ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 13 Март 2019 10:06


Партократ Комил Пӯлотов-яке аз роҳбарони КГБ Тоҷикистон, ки баъдан Вазири ВКД РСС Тоҷикистон шуд, супориш дод, ки омӯзиши ваҳҳобиҳоро қатъ намоем...

Чоршанбе, 13 Март 2019 10:02


   Сафири тозатаъйини фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷон Марк Поммершайм ба Душанбе омад. Дар ин бора дар изҳороти Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода мешавад. Ӯ 22.02.2019 дар Вашингтон (ҳавзаи Колумбия) ба ҳайси Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карда буд.
    Ҷон Марк Поммершаймро 7.01.2019 Президенти ИМА Доналд Трамп сафир дар ҶТ таъйин намуд. То таъйини нав Марк Поммершайм ба ҳайси муовини сафири Амрико дар Қазоқистон фаъолият дошт. Аз ин пештар Ҷон Марк Поммершайм ба ҳайси директори Идора оид ба масъалаҳои Қафқоз ва АвруОсиёи Департаменти давлатӣ, ки масъул ба идораи бахши муносиботи ИМА бо Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон мебошад, кор кардааст.
    Давоми фаъолияти дипломатӣ ӯ дар мақомҳои гуногун дар Вашингтон (ҳавзаи Колумбия), дар шуъбаи сиёсии Сафорати ИМА дар Япония, Чин, Беларус ва Германия, ҳамчунин ба ҳайси Консули генералии ИМА дар Владивостоки Россия кор кардааст. Пеш аз ворид шудан ба хадамоти дипломатӣ, Поммершайм дар шабакаи телевизионии CNN (шабакаи телевизионии Амрико) дар Москва фаъолият карда, бо агентиҳои иттилоотии ИМА дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон дар омодагӣ ва гузаронидани намоишгоҳи технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ намудааст. Поммершайм зодаи Питтсбург (иёлати Пенсилвания) ва дорои дараҷаи илмӣ дар донишгоҳҳои Бакнеллск ва Колумбия мебошад. Бо Наталя Поммершайм дар издивоҷ буда, 3 фарзанд дорад.

Чоршанбе, 13 Март 2019 09:57


Иди занонро ба диди бархе аз муаррихин, ҳатто дар Руми қадим ҷашн мегирифтанд. Дар ин рӯз мардони румӣ ба занонашон ҳадяҳои гуногун тақдим карда, занони ғуломро низ истироҳат медонанд. Ин рӯз ҳамеша бо баҳор, зебоӣ ва латофату таровати занона алоқаманд буд ва одат шудааст мардон ҳамаи занон-модарон, бибиҳо, ҳамсарон ва духтаронро табрик гӯянд ва гулу тӯҳфаҳо тақдим намоянд. Аммо ин ид аз оғоз ингуна набуд. Дар оғоз Рӯзи байналмилалии занон бештар ранги сиёсӣ дошт ва чун рӯйдоди сиёсӣ қаламдод мешуд. Таърихи пайдоиши он низ бо инқилобҳо ва мубориза барои баробарҳуқуқии занон алоқаманд аст. Бори аввал 8.03.1857 дар ш.Нйю Йорк коргарзанони фабрикаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ барои баргузории 1 гирдиҳамоии эътирозӣ ҷамъ шуданд. Он шабу рӯз занони ғарбӣ 16 соат меҳнат мекарданд ва ҳеҷ ҳуқуқе надоштанд. Занон аввалин Иттифоқи касабаи худро таъсис дода, талаб карданд, рӯзи кориашон то 10 соат кам ва музди меҳнаташон афзояд. Бори дуввум, баъд аз 50 сол, дар охирин якшанбеи февралмоҳи с.1908 боз занони Нй-Йорк ба кӯчаҳо рехта, ин бор хостори ҳуқуқи ширкат дар интихобот шуданд. Лек расмӣ шудани 8 март ба фаъолияти сотсиалистон алоқаманд аст. С.1910 дар Копенгаген-пойтахти Дания Конфронси 2-уми байналмилалии сотсиалистон доир шуд. Дар он занони амрикоӣ ба сотсиалистони немис Роза Люксембург ва Клара Сеткин вохӯрданд. Баъди баррасии авзоъ Клара пешниҳод намуд, ки рӯзи байналмилалии занонро таъсис диҳанд.

