ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 18 Декабр 2019 12:24

 

Чоршанбе, 18 Декабр 2019 12:17

 

Расо 40 сол пеш Армияи советӣ ба Кобул ҳуҷум кард. Кӣ медонист, ки ин ҷанг даҳсолаҳо давом кардаву даҳҳо ҳазор куштаву захмӣ аз бачаҳои 18-20-солаи шӯравӣ бар ҷой мегузорад…

Боби 1. Қарори тақдирсӯз

    12 декабри соли 1979 роҳбарияти олии СССР дар симои аъзоёни Бюрои Сиёсӣ қарор доданд нерӯҳои мусаллаҳи СССР-ро вориди хоки Афғонистон кунанд. Бори аввал роҳбарияти Шӯравӣ масъалаи кумак ба Афғонистонро моҳи марти соли 1979 мавриди баррасӣ қарор дод ва он замон Леонид Брежневу дигар аъзои Бюрои сиёсӣ зидди дахолати низомӣ баромад карданд. Бо вуҷуди ин, Брежнев дар нишасти дуввум розигӣ дод ва 27 декабри соли 1979 воҳидҳои нерӯҳои вежаи Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон ворид гардиданд ва президенти кишвар Ҳафизуллоҳ Аминро ба қатл расониданд. Дахолати низомии СССР ба Афғонистон 10 сол тӯл кашид ва баъзҳеҳо ҳатто сабабҳои пошхурии ин абарқудратро ҳам ширкат дар Афғонистон медонанд. Бо вуҷуди ин, СССР наметавонист аз ҳаводиси Афғонистон канор бимонад ва ният дошт ба ҳам васила коммунизмро ин ҷо пирӯз гардонад. Коре, ки аслан дар Афғонистон имконпазир нест.

Боби 2. Инқилоби савр

    27 апрели соли 1978 дар Афғонистон табаддуллоти ҳарбӣ ба вуқӯ пайваст ва дар натиҷа подшоҳи кишвар Муҳаммад Довуд сарнагун карда шуда, қудрат ба дасти Ҳизби Халқӣ Демократии Афғонистон (НДПА) гузашт. Ин табаддуллоти ҳарбӣ, ки дар собиқи СССР бо номи инқилоби Савр (инқилоби апрелӣ) маъруф буд, яке аз руйдодҳои мармуз дар таърихи навини Афғонистон маҳсуб меёбад ва ҳамсоякишвари моро гирифтори ҷанги дохилӣ кард, ки алангаҳояш то ба ҳол хомӯш нашудаанд. Инқилоб ба ҳукумати чандинсолаи Муҳаммад Довудхон, ки як миллигарои паштунӣ буд, хотима дод. Довуд соли 1953 сарвазири Афғонистон таъин шуд ва корро аз ислоҳоти аграрӣ оғоз намуд, аммо ин амалаш-кӯшиши навъовариҳо дар ниҳодҳои дохилидавлатӣ ва зиндагии иҷтимоӣ, мухолифати ашадии руҳониятро ба бор овард. Муносибати Довуд бо руҳониёни афғон ҳанӯз замони сарвазириаш хатчадор гардид.       

Чоршанбе, 18 Декабр 2019 12:11

12.12.1937. Иттиҳоди Шӯравӣ дар Намоишгоҳи ҷаҳонии Порис ширкат варзид.            Ин намоишгоҳ бо шиори "Санъат ва техноложӣ ва ҳаёти муосир" баргузор гардида, СССР дастовардҳои назаррасе дар он ба намоиш гузошт.

12.12.1949. Иттиҳоди Шӯравӣ Конвенсияи Женеваро бобати муҳофизати қурбониёни ҷанг имзо кард.

12.12.1979. Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ қарор дод, нерӯҳои низомии СССР-ро вориди хоки Афғонистон кунад. Баъди чанде, аввалин воҳидҳои низомии Артиши Шӯравӣ вориди Афғонистон шуданду ҷанги хонумонсузе дар ин кишвар оғоз гардид. Нерӯҳои Шӯравӣ танҳо соли 1989 Афғонистонро тарк карданд.

12.12.1993. Дар Русия бо овозидиҳии умумимардумӣ Сарқонуни Русияи Федеративӣ қабул карда шуд. Ин рӯзро дар Русия аз соли 1994 чун Рӯзи Сарқонун ҷашн мегиранд.

13.12.1969. Дар шаҳри Нижне Камски Тотористон сохтмони заводи мошинсозии Камск оғоз карда шуд. КамАЗ соли 1976 аввалин мошинҳои боркашро истеҳсол намуда, имрӯз ҳам мошинҳои ин ширкат дар роҳҳои собиқ Иттиҳод зиёд дида мешаванд.

14.12.1917. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети ШКХ тамоми бонкҳо давлатӣ гардонида шуданд.

15.12.1917. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети КМИ ва ШКХ Шӯрои Олии хоҷагии халқ (ВСНХ) таъсис дода шуд. ВСНХ олитарин ва марказитарини ниҳоди идораи хоҷагии халқи Русия ба шумор мерафт.  

15.12.1959. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ системи мушакии балистикии байниқорраӣ (межконтинентальный) Р-7 ба истифода дода шуд. Ин системаро С.Королев ихтироъ кард ва акнун мушакҳои шӯравӣ метавонистанд ИМА-ро ҳадаф қарор диҳанд.

15.12.1991. СММ қарори қаблии худро, бобати нажодпарастӣ будани сионизм, ки соли 1975 қабул карда буд, бекор кард. Акнун СММ сионизмро, ҳаракати миллии қавми яҳуд, ки мақсади он мутаҳидкардан ва эҳёи миллати яҳуд дар сарзамини таърихӣ мебошад, унвон кард.

Чоршанбе, 18 Декабр 2019 11:54

 Ҳадиси марги ту пурсӯзу талху  нобаҳангом аст,                  

На кӯҳ онро бубардорад, на дарёву на  ҳомуне…

Додарам Нурмаҳмад…

 Инак аз марги мармузу нобаҳангоми ту як моҳ сипарӣ шуд. Моҳе бе ту… Моҳе, ки бо гузашти он то ҳанӯз ба воқеияти он наметавонам бовар кунам. Хабари марги ту он қадар нобаҳангом буд, ки он соат гӯё маро зеботарин эҳсос, гармтарин шодӣ, баландтарин фараҳ, тавонотарин неру тарк гуфт. Ақлу  мағзам қудрати дарк ба ин жарфнои фоҷеаро надоштанд…  

 Оҳ, эй фалак! Дигар сар ба кадом кӯ занаму, рӯ ба кӣ ораму мадад ҷӯям!

Пазмони табассумҳои малеҳу чашмони меҳрпошу суханони дилосоят шудааам додари ҷавонмаргам!  

  Ва ногоҳ ба гӯшам аз дуриҳои дур садои хирадманде танин меандозад: 

- Нақл мекунанд,  ки подшоҳеро ду писар дар ҷанг шаҳид шуд. Чанд муддате гузашту бародари ҷигарбандашро  низ аз даст дод. Вузаро аз он  ҳайратзада буданд, ки  подшоҳ барои марги бародараш  он қадар сӯгворӣ  кард, ки ҳатто ба марги фарзандони азизаш чунин таъзиядорӣ накарда буд. Чун пурсиданд посух дод: -Агар худо хоҳаду саломат бошам, мумкин аст боз соҳиби фарзанд шавам. Вале он волидайне, ки бояд бароям бародар биёранд, кайҳост ин дунёро тарк намудаанд.

Оре: Нусхаи поки падарро, дӯсти соҳибҳунарро аз даст додаам ..

   Ва садои синасӯзи  хунёгари бузурги аср Муродбеки Насриддин қалбамро реш месозаду ашки фироқ аз дидагонам ҷорӣ мегардад:  

Ман намегӯям, ки зар гум кардаам,

Салтанат ё карру фар гум кардаам.

Вой бар ҳоли ману танҳоиям,

Оҳ, фарзанди падар гум кардаам.

Нақти ҷон, лахти ҷигар гум кардаам.

  Додарам ҷавонмаргам Нурмаҳмад! Аз он, ки ту дар даҳсолагият аз меҳру шафқату  навозиши дастони   модарӣ маҳрум гаштӣ (гардиши фалакро бубин, ки нахустдухтарат Таманно дар ин айём аз навозиши падар маҳрум гашт) азизи ҳамагон будӣ. Зиндагӣ идома меёфту ту ҳам бузург гаштӣ. Донишгоҳро дар Душанбе ба итмом расонида, дар манзиле, ки қиблагоҳ бароямон харидорӣ намуда буданд,  иқомат доштӣ. Пайваста дар ҷустуҷӯю пажуҳиш будӣ. Ин буд, ки дар баробари таҳсил дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-пойтахт аз омӯзгорӣ то ба ҳайси сарвари Муассиса расидӣ. Он айём ту ҷавонтарин сарвари муассисаи таълимӣ дар синни 24-солагӣ дар миқёси ҷумҳурӣ будӣ. Ин буд самараи ҷаҳду талошҳои ту, ки пазируфтанд туро ба ҳайси Раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Сино. Дар ин маснад бо шарофати хислатҳои бузургӣ одамӣ – хоксоривую дилу нияти пок ва эҳсоси дарди атрофиён   обрӯву эътиборат дар байни дӯстону ҳамкорон даҳчанд гардид. 

Имрӯз лолу ҳайрон пазмони дидори туву зангҳои телефонӣ ва ҳамон садои дилнишини «Ако, чи хелед?» - гӯиҳоят гаштаам. Борҳо чун дар маъракаҳои хонаводагӣ ба ҳам меомадем (аз шаш нафар албатта нафаре ширкат намекард)  ту бо лаҳни шӯхӣ мегуфтӣ: - Ин баччаҳои Холи Давлата дигар пурра ҷамъ карда намешавад. Бехабар аз он, ки ту моро барои абадият тарк мегӯиву дигар маъракаорои мо нестӣ.  

  Ин лаҳзаҳо андеша мекунам, ки дар зери он табассумҳои зебою малеҳ дар умқи чашмонат ғаме ниҳон буд. Ғаме, ки аз найрангҳои рӯзгори нобасомон, хиёнатҳои ёрон, заифиҳои мардон  ва  бо сияҳномае бо номи  ТАНҲОӢ  сиришта шудааст. Вале ҳама ин аламҳоро андаруни сина мекашидиву ба атрофиён зоҳир намесохтӣ. Шояд ин дили бузурги саршори ишқу зиндагӣ дигар тавони бардоштани ин бори сангинро надошт.  Оре: Он дил, ки ранҷ мекашад то кай баҳиммат аст…

 Имрӯз иқрор  мекунам, ки бо ҳама донистанҳо ману арофиён ба дарки розу андешаҳои ту оҷиз будем. 

 Розҳо, андӯҳҳо, гуфтаву ногуфтаҳо  моро тарк карданд ба сӯи олами қудсӣ.  

 Боз Устод Муродбек бо наъраи ҷигарсӯз ба имдодам меоянд:

Мондаам дар талхии ғурбатсаро,

Сӯҳбати ширу шакар гум кардаам.

Ӯ бародар не, бароям дӯст буд,

Дӯсти соҳибҳунар гум кардаам.

Оҳ, фарзанди падар гум кардаам.

Нақти ҷон, лахти ҷигар гум кардаам.

