ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 20 Январ 2021 09:07

 Салом СССР-и гиромӣ. Ҳайати омӯзгорони МТМ №58-и н.А.Ҷомӣ тавассути газетаи шумо аз Вазорати маориф ва илми ҶТ хоҳиш мекунад, ки дар бораи ҳамин роҳнамоиҳои фаннӣ маълумоти пурра диҳанд. То ҷое маълум аст, ин роҳнамоҳо бояд ройгон бошанд. Аммо шуъбаи маорифи ноҳия бо сарварии Ҳасан Табаров ҳар рӯз сари ин масъала бо мо дар баҳс қарор дорад. Инчунин аз фурсат истифода бурда, аз мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ҳ. Табаров хоҳиш мекардем, ки сари вақт моҳонаи муалимонро бипардозад. Ноябр ҳам рафту январ ҳам меравад, аммо муаллимон то ҳол бе маош.

Бо эҳтиром ҳайати омӯзгорони МТМ №58 н. А.Ҷомӣ (тел: 93 3095070)

 

Чоршанбе, 20 Январ 2021 09:04

Аввало бародари азиз ман «ҷаноб» нестаму худро аз ягон узви ҷамъиятамон боло намешуморам. Сонӣ навиштед, ки «ҳазорон нафар аз норасоиҳои ҷамъиятӣ имрӯзаи мо менависанду аммо…ту хомӯшӣ?». Ба норасоиҳои ҷамъияти имрӯзаамон кӣ гунаҳкор аст? Чаро дар замони Шӯравӣ дар байни миллати мо ин норасоиҳо қариб, ки вуҷуд надоштанд, лекин баъди «инқилоб» афзуданд? Ба фикри ман сабаб дар афзудани хурофоти динӣ байни мардум аст.

Савдогар маводи 1-сомонаро 10 сомонӣ мефурӯшаду ба намози ҷумъа  меравад, бо ҳамин гуноҳаш «пок» мешавад. Чиновникҳо рӯйрост ришва меситонанду шаб ҳангоми намозхонӣ «тавба» мекунанд, гуноҳонашон «пок» мешавад. Дузду ғару роҳзан тамоми бадахлоқиро мекунанду ба ҳаҷ мераванд, тамоми гуноҳашон «пок» мегардад. Ана, бинед, бенизомиҳо аз куҷо сарчашма мегиранд!

 Хурофоти динӣ мисли заҳрпечак моро печидааст. Сарашро бурӣ, аз ҷойи бурида даҳҳо навда сабзида мебароянд. Пас ин заҳрпечакро решакан кардан даркор, то ки аз он халосӣ ёбӣ. Агар Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба ин доғ чораандешӣ накунад, ба қавли  журналисти миллатдӯст Саломиддин Мирзораҳматов, он рӯз дур нест, ки «Тоҷикистони кӯчаки азизи моро Афғонистони дуюм гардонанд».

Ҳаким Ғуломов,

н.Дӯстӣ

 

Чоршанбе, 20 Январ 2021 09:00

   Салом ба СССР! Чаро роҳбарони марказҳои дилхушӣ ва бозиҳои компютерӣ барои роҳ додани ноболиғ ба чунин марказҳо ҷарима карда намешаванд? Чаро дар аввалин фурсат омӯзгор ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, вале соҳибони марказҳои дилхушӣ ва бошандагони он  озодона  аз пайи корашон ҳастанд. Ба ин кӣ гунаҳгор аст? Омӯзгор, толибилм, падару модар ва ё мақомотҳои қудратӣ? Ба ин суолҳо кӣ ҷавоб мегӯяд? 

Ман ҳамчун 1 шаҳрванди ин сарзамин барои пешгирии ин авомили даҳшатбори ҷомеа чунин пешниҳод дорам:

- мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд бардошта шавад.

- алоқаи волидайн ва мақомотҳои қудратӣ бо муассисаҳои таълимӣ ҷоннок карда шавад.

- ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шавад, то мактаббача вақти худро беҳуда нагузаронида, ба омӯзиши касбу ҳунар машғул шавад.

- омӯзгорон барои дастовардҳояшон бо нишон, унвон, мукофотпулӣ ва монанди инҳо ҳавасманд гарданд. 

Зиёвиддин Бӯриев, ш.Ҳисор

 

Чоршанбе, 20 Январ 2021 08:57

(Памфлет)

Чаро не? Ин қадар, ки мо печкаҳои бобоӣ ва тануру оташу кӯрдудро таблиғ дорем, барои ҳуқуқи муаллифӣ гирифтан бар таппак ва дигар анвоъи оташсӯзӣ ҳамагӣ 1 қадамак мондааст: Ба мақомоти бақайдгирӣ муроҷеъ мешавему, кори хирс тамом-Таппак патенти тоҷикӣ мегирад…

Ҳоло шояд чанд шаҳрнишин хандиданд. Вале бовар дорам, ҳазорон хонандаи деҳотӣ ашк рехтанд. Зеро воқеан ҳам таблиғи таппаку ҳезуму печкаҳои бобоии маъруфтар бар исми гӯшнавози «буржуйка» (насли калонсол ин мафҳумро медонад) аз ҳадди инсоф гузаштааст. Ҳамтоҳои ман аз ТВ онгуна оташафрӯзӣ ва таппакпарастиро таблиғ мекунанд, ки ҳисобаш гум. Ҳаммаш аз чӣ сар мешавад? Оре, аккурат, аз беҳунарӣ. Фикр мекунед, дар солҳои шӯравӣ ва ё 20-25 соли аввали истиқлолият мушкили энергетикӣ надоштем? Ещё как доштем! Вале боре ҳам аз ТВ ин қадар барои ману шумо таппаку ҳезуму алов таблиғ мешуд? На-ме-шуддд…Зеро профессионалҳо он ҷо кор мекарданд, ҳу, ҳамонҳое, ки собиқ раҳбари кумитаи РТВ «пир» ва «на зеби эфир» гуфта ронда буд.

Он вақт масъулин дарк карда буданд, ки «сар кафид-таги тоқӣ». Имрӯз ин масалро фаромӯш кардаанд. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки ТВ-ҳои мо моҳвораӣ шудаанд, тариқи спутник моро сар аз Ҷопон то Амрикои Лотинӣ тамошо мекунанд. Тамошо мекунанд ва дар баробари дидани дастовардҳои воқеан ҳам назарраси мо, ки Тоҷикистонро чун нигине дар ангуштарини кишварҳои Осиёи Марказӣ (ҳоло Афғонистону Покистону Ирон 1 сӯ, ки тамоман валангоранд!!!) ҷило медиҳад. Кӯҳу пуштаву дашту даман, шар-шараи обу чашмасори дарёҳои кӯҳӣ, манзараҳои зебо аз Дарвозу Хоруғ, то Ашту Рашт, Манораи Эйфел дар Кӯлоб, поркҳои тамиз, хиёбонҳои гулпӯши рашкипарӣ, зардолубоғҳои ғарқи гули Хуҷанду Исфара, роҳҳои ҳамвори Зарафшону лолазорони Хатлон … воқеан ҳам чашми бинандаро об медод.  Вале тайи 2-3 ҳафтаи ахир, рекламаи «сарфаи энергия тавассути печкаҳои буржуйка» на танҳо табъи меҳмонону сайёҳон, ки худи тоҷикистониёнро низ хира кардааст. Бе шакку тардид ингуна гузоришоти вежаи таъҷилӣ дар барномаҳои Ахбору Иттилоъ ва табсираҳои сиёсӣ танҳо душманони идеологии моро шод месозанду бас. Касе бовар надорад, саре халонад ба интернет ва бо чашми сар бинад, ки ман рост гуфтам ё муҳобот кардаам??? Ва ҳама ин бетутуруқӣ аз куҷо маншаъ мегирад? Оре, аккурат, аз непрофессионализми журналистони расонаҳои расмӣ. О, мешавад, мешавад, ин корро ба навъи дигаре роҳандозӣ кард. Дур намеравем, дар Муроҷиатномаи Ширкати Барқи Тоҷик роҷеъ ба мавзуъ, ки дар саҳ-3, дар газетаи СССР ҳам нашр шудааст (ҳатман хонед!) ва бовар дорам, онро  журналистони профессионале чун Нозирҷон Ёдгорӣ (котиби матбуотӣ) таҳия кардаанд, мушкили дефитсити барқ онгуна равон, сода ва бидуни иғроқи даъват ба таппаксӯзӣ инъикос ёфтааст, ки хурду бузург ба умқи проблема сарфаҳм меравад.

О, мана мешудааст-ку? А, ТВ бошад чӣ кор мекунад? 1-2 мисол меораму бас: Чанде пеш аз н. Айнии водии Зарафшон таблиғи печкаҳои буржуйка, ангишту таппакалав (ҳезум кайҳо тухми анқост) пахш мешуд ва соҳибхона бо бачаҳояш ними бадан зери кӯрпа (!), сӯҳбат дошт, ки шукр, хонаамон гарм аст…Вале! Аз даҳони аъзои оила онгуна ҳаври даҳан бармехест, ки фикр мекардӣ, дар тайгаи Сибир онҳо интервю медиҳанд. Ҳол он ки кор дар дохили ХОНА буд. Инро чӣ мегӯянд? Непрофессионализм!!!

Мисоли дигаре аз ҷануби кишвар. Қубодиён. Барномаи Ахбор. Репортажи таърифу таблиғи таппаку ангишту ҳезуму алав. Кӯдакистонро нишон медиҳанд, ки ҳама сарҷамъ, рӯи кӯрпачаҳои ғиҷим назди печка шиштаанд. Муаллифи матлаб ва мураббиён даъво доранд, ки «ҳама садай! Зинда бод печка!». Ба ҳамин тартиб мактабҳои миёна, кӯдакистонҳо, толорҳо ва дигар макони сарҷамъии атфол таблиғу ташвиқ мешавад.

О, магар намешуд, журналистон 1 соҳибкореро пайдо кунанд, ки ба мактабу кӯдакистонҳо системаи ягонаи гармидиҳии автономӣ (чулан) сохта бошад? Чунин системаҳо дар Бозори Корвону Султони Кабир, ба гуфти бобои Ғуломи таърихӣ «лав задагӣ». Аз 20 то 30 ҳазор сомонӣ нарх доранд. Бурда мешинонӣ ва 1 мактаб ё кӯдакистон ҳамагӣ бо 5-6 кг ангишт тавассути бухориҳои плостикӣ (дар урфият батарея) гарм мешавад ва ба гуфтаи Аловиддини беҳамто «кори хирс тамом!».

Воқеан ҳам дар бораи Аловиддин. Ӯро низ маҷбур кардаанд, ки ролики таблиғӣ-ташвиқотии ба раҳбарияти Кумитаи РТВ мутобиқ созад: мӯсафеду кампир барои фарзанди студенташон дар шаҳр хунук нахӯрад, гуфта, дар печка алов мекунанд. О, бародарон, зиндагонӣ ин фақат шаҳр нест, охир…

Нархи ҳезум, таппак дар музофот ба осмони 7 дакка хӯрдааст. Медонам, ки ин нархро касе поин бурда наметавонад. Зеро ҳезум ва таппак моли патентӣ ҳам набошанд, моликияти фардиянд ва соҳиб онро бо кадом нархе, ки хоҳад мефурӯшад. Вале чӣ балое расида, ки қимати маҳсулоти сӯхти сирф ба давлат мутааллиқ, яъне ангишт ба осмони 18 баромада? Наход, дар шабу рӯзе, ки кишвар ба бӯҳрони энергетикӣ фурӯ рафтааст, масъулини соҳа нархи ангиштро бардоранд? Ин дигар талаботи бозор нест, ки «вардошт замм кун!». Инро дар илми сиёсташиносӣ диверсия меноманд. Ана дар кадом мавзуъ бояд ТВ гузориш таҳия кунад, агар дилаш ба мардум месӯзаду дар хидмати ҳукумат қарор дорад.

