ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 21 Август 2019 09:26

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, фарҳангшинос Мирзо Ниёзов аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар меҳмонии СССР гуфт, ки ҷои афсӯс аст, имрӯз Тоҷики тоҷдори мо дар хона ҳама чиз дорад, ба ҷуз китобу журналу газета. Барои харҷи худоӣ ва тӯйи бемаънӣ ҳазорон сомонӣ маблағ меёбем, вале барои хариди асарҳои барҷастаи Рӯдакию Саъдию Ҳофиз, Айнию Турсунзода… 10-20  сомонӣ сарф намекунем, ки фарзанд аз кӯчагардию корҳои беҳуда дида, 2 саҳифа китоб хонад, ақлу тамиз ёд гирад, то дар зиндагии оянда ба кор ояд. Касе, ки «Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ, «Писари Ватан»-и М.Турсунзода, «Духтари оташ»-и Ҷ.Икромӣ, «Модар»-и М.Горкийро мутолиа карда бошад, баръало мушоҳида мекунад, ки саргузашти муаллиф барои ҳама омӯзанда аст. Имрӯз қадру манзалати омӯзгор дар ҷомеа на он қадар назаррас аст. Муаллим дарсу мактабро партофа, тиҷорат мекунад, дар Русия муҳоҷир аст. Ин ҳама аз камии маош аст. Сару либосе, ки донишҷӯ ё хонанда дорад, муаллим онро дастрас карда наметавонад. Дипломдорони ҷавон вақте бо роҳхати Вазорати маориф аз донишгоҳҳо ба кор меоянд, ҳатто ариза, гувоҳнома ва хислатномаро навишта наметавонанд. Агар нависанд ҳам бо хатои зиёд…

 

Чоршанбе, 21 Август 2019 09:20

 

Сари моҳи август дар Интернет чашмам бад-ин ғазали устод Саидалӣ Саиди ангубинсухан уфтод:

Агар аз барги гул хуни ҳаё рафт,

Ҷилои шабнам аз вай бар ҳаво рафт.

Падар бар духтараш илме набахшад,

Бидон, ин миллати мо зери по рафт!

Падарҳо дидаам бисёр-бисёр,

Занаш ғар, духтаронаш бе сафо рафт.

Намедонӣ, чаро аз домани Зан,

Пайи хидмат чӣ мардони Худо рафт?!

Саҳеҳ он вақт чашми ин ҷаҳон шуд,

Ки оҳи Модари вай то само рафт.

Фитад дар хок мард аз авҷи гардун,

Падар мазлуму аз вай бе дуо рафт.

Бибӯс аз пиччаҳои Модари хеш,

Кам андар кам дуояш бехато рафт.

Тамоми ганҷи олам дар каф орӣ,

Чун аҳли хонаат роҳи Худо рафт.

Магӯ бар худ, ки мехи ин ҷаҳонӣ,

Аз ин олам басо шоҳу гадо рафт.

Иҷорат омадем, Пири Ҳисорӣ,

Агар аз дори дунё Мустафо рафт!

Чун ғазалро хондам, дар поёнаш нигоштам: Шиботи борон!

Устод Саидалӣ навишт: Сайёдҷон, ҳазорҳо Ташаккур, ки назаре ба мо намудӣ! Аммо, хоҳиш, аз " ШИБОТИ БОРОН " бигӯ, ки ҳам дили мо оромиш ёбад ва ҳам аз хонандагон.

Хоҳиши ӯро ба ҷон пазируфтам: Дуруд, ё дӯсти гиромӣ! Нахустин бор шиботи боронро аз падари меҳрубонам шунида будам дар кӯдакӣ. Бо ҳам дар боғи нозанинамон сайр мекардем, ки гул-гули борон шуд. Боронаки диловезе маҳин-маҳин сабзаву гулбаргҳоро навозиш мекард. Падари гиромиям гуфтанд: Шиботи боронро тамошо бикун, бачам. 

