ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 13 Март 2019 09:08


Салом, СССР! Барои кулли халқҳои Осиёи Миёна Бухорои Шариф то Инқилоби Октябр ҳомии дини ислом буд. Имрӯз ин рисолат бар дӯши Душанбе-пойтахти азиз аст! Бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, динию мазҳабӣ пешниҳод карданиям, ки Донишгоҳи исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи Имоми Аъзам табдил дода шавад.

Маннон Махсумов,
Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Истаравшан

Чоршанбе, 13 Март 2019 08:59


Баъзе фурӯшандаҳои СССР аз зиёд будани талабгорони ҳафтанома истифода бурда, бо ихтиёри худ нархро аз 2,5 сомонӣ то 4 сомонӣ бардоштаанд, ки ин нобахшиданист. Ҳатто шарм надошта, айбро ба гардани масъулони СССР бор мекунанд, ки ба ҳақиқат рост намеояд. Дар ин рӯз дар дӯкони газетафурӯшии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ масъули дӯкон, ки худро Аҳмадова Муҳаббат муаррифӣ намуд, бешармона 1 дона СССРро 3,5-4 сомонӣ мефурӯхт. Қисми зиёди алоқамандони СССР нархи аниқи онро, ки медонистанд, аз харид даст мекашиданд, аммо дӯкондор бепарво бо хости дили худ нарх гузошта газетаҳоро мефурӯхт. Дар аксари нуқтаҳои фурӯши нашрияҳо танзими нарх вуҷуд надорад. Ба назорати нарх кӣ масъул аст? Аз 1 тараф байни хонанда ва редаксия нобоварӣ ва нофаҳмӣ пайдо шавад, аз сӯи дигар барои зиёдтар ба фурӯш рафтани ҳафтанома мушкилӣ эҷод мешавад ва нашрияҳо ба фурӯш нарафта, пас мегарданд. Ва ин албатта бар зарари редаксия аст!!! Ҳол он, ки ҳафтаномаҳоро дар ҷои дигар мардум интизор буданду ҳастанд. Ба беназоратии нархи СССР бояд хотима гузошт!

Ҷамолиддин Ҷалолиён,
муаллим, ш.Душанбе


Аз СССР: Рафиқон, аъзои Ихвон ал СССР! Мо газетаи мардумием ва расман ба шумо иҷозат медиҳем, ҳар фурӯшандаеро, ки нархи газетаро баланд мекунад, ба милиса кашед, сураташро гиреду ба редаксия равон кунед, рақами дӯконашро ба мо нависед. Мо якҷоя аз манфиати газетаи дӯстдоштанӣ ва ҳамзамон манофеи хонандаи сарсупурдаи хеш дифоъ мекунем. Мо Метавонем!

Чоршанбе, 13 Март 2019 08:51


Ин Баҳору ин марту ин 8-уму ин Иди Бонувон (Модарон) қаҳрамон ёфт: Малика Соҳибназарова!!!
Навори видеоие, ки ба масале замбӯрхонаи Фейсро таркониду чанд қаламбадастаки дигаре аз он ҳангома сохтанд, дар асл зуҳури наве дар олами ғажди мо шуд:
-Ин навори латукӯби бонуе аз сӯи ҷавонмарде ба мо пайк овард, ки Ҳазрати Ишқ зинда аст ва дар олами палағдаи мо Ошиқу Маъшуқаҳо зиндаанд, охир!
Беваҳои бешавҳар ва ё қасдситон, ки ҳар комменташон аз нокомияшон дар зиндагонӣ дарак медиҳад, ба ин ошиқон дарафтоданд. «Мардак»-ҳои дар қавсайнбуда низ дари кин бикшоданд. Худо ба «ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқ», «гендерпарварон» ва гею пею номардакон дод:
-Барои дарёфти грант ва нишон додани Тоҷикону Тоҷикистон чун Афғонистону Эрону Саудӣ ба ташреҳи вазъ шуруъ карданд!!! Бонги изтироби ишон бад-он мемонд, ки Сурияву Ливиёву Ироқ бомбаҳои НАТО-ро сари кишвари худ мехонданд…Чунон макри лоша ангехтанд, ки ту гӯӣ, дубора занеро чун дар Афғонистон сангсор карданиянд…
Дар асл ин ИШҚ буду бас ва ишқ бе рашку ситеза намешавад, ки гуфтаанд:
Ишқ агар бе роз бошад ишқ нест,
Ҳамчу дарҳо боз бошад ишқ нест!
Дар раҳи ошиқ 200 ғавғо бувад,
Гар фақат шаҳноз бошад ишқ нест!
Дар ин раддубадал маро мавқеи расмии пулис аҷаб омад, ки рафтанду нафареро ҳабс карданд ва то ҳамон Малика наомаду нагуфт, ки «маро ҳам бо Хуршед зиндонӣ кунед!» ҷавонро озод накарданд. Ҳуййй, мардум, ҳой милиса, эй мақомот!!! Чаро ба чоҳи кандаи душманони миллат меафтед? Ё бесаводед, ё фасодзада, ё бекор мондаед?!
Падарам мегуфт, «Эй, Сайёф, агар язнаат апаатро занад ҳам, пуштӣ нагир. Аввал фикр кун, ки айби кист? Баъдан бидону огаҳ бош, ки ош бе пиёзу ишқ бе ноз ва муҳаббат бе моҷаро намешавад. Аввалин касе, ки туро лаънат мегӯяд, агар пуштӣ гирифтӣ, апаи худат хоҳад буд!»…
Нафаҳмидӣ, хонанда? Оила бе конфликт намешавад! Ва мутаассуф, дахолати рӯзафзуни мост, ки духтарон беваву ҷавонон бадбахт мешаванд. О, монед, худашон сарфарои рӯзгори хеш раванд. Бигзор ҷанҷол кунанд, латукӯб кунанд, хархаша кунанд. Аммо зиндагонӣ кунанд-охир! Дар даврони шӯравӣ гендеру ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқи зан набуданду телефони боварии милиса ва…1 оила вайрон намешуд!!! 1 бор таваҷҷӯҳ кун, хонанда, ки то соли 1991 дар деҳаат, кӯчаат, шаҳракат чанд бева буду ҳоло ЧАНДддд нафар аст???!!!!
Падари ман модарамро мезад! Мардона иқрор мешавам, дар ин замонае, ки аксарият номардак шудаву аз падар фариштаву аз модар малоика меофаранду виждонашон шабҳо азияташон медиҳад, рӯирост мегӯям, ки мезаддд. Аммо онҳо якдигарро ДӮСТ медоштанд! Латукӯб дар ҳама давру диёр буд, ҳаст ва мемонад. Ва агар зӯри зан бар мард мерасид, модарам низ падарамро мезад!
Стоп! Сари ин муаммо баҳс мекунем? Рррааффтттееммм:
-Боре, дар 1 вохӯрӣ бо донишҷӯёни факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аз ман ҳамин суолро карданду дафъатан суолашон кардам, ки рост бигӯед, киро падараш задааст? 2-3 нафар даст бардошт. Сипас суол гузоштам, ки киро модараш задааст? Тамомии аудитория даст бардошт. Ба онҳо гуфтам, ба ту ҳам мегӯям, хонанда, задан ин мушкили иҷтимоъӣ нест-талаботи ҷинсист. Ҳар нафаре зӯртарак аст, заъифтаракро мезанад. Зӯри модар бар кӯдак, ки расид-мезанад. Мантиқан бар шавҳар низ расад, мезаддд! Ин талаботи физио-психико-табиист. Зан дар даврони матриархат-модаршоҳӣ, чанд садсола мо-мардонро мезад-ку?! Имрӯз мо-мардон мезанем. Албатта на ҳама вақт ва на дар ҳама ҳолат. Аммо ҳувияти қувват корбаст мешаваду мард занро мезанад. Минҷумла, аз рӯи муҳаббат: Коре, ки Хуршед дар ҳаққи Малика кард...
Биёед, ба ҳаёти ишон дасти ҳарому нопоку ифлоси худро наёзонем. О, худа(м)тон медонед-ку, «нам плевать на жизнь Малики». Ба ӯ маҳз Хуршедаш лозим аст. Ману шумо ақаллан 1 дирҳам ба ӯ намедиҳему баъди «шинондан»-и Хуршеду гӯшҳоямон тинҷ шудан, Маликаро низ фаромӯш мекунему фариштаро низ. Аммо Хуршед ӯро ҳатман хушбахт хоҳад кард. Чигуна? Ин суоли риторикист ва кори мову шумо-ҳангомаҷӯён нест!
Иди Бонувон, модарон, хоҳарон, арӯсон, духтаракон, ба вежа, бар Маликаи қаҳрамони даврони мо қудсан табаррук бод.
Сахт гуфтам дар ин рӯз? Дигар хел наметавонам. Мо метавонем!

