ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 02 Феврал 2022 17:10

 

(Идома аз шумораи гузашта)

Ба асари бозсозии горбачёвӣ дар оғози солҳои 90 – уми асри гузашта ва рух намудани ҳаракатҳои демократӣ дар ҷумҳуриҳои шуравӣ бо ибтикори, ба қавле як даста миллатдӯстон ба хароб кардани нимпайкара, барелйеф, ҳайкалҳо ва номҳои ашхоси дар даврони советӣ маъруфгашта камар барбастанд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб низ чунин амалро раво диданд. Аз ҷумла, нимпайкараи фармондеҳи аскарони сурх, комбриг Томинро аз ҷо беҷо карданд. Мувофиқи ваъда дар суроғу пайи он муҷассама шудем. Нахуст аз Суҳробшои Фаррухшо, журналист ва сухангӯи вақти раиси шаҳри Кӯлоб дар ин бора пурсон шудем. Ӯ гуфт, он овон ман дар ин қарибиҳо набудам.

Аз рӯи фаҳм ба марди донишманд, роҳбари маҷмааи 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб Ҳотамшо Асозода муроҷиат кардем. Хушбахтона, номбурда то ҷое аз асли воқеа бохабар будаанд. Ва он чизе, ки медонистанд, ироа доштанд:

- Аз кандани нимпайкараи Томин дарак дорам. Ҳукуматдорони вақт аввал ният доштанд, ки нимпайкараву ҳайкалҳои беҷо кардаашонро дар маҷмааи мазкур ғун доранд.  Аммо чунон нашуд. Алҳол дар куҷо будани нимпайкараи комбриг Томинро намедонам…

Устоди гиромӣ барои дӯстони хеш хизмати арзанда анҷом доданд. Он ҷониб нахуст, барелйефи комбриг Томинро дарёфта, акси онро ирсол намуданд. Дар лавҳаи мазкур омада: «На этом месте в 1924 году был похоронен комбриг Советской Армии Николай Дмитриевич Томин».

Баъдан Ҳотамшо Асозода гуфтанд, ки моҳи январи соли 2021 духтари амакбачаи командири Армияи Сурх Томин Н. Д., Ялунина Надежда Михайловна бо мактуб ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб муроҷиат карда буданд, ки барои аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Куртамиши вилояти Кургани Федератсияи Россия интиқол додани ҷасади қаҳрамон иҷозат дода шавад…

Раиси вақти шаҳри Кӯлоб А. Вализода дар ин бора ба раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қ. (№1. 177 аз 17.02.2021) хабар расонда, аз ҷумла чунин менигорад: «…Аҳолии шаҳри Кӯлоб хотираи Томин Николай Дмитриевичро пос дошта, ӯро ба некӣ ёд мекунанд.

Чоршанбе, 02 Феврал 2022 17:06

 

30.01.1930. Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин радиозондро барои таҳқиқи атмосфера ба фазои ҳавоӣ баровард. Он аз ҷониби ҳавошиноси шӯравӣ Павел Молчанов ихтироъ шуда буд.

31.01.1918. Дар Петроград созмондиҳии аввалин корпуси Артиши Сурхи Коргар-Деҳқон оғоз шуд.

31.01.1924.Анҷумани 2-юми Шӯроҳои СССР лоиҳаи аввалин Сарқонуни Иттиҳоди Шӯравиро ба тасвиб расонд.

1.02.1923.Дар ш.Петроград, дар бинои №76-и кӯчаи соҳили рӯди Фонтанка аввалин кассаи амонатӣ дар СССР ифтитоҳ ёфт. Баъдан ин кассаҳо дар саросари СССР ифтитоҳ ёфта, асоситарин макони пасандозкунии пул дар аввалин кишвари Шӯроҳо буданд.

1.02.1924.Англия Иттиҳоди Шӯравиро ба расмият шинохт ва бо СССР муносибати дипломатиро барқарор намуд.

1.02.1992. Президенти Русия Борис Елтсин ва ҳамтои амрикоиаш Ҷорҷ Буши калонӣ дар шаҳри Кэмп-Девиди ИМА эъломияи якҷояро оид ба хатми ҷанги сард ба имзо расониданд. Ин ҷанг, ки беш аз 40 сол зидди СССР идома дошт, бо пирӯзии комили кишварҳои ғарбӣ ба поён расида, ба мавҷудияти аввалин кишвари Шӯроҳо дар арсаи таърих хотима дод.

2.02.1918. Дар Русияи Шӯравӣ бо Декрети Шӯрои Комиссарони Халқӣ калисо аз давлат ва мактабҳо аз калисо ҷудо шуданд.

2.02.1943. Анҷоми ҳарби Сталинград. Артиши 6-и фелдмаршал Паулюс, ки дар шаҳри соҳили Волга ба муҳосира гирифта шуд, таслим гардида, Артиши Сурх яке аз пирӯзиҳои муҳими худро дар рафти ҶБВ ба даст овард.

2.02.1982. Дар СССР чархболи Ми 26 ба истифода дода шуд. Он тавонист 10 тонн борро ба баландии 6,4 км бардорад ва бузургтарин чархболи СССР будӣ.

3.02.1918. Русияи Шӯравӣ бо декрети КМИ тамоми қарзҳои дохилӣ-берунии ҳукумати подшоҳӣ ва Ҳукумати муваққатро бекор карда, аз пардохти онҳо сарфи назар намуд. Ин қарзҳо беш аз 60 млрд рубли русиро ташкил медоданд ва боиси сар задани ҳуҷуми ҳарбии кишварҳои Антанта ба РСФСР шуданд. ИМА низ бо баҳонаи напардохтани қарзҳо ҷазираи Аляскаро, ки аз Русия ба муҳлати 100 сол иҷора гирифта буд, бозпас надод.

Чоршанбе, 02 Феврал 2022 17:06

Чоршанбе, 02 Феврал 2022 14:43

Чоршанбе, 02 Феврал 2022 14:36

Чоршанбе, 02 Феврал 2022 14:32

Некбахши Салимзод, сокини ш. Душанбе, докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон меҳмони редаксия шуда, қайд намуд, ки тибқи мушоҳидаҳоям тайи 3 соли ахир дар қисме аз тарабхонаҳои пойтахт ва марказҳои нуқтаҳои хӯрокворӣ қоидаҳои гигиенаи шахсӣ  ва ҷамъиятӣ риоя намешаванд.

- Ҳамчунин қоидаҳои нигаҳдории молу маҳсулотҳои хӯрокворӣ, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ба таври бояд иҷро намешаванд, чаро? Тавре ба назар мерасад, сохторҳои дахлдор аз нуқтаҳои хӯроки умум умуман дидан намекунанд…

Чоршанбе, 02 Феврал 2022 14:29

Чоршанбе, 02 Феврал 2022 14:25

саҳ 9 аз 10

Китобҳо

Flag Counter