Ин сухан дар ёди ман аз он рӯзгорон мондааст. Эй, ҳазорон дуруд, ё дӯсти нозанинсухан!

Устод Саидалӣ навишт: Қурбони Сайёди ҷон шавам ва Худой падарро махфират кунад, ки ин ШИБОТИ БОРОНро чун гавҳаре ба адабиёти форсӣ ёфтаву бахшидааст. Оре, ин ибора бисёр тасвири зебои боронро дорад, ки шояд дар дигар забонҳо набошад. Дар забони мардуми мо чӣ гавҳарҳое нуҳуфтаанд, Сайёди ҷон, ки мо бехабарем! Ҳазорҳо ташаккур ва ХУДОВАНД падари бузургворро дар ҷавори раҳматаш гирифта бошад! ОМИН!!!

Дар посух навиштам: Ҳазорон дуруд, ё дӯсти сухантар, ки моро ба ёди шиботи борону он рӯзгорони зебо бибурдед. Худо нигаҳбон!

Устод Саидалӣ навишт: Боз ҳам сипоси бепоён, Сайёди ҷон!

Ман бинавиштам: Дуруд бар Шумо!

Шаби 04.08.19 дар месенҷер нома кардам: Дуруд, ё дӯсти гиромӣ, бобои Саидалӣ! Чун аз назари мо гуфтед, инро ёдовар шавам, ки 20 сол пеш аз ин “Тафсири зарнигор” ҳар ҳафта дар “Адабиёт ва санъат” бо назари мо рӯйи чоп меомад. Он зарнигорию озарнигирии бисёр зебову дилрабо ҳамеша пеши рӯйи мост. Он ҳама рахшу дурахши диловез маро хушии бисёр бахшидаст. Аз он рӯзгор то бад-ин замон назари мо ба шеъри дӯсти гиромӣ дигар нашудаст.

Дуруд бар Шумо, Худои меҳрубон ҳамеша нигаҳбон!

Устод бомдоди 04.08.19 нома кард: Илоҳӣ, Омин, Сайёдҷон! Худой, Шуморо ҳамеша ёри Қуръон ва ЗОТИ Худаш гардонад! Охир, ман Шуморо ғоибона хело хуб мешиносам. Иншоаллоҳ, ба умеди дидор! Боз ҳам СИПОСИ бешумор!!! 

Ба хурсандӣ нигоштам: Бо ин бомдоди чунин хушҳаво дуруд мефиристамат, ё дӯсти бисёр гиромӣ!

Пагоҳӣ устод Саидалӣ нома кард: Қурбонатон, Сайёди ҷон! Овози телефонамро, ки намози бомдод паст карда будаам, садои ирсолатонро ҳоло дидам. Худованд субҳи Шуморо субҳи мардон ва рӯзи Шуморо ҳамеша хандон гардонад! ОМИН!

Бомдоди 06.08.19 посух гардондам: Худои нозанин ҳамеша нигаҳбонат, эй дӯсти арҷманд!

Чоштгоҳи 06.08.19 устод навишт: Бисёрҳо ТАШАККУР!...

Эй, дареғо, дӯш бишнидам, ки 10.08.19 ёру дӯстон устоди гиромӣ Саидалӣ Саидро бо сели ашк аз ин ҷаҳон гусел карданд...

Ҳар 2 дидам селбанде,

Ҳар 2 дидам селканде!

Селканде ҳар 2 дидам,

Селбанде ҳар 2 дидам!...

Сайёд ҒАФФОР

13.08.19

 

Чоршанбе, 21 Август 2019 09:13

Таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, муносибат ба он хоса аст. Бо фаро расидани мавсими гармо дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд таъмири роҳ шурӯъ шуда буд. Муҳимтар аз ҳама, барои таъмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, 3 корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали Ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд. Масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкат дар робита ба ин масъала хеле баланд буда, баробари ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар роҳи Душанбе-Чанок бетаъхир чораандешӣ мешавад. Дар мавсими имсола доираи фаъолият хеле васеъ шуда, тасмим гирифта шудааст, ки беш аз 70 км роҳ таъмири куллӣ ва садҳо километр таъмири ҷорӣ шавад. Илова бар ин, дар ояндаи наздик пурра нав намудани пироҳани роҳ (манзур асфалти роҳ) аз авлавиятҳои роҳбарияти филиали Ширкат маҳсуб мешавад. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар ин, роҳбарияти филиали Ширкат дар ин самт собитқадаманд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои рисолат аст.

