ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 13 Октябр 2021 09:03

 

  Хуршед Валиев, сарошпази КТН «Шарқи Озод», набераи Сайидалӣ Вализода ва шахси пурдону пуртараддуд меҳмони СССР шуда гуфт, дар Тоҷикистон 1 ферма намерасад:

    - Бинед, қариб ҳар рӯз фермаи мурғ месозем. Вале чаро дар ин миён 1 фермаи мурғи парҳезӣ, ё худ диетӣ бунёд накунем? Ба мурғҳои мо чӣ намерасад? Офтоб, сайру гашт, давутоз ва…тарс. Оре, мурғ бофтаҳои тарс дорад ва барои ҳамин ҳамеша сарашро болову поин чарх занонда, ба осмон менигарад, ки чӯҷабарак надуздад ва ё рӯбоҳу гурбае шикораш накунад. Бофтаҳои тарс ӯро ҳаракат медиҳанд ва гӯшташ парҳезӣ мешавад. Дидаед, ки гӯшти мурғи даштӣ ва хонагӣ чӣ гуна болаззатанд? А, мурғҳои ферма чӣ? Чун духтари 18-сола бо нозу нуз хеста, чун бонувони баландошёна 10 қадам беш намегузоранд. Офтобу ҳавои тоза ва тарсро намедонанд. Пас аз куҷо маззаи гӯшти мурғ? Гӯшти мурғи болаззат хоҳед, фермаҳои саркушода созед, то мурғ чӯҷабарку офтобро боре, пеш аз ба деги мо афтодан, бинад. Мо Метавонем!

Чоршанбе, 13 Октябр 2021 09:01

Чоршанбе, 13 Октябр 2021 08:41

   Салом ба СССР-и азиз! Намедонам сабаб доллари ИМА бошад ё боҷҳои гумрукии дандоншикану кам шудани воридоти маводи сӯхт, ки нархи роҳкиро на танҳо дар таксиҳои ш.Душанбе, балки дар мусофиркашони байнишаҳрӣ низ гарон шудааст. Ҳамин ҳоло нархи роҳкиро барои 1 нафар дар самти Душанбе-Рашт 100 сомонӣ аст. То Сангвору Лахш бошад ронандаҳо шуморо бо 120-130 сомонӣ бурда тавре рафтор мекунанд, ки гӯйё дар гарон шудани нархи сузишворӣ, пассажирон гунаҳкорем.

Чаро хатсайрҳои байнишаҳрӣ, хоса сиёсати нархгузории онҳоро касе аз Хадамоти танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат намекунад? Нархи гази моеъ дар 1 ҳафтаи ахир каме коҳиш ёфт, вале нархи роҳкиро арзон нашуд…

Саидҷон Баротов,

н.Рашт

Душанбе, 11 Октябр 2021 10:20

 

Чоршанбе, 06 Октябр 2021 12:16

Чоршанбе, 06 Октябр 2021 12:10

 

Чоршанбе, 06 Октябр 2021 12:01

Ҳоҷӣ Бобоев, омӯзгори фанни математика ва геометрия аз ш. Ваҳдат меҳмони редаксия шуда, доир ба камбудиҳои китобҳои дарсии солҳои ахир чопшуда фикрашро баён намуд:

 

   - Ба китобҳои дарсии хонандагон, ки солҳои охир чоп шудааст бингарем, муаллифони ин китобҳо аз ӯҳдаи кор набаромадаанд. Як қатор камбудиҳои ҷиддӣ дар китобҳои дарсӣ  ҷой доранд. Метавон гуфт, ки «муаллифон» аз масоили мубрам ва методикаи таълимии фанни мазкур огоҳ нестанд. Муаллифон фақат дар заминаи «қолаб» -и тайёри дар ибтидо «сохташуда»-и китобҳои дарсии кӯҳна ва ҳозираи русӣ, адабиёти нав чоп кардаанд. «Муаллифон» дар асоси барномаҳои таълимӣ аз ин «қолаб» маводро ҷамъоварӣ ва ё тарҷума намуда, фақат онро ба шакли китоб даровардаанд, вале дар тасвиркунии матлаб комёб нашудаанд. Яъне онҳо «автомашинаи обӣ» ё «гандумдараваки нав» ихтироъ накардаанд ва дар навишт «қолаб»-и худро надоранд. Ҳол он ки ин китобҳо назариёти муаллифони  китобҳои дарсии кӯҳан буда, тарзи навишти онҳо ба ин «муаллифон» тааллуқ надорад. 

Чоршанбе, 06 Октябр 2021 11:49

 

саҳ 7 аз 9

Китобҳо

Flag Counter