ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 20 Январ 2021 11:37

Сараввал мехостем ба рӯзномаи мардумии СССР изҳори сипос намоям, чун дардошнову дардшунави мардум аст. Саволи матраҳ ин аст, ки бархе масъулин тамоми телевизионҳои давлативу хусусиро телевизион мешуморанду шабакаи наврасону кудакон «ТВБ»-ро аз мадди назар дур мекунанд? Магар ҳокимони мутлақи 1 вилояти калон фаромӯш кардаанд, ки имруз тарбияи ахлоқии насли наврас агар ба зиммаи волидон ва мактабу маориф бошад, пас нақши телевизион ҳам дар ташаккули ӯ таъсиррасон аст. 

  2 сол дар интизори посух….

Имруз ТВБ дар ҳақиқат ба яке аз шабакаҳои сирф кӯдакона табдил ёфтаасту  алоқамандонаш ҳам кам нестанд. Зеро ҳамаруза аз ҳаёти кӯдакону наврасон  хабару гузориш ва барномаҳои ҷолибу диданӣ таҳия ва пешниҳоди дӯстдорони олами рангини бачаҳо менамояд. Аз рӯзи аввали фаъолиятамон дар ин шабакаи кӯдакона 2,5 сол сипарӣ мегардаду то ҳол ҷавоби мактуби худро, ки 2 сол  қабл  ба унвони раиси вилоят оид ба ҷудо кардани утоқи корӣ ирсол карда будем гирифта наметавонем. Ба ростӣ аз шунидани суханони «Ҷавоби мактубро интизор шавед» ба ҷое расидаем. 

Кохи фарҳанг-номи калону деги вайрон?

Наход дар 1 вилояти калон барои 1 рӯзноманигори минтақавӣ ҷудо кардани утоқи корӣ мушкил бошад? Айни ҳол мо дар бинои Иттифоқи касаба иҷоранишин ҳастему аз роҳбари ин ниҳод изҳори ташаккур мекунем, ки моро то ин дам дастгирӣ менамояд. Биёед меандешем, ки чаро ин ниҳоди ғайридавлатӣ моро дастгир асту мо, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро тарғибу ташвиқ менамоем аз мақомоти давлатӣ ягон дастгирӣ намебинем? 

Дар давраи фаъолияти кории муовини соҳавии раиси вилоят оид ба кор бо ҷомеа Хидирзода Махфират Умар ҳам пеши он кас бо ин масъала даромада будем. Он замон  дар ш.Бохтар бинои Кохи фарҳанг бунёд мегардид. Муаллимаи азиз ваъда доданд, ки аз бинои мазкур барои ТВБ утоқе ҷудо хоҳем кард. Мутаассифона муаллима баъди ба истифода додани Кохи фарҳанг бинобар сабаби тағйироти кадрӣ рафтанду мактуби мо боз беҷавоб монд. 

Барои идомаи иҷозаи фаъолияти корӣ дар Кохи фарҳанги шаҳр ба муовини раиси ш.Бохтар муроҷиат карда, ҷавоби қаноатманд пайдо карда натавонистем. Муаллима бо муомилаи ба худашон хос моро то ба охир гӯш карданду сипас бо ваъдаи он, ки  кори мо ҳалли мо худро меёбад рӯҳбаланд намуданд. Баъдан чуноне иттилоъ пайдо кардем, ҳамон Кохи фарҳанги навтаъсис аз об ва барқ қарздор будааст. Шояд ба мо маълумоти бардурӯғ дода бошанд, вале ҳамаи ин баҳонае беш нест. Барои ҳалли 1 масъалаи ночиз ин қадар даводав ва мактуббозиҳо, пеши раису мансабдорон даромадан, ростӣ дилбазан шудааст.  

1 утоқи корӣ чӣ мушкил дорад!?

Дар назар барои 1 рӯзноманигори минтақавӣ ҷудо кардани 1 утоқаки корӣ мушкил бошад, пас аҳволи  мардуми оддӣ, ки бо корафтодагӣ  пеши дари ҳар мансабдор навбат меистанд, чӣ бошад?

Чаро масъулону вазифадорон кашолакориро ин қадар дӯст медоранд? Дар соли 2021 умедвор ҳастем, ки масъалаи норавшани мактуби мо ҳалли худро меёбаду мо дигар дар фаъолияти кории худ монеагиҳоро бартараф хоҳем кард.

А.Нуриддин, Т.Олимов, 

хабарнигорони минтақавии МД «Телевизиони «Баҳористон» 

дар вилояти Хатлон  

Дар ҳамин маврид: Тасодуф аст ё тасодум, ки баъди сари кор омадани шахсияти бисёр дипломат ва сиёсатшинос, Маликшои Неъмат, сардамдорони Иттифоқи касабаи вилояти Хатлон бе ҳеҷ дастуру огаҳии пешакӣ, утоқи кори хабарнигори музофотии СССР-ро бастанд ва хабарнигори моро дар сардиҳои алиму азим ба кӯча партофтанд. Намедонем, раиси Иттифоқи касабаи Хатлон кисту чӣ мавқеъи сиёсӣ дорад, вале бар боварем, ки Маликшои Неъмат ҳатман ба қазия расидагӣ хоҳад кард. Мо Метавонем!

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Чоршанбе, 20 Январ 2021 11:29

 

Чоршанбе, 20 Январ 2021 09:37

Чоршанбе, 20 Январ 2021 09:23

 

Карераи сиёсии Эрих Хонеккер ҳанӯз дар замони Ҷумҳурии Веймерӣ оғоз гардид. Хонеккер 18 соли дароз зимоми қудратро дар Олмони демократӣ дар даст дошт. Ба гуфтаи таърихнигори олмонӣ Мартин Забров Хонеккер бо ҳамроҳии дӯстонаш Гюнтер Миттаг ва Эрих Малке чунон зимоми қудратро дар таърихи навини Олмон зери тасарруф гирифт, ки ҳатто Людендорф ва Гитлер ҳам ин корро карда натавонистанд.Маҳз ба ҳамин хотир Забров Хонеккерро диктатор унвон намудааст. 

Коммунисти ҷавон

Эрих Хонеккер моҳи августи соли 1912 дар шаҳри Саари Олмон, дар оилаи ангишткан ба дунё омад. Ӯ дар синни 10 солагӣ ба гурӯҳи коммунистии кӯдакона шомил шуда, дар 14 солагӣ аъзои Иттиҳоди коммунистии Олмон гардид. Соли 1928 ӯро роҳбари ташкилоти маҳаллии комсомолӣ таъин намуданд, соли 1930 бошад, Хонеккери 17 соларо ба сафи Ҳизби коммунистии Олмон пазируфтанд. Дар ҳамон сол Хонеккер барои таҳсил ба СССР равона карда шуда, дар мактаби Байналмиллалии ленинии Маскав ба таҳсил пардохт. Баъди чанде Хонеккер дар сафи бригадаҳои коргарии интернатсионалӣ дар сохтмони Комбинати металлургии Магнитагорск ширкат варзид. Баъди бозгашт аз Маскав, Хонеккер роҳбари ташкилоти комсомолии Саар интихоб карда шуд. Аввалин устоди Хонеккер дар сиёсат Отто Нибегал гардид. Нибегал дар Рейхстаг аз ҲК Олмон намояндагӣ мекард ва аз таҷрибаи ғании сиёсӣ бархӯрдор буд. 

