ХАБАРИ ДОҒ

Солҳои охир маро 1 чиз дар ҳайрат монда истодааст. Ҷавононе, ки мактаби миёнаро хатм мекунанд, то тамом кардани мактаб хулоса ва ё мақсади худро надоранд, ки ба куҷо раванд, соҳиби кадом кору ихтисос мегарданд ва баъди хатми мактаби олӣ кори мувофиқ ёфта ёфта метавонанд ё не? Бинобар ин аксарияти ҷавонон баъди хатми мактаби миёна ва ё олӣ ба ШКД-и ноҳияҳо ба кор меоянд ё ба мактабҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дохил шуда, мехонанду соҳиби погон мегарданд. Фақат 1 чизро мушоҳида намоед, ки ба Вазорати корҳои дохилӣ ҷавонон ҳавас доранду ба Вазорати мудофиаи мамлакат не!

Ман ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод доштам, ки қабулро ба муассисаҳои Вазорати корҳои дохилӣ маҳдуд созанд. Бигузор ҷавоне, ки мехоҳад, корманди корҳои дохилӣ ё амният бошад, аввал 2 сол хизмати ҳарбиро адо намояд.

Писари ман соли 2002 мактаби миёнаро хатм кард ва хостам, ки ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дохил шуда хонад, чунки қаду басташ хело мувофиқ буд. Барои розигӣ додан аз шуъбаи корҳои дохилӣ мактуб гирифтан даркор будааст. Ман ба шахси масъул муроҷиат намудам, вале ҷавоб шуд, ки танҳо баъди адои хизмати ҳарбӣ ба кор дар мақомоти милитсия мумкин асту халос! Лек ҳамсинфони писари ман бе адои хизмати ҳарбӣ дохил шуда, хонданд, аммо ба ихтисоси тасодуфии худ вафодорӣ накарданд. Ин раванд ҳоло ҳам давом дорад...

З. Дилшод,

н.Мастчоҳ        

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter