ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 07 Август 2019 08:53

Прокуратураи ш.Исфара мақолаи «Волидайн-усули нави «облава» дар Чоркӯҳ» (СССР, №17(554), 25.04.2019)-ро мавриди санҷиш қарор дод ва ваҷҳҳои дар мақола овардашударо баррасӣ кард. Аз ҷумла, Фирдавс Худойдодов бо пешниҳоди раиси ш.Исфара иҷрокунандаи Раиси ҷамоати деҳоти Чоркуҳ ва аз 6.04.2019 бо қарори Маҷлиси ҷамоати Чоркӯҳ Раиси ҷамоати деҳоти мазкур таъин шуда, адои вазифа менамояд. Аз рӯи гуфти Худойдодов дар даъвати баҳоронаи имсола бояд 35 нафар ҷавонписарони чоркӯҳӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шаванд ва нақшаи даъват 1.05.2019 пурра иҷро гардад. Ҳангоми санҷиш волидони даъватшавандагон Юнусов Нурулло, Ғозиев Ҳакимбой... ҳолатҳои дар матлаб зикршударо умуман тасдиқ накардаанд. Аз рӯи нишондоди волидайни даъватшавандагон аён шуд, ки фарзандони баору номуси ин минтақа ҳифзи марзу буми кишварро барои хеш муқаддас донистаанд...

Раҳмонзода А.Х., прокурори ш.Исфара, мушовири адлияи дараҷаи 1

Аз СССР: Мӯҳтарам прокурор! Аввалтар аз ҳама, аз почтаи барқӣ истифода баред, то посухатон саривақт ба редаксия расад. 2 ин, ки аз Фирдавс Худойдодов чун ҳомии ватану кишвар пуштибониятон шубҳабарангез ба назар мерасад. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 07 Август 2019 08:49

Абдураҳим Муртазоев, ронандаи собиқадор аз ноҳияи Синои пойтахт ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ман ба домуллои мӯҳтарам-Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов 3 суол дорам. Эшонро мардуми тоҷик ҳамчун худошиносу адабиётшиноси классикӣ мешиносанд, лиҳозо, интизорам, ки суолҳои ман бе посух намемонанд:

1.Нисбат ба давраи Шӯравӣ шумораи масҷид, домулло, ҳоҷӣ, намозхон даҳҳо маротиба зиёд шуд, аммо ахлоқи ҷавонон назар ба давраи СССР имрӯз хело поин. Чаро?

2.Ҳоҷиёни сарватманд чанд ҷавони камбизоатро аз ҳисоби худашон оиладор карда, ба ятимхонаҳои ҷумҳурӣ чанд сомонӣ ёрӣ расониданд?

3.Дар атрофи бозори «Саховат», боғи «Фирдавсӣ», кӯчаи Деҳотӣ ва ғ. ҷӯгиҳо зиёд аст ва ба инҳо кӣ бояд кӯмак кунад?

 

Чоршанбе, 07 Август 2019 08:44

Узви Ихвон-ал-СССР, донишҷӯ Раҳматулло Ниёзов аз ноҳияи Ваҳдат ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, медонем, ки духтур будан шараф аст ва ҳар кас ҳам ба ин вазифаи пурмасъул даст намеёбад. Ҳоло дар бораи қиматӣ ва гуногуннархии доруҳо дар аптекаҳо гуфтаниям. Агар 5 навъи дору дар 1 дорухона 350 сомонӣ бошад, дар дигараш тамоман гарон аст. Боре вориди дорухонаи маъруфи «Гарант»-и назди бозори Саховат шудам. Ба фурӯшанда варақаи доруҳоро додам, ҳисоб кард 200 сомонӣ! Рӯйхатро гирифта, ба аптекаи дигар даромадам, ҳисоб карду гуфт, 380 сомонӣ! Бо ҳайрат пусидам, ки дуруст ҳисоб кардед? Гуфт, ки бале! Яъне, 180 сомонӣ қариб бар зарари ман мешуд. Харидор-бемор ба хотири дарди ҷон нархи гуфтаи фурӯшандаро бароварда медиҳад.

 

Чоршанбе, 07 Август 2019 08:42

 

Нафақагир Баҳодур Мирзоев-сокини пойтахт бо телефони 93 581 20 46 ба СССР занг задаву гуфт, ки рӯзи 29.07.2019, соатҳои наздик ба 10 аз назди Маркази савдои «Пайкар» (воқеъ дар маҳаллаи Профсоюз) ба 1 нақлиёти мусофиркаши тамғаи «Старекс» (рақами қайди давлатиаш 6430 ВС 01)-и хатсайри Қараболо нишастам. Ба ронанда аввал ҳуҷҷат нишон дода гуфтам, ки «ман нафақагир, бояд тибқи Қарори Ҳукумати шаҳри Душанбе ройгон гаштугузор кунем…». Яке буд, ки ронандаи ҷавони хунгарму беодоб сӯи ман бо ғазаб нигариста гуфт, «қарор-парори Ҳукумат барои ман нест, пулро дароз кун!». Ронандаро гуфтам, ки маро «ту» гуфта муроҷиат накун, ҳамсоли падарат ҳастам. Хуллас, гапҳо пасту баланд рафт ва роҳкироро дароз кардам. Аммо дар охир ҳатто роҳкирои маро низ нагирифта, аз мошинаш фароварда гуфт, ки «4 тарафат қибла, ба куҷое муроҷиат мекунӣ, кардан гир! Ман бе «тағо» нестам ва аз ҳич кас наметарсам!». Ростӣ, аз чунин ҷавонҳои беодоби «охирулзамон» дар ҳайрат мондам. Ва агар чунинҳо тағо дошта бошанд, вой бар ҳоли мо-бетағоҳо!!!

 

Чоршанбе, 07 Август 2019 08:40

Салом, СССР! Дар боби сарҳад гуфтанӣ набудам, аммо ҳоло маҷбурам, ки бигӯям: парламенти тангчашмакои қирғиз барои рӯйдоди ҳафтаи гузашта касеро аз мардумонаш ба унвони қаҳрамонӣ пешбарӣ карданиянд. Аммо баракси ин амалкарди қирғиз, мақомоти қудратии Тоҷикистон дар Ворух мардумро дар руҳияи тарс нигоҳ медоранд ва ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати бетартибӣ ҷазо мегиранд. Дар натиҷа, мардуми Чоркуҳу Ворух метарсанд, ки ҳатто бо сояи худ дар ҷанг шаванд. Солҳои 2000 фарзандони мо дар замини бобои Каримбой (аслан Тоҷиканд ва заминҳояшон имрӯз дар марзи тангчашмон мондааст) чорворо бе ягон мамониат мечарониданд. Ҳоло бошад, марзбонони қирғиз натанҳо барои молчаронӣ, ҳатто ба соҳибмулки замин иҷозат намедиҳанд, ки марзро убур кунад! Бо тамоми ҳастӣ омодаем, хоки Ватанро ҳифз кунем, зеро Мо Метавонем! Фақат илтимос, ки моро мақомот натарсонанд!!!

Ҳаким Исмоилзода,

адиб, ш.Исфара

 

Чоршанбе, 07 Август 2019 08:37

Салом, СССР! Созандагӣ дар ботин аст. Ҳокимияти Шӯравӣ абарқудрат буд, аммо тарси Тоҷикӣ монеъ шуд, ки мо аз бойигарии вай истифода барем ва то аз хоб хестем, ки сел бурдааст. Аммо сарварони нохалафи ташкилоту идораҳо ҷиҳози аз Шӯравӣ боқимондаро куллан ғорат карда, ба зинаи нав-Тоҷик расиданд. Васвосаи пулу мол басо касонро ноодам кард, чунки ҳам аз кисаи сағир заданд, ҳам аз кисаи кабир. Ҳоло дасти пулдор болосту гапаш-гап. Дар зиндагӣ бо касоне вохӯрдаам, ки маншаи бузургманишӣ ё худ ба васвосаи шӯҳрат афдода буданд. Аммо оне ки ба васвосаи пулу мол афтодааст, барои ҷомеа хавфноктар аст. Солҳои 1990 ҷелакпӯшу саллабасар, шапкапӯшу папкабаст ба васвосаи ҳокимият афтода, садсолаҳо Тоҷикистонро ба ақиб партофтанд. Васвоса, ки асосан онро ба сари шайтон бор мекунанд, дар хуни мо ҷой гирифтааст. Чӣ бояд кард?

Холмурод Сафарзода,

ш.Панҷакент

 

Чоршанбе, 07 Август 2019 08:30

На ҳар зан зан бувад, ҳар зода фарзанд,

На ҳар гул мева орад, ҳар найе қанд…

Матлаби қаблии ман-«Мо ва ҷалабҳои мо» дар ҷамъияти имрӯза чун вулқон таркише ба миён овардааст ва шояд барои нахустин бор бошад, ки андар шарҳи мақолаам мақола хоҳам навишт. Мо Метавонем!