Чоршанбе, 13 Март 2019 09:50


7. 03.1930. Дар СССР Қарор дар бораи умумигардонии замин, ҳайвоноти хонагӣ ва асбобу анҷоми колхозчиён ба тасвиб расид.
7.03.1935. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо қарори Ҳизби Коммунист ҳамаи асарҳои Лев Тротский, Григорий Зиновев ва Лев Каменев аз китобхонаҳо бардошта шуданд.
7.03.1936. Артиши Фюрери олмонӣ ба вилояти Рур ворид шуданд. Ин вилоят, ки дар сарҳади Олмону Фаронса қарор дошт, тибқи Созишномаи сулҳи Версал ба ҳайати Фаронса даромад. Фюрер бо ворид шуданаш ба Рур сулҳи Версалро вайрон кард ва аввалин хиштро дар зербинои ҷанги нав гузошт.
7.03.1954.Хоккейбозони шӯравӣ бори нахуст мақоми чемпиони ҷаҳонро касб карданд. Дар бозии ниҳоӣ хоккейбозон бо хоккейбозони Канада қувва озмуда, бо ҳисоби 7:2 мунтахаби Канадаро шикаст доданд.
7.03.1967. Дар СССР ҳафтаи кории 5-рӯза бо 2 рӯзи истироҳат ҷорӣ карда шуд.
8.03.1910. Бо қарори Интернатсионали Сотсиалистӣ, ки дар Копенгагени Донморк мустақар буд, рӯзи 8 март Рӯзи Байналмилалии Занон эълон гардид.
8.03.1921.Дар Маскав Анҷумани Х-уми ВКП (б) доир гардид. Дар ин Анҷуман қарор дода шуд, дар СССР Сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) роҳандозӣ гардад.
8.03.1950.СССР эълон намуд, ки дорои силоҳи атомӣ мебошад.

9.03.1940.Сарбозони финнӣ дар рафти ҷанги шӯравию финн, ки дар СССР бо ҷанги зимистона маъруф аст, бори аввал, бо тонкҳои шӯравӣ шишаҳои дорои моеъи оташангезро истифода намуданд.

Чоршанбе, 13 Март 2019 09:46


  Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон-ҶСК «Тоҷик Эйр» аз 31.03.2019 парвозҳои худро сар ва дигарбора барқарор менамояд. Тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимшаванда ва иҷозатдиҳандаи ширкати ҳавопаймоии  «Тоҷик Эйр» аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ дастрас карда шудааст. Пас аз мувофиқа бо дигар сохторҳои марбута парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар самти Душанбе –Москва барқарор карда мешаванд.
   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуотии ширкати мазкур хабар доданд, сар аз 11 март дар тамоми нуқтаҳои чиптафурӯшии кишвар фурӯши чиптаҳои ширкат дар хатсайри Душанбе-Москва ва Москва-Душанбе оғоз гардида, парвози нахустин дар ин самт рӯзи 31-уми марти соли равон  дар назар дошта шудааст.
Пас аз анҷоми расмиёти муайян моҳи апрели соли равон давра ба давра парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар дигар хатсайрҳо низ барқарор карда мешаванд.

Чоршанбе, 13 Март 2019 09:38


Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ мақолаи «Нархи карбамидро кӣ мебардорад?» (СССР, 17.01.2019, №3(540)-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Вобаста ба танзими нарх тибқи асноди меъёрии ҳуқуқии соҳаи зиддиинҳисорӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи субъектҳои хоҷагидорӣ ба «Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро доранд» шомиланд, танзим мекунад. Бозори молии нуриҳои минералию органикӣ рақобатпазир буда, субъектҳои хоҷагидори иштирокчиёни фурӯши ин намуди маҳсулотҳо ба гурӯҳи субъектҳои хоҷагидори дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоидошта дохил нестанд ва нархҳои фурӯши он тибқи талаботи «Низомномаи тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо», ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2018, №257 тасдиқ шудааст, ташаккул меёбанд. Дар ҳолати аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор беасос баланд бардоштани нархҳо, ошкор шудани рақобати бевиҷдонона ва маҳдудкунии фаъолияти дигар субъекти хоҷагидор, мақомоти давлатии зиддиинҳисоӣ дар доираи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда чора меандешад.

бо эҳтиром, С.Қодирзода,
Сардори Хадамот

Чоршанбе, 13 Март 2019 09:29


Узви Ихвон-ал-СССР, Анӯшервон Саидов, донишҷӯи курси 5-и факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишкадаи давлатии Кӯлоб (тел: 999 99 89 99) бо газетаи мардумии СССР дар тамос шудаву гуфт, ки дар шумораи гузаштаи СССР матлаберо бо номи «Квачков-муассиси Фронти халқӣ озод шуд» хондам. Бо ин чӣ гуфтаниям? Сафаралӣ Кенҷаев дар «Табаддулоти Тоҷикистон» (китоби 3-ҷилдааш) даъво дорад, ки «ман Фронти Халқиро дар зодгоҳам, ноҳияи Айнӣ ҳамроҳи чанд дӯстону ҳамфикрон таъсис додам!!!» Аммо Квачков низ қатъан муддаист, ки Фронти халқиро маҳз ӯ таъсис додааст. Пас ба кӣ бовар кунем: Квачков, ё Кенҷаев? Яке зиндаву дигаре мурда! Ва дар охир 1 хоҳиш дорам: 30 марти соли 1993 бобои Сангак Сафаров ҳамроҳи писархондаш Файзалӣ Саидов дар 1 «совхоз»-и шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба таври мармуз кушта шуданд. Мехоҳам дар ин бора такроран нависед, вале бо факту рақамҳои навтарин!!!
Аз СССР: Ҳамчунин, Иброҳими Исмоил-яке аз сарлашкарони Фронти Халқӣ аз шаҳри Кӯлоб бо газетаи СССР телефонӣ дар тамос шудаву гуфт, ки ба ман рақами телефони мобилии Владимир Квачков лозим. Зеро 1-2 гапи муҳиме барояш дорам. Дар маҷмуъ, мақолаи «Квачков-муассиси ФХ…» хуб асту хонданӣ ва дар ин боб қиссаву гапҳои зиёди ногуфта зиёд аст ва бояд гуфт! Агар хоҳед, шумо ба ш.Кӯлоб биёед, муфассал қисса мекунам то  чопаш кунед! Ман шуморо ҳамеша интизор!!!
Аз Шаҳрзоди Амин: Ҳам дар бораи қатли Сангаку Файзалӣ ва ҳам перомуни воқеияти иддаои Квачков дар шумораҳои оянда ҳатмани ҳатман бо далелҳо ва ривояти шоҳидон хоҳем навишт! Ва ҳам мекӯшем, ки сари суҳбат бо Иброҳими Исмоил расида бошем!!!

Чоршанбе, 13 Март 2019 09:27


Икромҷон Иззатов, полковники мустафъии КДАМ, сокини шаҳри Душанбе (тел: 98 730 28 82) ба газетаи мардумии СССР дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки ман 1 арзи сипос дорам ва хоҳишмандам, онро чоп кунед. Миннатдории самимии худро ба беморхонаи ҶДММ «Муниса»-и шаҳри Истаравшан сидқан мерасонам. Дар ин шифохона зери раҳбарии Дилшод Ёқубов ва дигар кормандонаш ба беморон аз сидқи дил ёрии тиббӣ мерасонанд ва ягон бемор хаставу дилозурда аз ин муассиса ҳаргиз нарафтааст! Заҳмату ёрии тиббии онҳо дар сатҳи олист!!! Ва ҳамаи ин дар пасманзари сахтгириҳои раиси шаҳр-Баҳром Иноятзода, ки шахси оқилу кордон аст. Бори дигар, сипос ба раҳбарияти «Муниса»!

саҳ 8 аз 12

Китобҳо

Flag Counter