Панҷшанбе, 07 Март 2019 14:16


Кормандони Агентии мубориза бо коррупсия Умед Ғаффорзода-мудири шуъбаи фарҳанги н.Шаҳритусро барои ришваситонӣ (взятка) қапиданд. 1 манбаъи муътамад аз н.Шаҳритус ба мухбири СССР гуфт, ки Умеда курсии мудири шуъбаи фарҳангро ба ӯҳда дошт ва дирӯз, 6 март, тахминан соати 14:00 аз ҷониби кормандони Агентӣ ҳини гирифтани ришва бо маблағи 8000 сомонӣ дастгир шудааст. 1 манбаъи дигар дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки Умеда 2 сол пеш дар бозори марказии ноҳия ба ивази қурби асъор (валютчик) машғул буд ва ба ҳайси мудир ба ин шуъба таъйин шуд. Аҷиб ин аст, ки кӣ «валютчик»-ро мудири шуъбаи фарҳанг таъйин кардаанд!!!

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон. 

Панҷшанбе, 07 Март 2019 11:40


7.03.2019 бо иштироки садҳо нафар занони фаъоли вилоят дар театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонов бахшида ба рӯзи Модар чорабинии тантанавии идона барпо шуд. Дар чорабинӣ раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон зимни суханронии худ занону бонувонро бахшида ба Рӯзи Модар табрик гуфта, зикр сохт, ки ситоиши зан-модар волотарин суханҳо буда, симои зани зебопарасту диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст. Хизмати модар барои башарият беҳадду ҳудуд буда, меҳру муҳаббат ва ранҷи ӯ ҷуброннопазир аст…
Дар фарҷом, раис тамоми занони фаъолони вилоятро бо тӯҳфаҳо қадрдони карда шуд.

Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон

Чоршанбе, 06 Март 2019 12:36


Иддае аз руҳониён, ки дар шарҳи моҳияти дини Ислом душворӣ мекашанд, нуқси худро бо роҳи туҳмату таҳқир дар ҳаққи гузаштагон рӯпӯш мекунанд ва оташпараст эълон кардани форсҳо (тоҷикони қадим) аз ҳамин фаҳмиши ғалат об мехӯрад. Агар ин тоифа таърих ва хулосабарории мантиқиро меомӯхтанд, назарашон дигар мешуд. Зеро дар асл тоҷикони тоисломӣ Худои ягонаро бо номи Аҳурамаздо мешинохтанд. Фарқ ин буд, ки онҳо ба 2 қувва бовар доштанд, ки яке некӣ (Аҳурамаздо) ва дигаре бадӣ (Аҳриман) буд.