Сароғоз муфаххирам, ки аксарият чӣ дар сӯҳбатҳои чортанӣ, чӣ баҳсҳои интернетӣ ва чӣ дар орухонаи фейсбукӣ аз матни матлаб пуштибонӣ кардаанд. Зеро ҷалабизми имрӯза воқеан ҳам бомбае шудааст, ки замоне ҷамъиятро хоҳад тарконид. Бовар кун, хонанда, ки чунин аст. Нафаре ҳам навиштааст, ки қудратиҳо бо додугирифти экстремизми исломӣ банд шуда, мушкили ҷалабҳоро, ки паёмадаш батар аз давлати исломист, нодида мегиранд. Дӯст ва муаллифи ҳамешагии газетаи СССР-Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода бошад, ҷумъаи гузашта аз минбари масҷиди Ҳисор занг задаву гуфт, сипоси худ ва мардуми намозгузорро ба СССР барои дарҷи ин матлаб мерасонам…

Ва аммо оппонентҳои мо, онҳое, ки ҷалабҳоро пуштигирӣ кардаанд, кам ҳам бошанд, ҳастанд ва факту далели овардаашон моро ба навишти ин матлаб маҷбур кард. Минҷумла, бонуе навиштааст, ки «чаро СССР бар муъминаҳо эрод мегирад?» Бонуи гиромӣ! Муъмина ва муслима ҳаргиз ғарӣ намекунад, чӣ расад ба ҷалабӣ. Дигаре ангошта, ки «СССР ба модари Тоҷик даст нарасонад!». Хонандаи гиромӣ, оё метавон ҷалаберо Модар гуфту обрӯи 6 млн зан-духтар-модарро рехт? Оре, онҳо низ таваллуд мекунанд, зан ҳастанд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ Модар на! Зеро Модари Тоҷик фарзандашро бо нони ҳаром тарбият нахоҳад кард!

Эроди дигари ҷонибгирони ҷалабизм «шароити бади зиндагонист». О, буродарон, хоҳарон! Шароити бад таккондиҳандаи ғарӣ набояд буда бошад. Мисол мехоҳед? Дур намеравам. Апаи Гулчеҳра, ки ӯро модари «Ҷавонони Тоҷикистон» мехонанд, дар 28-солагӣ, дар соли 1983 бо иллати кӯдак наёфтан аз шавҳараш ҷудо шуд ва номуси зани Тоҷик нагузошташ, ки бо касе издивоҷ кунад. Инак, ӯ 36 сол бе шавҳар аст, зиндагонии сангин дорад, рӯзияшро бо нӯки сӯзан ҷамъ меорад, шабҳо хоб нест, рӯзҳо дар такудав аст, газета мефурӯшад ва аз сари ҳар газит ҳамагӣ 10 дирам меёбад. Ин дар ҳолест, ки боз 2 кӯдаки ятиммондаи хоҳарзодаашро ба тарбияти худ гирифтааст. Магар ӯ наметавонист, бар тибқи ғояи фаҳшосапедкунандаи шумо – «шароити бад» бо роҳи бад равад ва ё шавҳар кунад? Ана чунин Гулчеҳраҳоро метавон Модари Тоҷик хонд! На ҷалабпешаҳои зерҳимояти шуморо…

Мутаассуф, ҳамаи ин ҳама пуштигирӣ аз куҷо реша мегирад? Аз тақлиди кӯр-кӯронаи мо ба Ғарбу Амрико. Феминизм ё худ зансолорие, ки солҳои 60-и асри пор ба миён омад, дар Ғарб рушд кард ва имрӯз дар давлатҳои пешрафта ба нуқтаи авҷи олияш расид. Мо зидд нестем. Зеро ин усул ва шеваи зиндагонии ғарбиён аст, давлатҳое, ки фарҳанги табордорӣ умуман надоранд. Вале чаро мо бояд чашм пӯшида, тақлид ба фарҳанге кунем, ки дар ҳамин самт, яъне табордорӣ, аз мо садсолаҳо қафо мондааст? Магар Тоҷике худро мард мешуморад, агар фарзи мисол, фарш шӯяду хӯрок пазаду куртаву эзори занашро шӯяд? Суолро баракс мегузорам: кадом зани Тоҷик мардеро, ки куртаву эзорашро мешӯяду фархак-памперси кӯдакашро иваз месозаду авқот мепазад…, иззат мегузорад? Чунин «тряпка»-латтамардро ягон Зани Асили Тоҷик ҳурмат нахоҳад кард! Вале мо мехоҳем, ки мисли Ғарб занҳои мо озоду мардон хонақап бошанд…На-ме-ша-ваддд! Дар Ғарб чунин озодӣ занеро ғару фоҳиша намесозад, дар мо танҳо тамошои филмҳои ҳолливудиву роликҳои интернетӣ аллакай бонувонро ҷалаб кардаанд, чӣ расад ба озодии а ля ғарбӣ. Яъне инқилоби озодии зан бояд сараввал дар майнаҳоямон пухта расад ва ана баъдаҳу дар ҷамъият...