Зиндонии Маобит

Баъди омадани Гитлер ба сари қудрат, ҳизби коммунистии Олмон ба кори пинҳонӣ гузашт. Бо вуҷуди ин, шаҳри Саар ватани Хоннекер дар оғоз зери мандати Лигаи миллатҳо қарор дошту аз ҳайати Олмон хориҷ буд. Аммо моҳи январи соли 1935 тариқи як раъйпурсӣ (плебистсит) Саар ба ҳайати Олмон ворид гардида, вазъи коммунистон дар ин гӯшаи Олмон низ вазнин гашт. Хонеккер маҷбур шуд ба Фаронса фирор кунад. Аммо иқоматаш дар Фаронса зиёд тӯл накашид ва ӯ моҳи августи соли 1935 бо номи Мартен Тяден ғайриқонунӣ ба Берлин баргашта, ба муборизаи зиддифашистӣ ҳамроҳ гардид. Муборизаи ӯ низ дер давом накард ва моҳи декабри соли 1935 Хонеккер аз ҷониби пулиси махфии Олмон “Гестапо” боздошт карда шуда, равонаи зиндони маъруфи Маобит шуд. Хонеккер 2 сол дар Маобит зиндонӣ буд ва моҳи июни соли 1937 мурофиаи додгоҳии ӯ оғоз гашта, додгоҳ Хонеккерро ба 10 соли зиндон маҳкум карда, ба зиндони Бранденбург интиқол дод. 

Хонеккер ва Карим командир

Хонеккер то охири ҷанг дар зиндон монд. Моҳи марти соли 1945 Хонеккерро барои рафтори хубаш дар зиндон ба корҳои сохтмонӣ равона карданд ва ӯ ҳангоми яке аз ҳамлаи ҳавоӣ ба Берлин тавонист аз зиндон фирор карда, дар хонаи яке аз нозирони зиндон пинҳон шавад. Ин нозири зиндон Хонеккерро розӣ кунонд, ки ба зиндон баргардад ва ӯ баъди чанд рӯз, ду бора ба зиндони Бранденбург боз гашт. Бо вуҷуди ин, фирори Хонеккер аз зиндон, ки бе маслиҳат бо рафиқони ҳамҳизбаш амалӣ гардида буд, барояш баъдан мушкил эҷод кард. 27 апрели соли 1945 нерӯҳои Артиши Сурх зиндони Бранденбургро ба тасарруф дароварда, зиндониёнро озод намуданд. Бо амри тақдир озодкунандаи Хонеккер, тоҷикписари ховалингӣ Саидаҳмад Каримов гардид, ки бо тахаллуси Карим-командир маъруф буд. Ин ҷавони ховалингӣ бо ихтиёри худ ва бо аспи ромкардааш аз Тоҷикистон ба ҷанг рафта, то Берлин расида буд. Хонеккер баъди озодшудан ба Берлин баргашт, аммо ҳодисаи фирораш миёни коммунистон шакку шубҳаи зиёде эҷод намуда буд. Иддае ӯро ба ҳамкорӣ бо Гестапо айбдор мекарданд. Эрих барои зудудани иттиҳомоти хиёнат, қиссаи озодшуданаш аз зиндонро барои ҳаммаслаконаш нақл кард.

Чоршанбе, 20 Январ 2021 09:17

 

14.01.1939. Дар РСС Тоҷикистон аввалин стансияи сейсмологии “Сталинобод” таъсис дода шуд.

 14.01.1953. Дар Югославия маршал Броз Тито аввалин президенти ин кишвар интихоб гардид.

14.01.1962. Дар СССР хатти интиқоли нафт, ки “Дружба” номгузорӣ шуд, ба фаъолият шурӯ кард. Ин хатти нафткаш нафти Сибири Ғарбиро ба кишварҳои аврупоӣ интиқол медод.

14.01.1972. Дар пойтахи РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе аввалин Иттиҳодияи чарму-пойафзолбарорӣ таъсис ёфт.

15.01.1941. Дар пойтахти ВМБК шаҳри Хоруғ аввалин ГЭС дар Бадахшон сохта ба истифода дода шуд.

15.01.1977. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе Хонаи радио ба пахши мустақими барномаҳояш шурӯ кард.

15.01.1994. Дар Туркманистон раъйпурсии мардумӣ баргузор гардида, 99,9%-и мардум ба тарафдории бекор кардани интихоботи президентӣ ва тамдиди мӯҳлати президентии туркманбошӣ С.Ниёзов то соли 2002 овоз доданд.

16.01.1963. Роҳбари СССР Никита Хрушев эълон кард, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дорои бомбаи ҳидрогении 100 мегатонна мебошад.

16.01.1991. Оғози амалиёти “Туфон дар биёбон”. Ин амалиётро артиши муттаҳидаи 30 кишвар бо сарварии ИМА, алайҳи Ироқ анҷом дод, то Артиши Саддом Ҳусайнро аз Қувайт берун кунад. СССР низ ба гунае дар ин амалиёт ба амрикоиҳо кӯмак карда, тамоми сирру асрори иттифоқчиашро пешкашӣ ИМА кард.

17.01.1921. Дар РСФСР Эъломияи ШКХ “Бобати ҳаракати ҳавоӣ дар фазои ҳавоии РСФСР ва аз болои обҳои ҳудудии он" ба тасвиб расид. Эъломияи мазкур  аввалин санади қонунгузорӣ дар соҳаи ҳуқуқи ҳавоӣ дар Русияи Шӯравӣ ба шумор меравад.

17.01.1930. Ҳукумати РСС Тоҷикистон барои ба наворгирии аввалин филм дар бораи Тоҷикистон 25 000 рубл ҷудо кард.

18.01.1936. Дар СССР лоиҳаи Сарқонуни нави кишвар барои муҳокимаи умумихалқӣ, дар матбуоти кишвар рӯи чоп омад.

18.01.1943. Рахнаи муҳосираи Ленинград аз ҷониби Артиши Сурх дар рафти ҶБВ. Ленинград аз моҳи октябри соли 1941 дар муҳосираи комили немисҳо қарор дошт ва мардуми зиёде дар ин шаҳр аз гуруснагӣ фавтиданд. 

18.01.1961 КМ ҲКИШ нақшаи Никита Хрушевро бобати азнавсозии хоҷагии қишлоқ, ки дар киштукорӣ ҷуворимакка асос ёфта буд, тасдиқ кард

18.01.1983 Кунгураи ИМА қарор дод, мушакҳои миёнбурди “Першинг”-ро дар Аврупои Ғарбӣ ва Марказӣ ҷойгир намояд. Баъди ин, мушакҳои амрикоӣ ба қаламравӣ СССР дастрасӣ пайдо карданд ва ин амали амрикоиҳо боиси ташаннуҷи нави “ҷанги сард” гардид.

Чоршанбе, 20 Январ 2021 09:14

(Ҷавоб ба муроҷиати Ҷаббор Раҷабов, хабарнигори мардумӣ аз ш.Кӯлоб, ки бо номи “Ҳатто ба котиба бояд ришва дод” дар саҳифаи 15-и шумораи №23 (612) ҳафтаномаи СССР аз 18.06.2020 ба нашр расидааст.)

Муаллиф дар матлаби худ қайд кардааст, ки коррупсия аз ҳама бештар дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ба назар мерасад. Муаллиф бо иддаои он, ки дар ин соҳа сар аз кӯдакистонҳо то муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҷамъкунӣ мавҷуд аст, қайд мекунад, ки то ҳанӯз маблағ барои китоб, таъмир, барои озмуни ташкили дастархонороӣ, барои киною консерту спектаклҳо, барои суғурта ва ғайраҳо аз хонандагон талаб карда мешавад. Ҳамзамон, аз кадом як мактаби беному нишон ёдоварӣ кардааст, ки гӯё барои тасдиқи тарификатсия аз омӯзгорон 25 сомонӣ рӯёнида мешавад. 

Мутаассифона, норавшан аст, ки муаллиф бо кадом сабабҳо аз зикри рақами муассисаи таълимие, ки ин мушкилиҳо дар он мавҷуд бошад, худдорӣ кардааст. Масъулини дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми ҶТ ва ниҳодҳои тобеи он пайваста барои решакан намудани амалҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф ва илм чораҳои мушаххасу заруриро меандешанд. Аз он ҷумла, аз тарафи раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм, шуъбаи аудити дохилии вазорат дар ҳамкорӣ бо Вазорати молия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоби кишвар, мунтазам чорабиниву ҷаласаҳои корӣ дар самти сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва пешгирӣ кардан аз сар задани ҳолат ва амалҳои коррупсионӣ баргузор карда мешавад. Ҳамзамон, дар сурати ҷой доштани ин гуна ҳолату амалҳо дар муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм саривақт барои бартараф кардани мушкилот тадбирҳои амалӣ меандешанд ва шахсони вайронкунандаи қонун мутобиқи қонунгузории кишвар ҷазо дода мешаванд.

