ХАБАРИ ДОҒ

 

Анора Собирова, сокини деҳаи Сарийи шаҳраки 30-солагии Истиқлолияти н.Файзобод ба назди ман омада шикоят кард, ки 2 фарзанди ноболиғ дораду якумаш маъюб мебошад. Соли сеюм аст, ки шабона дуздон ба манзили истиқоматиаш даромада, дару тирезаҳояшро мешикананд, шабона хоб кардан намемонанд.

   - 5-уми ноябр барои дидорбинии волидайнам ба ш.Душанбе рафта, рӯзи душанбе ба хона омадам, дуздон аз набудани ман истифода бурда, тирезаҳоямро шикаста, вориди манзилам гаштаанд. Курпаҳоямро чапагардон карда, сандуқамро кофтанд, ҳамчунин калиди мошинамро гирифта, ғайб заданд. Рӯзи дигараш дуздон шабона омада, дарамро куфтанд, ману фарзандонам аз тарс то рӯз бедорхобӣ кашидем. Онҳо нотарсона рӯйпуши мошинро пора-пора карданд. Ман ба шуъбаи ВКД-и дар шаҳраки 30-солагии Истиқлолият бо аризаи даъвоӣ муроҷиат кардам. Нозири минтақавӣ майори милитсия Додарҷон Қурбонов аз паи кофтукови дуздони ҷинояткор шуда корро сар кард, нисбати дуздон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад, - гуфт ӯ.

Анора Собирова дар хонаи бародари шавҳараш зиндагӣ дорад, ин ҳолати корро бародари шавҳараш дида, Анораро маҷбур дорад, ки бо кӯдакон хонаро холӣ кунад. Зимистон фаро расидаву 2 фарзанди ноболиғ дорад, бо 2 кӯдаки ноболиғ ин зан зимистонро чӣ тавр паси сар мекарда бошад?

Ҳокими Сафар,

н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter