ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Июл 08 2016

Мерихол Қараева, сокини деҳаи «Партсъезд-18»-и ноҳияи Хуросон (тел: 915 26 72 90) меҳмони СССР шуд ва бо гиря гуфт, ки духтари ман-Ҳалимаро дар хонаи шавҳараш-Тағоймурод, дар деҳаи Боҳтурободи н.Сарбанд болояш бензин рехта оташ задаанд. 2 бор духтарам шавҳар карда бошад ҳам, бахт ба рӯяш нахандид.

Ҷумъа, Июл 08 2016

Журналисти шинохта Садбарг Боқиева (тел: 901 708 901) меҳмони газетаи мардумии СССР шуд ва ғайриинтизор барои тафреҳи кормандони СССР 3-4 рубоии халқиро бо оҳанг зам-зама кард.

Ҷумъа, Июл 01 2016

Хонум Робиаи Ҳиммат-сарояндаи эстрада ва маъруф бо номи «RABI RAM» меҳмони СССР шуд. Ӯ барои 10 рӯз аз Дубай ба Тоҷикистон омадааст, зеро ҳанӯз 7 сол пеш аз Эрон ба Тоҷикистон омада 5 соли умрашро дар кишвари мо паси сар карда, аз инҷо ба Аморати Муттаҳидаи Араб кӯч бастааст.

Панҷшанбе, Июн 30 2016

Шукрулло Маҳмадалиев, хонандаи синфи 10 аз н.Восеъ меҳмони СССР шуд ва гуфт, ки 4 рӯз боз дар бозори Шоҳмансури пойтахт бо мақсади формаи мактабӣ харидан ароба мекашам. Аробакашӣ воқеан мушкил.

Ҷумъа, Июн 24 2016

Руқияи Давроншо, сардабири нашрияи «Оинаи зиндагӣ»-и шаҳри Хоруғ меҳмони СССР шуд ва гуфт, «хело хурсандам, ки Ваҳдати миллии имсола дар ш.Хоруғ барпо мегардад. Аҳли Бадахшон доир ба ин ҷашн ниҳоят омодагии ҷиддӣ доранд. Мо аз ҷумлаи хушбахттарини инсонҳоем, ки дар Тоҷикистони тинҷ зиндагӣ дорем. Баъди ҷангҳои бемаънӣ ва парокандагӣ дар кишвар, сулҳу Ваҳдат мардумро боз ба ҳам ҷафстар кард. Агар Ваҳдат намебуд тамоми харобиҳои ҷанги гражданӣ то имрӯз дар ҳолати аввалаш боқӣ монда, гурезаҳо низ ҳич гоҳ рӯи Ватанро намедиданд. Парешонии миллӣ, ҷудоӣ ба маҳаллу гурӯҳҳо ва зидди ҳам сангар гирифтанҳо барои азбайнравии миллати Тоҷик даҳшате буд. Сарнавишти миллати Тоҷик чун ашке сари мижгон қарор дошт. Ваҳшонияти 20 соли пеш то ҳол дар ёду хотираи мардум боқист. Ин ҳамаро устод Муъмин Қаноат дид ва гуфт:

Чунин разми беназмро кас надид,

Ба тасвир онро набояд кашид.

Зи тифлони гаҳвора то пири кор,

Бишуд сайди ин ҷангу тири шикор.

 

Ҷумъа, Июн 24 2016

Саломат Расулова, сокини ш.Норак (тел: 93 855 03 11) меҳмони газетаи мардумии СССР шуд ва гуфт, ҷиянам-Маъруф Расулови 12-сола (писари хоҳари раҳматиям Шарофат Расулова, ки санаи 7.02.2015 дар Русия, дар 1 садамаи автомобилӣ фавтид), ки таҳти парастории ман қарор дорад, хонандаи синфи 5-и Литсей-интернати президентӣ барои бачаҳои болаёқати ш.Душанбе аст. Тибқи васияти модараш, Маъруф бояд дар зери назорати ман бошад. Аммо аз сабаби делои оилавӣ доштан ин писар бо даъвои Сайфулло Пирович Холов ном шаҳрванд (гӯё падари Маъруф бошад, ҳол он ки ЗАГС надорад) дар хобгоҳи литсейи мазкур сокин аст ва аз мӯҳлати даъвои Холов соле гузаштааст. Бо ин вуҷуд суд инро сарфи назар накарда, аризаи даъвоии Холовро барои эътироф кардани падарӣ қаноатманд намуд. Ҳалномаи суд аз санаи 24.05.2016 ҳоло қувваи қонунӣ пайдо накардааст. Ман чанд рӯз боз ба раҳбари литсей-Исмоилзода Баҳроми Мансур муроҷиат мекунам, ки дар давраи таълими тобистона ҷиянамро бо худ бубарам, аммо ӯ бо 100 баҳона хоҳиши маро рад мекунад. Аз прокуратураи генералӣ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба ҳалли қазияи ману ҷиянам ҳарчи зудтар мусоидат кунад.

 

саҳ 37 аз 43

Китобҳо

Flag Counter