Бовар дорам, ба ин навиштаи ман, аксарияти онҳое эрод хоҳанд гирифт, ки … муҷарраданд, шавҳар надоранд! Худро нофи замину само низ хонеду 1001 қонуну қоида мисол оред, ана ҳамин бева мондани шумо исботи гуфтаҳои айни мананд, ки фарҳанги табордории ғарбӣ ҳич гоҳ қобили қабули ҷамъияти ману мо нест ва нахоҳад буд!!!

Феминизм аввали кор аст. Ана ҳамин идеяи иҷборан занҳоро ба кор кашидани ҳукумат аз ҳамон зовия об мехӯрад. Дар мо озодист, шукри Худо занеро сангборон намекунанд, дар маърази омм ҷазо намедиҳанд, духтарон дар мактаби алоҳида намехонанд, нақлиёти ҷамъиятии хос барои бонувон нест… Стоп! Хонанда, дидӣ, ки барои обрӯрезии ҷамъияти мо чанд феминистка пешниҳод доранд, ки автобусу таксиҳои сирф занона таъсис дода шаванд? Медонӣ барои чӣ? Пагоҳ ҳаминҳо бар оламиён ҷор мезананд, ки агар дар Тоҷикистон зан-модарро арҷ мегузоштанду тазъйиқу фишор намебуд, магар нақлиёти алоҳида месохтанд? Ҳушёр бояд буд, ух, как, ҳушёр…

Зани Тоҷик кор кунад, ташаббус нишон диҳад, ҳатман соҳиби вазифа мегардад! Мисол мехоҳед? Лола Ҷумъаевна-муовини раиси Ориёнбонк. Ин бону беш аз 30 сол шуд дар вазоифи баланди соҳа кор мекунад ва ҳаргиз «танҳо барои зан будан» ҷое таъин нашудааст! Бовар кун, хонанда, феминизм пирӯз омад, ҳатман Ғарб талаб мекунад, трансвеститу гомосексуалҳоро низ бо кор таъмин кунем… Баччабозӣ, ҳамҷинсгароӣ, ишқварзии зан бо зану мард бо мард аз талаботҳои дигари ин демократия аст, ки иҷборан фарҳанги зотии моро аз байн бардоштанист. Ва агар ҷамъият, таваҷҷӯҳ кун, хонанда, на ҳукумат, ки маҳз ҷамъият (!!!) аз ин ҳама ошуфтамизоҷӣ садд нагузорад, фардо писаронатон шавҳару духтаронамон зан мегиранд! Намегиранд? Ещё как мегиранд!

Боз сахт гуфтам? Мо Метавонем!

 

Ҷумъа, 02 Август 2019 13:25

   

   Ба ҳолати 1.07.2019 маблағи умумии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 2,9 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки он ба 35,9% Маҷмӯии маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи ҶТ хабар дод.

   Бино ба иттиллои вазир, хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ аз рӯи нақшаи маблағгузории нимсолаи аввали соли 2019 пурра дар мӯҳлатҳои муайаншуда пардохт карда шуда, ба ҳолати 1.07.2019 дар назди ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ӯҳдадориҳои иҷронашуда вуҷуд надорад.

   - Айни замон барои дарёфти сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ таҳияи тарҳи барномаҳои нави ҳамкорӣ барои давраҳои миёнамӯҳлат бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Авруосиёии Рушд ва Иттиҳоди Аврупо идома дорад, - афзуд Файзиддин Қаҳҳорзода.

   

 

саҳ 12 аз 13

Китобҳо

Flag Counter