Прокуратураи ноҳияи Қубодиён мақолаи Баҳодур Уроқов зери унвони «Таркиш дар ноҳияи Қубодиён 14 захмӣ гузошт», ки дар ҳафтаномаи «СССР» таҳти №8 (701) аз 24.02.2022 ба табъ расидааст, мавриди санҷиш қарор дод.
Санҷиш муқаррар кард, ки Анварзода Абдубасири Хушназар соли таваллудаш 20.12.1996, сокини н.Қубодиён, Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Хусрав, деҳаи Ахча ба ҳайси роҳбари нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Ориён-нафт»-и н.Қубодиён фаъолият намуда, қоидаҳои бехатарӣ дар объектҳои хавфи таркиш доштаро вайрон кардааст. Дар натиҷа 21.02.2022 тахминан соати 15:04 дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Ориён-нафт», воқеъ дар н.Қубодиён, Ҷамоати шаҳраки Қубодиён, кӯчаи И. Сомонӣ таркиши зарфи нигоҳдории гази моеъ ҳаҷмаш V-25 метри кубӣ ба амал омадааст.
02.03.2022 аз тарафи прокуратураи ноҳия нисбати роҳбари нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҶДММ «Ориён-нафт»-и н.Қубодиён, Анварзода Абдубасири Хушназар бо моддаи 191 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакии он идома дорад.
А.Раҳмонзода, прокурори н.Қубодиён, мушовири адлияи дараҷаи 1