Дуруд ба СССР! Дар мавриди эҳёи колхозу совхозҳо мехостам назари худро низ баён намоям. Бо баргардонидани колхозу совхозҳо мушкиле, ки тайи солҳои зиёд дар соҳаи кишоварзӣ ва иқтисоду тиҷорату бозорҳо реша давонидааст, ҳал намешавад. Баръакс бадтар хоҳад шуд.
Мутаассифона бархе дар дуздидани моли давлат хун надоранд. Колхозу совхозҳо давлатӣ шаванд, дуздиҳову бепарвоиҳо бештар мешаванду халос, дигар истеҳсолот ҳам дар ҳаҷми зарурӣ иҷро намегардад. 1 роҳи дигари нағз ҳаст-пешгирӣ кардани инҳисор ё худ монополия.
Имрӯз мутаассифона замин дар дасти деҳқон нест. Монополистони алоҳидае заминҳоро ғасбу забт кардаанд, андозҳоро намесупоранд. Андозро, ки насупоранд, дигар хоҳанд кор мекунанд, нахоҳанд кор намекунанд. Онҳо барои рушди рақобат ва бозори истеҳсолот парвое надоранд.
Роҳҳои зиёде ҳаст, ки метавон амалӣ кард то шаҳрвандон ба муҳоҷират нараванд. 1 роҳи дигар ба қишри миёна имкон додан аст. На ҳама вақт имкон медиҳанд, ки мутахассисон махсусан ҷавонон кор кунанду рушд намоянд.
ш.Душанбе