣ!». Ҳол он ки он эрониву афғон, ки 20-30 сол дар Душанбе зиндагонӣ ва бизнес доранд, аслан бо лаҳҷаи Тоҷикон сухан намекунанд. Хуб мекунанд! Зеро нафаре лаҳҷаи модарашро иззат намегузорад, оё шеваи модари ируниву афғуниро арҷ мегузорад? Дар 100 сол на ва онҳо инро хуб медонанд.

Ҳоло дигар дар бораи афроде, ки бо амри тақдир дар Эрону Афғонистон ба сар бурдаанд, гап намезанам. Зеро онҳо то рӯзи марг намоишкорона вожаву ибораҳои ируниву афғуниро лозиму нолозим корбаст мекунанд. Оё лаҳҷаситезиву шевагурезӣ миллатбадбинии дохилии мо нест? 1 бор хонанда ин суолро мардона пеши худ гузор ва бар худат иқрор шав, ки чунин ҳаст!!! Мо Метавонем!

Ман бо бузургони ин миллат сӯҳбатҳо доштам. Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Муъмин Қаноат ва сабтҳои ҳазрати Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сайдалӣ Вализода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршаккарро шунидаам. Онҳо ҳатто дар давраи русии тоталитарӣ урусӣ гап намезаданд ва ҳаргиз бо лаҳҷаи ируниву афғунӣ сӯҳбат намекарданд, вале имрӯз афроде, ки барои ин миллат хасеро рӯи хас нагузоштаанд, забони ин бузургонро «рӯзбакӣ» мехонанд! Пас, шояд русу турку ируну афғонпарастии мо решаҳои дигар доранд? Шарафи миллиро аз даст додан магар ҷои ифтихор аст? Номуси миллӣ надоштан, ори миллӣ надоштан, нанги миллӣ надоштан, магар аз аносире нест, ки ёри шахси маризу бемор аст?!

1 чиро психологияи миллӣ мегӯянд. Ин илм ҳувияти миллатро омӯхта, диагноз, ташхиси дарди равонии миллатро ошкор карда, сипас дастгоҳи идеологӣ ин маразро шифо мебахшад. Ҳатман миллатситезии даврони истиқлолиятро бояд ташхису фош намуд, то ҳаммиллатони мубтало ба бегонапарастии мо шифо ёбанд. Ба бемор намеханданд. Бечора аст, мариз аст, сарвайрон аст, ӯро бояд табобат намуд. Зеро агар бемор намебуд, аз бегонапарастиву миллатситезии хеш намеболид, фош намекард, таблиғу ташвиқ намесохт, забони модарии худро «рӯзбакӣ» намехонд, ҷойнишасти чархболи бузургвореро бо аҳли табору қишлоқаш ҳар ҳафта зиёрат намерафт... 

Мо онҳоро шифо мебахшем ва ё ҳадди ақалл аз ҷамъият инзивоъ-изолятсия мекунем, то дардашон ба дигарон нагузарад. Мо Метавонем!

 

Панҷшанбе, 17 Октябр 2019 12:58

Чоршанбе, 16 Октябр 2019 13:45

Чоршанбе, 16 Октябр 2019 11:25

Салом, СССР! Миёнаҳои моҳи июл-чилаи тобистони имсол сафаре доштам бо дӯстон ба Бадахшон. Сафари мо тақрибан соатҳои 17:30 аз ш.Душанбе оғоз ёфт. Шабро дар ш.Кӯлоб гузаронидем. То Кӯлоб роҳ ба дараҷаи олӣ буд. Саҳар барвақт, яъне соати 5:00 сафарро давом додем. Агар гӯем, ки аз Кӯлоб сар карда он тараф роҳи дурустеро надидем, шояд воҳима нашавад. Зеро ҷо-ҷо, то Шӯробод, баъдан то н.Дарвоз асфалтпӯш буду бас. Машаққати роҳ аз ақл берун аст ва сабаб бероҳист! Фикр мекунам, дар асри 21 надоштани роҳи дуруст ақаллан то маркази 1 вилояти калони кӯҳистон айб аст. Тасаввур кунед аз Кӯлоб то маркази вил.Бадахшон-ш.Хоруғ қариб 400 км роҳ ва онро бояд дар 6-7 соат тай кунед. Лек ин роҳро дар 19 соат тай кардем. Фаразан, 3 соатро дар хӯрокхӯрӣ сарф кардаем. Аҷиб ин аст, ки боз ба ҳамин аҳвол сайёҳон ба Бадахшон меоянд. Худо накарда агар дар роҳ мошинатон вайрон шавад, намедонам чӣ кор мекунед. Хуб мешуд, агар ҳар 1 ноҳияи вилоят бригадаҳои ёрии таъҷилӣ ва техникӣ ташкил карда, рақамҳои телефонҳои онҳоро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар роҳ баъди 5-6 км насб мекарданд.

 

Агар кӯҳи Бадахшон лаъл гардад…

Дар бораи мардуми Бадахшон фақат суханҳои нек метавон гуфт. Шаби аввал дар ш.Хоруғ меҳмони хонадони дӯсти азиз Султонназар Холиқназаров будем. Ӯ собиқ роҳбари МЧС дар вилоят будааст. Мошини фарсудаи худро барои таъмир ба дӯши писараш-Лоиқ гузоштем. Баъдан, Султонназар моро то чашмаи «Авҷ»-и н.Ишкошим, ки аз Хоруғ 80 км дур асту ҷои табобати чашм, бо мошинаш бурд. Дар «Авҷ» дар меҳмонхонаи «Шодӣ» ҷой ҷудо карда буданд.

Ба инсони наҷиб, акаи Алидод-роҳбари меҳмонхона ташаккури самимонаи худро мерасонам. Аҳолии н.Ишкошим тоҷикӣ ҳарф мезананду хеле меҳрубонанд. Сайёҳонро дидем, ки аз тамоми давлатҳои Аврупо, Осиё, Амрико, Россия бо мошинҳо, мотосикл, велосипед дар чангу хок ҳаракат доштанду фақат чашмонашон медурахшид. Аз онҳо пурсидам, ки таассуроти шумо аз Бадахшон чист? Онҳо аз набуди инфрасохтор шикоят мекарданд. Чизи дигаре, ки маро азият медод, ин обҳои дарёи бузурге, ки асрҳои аср ба коми бегонагон ройгон меравад. Ба назари ман агар дар Бадахшон НБО-ҳои бузург сохта шаванд, ин ҳам ба фоидаи Ватани азиз ва ҳам ба фоидаи табиат хоҳад буд.

 

Ба дидори бадахшонӣ наарзад!

Дар «Авҷ» 8 рӯз мондем ва ман аз он ягон фоидае надидам, аммо одамонеро вохӯрдам, ки мегуфтанд, баъди бори аввал омадан бе айнак баргаштаанд. Инро ба виҷдони онҳо ҳавола мекунам ва шахсан инро тасдиқ ё инкор намекунам. Вале ин маънои онро надорад, ки ин сафар ба ман маъқул нашуда бошад. Чизи дигаре, ки ба ман маъқул уфтод ин обу ҳавои тозаи Бадахшон аст. Вақте обуҳавошиносон гармии ҳаворо дар Душанбе +48 градус мегуфтанд, он ҷо гармии ҳаво +23-25 дараҷа буд. Дар охир, сипоси худ ва рафиқонамро ба хонадони акаи Султонназар мерасонам. Илоҳо, ҳаргиз дасти камро набинед, акаи Султонназар, янгаи меҳрубон ва Лоиқи азиз. Ҳар мушкиле дидем ин дар роҳҳои Бадахшон буд, дигар камбудие нест. Бовар дорам, вақтҳои наздиктарин Ҳукумати марказӣ роҳҳои Бадахшонро таъмири ҷиддӣ мекунад.

Зиёҷон Хошматов,

деҳаи Шайнаки Муллогадо, н.Рӯдакӣ

 

Чоршанбе, 16 Октябр 2019 11:21

 

Узви Ихвон-ал-СССР, Маҳмадшариф Давлатови 44-сола, сокини деҳаи Марғзори ҷамоати Эсамбойи ноҳияи Рӯдакӣ (тел: 919 01 91 61) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки банда аз соли 1993 ронандаи троллейбус ҳастам ва муддате аз ин кор канор рафта, ба сохтмон рӯ овардам. Соҳиби чандин ҳунар ҳастам. Ҳатто дар бунёди баландтарин парчам дар дунё – Парчами Душанбе, ки дар китоби реккордҳои Гиннес ҳам ворид шуд, саҳм дорам... Хуллас, аз сохтмон хаста шудаму хостам ба кори пешинаам-ронандагӣ гузарам. Бо ин ният 2 моҳ пеш ба Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Троллейбус”-и шаҳри Душанбе рафта, пеши роҳбар-Бегназар Саидов даромадам. Саидов ҳангоми суҳбат гуфт, ки “рӯзҳои наздик роҳҳо маҳкам мешавад ва мувақаттан коргаронро ҷавоб медиҳанд...”. Аммо гапи ӯ дурӯғ баромад. Зеро мушоҳида кардам, баъди ман даҳҳо нафарро дар ин корхона ба кор гирифтанду роҳҳо низ то ҳол кушодаанд! Пас барои чӣ дурӯғ мегӯянд? Барои чӣ рӯирост намегӯянд, ки “ҷои холӣ надорем”, то сарсону саргардон ва баумед нашинам? Хоҳиш мекунам, ки Саидов ба ин суоли ман расман посух гардонад.

 

Чоршанбе, 16 Октябр 2019 11:19

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи аъзои комиссияи кишвараш гуфт, ки тағйирот ба Конститутсия ба вазъи тағйирёбандаи иқтисодиву сиёсии ҷаҳон рабт дорад. Бори охир Қонуни асосии Туркманистонро сентябри с.2016 ислоҳ карда буданд. Он замон яке аз бандҳои муҳими тағйирот бардоштани маҳдудияти синни номзад ба мақоми президентӣ буд. Дар гузашта афроди аз 70-сола боло ҳаққи номзад шудан ба мақоми президентро надоштанд ва ин банд дар тарҳи 3 соли пеш бекор карда шуд. Вале Қонуни асосӣ танҳо ба афроди аз 40-сола боло иҷоза медиҳад, ки довталаби курсии президентӣ шаванд. Ин банд аллакай роҳро барои ба қудрат расидани афроде ба мисли писари президент Сардор Бердимуҳаммадов-раиси вилояти Ахал, ҳамвор мекунад.

 

саҳ 6 аз 13

Китобҳо

Flag Counter