ХАБАРИ ДОҒ

Бохтар: роҳ барои мусофиркаш нест

  • Чоршанбе, Май 04 2022

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба самъи шумо мерасонад, ки мақолаи дар ҳафтаномаи «СССР» таҳти унвони «Бохтар: устохонаҳо монеа барои нақлиёт», ки дар шумораи 11.02.2022 нашр шуда буд,  мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт. Муайян гардид, ки дар ҳақиқат дар кӯчаи Ҷ. Абдуллоеви ш.Бохтар 3 адад нуқтаи таъмири нақлиёти сабукрав мавҷуд буда, соҳибкорон фаъолияташонро тибқи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда, дорои иҷозатномаҳои сохторҳои назоратии давлатӣ мебошанд ва дар Нозироти давлатии андози шаҳр ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳангоми санҷиш мушоҳида гардид, ки дар назди устохонаҳо якчанд адад нақлиёти сабукрави таъмиршаванда гузошта шудааст, аммо онҳо барои рафтуои нақлиёти дигар монеа эҷод намекунанд. Дар ҳамин радиф бояд гуфт, ки аз 2 ҷониби кӯчаи Ҷ.Абдуллоев хонаҳои истиқоматии маҳаллии сокинон ҷойгир буда, роҳи мазкур ҳамчун маҳалли аҳолинишин маҳсуб меёбад ва барои рафтуои нақлиёти мусофиркашонӣ пешбинӣ нагардидааст. Махсусан хатсайри нақлиёти мусофиркашонии самти Ҷамоати деҳоти «Заргар» тариқи шоҳроҳи самти давродаври «Шаҳло» муайян ва тасдиқ гардида, бо роҳи маҳалли аҳолинишини кӯчаи Ҷ.Абдуллоев рафтуо намудани нақлиёти мусофиркаш манъ аст.

 Новобаста ба ин бо соҳибкорони устохонаҳо барои халалдор накардани ҳаракати нақлиёт ва роҳ надодан ба гузоштани нақлиёти зиёд дар канори роҳ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил карда шуд. Инчунин ба ронандагони воситаҳои нақлиётие, ки дар самти Ҷамоати деҳоти «Заргар» ба мусофиркашонӣ машғуланд, тавсия дода шуд, ки барои бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ, мусофирон ва пиёдагардон аз роҳи муайяншудаи хатсайр истифода намуда, тариқи роҳҳои маҳалли аҳолинишин ҳаракат накунанд.

Д. Муҳаммадҷонзода,

муовини раиси ш.Бохтар

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter