ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 09 Феврал 2022 12:52

Чоршанбе, 09 Феврал 2022 12:48

Чоршанбе, 09 Феврал 2022 12:42

 

Чоршанбе, 09 Феврал 2022 12:23

Чоршанбе, 09 Феврал 2022 12:09

Чоршанбе, 09 Феврал 2022 12:00


ИБТИДО

Дар бораи шӯриши Восеъ, қиёми мардумӣ дар қаламрави Балҷувон зиёд шунидаву хондаем. Аммо дар хусуси шӯриши Муллохол, дертарак, ҳини таҳсил дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, солҳои 80 - уми асри гузашта огаҳӣ пайдо намудем.

Ин қиёми халқӣ бо сардории Муллохол бар зидди бедодгариҳои маъмурияти аморат дар бекии Балҷувон, ибтидои солҳои 80 - уми асри XIХ ба вуқуъ пайваста аст. Аммо маълумот кофӣ набуд. Дар «Энсиклопедияи советии тоҷик», ҷилди 8, саҳ. 172 (Душанбе, 1988) ҳамагӣ 28 сатр – барге маълумот омадаасту бас.

Чанд сухани парешро аз забони мутриби хушнаво Ҳабибуллои Бекмуҳаммад, набераи Муллохол шунида будем. Ҳар бори ба забон овардани номи Муллохол устод Ҳабибулло рӯҳ мегирифт.

 

КАЛАВУ КАНДА

5 июни соли 2001, ш. Душанбе. Базморо Ҳабибуллои Бекмуҳаммад хуш месуруд. Ҳозирин аз тағаннии устоди мумтоз лаззат мебурданд. Кадоме номи Муллохолро гирифт. Муғаннӣ бо шунидани ин ном дам гирифт. Чун фурсат муносиб уфтода буд, ин ҷониб аз акаи Ҳабибулло пурсидам, ки бобои Муллохол ба рангу рӯ ва қаду қомат ба кӣ монанд буд? Акакалон гуфт, ба қавли қиблагоҳӣ аз кундаи (авлоди) мо танҳо ман ба бобои паҳлавонам сахт монанд будаам…

Аҳли нишаст – шоирони хушдил Тӯлқин Хоҷа, Саид Ғоиб (равонашон шод бод), Сангалӣ Баҳриддини ғазалхон, Маҳмадсаиди ғижакӣ, Собир Тӯра, Толиби Раҷаб, Алиҷону Содиқ паҳлавон, устод Самариддин Ёқубиву Абдуҷабор Саттор ва дигар дӯстон ин гуфтаи овозхони маҳбубро ҳазли навбатӣ пиндошта, шавқун бардоштанд…

Акаи Ҳабибулло ба қавле «барошуфт»: «Э, сағераҳо! Бахудо рост мегум. Мӯсафеди падарам нақл мекарданд, ки бобоят (Муллохол) калаву кандаи Гургай (Ҳабибулло Бегмуҳаммад дар назар аст)…

Аз лаҳни гуфтори базморо бародарон ханда бар афлок заданд. Устод думбраро таранг ҷӯр карда (маъмулан) бо садои марғуладори ширинаш ба гуфте ҳуҷраро ба сар бардошт:

Ҳее – еее – е…

Восеъ мега ма мирум,

Балҷувона мегирум…

Он лаҳзаи пурнишот ҳама масрур гаштанд.

Чоршанбе, 09 Феврал 2022 11:57

 

7.02.1952. Дар Маскав мурофиаи судии аъзои дастаи зиддишӯравии адаби-сиёсии мактабхонони масквагӣ доир гардид. Мурофиаи мазкур пуши дарҳои баста баргузор шуд. Дар рафти мурофиа мактабхоноро бо он муттаҳам карданд, ки варақаҳои зиддишӯравиро паҳн мекарданд ва системи интихоботии шӯравиро ғайридемократӣ хитоб мекарданд. Се нафар аз аъзои дастаро ба қатл, 10 нафарро ба 25 соли зиндон ва се нафари дигар 10 сол зиндон ҳукм гирифтанд.

7.02.1964. Рӯзномаи «Правда» аввалин бор дар СССР бо чопи як матлаб, тарроҳии марги Кировро, ки соли 1934 дар Ленинград ба шакли мармуз ба ҳалокат расид,  ба Сталин нисбат дод.

8.02.1924. Аввалин парвози тайёраи мусофирбари шӯравӣ АК- 1. Ин тайёра, ки бештари қисматҳояш аз чӯб сохта шуда буданд, соли 1923 аз санҷиш гузашт ва онро ба истеҳсолоти оммавӣ тавсияи доданд. Аммо мутаасифона ҳеҷ намунаи оммавиаш сохта нашуд ва онро аз истеҳсолот бардоштанд.

8.02.1925. Дар шаҳри Ленинград ҳафт масъули миёнпояи шӯравӣ, ба хотири фасод дар соҳаи истеҳсоли пӯст, ба қатл маҳкум шуданд.

8.02.1945. Ҳавонаварди шӯравӣ М.П. Девятаев, як таёраи олмониро ғанимат гирифт ва аз лагери ҷазодиҳии фашистӣ дар Олмон фирор кард.

8.02.1955. Дар СССР, раиси Шӯрои Вазирон маршал Николай Булганин таъин гардид. Булганин дар ин вазифа Георгий Маленковро иваз кард. Маленковро Хрушев ба вазифаи пасттар, Вазири нерӯгоҳҳо таъин намуд. Он шабу рӯз дар СССР дар саҳнаи сиёсӣ ҳарбиён баромаданд ва маршал Жуков ба ҷои Буганин Вазири мудофиаи СССР таъин гардид.

9.02.1923. Рӯзи таваллуди авиатсияи мусофирбари шӯравӣ. Дар ин рӯз Шӯрои Мудофиа ва Меҳнат (СТО) бо қарори худ Шӯрои авиатсияи мусофирбарро созмон дод.

9.02.1931. Овозхони рус Федор Шаляпин Иттиҳоди Шӯравиро барои ғайриқонунӣ нашр кардани сурудҳояш  ба суд дод ва Бюрои тиҷории СССР дар Порис муваззаф шуд ба Шаляпин10 000 франк пардохт намояд.

Чоршанбе, 09 Феврал 2022 11:55

саҳ 6 аз 10

Китобҳо

Flag Counter