Бо хулосабарорӣ аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатовар, тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе-Чанок дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади мунтазаму бемонеа ва бехатари шаҳрвандон тариқи он дар тамоми фаслҳои сол таъмин аст. Ёдовар бояд шуд, ки ҳанӯз дар марҳилаи аввали фаъолият барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият беш аз даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шуда, минбаъд ин нишондиҳанда ба маротиб афзоиш ёфта, дар ин замина пойгоҳи техникии филиали Ширкат ба 200 техникаву механизм расонида, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд шуд. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла, «Тексидел» дар раванди фаъолият таври густурда технологияи муосир мавриди истифода қарор гирифта, ин раванд бемайлон идома дорад. Матолиби дар ВАО нашршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки давоми 4 соли охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф шуд, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. Ҳамрадиф бо ин, пешниҳод шуда буд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳои мамлакат низ мавриди истифода қарор гирад. Омили дигари муҳим он аст, ки дар давоми солҳои охир, сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ шудани як силсила ибтикор, аз ҷумла, бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири асосии зиёда 100 км роҳ, Ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард. Дар маҷмӯъ, фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт рабтдошта мусоидат намуд, балки андешаи моро дар мавриди нигоҳдории роҳ ба маънии мусбат дигар кард.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Чоршанбе, 21 Август 2019 09:11

  

Ахиран хабар расид, ки Хӯҷа Каримов, собиқ фармондеҳи қаноти ғозималикии Фронти Халқӣ дар вилояти Қурғонтеппа (ҳоло Хатлон), дар Дубай боздошт шудааст. Ҳоло баҳсҳо сари истирдоди ин қумандони номӣ миёни 2 давлат рафта истодааст. Таври маълум, Хӯҷа-командирро, ки бо маблағи ҳангуфт ба Малайзия фирор карда буд, Тоҷикистон дар пайгарди Интерпол қарор дод. Каримов аз рӯи 7 банди ҷиноӣ, бо шумули одамкушӣ, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ ва ғ. муттаҳам мешавад. Ба иттилои шоҳидон, Хӯҷа, ки аз бедодтарин қумандонҳои саҳроӣ буд, ҳадди ақалл дар 8 куштори бевосита муттаҳам аст. Зимнан, лозим донистем, бори дигар зиндагиномаи Хӯҷа-Командирро варақ занем. Мо Метавонем!

Хӯҷа Карим кӣ буд: Табиб ё каллабур?

Нафақахӯр Ҷонибек Ғайратов, сокини маҳаллаи Гипроземи н.Фирдавсӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки «Аз диди ман Хӯҷа Карим каллабуре беш набуд!!! Ва барои ин факт низ дорам. Хӯҷа командир дар ҳамун солҳои нобасомонӣ вақте маҷлиси Шӯрои олӣ ба анҷом мерасад, директори Заводи пахтаи ба номи С.Айнии н.Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) Саидшо Шоев-депутати Шӯрои Олии ҶТро ҳамроҳи додараш гаравгон бурда, дар Ғозималик мепаронад. Воқеа ин тавр рух медиҳад: Вақте маҷлис тамом мешавад, Шоев аз толор берун мебарояд. Нохост додарашро дар ҳалқаи боевикҳо мебинад. Чун пеши онҳо мераваду мепурсад, «ин додари ман аст, куҷо бурданиед ӯро?» Хӯҷа Карим мегӯяд, «бо додарат мо кор дорем…». Шоев низ ба Хӯҷа бо қаҳр мегӯяд, «ҳар куҷое ӯро мебаред, ҳамроҳатон меравам!» Хуллас, ҳардуро ҷониби Ғозималик мебаранду мепаронанд!!! Ин аввалу охири «қаҳрамонӣ»-и Хӯҷа Карим нест. Ӯ бисёриҳоро қатл кардаву даст ба бенизомиҳои онвақта задааст!»

