ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 23 Феврал 2022 15:05

Чоршанбе, 23 Феврал 2022 09:16

 

 

Чоршанбе, 23 Феврал 2022 09:12

Розия Назарова, сокини шаҳри Душанбе меҳмони идораи газета шуда, аз кам будани нафақааш шикоят кард.

    - Нафақаи ман имрӯз ҳамагӣ 150 сомонист. Ман беморам, кор карда наметавонам, дастнигари фарзандонам, нафақаи ночизам ҳатто барои доруворӣ намерасад. Писарон гоҳе кор меёбанду гоҳе не. 1 халта орд 280 сомонист. Нафақаи ман ним халта орд ё 2 табақ нон мешавад. Барои дигар чизҳои рӯзгор аслан намерасад. Бо 150 сомонӣ чӣ гуна зиндагӣ кунам? Чаро нафақаи ҳама зиёд мешаваду нафақаи маро зиёд намекунанд?

Чоршанбе, 23 Феврал 2022 09:07

 

8 ноябри соли 1943 ордени Шараф ҳар се дараҷа таъсис дода шуд. Ин орден ба Салиби Георгий шабоҳат дошта,он фақат барои ҷасорат дар майдони ҷанг дода мешавад. Бо ҳар се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудагон аз рӯи ҳолат ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ баробар карда шудааст.

Орденҳои Шараф дараҷаи III аз биринҷӣ, дараҷаи II аз нуқра ва дараҷаи I аз тилло тайёр карда шудааст.

Дар кам аз ду соли ҷанг (19 моҳ қабл) наздики  980 ҳазор ҷанговарон бо ордени Шараф дараҷаи сеюм, қариб 46 ҳазор бо дараҷаи дуюм мукофотонда шуда, кавалерони пурраи ин орден, дорандагони ҳар се дараҷа 2656 нафар мебошанд, аз ҷумла 4 нафар занон.

Аввалин кавалерони орденҳои Шараф ҳар се дараҷа бо Фармони Президиуми Совети Олии СССР аз 22 июли соли 1944 ефрейтор М.Г. Питенин ва сержанти калон К.К. Шевченко мебошанд. Аммо мутаассифона ордени Шараф дараҷаи I – и  № 1 ба сержанти калон Н.А. Залетов, № 2 ба старшина В.С. Иванов супурда мешавад.

Моҳи сентябри соли 1944 аввалин аз ҷанговарони тоҷик сержанти калон Абдуназар Фармонқулов аз шаҳри Ӯротеппа (Истаравшан) ва 10 - умин аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кавалери орденҳои Шараф ҳар се дараҷа гардидааст.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 21 нафар фиристодагони Тоҷикистон аз ҷумла аз вилояти Ленинобод  (ҳозира Суғд) 10 нафар ба гирифтани ҳар се дараҷаи ордени Шараф мушарраф гардиданд. Охирин қаҳрамон  Абдуназар Фармонқулов  дорандаи ҳар се дараҷаи орденҳои Шараф соли 2019, дар синни 97- солагӣ, дар шаҳри Истаравшан аз дунё гузашт.

Дар арафаи 60 - солагии Ғалаба дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд «Гулгашти қаҳрамонон» бунёд ёфт, ки дар ин гулгашт расмҳои дорандагони ҳар се дараҷаи орденҳои Шараф аз вилояти Суғд насб гардида, хотираи онҳо абадӣ гардонда шуд.

Ба истиқболи 90 - солагии зодрӯзи дорандаи ҳар се дараҷаи орденҳои Шараф Пӯлод Атоев дар саҳни МТМУ №27 - и шаҳри Хуҷанд, ки номи ӯро дорад, нимпайкараи қаҳрамон қомат афрошт.

Чоршанбе, 23 Феврал 2022 09:03

 

20.02.1978. Раёсати Шӯрои Олии СССР қарор баровард, ки Котиби генералии Ҳизби Коммунист, Раиси Раёсати Шӯрои Олии СССР, Раиси Шӯрои мудофиаи СССР, маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Л.И.Брежнев бо ордени олитарини ҳарбӣ - «Ғалаба» қадр шавад. Ордени «Ғалаба» аз ҷониби ҳукумати шӯравӣ с.1943 барои мукофотонидани сарлашкарони беҳтарини ҷанг роҳандозӣ шуд. Дар тӯли ҷанг танҳо 17 тан сарлашкарони беҳтарини шӯравӣ ва хориҷӣ бо ин орден қадр шуданд ва Брежнев ба зумраи сарлашкарони ҷанг шомил намешуд, яъне ба статуси ордени «Ғалаба» мувофиқат намекард.

21.02.1918. Шӯрои Комиссарони Халқи РСФСР бо декрети худ ба ВЧК ҳаққи бе суд баррасии як қисм корҳои ҷиноиро иҷозат дод. ВЧК ҳақ пайдо кард, ки бе мурофиаи судӣ ба маҳкумшудагон ҳукми қатл эълон кунад.

21.02.1920. Раёсати Шӯрои Олии Хоҷагии Халқ Комиссияи давлатиро оид ба электрикунонии Русия (ГОЭЛРО) созмон дод.

21.02.1935. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав, аввалин фестивали синамои (кинофестивал)-и байналмилалӣ доир шуд, ки дар он синамосозони тамоми дунё гирд омада буданд.

22.02.1921. Дар СССР бо Декрети ШКХ, дар назди Шӯрои Меҳнат ва Мудофиа (СТО), Комиссияи умумилоиҳавӣ (Госплан) таъсис дода шуд. Аз ин ба баъд  иқтисоди аввалин кишвари Шӯроҳоро комилан ин ниҳод муайян мекард. Январи с.1948 комиссия ба Кумитаи давлатии лоиҳавӣ дар назди Шӯрои Вазирони СССР тағйири ном кард, аммо моҳияташро аз даст надод.

23.02.1918. Дар СССР даъвати оммавии ихтиёриён ба Артиши Сурхи тозатаъсис оғоз гардид. Сабаби даъвати оммавӣ ҳуҷуми навбатии артиши олмонӣ ва фирори оммавии размандагон аз Артиши подшоҳии рус буд. 23 феврал солҳои тӯлонӣ дар СССР ҳамчун Рӯзи Артиши шӯравӣ ва Флоти ҳарбӣ-баҳрии он ҷашн гирифта мешуд. Баъди пошхӯрии СССР низ дар бархе аз ҷумҳуриҳои собиқ ин рӯз гиромӣ дошта мешавад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон 23 феврал чун Рӯзи нерӯҳои низомӣ ҷашн гирифта мешавад.

Чоршанбе, 23 Феврал 2022 09:01

Чоршанбе, 23 Феврал 2022 08:59

Чоршанбе, 23 Феврал 2022 08:56

саҳ 2 аз 10

Китобҳо

Flag Counter