      Рӯзи видоъ бо ту ва чунин ҷанозаро Куҳдоман пас аз гусели ҷияни ҷавонмарги 31 солаамон Фирӯзҷон ба хонаи охират   кайҳост дар хотир надошт.  Ҳама, ҳамсари ҷигарбирёну се кӯдакони ҳанӯз аз оламу одам бехабар, ёру дӯстон, хешу ақрабо бо сарварии акои Ҳоҷӣ Мулоназар Давлатмоҳу Ҳоҷӣ Маҳадсид, Бобои Саид, Ёрмаҳмаду Ҷамшеду Дӯстмурод, Каёнӯшу Фарида Ҳангомаю  Фархунда, Баҳрому Мулошарифу Диловар, Далеру Баҳодуру Анас ва даҳҳои дигар  дар фиғон буданд.  Наъраи  мардафкани  додарам Шомаҳмад гӯё синаи талу теппаҳои Кӯҳдоманро пора  месохт. Оре, Шомаҳмад ба шодравон меҳри хосае дошт. Шояд фарзандвор ва аз он ҳам бештар.   Ҳама хоса аҳли маорифи пойтахт он рӯз  бо сарварии бонуи кордону ташкилотчӣ, Раиси иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе Нигина Ҷӯраева  ашки талх мерехтанду афсӯси маргҷавонӣ мекарданд.  Он рӯз ба чашми дил дарк кардам, ки чӣ тавр инсон метавонистааст бо хулқу одоби баланд дар ҳалқаи ҳамкорон маҳбуб гардад. Хонаи хоксоронаи ман барои издиҳоми видоъгӯён лаболабу пуропур гашта буд. Эй хок бар сарам, кош эшонро дар дигар маърака пазироӣ мекардам. 

Бо ҳама ҳусни зоҳиру ботин

Ҳар кӣ яктост, ҳар кӣ беҳамтост,

Маргаш аз зиндагӣ номитар,

Мурданаш низ чун худаш зебост.

.Имрӯз домони сабру шукрро пеша кардаам ва хешро тасаллӣ медиҳам. Зеро дар ояти Қуръони Азимуш-шаън омада: «Изо ҷоа аҷалуҳум ло ястаъхиру соъатан ва ло ястақдиму». Яъне, чун аҷал ояд на як соат таъхир мекунад ва на як соат пеш меояд. 

Инак зодрӯзи туст…

Аҷал як моҳи дигар  имконе  надод, ки синни 37-ро пур намуда ба 38-солагӣ қадам гузорӣ.  

Боре маро сари мизи корӣ машғули навис-навис дарёфтӣ. –Ҳа ако, худо хоҳад маҷмӯа ҳам чоп мешавад, албатта? – суол намудиву афзудӣ, - чӣ ном мондед ба он? - «Таронаҳои шаҳри туманолуд» - посух додам ман.  – «Чаро туманолуд» - гуфтию ба умқи андеша рафтӣ.

 Ин номгузории ман албатта маҷозӣ буд. Марсияномаҳое, ки ба марги фоҷиавии Махсум Олимӣ, Кароматулло  Қурбонов, Мавлон Раҷаб, Фирӯзи ҷавонмарг  рӯи саҳифа рехта буданд шояд боис гардида буд. Вале эй доди сарнавишт, ки дар як шаби туманолуд риштаи ҳаёти  туро барканду  чойгузини олами таронаҳои туманолуд гаштӣ. Дигар ба туману ҳавои туманолуд бо нигоҳи ҳарос менигарам. 

 Инак зодрӯзи туст. Вале бе ту... Сари хони ту ҷамъ меоему оёоте чанд аз Қуръони Азимуш-шаън қироат мекунем. 

 Вале ҳанӯз ҳашт чашми интизор ҳамсару фарзандонат сӯи даранд. Гӯё ҳоло ворид мешавию… Хоса «додоҷонам кай меоянд?»- пурсиданҳои Насринаи хурдакак синаи сангро сӯрох мекунад. 