Мо Метавонем!

 

Панҷшанбе, 14 Январ 2021 15:21

Панҷшанбе, 14 Январ 2021 15:14

Чоршанбе, 13 Январ 2021 15:06

 

Банда хатмкунандаи Донишкадаи давлатии Санъати ба номи устод М. Турсунзода буда, аз соли 1978 то соли 1997 аввал дар муассисаи фарҳанг ва аз соли 1996 то соли 2016 дар муассисаи таҳсилоти умумии №34 омӯзгор, ҷонишини директор, раиси кумитаи ибтидоии Иттифоқи касаба шуда кор кардаам. Аз моҳи сентябри соли 2016 бо хоҳиши худ ба нафақа баромада, 4-сол давлати пирӣ рондам. Соҳиби 10-фарзанду 20 набера шуда, шукргузорӣ аз ғамхориҳои давлат карда гаштаам. 

Моҳи сентябри соли 2020 директори ҷавонеро ба МТМУ №25 таъин карданду  ҷавон аз пайи омӯзгорони мутахассисшуда ӯ маро ба ҳоли худ нагузошта, ба мактаб даъват кард. Корро дар муассиса ҳамчун омӯзгори фанни суруду мусиқӣ ва санъати тасвирӣ аз сари нав шурӯъ кардам. Вале аз чӣ сабаб бошад маро на аз рӯйи тахассуси дараҷаи олӣ, балки аз рӯи тахассуси дараҷаи умумӣ ҳақдор карданд. Сабабашро аз сармутахассиси бахши хадамоти аттестатсионии шӯъбаи маориф Рустам Солеҳов пурсон шудам. Ӯ бо хашму ғазаб  «Шумо дар байн 4 соли бекорӣ доред, аз сари нав аз аттестатсия гузашта, баъд тахассуси дараҷаи 2-ро мегиред»-гуфта ҷавоб дод. Бояд гӯям, ки бо ин шахс ман зиёда аз 20-25 сол бо ҳам кор мекунему якдигарро хело хуб мешиносем. Вале аз нигоҳи бадхашмонааш баръало маълум аст, ки ӯ чӣ мехоҳад. 

Куҷост он шаъну шарафи омӯзгориву ҳамкорон, он меҳру муҳаббату қадру қимати одамгарӣ? Ё ҳуҷҷати Аълочии маориф ва илми ҶТ қурби худро гум кардааст? Мо ба қадри ҳар 1 гиёҳу хас, сангу харсанг, обу хоки Ватан мерасему онро эҳтиром мекунем, аммо ин шахс ба қадру қимати унвонҳои олии Ватан заррае эътибор намедиҳад...

Раҳматулло Мӯсоев,  

омӯзгори МТМУ №25-и н. Восеъ

 

Чоршанбе, 13 Январ 2021 15:04

 Насимҷон Сафаров, хонанда ва сокини ш.Душанбе меҳмони идора шуда гуфт: 

   - Имрӯз бештари мардум бобати нарху наво дар бозори озуқаворӣ сухан меронану касе аз нарху навои маҳсулоти дигар, аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ чизе намегӯяд. Ҳол он, ки ин нархи ин навъи маҳсулот ҳам чанд маротиба афзоиш ёфтааст. Ман худам ба корҳои таъмирӣ машғулам ва афзоиши нархи маҳсулоти барои корам заруриро баръало ҳис мекунам. Имрӯз таъмири 1 хона барои соҳибаш ба маротиб гаронтар шудааст. Бо вуҷуди ин, нархи кори мо устоҳо бошад чун пештара боқӣ мондааст. Хуб мешуд, агар ниҳодҳои дахлдори кишвар ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, истеҳсоли ин навъ маҳсулотро дар дохили кишвар роҳандозӣ мекарданд.  

 

саҳ 5 аз 10

Китобҳо

Flag Counter