ХАБАРИ ДОҒ

Бенизомӣ дар 1 идораи давлатӣ

  • Чоршанбе, Янв 25 2023

 

Салом ба СССР – и азиз! Аз соли 2014 то ба имруз тарбияи 2 нимятим, ки аз падар маҳрум гаштаанд, дар зиммаи ман мебошанд. Ба кудаки дуюмам Изатшоева Шукрона то имруз аз тарафи идораҳои масъули давлатӣ боре ҳам ёрдампулӣ нагирифтам. Дар ин бора қаблан ба сардори Раёсати агентии суғуртаи ичтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар н.Рудакӣ Каримзода Идибек муроҷиат карда будам, аммо бо айби муттахассисони поёнӣ, ки ҳуҷҷатҳоро дуруст ҷобаҷо накарда буданд, чораандешӣ нашуд.

Моҳи августи соли 2020 боз такроран ба ин раёсат муроҷиат кардам. Аз ин пештар соли гузашта моҳи декабр низ ариза навиштаам. Моҳи майи соли 2022 ба масъули бахши таъиноти нафақа бо номи Даврон муроҷиат кардам. Чандин бор телефонӣ бо муттахасисон Муҳаммаду Даврон дар ин хусус суҳбат доштам, онҳо ҷавоб медоданд, ки ҳуҷҷатҳои шуморо ба марказ фиристодем, ҳоло ҷавобаш наомадааст.

Вақте ки ба назди масъули бахши таъноти нафақа омадам, ҳуҷҷатҳоямро ёфта, дида баромаданду дар қайд набудани кудаки 2-юмамро баҳона карданд. Ҳол он ки ман ҳуҷҷатҳоро бо нусхаи шаҳодатномаи таваллуди кудакам Изатшоева Шукронаро ҳануз соли 2015 бо ҳамроҳии хоҳарам Мавҷигул ба масъули бахши таъинот супорида будам. Бори дуюм низ августи соли 2020 такроран ариза ва нусхаи шаҳодатномаи таваллудро ба корманди ин ниҳод Муҳаммад супоридам. Аз беаҳамиятии онҳо ва тез-тез иваз шудани кормандон делоҳои ҳуҷҷатнигоҳдориам дарида, аризаҳою нусхаҳои шаҳодатномаи таваллуди кудакам дар он ҷой карда нашудааст. Наход дар идораи давлатӣ дар 1 ноҳияи калон ҳамин хел бетартибиву беназмӣ бошад?

Матлуба Ниёзова,

н.Рӯдакӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter