Минтақаи болои шаҳраки 30 - солагии Истиқлолияти н.Файзобод аз сатҳи баҳр дар баландии 17-50 метр ҷойгир буда, зиёда аз 12 ҳазор аҳолӣ дорад. Дар ин ҷо зимистон сард омада, зиёда аз 6 моҳ давом мекунад. Ҳоло дар шаҳрак лимити барқ ҷорӣ шуда, мардумро ба мушкилот дучор намудааст. Қувваи барқро аз соати 17 то 21-и бегоҳӣ ва субҳ аз 5 то 9 медиҳанд, ки ба ҳақиқат рост намеояд. Яъне дар 1 шабонарӯз 8 - соат қувваи барқ медиҳанд, ки ин аҳолиро қонеъ карда наметавонад.
Фарзи мисол бегоҳӣ ҳангоми намоиши «Ахбор»-и ТВ барқро хомӯш мекунанд, ки дар натиҷа мардум бехабар мемонанд.
Ҳамин, ки соати 17-и бегоҳ барқ меояд, зуд ТВ «Ҷаҳоннамо»-ро мегузорам, вале ин шабака ба ҷои навигариҳои рӯзу воқеаҳои байналхалқӣ пайваста рекламаҳои дилбазанро намоиш медиҳад. Гоҳо рекламаҳо то 15 - 20 дақиқа идома меёбанд. Дар рекламаҳо бештар дорую сӯзандорӯ ва табибони чиниро таблиғ мекунанд, ҳол он ки дорухонаҳо пур аз дорую сӯзандоруст. Намешавад, ки ба ҷои рекламаҳои дилбазан аз навигариҳои кишвару ҷаҳони муосир барномаҳои наву тоза эҷод кунанд?
Ҳокими Сафар,
н.Файзобод