Автобиографияи духтур-рекэт!

Хӯҷа Каримов (Раҳим Каримов) 1.10.1960 дар н.Куйбишев (ҳоло н.Хуросон) зода шуда, фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аст. То с.1992 пизишки Беморхонаи ҷумҳуриявии №3-и ш.Душанбе буд. Дар солҳои 1992-93 қумондони саҳроии отряди Фронти халқӣ, муовини якуми командири бригадаи махсуси Вазорати мудофиаи ҶТ, аз с.1994 то 1998 корманди Ҳукумати вил.Хатлон, соли 1995 депутати халқии Маҷлиси Олӣ аз округи 145-и Уялӣ, узви Кумитаи доир ба корҳои занон, ҳифзи сиҳатӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ, с.1997 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон буд. Ноябри с.1998 дар назди бинои Маҷлиси Олӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд.

Шоҳи Ғозималик

Хӯҷаро ба ташкили қатли депутатҳо-С.Шоев ва Т.Шукуров гунаҳкор донистаанд. Боздошти Хӯҷа-командир фурор ба амал овард ва дар куртаи боевику қумандонҳои вақт кайк ворид сохт. Шасти аксарият ба ҳадде гашт, ки аз пойтахт гум шуданд! Дар матбуот он замон ӯро «Шоҳи ноҳияи Ғозималик» навиштанд, чун пахтаи ин минтақаро ихтиёран ба Голландия ба савдо мезадааст. Вале ба таври ногаҳонӣ озод шуд ва чанде ба баъд ғайб зад.

Хӯҷа пас аз воридшавии қувваҳои ҳукуматӣ ба пойтахт ТВро таҳти контроли худ қарор дода, журналистони «бегона ва душмани синфиро» дар назди боқӣ журналистон истинтоқ, лату кӯб ва таҳқир мекард. Дар ин «амри хайр» дастнишондаҳояш Почохони масхарабоз ва шарики саҳнавӣ, калтача-лиллипути ӯ буданд. Маҳз инҳо журналистони «демократ» ва «вовчик»-ро ба Хӯҷа ифшо мекарданд. Тибқи ривояти шоҳидон, омад-омади Хӯҷа замоне на танҳо ба дили телевизионшикҳо, ки ба қалбҳои вазирону сағирон низ ҳарос ворид мекард. Дар нимаи соли 1990 ба ҷони ӯ дар гардиши маҳаллаи 65-и пойтахт суиқасд карданд, вале бе натиҷа. Тир аз пешонаи Хӯҷа гузашт: Рекошет! Ин буд, ки Каримови ба ғазабомада хост чанд вазирро гаравгон гирад. 

Қумандони бесилоҳон

Ӯ баъд аз ошноӣ бо Файзалӣ Саидов ва Ёқуб Салимов-маъруфтарин чеҳраҳои ҷангии Тоҷик дар Хатлон ва пайвастан ба ФХТ номдор гардид. Хӯҷа дар ягон амалиёти ҷангӣ бе восита ширкат накардааст.

 Хӯҷа-командир аз беҳтарин чеҳраҳои зираки гражданка аст, ки наҷангид, вале сарвати ҳангуфт ҷамъ овард ва бар мардум ситам кард. Ин дар ҳолест, ки худи ӯро дар Ғозималик, бархе ҳамчун сахӣ ва бунёдкор мешиносанд. Зеро аз дигар ҷо ғорат кардаву ба ин ноҳия мекашонид ва андак-андак сохтмонҳои замонавӣ ҳам мекард. Ҳатто арчаҳои қад-қади роҳи мошинагардро, ки имрӯз зиннати Ғозималиканд, Хӯҷа дуздида овардааст ва то ҳанӯз аз Боғи ботаникии раҳматӣ Тилло Бобоев-асосгузори ин Боғ қарздор аст. 