 Осуда хоб кун додари ҷавонмаргам!   Фарзандонат идомабахши роҳи кӯтоҳу пурбори туянд. Аллакай Таманно дар маҳфилу озмунҳои мактаби фаъолона ширкат меварзаду аз ояндаи некаш гувоҳӣ медиҳад. Амина низ кӯдакона ӯро пайравӣ  дорад.

Вале ман дигар ман хоб мебинам кӯчаву паскӯчаҳои Дарғи Шарифро, кӯҳу дараҳои Ғидифи Санкиротро, хиёбонҳои азими Душанбешаҳрро,айёме, ки кӯдакиву ҷавониямон сипарӣ гаштааст…

Дигар дар хоб мебинам рухи зебову табассумҳои малеҳи туро…

Дигар ҳама тӯи хотираҳои абадӣ , аз ёдҳо , азёдҳо…

Дигар дар баландиҳои деҳи Ҷангалак ҳамсару фарзандони ҷигарбирёнат дар ёди ту ашки талх мерезанд… 

Эй ҳамнафам, дар шаби ҳиҷрони ту оҳ,

Рафтивӯ маро чашми талаб дар  сари роҳ.

Чун нома ба тақрир кунам қиссаи шавқ,

Аз чашми қалам фурӯ чакад хуни сиёҳ.

P\S. Аз номи аҳи хонадон ба ҳамаи онҳое, ки дар ин рӯзҳои сахту ҷонсӯз ҳамеша дар паҳлуи мо буданд хоса  ба Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Нусратулло Файзулло , Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Муҳаммадалӣ Азизӣ, Раиси иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе, бонуи воқеан сиришта аз меҳру модарӣ  Нигина Ҷӯраева, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино Муқаддас Носирзода  ва ҳамаи аҳли маорифи пойтахт арзи сипосу миннатдорӣ менамоям. Худованд моро танҳо дар рӯзҳои неку шодӣ чунин сарҷамъ созад. Омин!

Гулмаҳмади Давлатёр 

 

 

 

 

 

 

 

 

Чоршанбе, 18 Декабр 2019 11:38

Домуллои маъруфу маҳбуб, нафаре, ки дар соли 1991 бар алайҳи ваҳҳобизм қиём кардаву ватанро аз вартаи нестшавӣ ҳушдор додаву нахустин шуда, аз номи Исломи ноб ва мазҳаби Ҳанафия, бар зидди давлати исломии тоҷикманишии ҲНИ шӯрида буд, Ҳоҷӣ Мулло Ҳайдар занг задаву гуфт, ки «Сипосу эҳтироми худро бар газетаи мардумӣ, аҳли кор ва хосса сардабираш мерасонам, ки дар тӯли чандин шумора, бо килки Давлатхӯҷа Назиров аз хидматҳои банда ёд кардаед. Воқеан ҳам он солҳо хеле муҳлик буданд ва мо тавонистем, бо кӯмаки мардуми диёр ҳукумати конститутсиониро барқарор созем. Он соатеро, ки ман тукмаи раъйро пахш кардаву бар номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи 16-ум овоз додам, ҳич гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. Зеро ин тукмаро ман бо ангушт не, бо қалби худ пахш карда будам ва то ҳастам, камари хидмат бар ин ҳукумат ва ин марди наҷиб бастаам. Мо Метавонем!»

 

Чоршанбе, 18 Декабр 2019 11:36

 Сафаралӣ Бекманов, аз  д.Оби-Муки н.Ёвон занг задаву гуфт, мутаассифона занҳо имрӯз тамошои оинаи нилгун, шабакаи интернет, тамошои филмҳои бемаънӣ дар бораи вайроншавии оилаҳо, ҷудошавиҳоро дӯст медоранд. Маҳз таъсири ҳаминҳост, ки ҷудошавии оилаҳо дар солҳои охир дар ҷумҳурии мо афзудааст. Бештар ҷудошавии оилаҳои 3-5 фарзанддор ба чашм мерасад. Агар ин ҳолатҳо зиёд шудан гиранд, фарзандони бе падар ё бе модар чӣ тавр тарбия меёбанду ба воя мерасанд?

