Аз самти муқобил, рӯбарӯи Донишкадаи ҳунарҳои зебо, 1 корхонае ҷойгир аст, ки аслан намедонем фаъолияти асосиаш аз чӣ иборат бошад. Тибқи бархе пурсишҳо фаҳмидем, ки он ҷо корхонаи ҳасиббарорӣ будааст. Вале рӯзе нест, ки ин корхона ба атмосфера партови заҳролуд хориҷ накунад. Бар замми ин дуди ғализи он дар 1 муддати кӯтоҳ гирду атрофро фаро мегирад. Бахусус аз сабаби чунин дуди ғализ дар саҳни донишкада низ дуруст гаштугузор кор карда намешаваду имкони тирезаро кушодан ҳам нест.
Аз масъулон, бахусус Кумитаи ҳифзи муҳити зист даъват ба амал меоварем, ки аз ин вазъ пешгирӣ карда, онро зудтар бартараф намоянд. Мудом корхонаи саноатӣ бошад, дар маҳалҳои дуртар аз истиқоматии аҳолӣ ҷойгир шавад. То кай мо дуди ғализи онҳоро нафас мекашем? Ҳол он ки манзилҳои истиқоматӣ ин ҷо зиёданд, магар фикри аҳолиро намекунанд?!
Беҳрӯзи Хайрулло,
сокини пойтахт