Қурбонгул Шарипова (тел: 919 98 82 09) сокини шаҳри Душанбе, аз кӯчаи Ю.Фучик-100/1, хонаи №3, дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки ман маъюби гуруҳи 2 ҳастаму барҷомонда. 1 писари 16-солаамро ҳамроҳ бо шавҳарам дар ҷанги шаҳрвандӣ аз даст додам. Ҳоло 93 сомонӣ нафақа барои маъюбӣ мегираму бо писари ягонаву келину 3 набераам дар 1 хонаи 2-ҳуҷрагӣ зиндагӣ дорам. Болои ин, писарам мардикор асту гоҳ кор меёбаду гоҳе бекор. Нафақаи ман дар маҷмуъ барои табобату зиндагиам намерасад. Хонае, ки имрӯз он ҷо ба сар мебарам, дар ошёнаи 1 асту тагаш «подвал» ва зимистону баҳор бӯи намӣ мекунад. Болои ин, «труба»-ҳои хона пӯсидаанду об мебароранд. Бояд гуфт, ки ман аз соли 1992 то ҳол дар навбати замин ҳастам, лек ҳич навбат ба ман намерасад. Хуллас, ҳоло ҳамин қадар хоҳиш дорам, ки ба ман 1 қитъаи хурди замин аз атрофи пойтахт ҷудо карда бидиҳанд. Қаблан аз шаҳрдорӣ ва ҳам аз кормандони гиромии газетаи СССР сидқан миннатдорам!
19.03.1922. Владимир Илич Ленин ба Бюрои сиёсӣ мактуби маҳрамонае ирсол ва дар он аз коммунистон тақозо кард, то бо руҳоният муборизаи беамон бурда, дар ҳаққи онҳо ҳукми қатлро дареғ надоранд.
19.03.1934. Коргари совхоз Митрофан Никитин ҳангоми зиёрати Мавзолей тобути Ленинро аз таппончаи Наган тирборон кард.
20.03.1941. Сардори хадамоти ҷосусии ҳарбӣ генерал Филипп Иванович Голиков Иосиф Сталинро мутақоид кард, ки Олмон то замоне Англияро шикаст надиҳад, ба СССР ҳамла нахоҳад кард. Албатта пешгӯиҳои ӯ беасос набуданд. Немисҳо лавозимот ва пӯшоки зимистона захира намекарданд ва маҳз ин кор ҷосусони шӯравиро дар ғафлат гузошт. Чун бе омодагии зимистона ҳуҷум ба кишваре чун СССР як аҳмақӣ маҳсуб меёфт.
20.03.1988.Кумитаи ҳизбии вилоятии Қарабоғи Кӯҳӣ бо қарори худ вилояти Қарабоғи Кӯҳиро ба Арманистон шомил кард.
21.03.1918. Дар Русия оилаи Романовҳо ба ҳабс гирифта шуд. Подшоҳи собиқ Николайи 2 бо аҳлу оилааш баъди чанде ба Сибир бадарға шуд ва ахир 1 сол пас дар Иркутск аз ҷониби болшевикон ваҳшиёна ба қатл расид.
21.03.1937. ШКХ СССР қарор "Оид ба дараҷаҳои илмӣ ва рутбаҳо"-ро ба имзо расонид. Аз ин ба баъд дар СССР дараҷаҳои илмӣ - номзад ва доктори илмҳо ва рутбаҳои илмӣ - ассистент, дотсент ва профессор ҷорӣ гардиданд.
21.03.1986. Талабаи шӯравӣ Катя Личёва бо сафари дуҳафтаӣ озими ИМА гардид.
Аз Ҷамшед то Сосониён
Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми эронитабор аст. Аслан ҳамаи қавму миллатҳо фарорасии соли навро бо шаҳомату шукӯҳи хос ҷашн мегиранд. Аммо соли нави мардуми ориёитабор ба куллӣ аз ҳамаи ҷашнҳои соли навии роиҷ дар дунё фарқ мекунад. Масеҳиён соли нави худро аз таваллуди ҳазрати Исо (с.а) ҷашн мегиранд. Соли нави қамарӣ, ки бештари нажоди сомӣ аз он табаият мекунанд, аз ҳиҷрати Расули гиромии ислом (с.а) оғоз меёбад. Мардуми Шарқи Дур (Чину Ҷопон) низ соли нави ба худ хос доранд, лек ҳеҷ кадом аз инҳо ҷавобгӯи аслии ин мафҳум, яъне оғози соли нав аз нигоҳи табиатро надоранд ва танҳо ин ҷашни қадимии мардуми ориёитабор пурра ба ин мафҳум ҷавобгӯст. Чун маҳз дар фарвардин (март) табиат аз хоби зимистонӣ бедор шуда, мардуми ориёитабор ин бедориро Наврӯз ном ниҳоданд ва аз қадимтарин даврони таърихи хеш ин ҷашни бо шукӯҳро то ба ин рӯз зинда нигаҳ доштанд. Наврӯз чуноне аз номаш аён аст, ҷашни миллии қавми ориёист ва метавон гуфт, бузургтарин ҳадяи ин қавм ба тамаддуни башарист. Наврӯз дар асотири ориёӣ ба замони Пешдодиён мерасад ва бештари муаррихон ин ҷашнро ба шоҳи 4-и ин сулолаи афсонави Ҷамшед марбут медонанд. Дар қадимтарин маъхази мардуми ориёитабор-«Авасто» аз ин ҷашн ёд шуда, маҳз Ҷамшед поягузори он ба ҳисоб меравад. Дар замони Ҳахоманишиҳо, ки таърихи сиёсии ақвоми ориёӣ аз онҳо оғоз мегардад, Наврӯз ба бузургтарин ҷашни давлатӣ табдил дода шуд ва шоҳони Ҳахоманишӣ онро бо шукӯҳу шаҳомати азим ҷашн мегирифтанд. Ин анъана дар замони Ашкониён низ идома ёфт ва дар аҳди Сосонӣ ба авҷи аълои худ расид.
Танҳо ҳамин матлаби “ЗАГС”-и Қубодиён аз ман чӣ мехоҳад? (СССР, №4(541), 4.01.2019), ки Қубодиёнро бори дигар сархати хабарҳо намуд, кофист, хулоса кунем, ҷомеа бозичае нест, ҳар ҳангомаро пайдо сохта, таваҷҷуҳи мардумро ба он банд намоӣ. Дигар дар бораи Уғулой Бобоева, аминам аз заифию сустиродагии ин зан истифода кардаанд. Чун ҳини дар коллективи меҳнатӣ муҳокима кардани матлаби ӯ аён шуд, далелҳои дар мақола овардашуда нисбати ман ва корманди бойгонӣ Зуҳро Сайдалиева, ки гӯё аз ӯ 500 сомонӣ маблағ пурсидааст, ягон асоси воқеӣ надошта, туҳмати маҳз аст. Ҳол он, ки дар даромадгоҳи бинои САҲШ нархномаи ҳама намуди шаҳодатномаҳо дар девор насб шуда, ба тамоми шаҳрвандон новобаста ба вазифаву ҷинсият фаҳмост. Маврид ба зикр аст, ки Бобоева дар хусуси мушкили худ шахсан ба ман расман муроҷиат накардааст.
Қурбонзода
Бахтиёр, мудири
бахши САҲШ-и н.Қубодиён
Муаллими ҷавон, Зиёвиддин Ҷамолов аз ноҳияи Рӯдакӣ дар суҳбати телефонӣ бо газетаи мардумии СССР роҷеъ ба вазъияти имрӯзаи Ворух-Боткент гуфт, ки ҳамин ҳоло дар интернет хондам, мақомоти Қирғизистон шаби 14.03.2019, баъди муноқишаи маргбор дар сарҳад, сокинони 2 деҳаи ҳаммарзаш бо шаҳри Исфараи Тоҷикистонро ба маконҳои дигар кӯч додаанд. Ин чӣ маънӣ дорад: Омодагӣ ба ҷанг, ё эҳтиёт??? Ҳол он ки муноқишаро худи онҳо сар карданд!!! Дар охир, ба он бародарони ворухие, ки дар ин бетартибии ахир зиёни ҷисмониву ҷонӣ диданд, тасаллияти худро мерасонам ва ман ҳам дар баробари якояки шумо ғамшарикам!
Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Раҷаб Холмуродов аз деҳаи Туркироҷи шаҳри Панҷакент дар суҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки 20 рӯз боз дар деҳоти Панҷакент барқро хомӯш кардан доранд. Оё лимити барқ боз сар шуда бошад? Аз раҳбарияти Ширкати Барқи Тоҷик эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба ин суол расман посух диҳад ва вазъиятро фаҳмонад. Ин бори аввал аст, ки дар зимистон барқ дорему дар баҳор не!!!
Аз СССР: Бо ин суол ва мушкил даҳҳо нафар хонандагони СССР аз дигар шаҳру навоҳии кишвар низ занг зада аз СССР мепурсиданд, ки иллати аслии «светкушӣ» дар чист? Тавре устод Нозирҷон Ёдгорӣ-сухангӯи Барқи Тоҷик ба редаксияи СССР гуфтанд, «светкушӣ» бо корҳои профилактикӣ бастагӣ дорад ва то дар рӯзҳони тантанаи Наврӯзӣ ягон гӯшаи кишвар бе барқ намонад. Мо Метавонем!
Дуруд, СССРи гиромӣ ва мардумӣ!!! Аз тамоми телеканалҳои Тоҷикистон шабонарӯз перомуни зиёни сигор гузориш пахш мекунанд, аммо ба расвоии чекишу туфкунии нос, ки дар таркибаш оҳак (стройматериал, баъзан барои хушконидани мабраз истифода мешавад) дорад, ҳарфе намегӯянд!!! Ҳол он ки шумораи носкашон аз теъдоди тамокучокон ба карат зиёд аст!
Абдураҳмони Акбар,
донишҷӯ, ш.Истаравшан
Муҳтарам намояндагони мардумӣ! Қаблан барои ба нафақа рафтан 2 соли охири корӣ кифоя буд, вале Қонун дар бораи нафақа аз оғози с.2017 амал намуда, 2 соли охирро нею 20 соли охирро гирифт. Аз ин қонун собиқадорон умеди калон доштанд, аммо афсӯс, ки нафақапулӣ хеле кам шуд. Ба ҷои он ки сатҳи зиндагии нафақахӯрон сол ба сол каме ҳам бошад беҳ шавад, якбора бад шуд. Нарху навои бозорҳо рӯз то рӯз хестан дорад, лек сатҳи зиндагии аксари нафақахӯрон поён. Фаромӯш набояд кард, ки вақте шахс бо 45-50 соли собиқаи бенуқсони кор ба нафақа мебарояду маблағ ба зиндагӣ басанда нест, ба ҷавонон бетаъсир намемонад, чунки онҳо низ ояндаи худро фикр мекунанд. Лиҳозо, бояд нафақапулӣ қаноатбахш бошад, то ки ҷавонон бо дили гарм кор кунанд. Онҳо низ рӯзе ба нафақа мерасанд. Ба гуфти масъулон касе ба нафақа баромадаасту боз кор мекунад, маошаш зиёд мешаваду нафақааш не. Аксари нафақахӯроне, ки ҳоло кор мекунанд, дар он фикранд, ки аз маош дида нафақапулиро зиёд мекарданд, хубтар мебуд. Вақте ҷойро ба ҷавонон холӣ мекунанд, ягона даромади зиндагиашон нафақапулии ночиз мемонаду халос. Аз ин рӯ, аз шумо намояндагони мардумӣ эҳтиромона хоҳиш дорем, ки ба ин масъалаи муҳим муфассал равшанӣ андозед. Зеро Шумо метавонед!
Табаралӣ Авсақолов,
узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар