ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 08 Июн 2022 09:04

 

Чоршанбе, 08 Июн 2022 08:38

Чоршанбе, 08 Июн 2022 08:29

 

6.06.1922. Дар СССР бо Декрети ШКХ Раёсати асосӣ оид ба кор бо адабиёт ва нашриётҳо созмон дода шуд. Ин раёсат, ки Главлит ном гирифт, тамоми фаъолияти нашриётиро дар аввалин кишвари Шӯроҳо зери назари худ қарор медод.

6.06.1922. Дар Маскав мурофиаи судии роҳбарони ҳизби эссерӣ оғоз шуд. Ин мурофиа аввалин парвандаи бузурги сиёсӣ дар СССР ба шумор мерафт ва дар он 34 роҳбари ҳизбӣ эссерӣ муҳокима карда шуданд.

6.06.1944. Ифтитоҳи фронти дуввум алайҳи Олмон дар Аврупо. Нерӯҳои англис ва амрикоӣ билохира баъди хоҳиши чандинкаратаи Сталин дар авохири ҷанг ба соҳили Фаронса дар Нормандия фуруд омаданд.

6.06.1957. Дар шаҳри Маскав мағозаи «Олами кӯдакон» ифтитоҳ ёфт. Баъди чанде мағозаҳо бо чунин ном дар тамоми шаҳрҳои бузурги СССР кушода шуданд ва яке аз беҳтарин мағозаҳои кӯдакон дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафтанд.

7.06.1917.Ҳизби эссерон дар Русия ба 2 қанот-эссерони чап ва эссерони рост тақсим шуд. Эссерони рост аз болшевикон тарафдорӣ накарданд ва аксариятро ташкил медоданд, аммо эссерони чап аз инқилоби болшевикӣ тарафдорӣ намуда, вориди ҳукумати болшевикӣ шуданд. Албатта баъди чанде роҳашон боз аз болшевикон ҷудо гардид.

7.06.1954. Дар Маскав Анҷумани XI уми Иттифоқҳои касабаи СССР ба кори худ шурӯ кард. Дар ин Анҷуман, Устави нави Иттифоқҳои касабаи СССР қабул карда шуд.

8.06.1918. Дар шаҳри Маскав зери роҳбарии Феликс Дзержинский аввалин Конфронси умумирусиягии Комиссияҳои фавқулодда (ЧК) ба кори худ шурӯъ кард.

8.06.1946. Дар пойтахти Дания, шаҳри Копенгаген ташкилоти байналмилалии журналистон (МОЖ) таъсис дода шуд.

8. 06.1958. Дастаи мунтахаби футболи СССР бори аввал дар чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ширкат варзид. Чемпионати 6-уми футбол дар Шветсия гузашт ва дар он 16 дастаи мунтахаб ширкат варзиданд. Мунтахаби СССР бозии аввалини худро бо дастаи мунтахаби Англия баргузор кард.

Чоршанбе, 08 Июн 2022 08:21

 

Ба муносибати 100 – солагии ташкилоти пионерӣ

 

Хазинаи боэътимод, Университети (хазинаи) кадрии беминнати давлат

 

Худидора

Бо барҳам хӯрдани давлати абарқудрати шуравӣ қариб сад дарсад ташкилоту муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ бо баҳонаи эъмори демократия ва таъсиси ҷумҳуриҳои алоҳида барҳам хӯрданд. Ҳоло он ки замони шуравӣ ташкилоту ниҳодҳои манфиатбахш зиёд буданд. Ва яке аз ниҳодҳои пураҳмият ташкилоти пионерӣ маҳсуб меёфт.

Хушбахтона пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон ниҳоди мазкур бо ранги дигар дар кишвар арзи вуҷуд кард. Аммо он ба пояи ташкилоти пионерии замони советӣ муваффақ нагаштааст. Ё агар хуб бошанд ҳам дастгоҳи таблиғотии кишвар дар таблиғи он ба таври шоиста заҳмат намекашанд. Аз рӯи ақл бояд ҳар он чийе ки манфиатовар ё ба қавли дигар натиҷаи некбахшанда рӯ намегардонанд…

Пионер (франсузӣ pionnier - оғозкунанда), аъзои ташкилоти умумииттифоқии пионерӣ ба номи В. И. Ленин ва як қатор ташкилотҳои демократии бачаҳо дар мамлакатҳои хориҷа.

Бори аввал гурӯҳи коммунистии бачаҳо, ки соли 1922 дар Москва ташкил ёфт, номи пионерро гирифт. Қабул ба сафи пионер ба таври ихтиёрӣ гузаронда мешавад. Талаботи ташкилоти пионерӣ ба пионер, барномаи фаъолияти он дар ваъдаи тантанавии ҳангоми қабул дар шиори

«Дар мубориза ба кори Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ тайёр бош!» ва ҷавоби «Доимо тайёр!» ифода шудааст.

Пионер рамзи револютсионии худ – байрақи сурх, байрақча, галстуки сурх, нишон, атрибутҳо – шайпур, нақора, форма (бо нишонҳои мухталиф); маросимҳо – салют, саф кашидан, линейка, баровардан ва барафроштани байрақ ва ғайра, бозиҳои анъанавии пионерӣ, идҳо ва ғайраро дорад.

 

Гурӯҳҳои синнусолӣ

Дар ташкилоти пионерӣ 3 гурӯҳи синну соли пионерӣ: 10 – 11 сола, 11 – 12 сола ва 13 – 15 сола ҳаст. Пионер дар қайди отряде меистад, ки дар синф ё ҷои истиқомат ташкил шудааст.

Чоршанбе, 08 Июн 2022 08:18

 

Чоршанбе, 08 Июн 2022 08:16

Чоршанбе, 08 Июн 2022 08:10

Чоршанбе, 08 Июн 2022 08:08

саҳ 8 аз 11

Китобҳо

Flag Counter