Мутаассифона, ба ин самт мақомотҳои болоӣ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд, махсусан дар деҳот. Ман таклиф мекардам, ки кори шӯрои занҳо дар деҳот фаъол гардонда шавад. Барои фаҳмондадиҳиро фаъол кардан дар деҳот гурӯҳи кори махсус ташкил карда шавад.

 

Чоршанбе, 18 Декабр 2019 09:19

 

Шуъбаи маорифи МИҲД н.Темурмалик ҳар як масъалаи дар саҳифаҳои матбуот ва расонаҳо матраҳшударо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, нисбати он чораандешӣ мекунад. Аз ҷумла, муроҷиати 1-гурӯҳ сокинони н.Темурмалик ба идораи редаксияи газетаи мардумии СССР дар вил.Хатлон «Темурмалик: кӯдакон ба муассисаи томактаби ниёз доранд», ки аз тарафи Баҳодури Абдусалом,  дар рӯзномаи «СССР» №48 (585) аз 28.11.2019 ба табъ расидаро дида баромад. Дар муроҷиати мазкур қайд шудааст, ки  муассисаи томактабии №1-и маркази ноҳия дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ҳамасола падару модарон барои таъмири бино маблағ ҷамъ мекунанд, аммо ин маблағ танҳо барои рангубори бинои берунаи он басандагӣ мекунаду халос.

Шуъбаи маорифи МИҲД н.Темурмалик ба шумо иттилоъ медиҳад, ки дар доираи корҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни 30- солаги Истиқлоллияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори ватанӣ, бинои муассисаи томактабии №1-и Ҷамоати шаҳраки Совет ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ пурра азнавсозӣ карда шуда, рӯзи 27.08.2019 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мавриди истифода қарор дода шуд. Муассисаи томактабӣ  бо 140 кати хоб ва тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин гардида, тарбиятгирандагон дар 7 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Инчунин, муассисаи томактабӣ дорои толори алоҳида барои гузаронидани машғулиятҳо ва ҳамагуна бозиҳо, айвони дамгирӣ ва майдончаи бозии кӯдакон иборат аз 7 намуд таҷҳизотҳо барои бозӣ ва дамгирии кудакон буда, мушкилии мазкур бартараф гардид. Шуъбаи маорифи МИҲД ноҳия ҷиҳати минбаъд ба роҳ мондани кор вобаста ба таъмиру тармими муасисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва беҳтар ба роҳ мондани ҷараёни кори таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳаи маориф бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои заруриро меандешад. 

Ш. Сатторзода, мудири Шуъбаи маорифи н.Темурмалик            

 

Чоршанбе, 18 Декабр 2019 09:16

 Мурод Исмоилов, сокини н.Восеъ (тел: 98 564 40 00) занг зада, аз он шикоят кард, ки варзишгоҳи марказиии ноҳияро, ки номи Исмоил Тешаевро дорад, тракторҳо омада, тахриб карданианд. Варзишгоҳи марказии н.Восеъ ягона ҷоест, ки дӯстдорони варзиш, хосса футбол дар он машқу тамрин ва бозӣ мекунанд. Инчуни варзишгоҳ макони асосии бозиҳои дастаи футболи ноҳия-«Файзканд» буда, моҳи январ бозиҳои ин тим дар Лигаи олии мамлакат шуруъ хохад шуд.

«- Ба ҷойи варзишгоҳ боғ карданианд. Дар паҳлӯи варзишгоҳ боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ҳаст, аммо мехоҳанд онро васеътар кунанд. Боғ хуб аст, аммо варзишгоҳ муҳимтар! Ҳоло ба ҷойи таҷдид онро хароб мекунанд,»-таъкид медорад Мурод Исмоилов.

 

саҳ 5 аз 11

Китобҳо

Flag Counter