Қумандонсолорӣ дар ФФТ

Аз Робен Гудҳои ҷанги гражданӣ нахустин касе, ки ба ФФТ омад, Хӯҷа-командир буд. Давраи роҳбарии ӯ ба замони қумандонсолории футболи ватанӣ рост меояд. Дар ин давра қариб ки дар саргаҳи тамомии клубҳои футболи мамлакат қумандонҳои сар то по мусаллаҳ меистоданд ва мусаллам аст, ки баргузории мусобиқаҳо байни ин дастаҳо кори саҳлу осон набуд. Новобаста ба ҳамаи ин, дар давраи роҳбарии Хӯҷа Каримов чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи оливу якум, мусобиқа барои дарёфти Ҷоми миллӣ ва дигар сабқатҳои ҷумҳуриявӣ пайваста ташкилу баргузор шуда, инчунин иштироки тими миллӣ ва дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми мусобиқаҳои байналмилалӣ таъмин карда шуданд. 

Хӯҷа Бахтиёри Муртазоро паронданӣ буд!

Хӯҷа ба қатли даҳҳо нафар дасти тамом дорад. Хӯҷа-командир Бахтиёр Муртазоев-аввалин сардабири нашрияи «Минбари халқ»-ро низ қариб мепаронд. Худи устод Муртазоев дар меҳмонии СССР гуфт, ки «солҳои баъдиҷангӣ дар нашрияи парлумонии «Садои мардум» муҳаррир будам. Рӯзе дар назди бинои Шӯрои Олӣ ҳамроҳи Назрулло Дӯстов-собиқ вазири нақлиёт сӯҳбат доштем, ки аз куҷое депутат Хӯҷа Командир ҳамроҳ бо чанд телехаш пайдо шуд. Назди мо каме қарор гирифта сӯи ман ҷиддӣ гуфт, «Шунидам, ки ту қубодиёнӣ будастӣ-а?». Гуфтам, «ҳо, чӣ гап буд?» «Туро ҳам парондан даркор!» гуфт ӯ. Тибқи овозаҳо, чанд рӯз пеш ӯ бо силоҳбадастони қубодиёнӣ муноқишае доштааст. Ва аз сари алам метавонист ҳар қубодиёниро паронад, аз ҷумла, маро. Дӯстов гапи ӯро буррида гуфт: «Ту Муртазоевро паронданиӣ? Агар ӯро куштанӣ бошӣ, аввал маро мепаронӣ, баъд ӯро! Чӣ хел фаҳмидӣ?». Хӯҷа инро шунида, аз пеши мо дур шуд. Ин қиссаро барои он гуфтам, ки он шабу рӯз ҷони ҳама дар сари қил буд ва вақте саҳар аз хона ба кор мерафтӣ, дигар тақдират номаълум буд: бегоҳ зинда бармегардӣ, ё не?»

Хайрандеш бо 2 мисраъ халос шуд

Боре мухлиси газетаи СССР-Холмуҳаммади Чархӣ-шоир ва косиб аз н.Рӯдакӣ дар меҳмонии СССР гуфта буд, ки Хӯҷа Карим шоири маъруфи Тоҷик-Хайрандешро қариб мепаронд, агар шоир бо 2 мисраъ халос намехӯрд. Чархӣ гуфт: «Тибқи шунидаам, гӯё Хайрандеш дар замони ҷанги гражданӣ аз чанги Хӯҷа-командир дар маркази пойтахти кишвар бо ин 2 мисраъ халос хӯрдааст:

Умрам гузашту Хӯҷаи Хизр назар накард,

Шояд кунун Хӯҷа-командир назар кунад…».

