Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба самъи шумо мерасонад, ки дар ҳафтаномаи СССР №19 аз 11.05.2021 бо номи «Варзоб: роҳи Харангон хароб аст!» аз номи шаҳрванде 1 матлаб нашр шуда буд. Номбурда аз вазъи ба меъёр ҷавобгӯ набудани роҳ ва таъмин нагардиданаш ба қитъаи замин барои бунёди манзил шикоят намудааст.
Дар ҳақиқат дар ноҳия барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ фонди манзил дар чанд соли охир ҷудо нагардидааст. Барои ҷудо намудани зиёда аз 50 га қитъаи замин ҷиҳати бунёди манзили зисти шаҳрвандон мактуби раиси ноҳия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст ва баробари роҳи ҳалли худро ёфтани масъала шаҳрвандони эҳтиёҷманд дар асоси талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мақомоти ҷои зист ва пешниҳоди ҳайати комиссияи таъсисдодаи МИҲД ноҳия ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда мешаванд.
Дар масъалаи роҳ бошад ҳаминро бояд зикр кард, ки ба тавозуни Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Варзоб 92 км роҳи аҳамияти маҳалидошта мансуб буда, 63 км ба Филиали ширкати саҳҳомии IRS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд.
Аз мушкилоти дар ҳафтанома зикршудаи оид ба роҳи Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ роҳбарияти мақомот ба пуррагӣ огаҳӣ доранд. Вобаста ба ин масъала якчанд маротиба ба роҳбарони корхонаҳои саноатии дар ҳудуди Ҷамоат фаъолиятдошта суҳбату вохӯриҳо доир намудааст. Муассиса воқеан бо маблағҳои дар ихтиёрдоштаи худ имконияти таъмир ва ё мумфарш намудани роҳҳоро надорад. Барои таъмири пурраи роҳҳои дар тавозуни ноҳия буда мо имкониятан кӯшиш намуда истодаем.
М.Шерализода,
раиси ноҳияи Варзоб