Дар мақолаи сокини ноҳияи Файзобод Ҳоким Сафар «Файзобод: танзим нест!», ки дар газетаи СССР, №2 (695) 13.01.2022, рӯи чоп омадааст, аз риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Ҷамоати деҳоти Мискинобод сухан меравад. Мақолаи мазкур дар ҷаласаи кории назди мудири бахши дин, танзим анъана ва ҷашну маросими назди МИҲД ноҳияи Файзобод бо иштироки доираи васеъи масъулини дин, танзим анъана ва ҷашну маросими назди ҷамоатҳои деҳоти шаҳраку деҳоти ноҳия ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи ноҳия мавриди муҳокима қарор гирифт.
Мутаассуф фактҳои дар мақола оварда шуда, исботи худро наёфтанд. Зеро муаллиф бе овардани ному насаби соҳиби маърака ва дуруст надонистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан мекунад. Ҳол он ки тибқи муқаррароти моддаи 10-и қонуни мазкур дар тӯйи арӯсию домодӣ иштироки 150 нафар иштирокчӣ ва додани зиёфат бо 2 таом иҷозат аст. Боиси қайд аст, ки аз рӯи ҳисобҳо имрӯз барои баргузории тӯйҳои арӯсию домодӣ аз 4,5 то 5 ҳазор сомонӣ сарф мегардад. Ва инҷо сарфи 2,5 ҳазор сомонӣ ҳисоби миёна аст, ки хароҷоти зиёдатӣ ҳисоб намешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки соли 2021 барои иҷро нагардидани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 13 парвандаи маъмурӣ бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмури Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод барои чораҷӯӣ ба суди ноҳия ирсол шуда буд, ки 3 парванда маҳз нисбати сокинони Ҷамоати деҳоти Мискинобод тартиб дода шудааст.
Бегназар Шоев,
мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди МИҲД ноҳияи Файзобод