Ш.Умар,

М.Амин

СССР

 

Чоршанбе, 21 Август 2019 09:06

Ҳарчанд ман бо чашми сар надидам, вале овозаҳои ба ҳақиқат наздик мегуфтанд, ки шоми Иди Қурбон нархи гӯшти хубу хӯрданӣ то 60-65 сомонӣ хест. Зимнан ба назар мерасад, ки ҳукумат дар набард бо қассобони беимону даллаҳои бозори чорво пирӯз наомад, ки наомад. Брависсимо, қассобу чорвопарварони мусалмон...

Чоршанбе, 21 Август 2019 09:03

Меъмори инқилоб

20.08.1940 дар пойтахти Мексика-шаҳри Мехико ба ҷони Лев Тротский, яке аз тарроҳони асосии инқилоби болшевикӣ суиқасд анҷом гирифт. Дар натиҷа сахт захмӣ шуд ва рӯзи дигар ҷон бохт. Ӯро яке аз меъморони инқилоби октябрӣ муаррифӣ мекунанд. Ҳатто Сталин низ инро эътироф мекард ва дар ёддоштҳояш навишта буд: “Тамоми кор оид ба баргузории шӯриши мусаллаҳона, зери роҳбарии бевоситаи раиси Шӯрои Петроград рафиқ Тротский амалӣ шуда буд". Тротский дар пирӯзии болшевикон дар ҷанги гражданӣ ҳам нақши вежа ифо кард ва Артиши Сурх маҳз зери роҳбарии ӯ таъсис ёфта, дар ҷанг пирӯз шуд. Аммо баъди вафоти Ленин дар дохили ҳизби болшевикӣ муборизаи шадид миёни ӯ аз 1 сӯ ва Сталин аз тарафи дигар сар зад, ки саранҷом бо шикасти Лев мунҷар шуд. Январи с.1925 пленуми КМ Тротскийро аз вазифаҳои ишғолкардааш (Ӯ комиссари халқии ҳарбӣ-баҳрӣ ва раиси Шӯрои ҳарбӣ-инқилобӣ буд) сабукдӯш кард ва октябри с.1926 бошад аз Бюрои сиёсӣ низ бароварда шуд. Ахир, 7.11.1927 дар рӯзи инқилоб ҳаммаслакони собиқаш ӯро аз ҳайъати ВКП(б) ҳам хориҷ намуданд. Тротский январи с.1928 ба Алма Ато бадарға шуд, лек "меъмори инқилоб" дар Қазоқистон низ ором нагирифт ва ахир 18.01.1929 бо қарори ҷаласаи махсуси ОГПУ аз ҳудуди СССР бадарға карда шуд. Ҳаммаслакони собиқ вайро дар фаъолияти зиддиинқилобӣ ва тайёрии шӯриши мусаллаҳона алайҳи ҳукумати Шӯравӣ айбдор мекарданд.

Гурезаи сурх

Аммо шуҳрати Лев Давидович дар олам чунон паҳн шуда буд, ки кам кишваре мехост ӯро дар ҳудудаш паноҳ диҳад. Танҳо Туркия розӣ шуд ин "гурезаи сурх"-ро пазирад ва барояш паноҳгоҳ диҳад. Худи Лев бисёр мехост ӯро ба ватани Марксу Энгелс-Олмон интиқол диҳанд, аммо ҳукумати олмонӣ ин тақозоро қотеъона рад кард.

Чоршанбе, 21 Август 2019 08:57

 

16.08.1938. Кумитаи иҷрояи Коминтерн бо қарори худ Ҳизби коммунисти Полшаро пароканда кард. Сабаби ин қарор, вуруди ҷосусони олмонӣ ба сафи ин ҳизб арзёбӣ шуд.

16.08.1941. Дар СССР фармони №270 ба тасвиб расид, ки дар он таърифи возеҳ бобати он, ки кадом афсарони Артиши Сурхро хоини Ватан бидонанд, дода мешуд.

16.08.1956. Дар СССР қарори ҳукумат бобати азхудкунии заминҳои бекор ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор садҳо ҳазор гектар заминҳои бекорхобидаи Русияи ҷанубӣ ва Қазоқистон гандумкорӣ шуданд.

17.08.1918. Гетман Павел Скоропадский баъди сари қудрат омадан, дар Украина  рӯзи кории 8-соатаро ҷорӣ кард.

17.08.1934. Дар СССР аввалин Анҷумани нависандагони шӯравӣ доир шуд. Дар ин Анҷуман Низомномаи Иттиҳоди нависандагони СССР қабул карда шуд ва "реализми сотсиалистӣ" усули асосии адабиёти шӯравӣ эътироф гардид.

17.08.1954.Роҳбари коммунистони Чин Мао Дзедун дар кишвараш сиёсати "ҷаҳиши бузург"-ро роҳандозӣ намуд.

17.08.1965.Оғози амалиёти "Starlite" аз ҷониби нерӯҳои ИМА дар рафти ҷанги Ветнам. Ин аввалин амалиёти бузурги заминии нерӯҳои амрикоӣ дар ҷанги Ветнам ба шумор меравад.

18.08.1918. Дар Русияи шӯравӣ Иттифоқи умумирусиягии журналистони шӯравӣ таъсис дода шуд.

19.08.1941. Ҳавонаварди шӯравӣ Александр Иванович Покришкин аввалин шуда дар СССР қаҳрамони секаратаи Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.

Чоршанбе, 21 Август 2019 08:55

Суди Олии ҶТ муроҷиати С.Шарифзода-«Суд аз хона маҳрумам кард» (СССР, 27.06.2019, №26(563)-ро дар якҷоягӣ бо маводи парвандаи гражданӣ мавриди омӯзиш қарор дод. Муайян шуд, ки бо ҳалномаи суди н.Шоҳмансур аз 12.12.2012 даъвои ҶСП Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳамров» бо ҷавобгарии Шарифзода Сулаймони Шаҳзод қонеъ ва моликияти ба гарав гузоштаи ӯ-манзили истиқоматӣ воқеъ дар ш.Душанбе, кӯч.Қаротегин, хонаи 75, моликияти ҶСП ТАҚХ «Ҳамров» эътироф карда, Шарифзода бо аҳли оилааш аз ҳамин манзил бе додани манзили дигари истиқоматӣ кӯчонида шудааст. Муаллиф бо ҳалномаи мазкур норозӣ буда, бекор кардани онро пурсида, борҳо бо шикоят нисбат ба санадҳои судии мазкур ба марҳилаҳои гуногуни суди ш.Душанбе ва Суди Олӣ муроҷиат кардааст. Ваҷҳҳои шикоятҳои назоратӣ аз ҷониби судяҳои судҳои номбурда дар якҷоягӣ бо маводи парвандаи гражданӣ мавриди омӯзиш қарор дода, бинобар мавҷуд набудани асосҳо барои бекор кардан ё тағйир додани қарорҳои судӣ бе қаноат мононида шудаанд. Тибқи талаботи қисми 2, моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании ҶТ нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратӣ дар муҳлати 1 сол аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо мумкин аст шикоят ва эътирози назоратӣ пешниҳод шавад. Ҳалномаи суди н.Шоҳмансур аз 12.12.2012 оид ба ҳамин парванда 24.11.2015 эътибори қонунӣ пайдо карда, аз он давра то ҳол беш аз 3 солу 6 моҳ гузаштааст. Тибқи сархати 3 моддаи 369 Кодекси номбурда агар муҳлати пешниҳоди шикоят ё эътироз нисбат ба санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ гузаронида шуда бошад, шикояти назоратӣ бе баррасӣ баргардонида мешавад. Лиҳозо, шикоятҳои минбаъдаи ӯ аз ҷониби суди марҳилаи назоратӣ бе баррасӣ баргардонида шудаанд.

Ш.Лутфуллозода,

муовини якуми Раис

 

саҳ 5 аз 13

Китобҳо

Flag Counter