ХАБАРИ ДОҒ

Қонунҳои нонавиштаи роҳсозон…

  • Чоршанбе, Авг 24 2022

Салому дуруд ба  Ихвон - ал - СССР! Пеш аз ҳама ба устод Сайëф Мизроб ҳамдардии амиқи худро бино ба фавти бобои Эшон, бародари ҳақҷӯю ҳақкалом ва бошуҷоъати журналистикаи тоҷик-Аслиддин Достиев мерасонам!

 …Дирӯз, ҳини баргашт ба Душанбе (аз Исфара) ба ҳолатҳое дучор гаштам, ки нагуфтанашро барои худ сазо надонистам, зеро бо ин огоҳӣ чанд ронандаи дигарро аз ин ҳолатҳо, ки ҳатто то ба садамаву ҳодисаҳои «ногаҳонӣ» оварда расониданаш мумкин, метавон боздошт! Ин аксҳоро, ки мебинед, айнан овардам. Ҳамеша, пеш аз он, ки аз нақбҳою «нақббача»- ҳои зиддитармавии роҳҳои Душанбе - Хуҷанд берун омада истода бошед, ҳатман суръати ҳаракати мошинатонро паст кунед! Барои чӣ? Охир барои он, ки дар тамоми ҷаҳон танҳо дар мо ба қонунҳои нонавишта ва худписандона нисбати мардуми ронанда иҷозат дода шудаасту халос! Яъне чи хел мегӯед!? Ана - инхел! Роҳсозон ҳаққу ҳуқуқ доранд, ки дар кадом минтақаи роҳ, бо хоҳиши худ,  бе огоҳӣ роҳро кананд, кобанд, ё ба дигар самт гардонанд. Аз нишониҳои огоҳкунандаи сари роҳ мепурсед? Охир онҳо аз кадом маблағ чунин нишониҳоро харидорӣ кунанд, модоме, ки аз ҳар мошин ҳамагӣ аз 5- сомонӣ то 30- сомонӣ маблағ меситонанд, ки аз 1 самт ҳамагӣ тақрибан 80- сомониро ташкил медиҳаду бас?!

 Мабодо, мошинатон бо айби худатон (гарчӣ 100% айби роҳсозон бошад ҳам!!!) ба ягон бархурди ғайриинтизор ба пастию баландиҳои навкофташуда гирифтор шуда монад, аз онҳо ягон маблағ намерӯяд. Бинобарин, аз ҳамаи ронандагони ҳамин самт хоҳиш карда мешавад, ки ҳатман ба қонунҳои нонавишта амал карда, роҳи ягона худхулосакуниро ба инобат гиранд ва шикояте пеш наоваранд!

Ҳакимбой Исмоилзода,

ш.Исфара

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter