Бобоҷон Ғафуров – ин абармарди ҷабҳаи илму сиёсат тамоми умри пурбаракати худро ба рушду такомули Ватани маҳбубаш бахшидааст. Асари барҷастаи Б. Ғафуров «Тоҷикон» то имрӯз дар илми шарқшиносӣ, таърихнигорӣ ва бостоншиносӣ назир надорад, азму матонату иродаи офаридагори ин асари калонҳаҷму пурмуҳтаво ҷаҳониёнро ба ҳайрат гузоштааст. Олимон таъкид ба он доранд, ки «замин китобест, ки таърихи инсоният дар он тавассути номҳои ҷуғрофӣ инъикос мегардад».
Таърих кам олим ва сиёсатмандонро медонад, ки ба андозаи Б. Ғафуров ҷуръат ва матонат дошта бошанд. Аз 1 сарчашма хонда будам, ки вақте китоби «Тоҷикон» дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҳузури олимони ҷаҳон ва намояндагони СММ муҳокима карда мешуд. Президенти Академияи фанҳои Ӯзбекистон Р. Иброҳимов хеста, ба Б.Ғафуров пешниҳод мекунад, ки номи китобро «Тоҷикон» нею Осиёи Миёна номгузорӣ кунем. Б. Ғафуров бо 1 ҷуръати махсуси ба худ хос хеста мегӯяд:
- «Уртоқ узбеклар, сизларам бир китоб ёзинглар ва отини узбеклар куйглар» ҳоло, ки ман «Тоҷикон» мондаам бо ҳамин ном мемонад.
Шодибек Кабутов,
собиқадори меҳнат,
н.Лахш