2 қувваи тоисломии мо…
Имрӯз ҳам агарчӣ мусалмонон баду неки оламро ба Худо нисбат медиҳанд, боз дар 1 маврид, ба қувваи дигаре бо номи Шайтон (Иблис) бовар доранд. Ҳамин Шайтонро форсҳои қадим Аҳриман мегуфтанд. Яъне имрӯз ҳам дар ҷаҳонбинии динии форстаборон ҳамон фаҳмиш, лек бо ном ва зоҳири дигар ҳоким аст. Тоҷикон то ислом соҳиби дин, китоб, масҷид ва дигар расму оинҳои илоҳӣ буданд, фақат бо номҳои дигар. Онҳо воқеан дар ибодатгоҳҳои худ оташ меафрӯхтанд ва ин амали онҳо аз рӯи зарурати замон буд, яъне оташ ибодатгоҳҳоро гарм ва рӯшан мекард. Муғбачаҳо намегузоштанд, ки лахчаи оташ хомӯш шавад, зеро он вақт гӯгирд ихтироъ нашуда ва ҳаёту мамоти мардум аз оташдону лахчаҳои дайр вобаста буд. Барои мисол, тасаввур кунед, ҳамин ҳоло қувваи барқ, гӯгирд, «зажигалка» ва дигар василаҳои оташафрӯзию рӯшноиофар аз байн равад, чӣ рух медиҳад? Аввалин коре, ки анҷом меёбад, он аст, ки  гумбади масҷид сӯрох ва дар миёнаҷои он оташ афрӯхта, гирди он мусалмонон намоз мегузоранд, вагарна бомдоду хуфтани боҷамоатро чӣ тавр метавон адо кард? Оё ин ҳол ба маънии оташпарастист?

Оташи мо Худои мо набуд!!!
Зоҳиран инсон оташро аз вулқон ё сӯхтори табиӣ ба даст овардааст. Тоҷикон, ки дар тамаддунофарӣ пешгом буданд, онро Худо намеҳисобиданд, балки эҳтиром мекарданд, то хомӯш нагардад ва ба ин роҳ худро аз сармову торикӣ наҷот медоданд. Вақте оташ ба даст омад, ҳукумронии инсон дар Сайёра шуруъ шуд. Акнун инсон ба воситаи оташ на фақат ҳашароти газанда ва даррандагоне чун палангу гургро аз худ дур меронд, ки ҳатто бо шарофати он ба шикор ва пухтупаз сар кард. Ин дигаргунӣ инсонро аз мавҷуди мевахӯр ба гӯштхӯр табдил дод. Дар ин замина санъати пухтупаз ба фоидаи инсон ва зарари ҳайвонот рушд кард. Аз сӯи дигар ин инқилоб ба ромшавии ҳайвонот мусоидат карда, гову сагу баъзе ҳайвонотро дар хидмати инсон қарор дод.
Имрӯз ҳам 1 каф оташ кофист, ки шер наздат таслим шавад. Яъне ягон модда (унсур) ба ҳадди оташ дар шаклгирии тамаддуни инсонӣ саҳм нагузоштааст. Ба ин хотир инсонҳои гузашта онро эҳтиром ва ҳифз мекарданд. Мо бояд эҳтиромро аз эътиқод фарқ карда тавонем. Ё не?

Сорбон Ҳакимзода,
н.Вахш

Чоршанбе, 06 Март 2019 12:30


Узви Ихвон-ал-СССР, собиқадори матбуот, узви ИЖТ аз соли 1969, Нуралӣ Дӯсталиев аз шаҳри Панҷакент дар меҳмонии СССР гуфт, Душанбе пойтахт-макони муассисаҳои илмӣ, олиму забондонҳост. Бояд забонамон адабиву навиштаҷотамон бехато бошаду байту ғазаламон суфтаву равон. Лек гул бехор намешавад! Дар кӯчаву хиёбонҳо, ошхонаву муассисаҳо… навиштаҷоти пурхато, суханҳои нофаҳмо зиёданд. Дар кӯч.Борбад, дар саҳни НФС навишта шудааст: «Шустушӯи мошинҳо-қаҳвахона». Нафаҳмидам, ки қаҳвахона ҷои хӯрокхӯрист, ё «автомойка»? Дар кӯч.А.Деҳотӣ боз навиштаанд: «Лавозимотҳои мактабӣ ва идоравӣ». Ин чист? Ва дар наздикии он сабт шудааст: «Мағозаи сурод», NESCAFE COLD», Грилл, Фитнес, Тоҷсет, SOCCER, DEKO, BLANKA, Ирсол ТҶ, OЧ AKSA, Дӯкони гӯшт, Нусхабардорӣ, Фатиршурбо, Чӯҷабирён, Самбӯсаи қабурғагӣ, Яхмоси дохилию хориҷӣ, Шӯрбои косагӣ, Ороишгари мӯй, Асали кӯҳӣ, Тӯр барои тиреза, Самбӯса барои марака, Кӯтоҳ кардани бурюк, Автозаправкаи Зоири ойл… Хуллас, аз кадомаш мехӯреду мебаред, марҳамат. Ин Гавҳар-апа Шарофзодаатон, ки масъули тозагии забони давлатист, куҷо менигарад? Ё он кас танҳо думболаи СССР ва Фараж метозаду бас?

Чоршанбе, 06 Март 2019 12:25


Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини мамлакат ба шумор рафта, то ба имрӯз дар он зиёда аз 68,436 хоҷагии деҳқонӣ ба кишоварзӣ машғуланд. Новобаста аз ин ҳамасола теъдоди зиёди заминҳои корам аз киштукор монда истодаанд. Чунончи, тибқи маълумоти оморӣ аз с.2012 ин сӯ зиёда аз 10,571 га замин аз гардиши кишт мондаанду бо сабабҳои зерин истифода нашудаанд:
1.Шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ;
2.Аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоот;
3.Дар натиҷаи селоб зер кардан, нагузарондани корҳои мелиоративӣ;
4.Аз нав таъмир ва таҷдид намудани шабакаҳои обёрикунанда;
5.Набудани шабакаҳо барои обёрӣ.
Тибқи маълумоти Кумитаи замини вил.Хатлон дар 7 соли охир бештар аз 1500 га замини корам дар ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликул) 1699 га, н.Қубодиён 1192 га, н.Ҷ.Балхӣ 1127, н.Панҷ 1342 га аз коркарду гардиш мондаанд. Масъулини кумита мегӯянд, нисбати солҳои 2012 заминҳои аз гардиши кишоварзӣ монда истода 1 маротиба кам шудааст ва мутахассисон тамоми талошҳоро мекунанд, ки аз ин раванд пешгирӣ намоянд. Дар соли 2018 аз майдони умумии вилоят 4653 га замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Замини партов бошад ба ҳолати 1.01.2019 дар марзи маъмурии шаҳру навоҳии вилоят 20,292 га-ро ташкил мекунад. Сабабҳои асосии бекоршавӣ ин баланд будани обнокии замин аст.
Тибқи маълумоти расмӣ дар 5 соли охир бо мақсади нигоҳ доштани заминҳои кишт дар ҳолатӣ корӣ, беш аз 10.000 техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 570 млн сомонӣ ворид шуда, барои ин дар ҳаҷми беш аз 200 млн сомонӣ имтиёзҳо татбиқ шудаанд. Аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шудааст, ки бо ҷалби соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба роҳ мондани усулҳои интенсивии истеҳсолоти кишоварзӣ, пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани замин, махсусан, баланд бардоштани маданияти истифодаи замин чораҷӯӣ намоянд. Дар баробари ин, супориш шудааст, ки дар самти зиёд намудани майдони боғу токзор ва ба ин васила афзун гардонидани истеҳсоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ ва ба содирот нигаронидашуда тадбирҳо андешида шаванд.

Баҳодури Абдусалом, СССР, вилояти Хатлон

саҳ 9 аз 12

Китобҳо

Flag Counter