Хуб мешуд, ки муаллиф минбаъд дар нигоштаҳои худ мушкилотро бо овардани далелҳои қотеъ баррасӣ мекарданд, то масъулини Вазорати маориф ва илми ҶТ саривақт дар бартараф кардани мушкилиҳо кӯшиши худро ба харҷ медоданд.

 

Маркази матбуоти 

Вазорати маориф ва илми 

ҶТ

 

Чоршанбе, 20 Январ 2021 09:12

1 гурӯҳ хонандагони ҳафтанома аз н.Шаҳритуз тариқи суроғаи электронии редаксия ба мо муроҷиат карда, гуфтанд, ки нафаре заминҳои онҳоро ғайриқонунӣ ғасб карда истодааст. 

   - Чандин маротиба дар ҳафтаномаи мазкур нисбати ғайриқонунӣ ғасб намудани хирмани маҳалламон аз тарафи сокини ҳамин деҳа Сайфулло Одинаев арз карда будем, лек мутаассифона то ҳол натиҷа нест. Пас аз нашри шикояти мо дар ҳафтаномаи СССР, бо супориши раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор ҳамаи газетаҳоро харидорӣ намуда, нахостанд, ки мардум аз ин кор бохабар шавад. Мо ба адолат ва газетаи СССР боварӣ дорем ва ин навбат шикоятамонро бо соядасти зиёда аз 20 нафар сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати Холматови н.Шаҳритуз рӯйи варақ ҷамъ оварда, роҳамонро идома медиҳем. Зеро Сайфулло Одинаев то ба ҳол ба мардуми ин маҳалла зарар расонида истодааст, аз ҷумла, дар тақсимоти заминҳои кишт. Ӯ фикр мекунад, ки даҳони ҳамаро бо пул баста метавонад, лекин мо ҳама дар якҷоягӣ мубориза мебарем ва умед низ дорем, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад ва Мо метавонем!

 

Чоршанбе, 20 Январ 2021 09:10

 

Абдураҳмон Раҳимов, яке аз хонандагони ҳафтанома аз н. Ҳамадонӣ (тел: 915 94 51 81) занг зада гуфт, ки агар чунин сардиҳо идома ёбанд зиндагии мардум боз ҳам вазнинтар мегардад.

   - Чанд рӯз мешавад, ки якчанд ноҳияи кишварро боду ҳавои номуносиб фаро гирифтааст. Ба хусус чандин деҳаҳо зери ҳавои буғдор мондаанд. Барфе, ки ҳамагӣ 10 см буд, зиёда аз 1 ҳафта мешавад, ки то ҳол дар рӯйи замин хобидаасту об намешавад. Дар пойтахт низ чунин манзара ҳукумрон аст. Ин сардӣ метавонад дар кишвар нархи гӯштро поин орад, аммо ба зиндагии мардуми деҳқон сахт зарар мерасонад. Чорвои кӯҳсор ба хунукӣ тоб наоварда, аз гуруснагӣ зуд мефавтад. Зеро аксарияти чорводорон хӯроки захира надоранд. Аз ин лиҳоз муриш зиёд мешаваду нархи гӯшт мисли солҳои пешин ба 5 сомонӣ баробар мегардад. Лекин умеди мо танҳо ба Худованд аст ва медонем, ки баъди ин ҳама мушкилиҳо ҳатман ба рӯзи офтобиву арзонӣ ва бобаракат мерасем.  

 

саҳ 4 аз 10

Китобҳо

Flag Counter