Ба номи олии инсон ашхосе сазоворанд, ки дили раҳмгин доранду дасти хайр.
Дар олами тарс ҳама аз чашми бад метарсанду ошиқ аз чашми зебо. Ба иборае коммунизимро коммунистон ҳаром карданду дини мубини исломро муллоҳо.
Иқтисоди бозорӣ дӯсти ҷониро аз бозор бадарға карду ҷояшро ба дӯстони нониву забонӣ фурухт. То аз амалҳои арифметикӣ аломати тақсим гирифта нашавад, то охири дунë ҷангу хунрезӣ, таҷовузу ғорат, куштору сухтор ба поëн нахоҳад расид.
Золимтарин, бераҳмтарин, қатолтарин қонун қонуни бозор аст, ки хато кунӣ, чунон месӯзад, ки дудашро намебинӣ. Душмани ширине, ки ту ӯро дӯст медориву инон ба ихтиëраш додаӣ ва рӯзе ба кунҷи зиндонат мебарад нафси аммора аст. Ҷиноятро бо ҷиноят пӯшанд, гунаҳгор бегуноҳ мебарояду бегуноҳ гунаҳгор. Дар бозори иқтисодӣ 1 сумдорро 1 ҷои баданаш месӯзаду 100 сумдорро 100 ҷояш.
Либоси миллӣ рукни миллат гӯëн дар кӯчаву бозор бо либосҳои аҷнабиëн худро ба маърази тамошо гузоштан, бозгӯи инкори маданияти ҳазорсолаи либоспӯшии хоҳарону модарони мост.
Дар парешонҳоливу дармондагӣ ба касе некӣ карда, аз ӯ неки интизор шудан ин фурӯхтани некиро ифода менамояд.
Ҷумъабой Яҳëев,
н. Деваштич