ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 28 Сентябр 2022 11:14

Чоршанбе, 28 Сентябр 2022 11:04

 

Оғоз

Моҳи апрели соли 2022 тавассути шабакаи 1-уми телевизиони Россия силсилафилми телевизионии «Начальник разведки» (Сардори разведка), дар хусуси хадамоти махсуси разведкаи советӣ дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ пахш гардид. Яке аз қаҳрамонони асосии филм Александр Коротков, разведкачии маъруфи советӣ, ки маълумоти басо гаронбаҳоро аз лонаи фашистон – Гестапо дастрас мекард, буд.

Пас аз тамошои ин филм ба рӯзгор, хидмати разведкачии матин Александр Коротков мароқ зоҳир намудем.

 

КӮДАКӢ ВА ҶАВОНӢ

Александр Михайлович Коротков 2.11.1909 дар шаҳри Москва таваллуд шудааст. Падараш Михаил Антонович корманди бонки Русӣ-Осиёӣ, дар Хитой кор мекарду писарашро дар умум надида буд. Михаил Антонович қабл аз таваллудшавии Саша оиларо тарк гуфта буд. Модараш Александр ва хоҳари ӯ Нинаро танҳо ба воя расонд. Модар писари калониаш Павелро барои тарбият ба хешовандони собиқ шавҳараш пудус кард.

Волидонаш бо пархоши зиёд аз ҳам ҷудо шуда буданд. Аз ин рӯ, модар аз писараш қавл гирифт, ки ҳеҷ гоҳ бо падараш во намехӯрад. Ӯ ба ваъда вафо кард. Ҳарчанд тақдир борҳо ба ӯ имконият дод то ба волидон вохӯрдаву  суҳбат орояд, аммо аз гапи модар нагашт.

Бародари калонӣ барои Александр намунаи бенуқсон  ҳисоб меёфт. Ҷавонмарди зебои қадбаланд ва таҳамтан футбол бозӣ мекард. Бо мурур дар ҳайати «Динамо»-и Москва чемпиони СССР шуд. Александр низ  дар ҳамин варзишгоҳ машқ мекард. Вай теннис ва футбол мебозид ва ин як навъ пуле шуд ӯро ба хизмати разведка. То омадан ба разведка Александр Коротков аллакай мактаби миёнаро  хатм кардаву чанде электромонтёр ҳам кор карда буд.

Чоршанбе, 28 Сентябр 2022 11:00


27.09.1940. Олмон, Итолиё ва Япония дар пойтахти Рейхи саввум-ш.Берлин зери эътилофе имзо гузоштанд, ки бо Паймон (пакт)-и сегона маъруф шуд.

27.09.1960. Дар СССР сохтмони манораи телевизионии Останкино оғоз шуд, ки баландтарин манораи телевизионӣ дар Аврупо ба шумор меравад.

27.09.1977.Чернобил, ки аввалин нерӯгоҳи барқи атомӣ дар РСС Украина буд, ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз кард. Он баъдан дучори садама шуд ва аз кор монд.

27.09.1990. Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ шомили Интерпол гардиданд.

27.09.1991. Дар Маскав Анҷумани XXII-и комсомоли ленинӣ (ВЛКСМ) ба кори худ сар кард. Дар ин Анҷуман масъалаи ягона «тақдири ВЛКСМ» мавриди баррасӣ қарор гирифт ва қарор дода шуд, ба фаъолияти ин ташкилот хотима дода шавад.

28.09.1925. Дар СССР дастурамал бобати Милитсияи коргарӣ-деҳқонӣ қабул шуд.

28.09.1939. Артиши Олмонӣ дар рафти ҷанги ҷаҳонии 2-ум пойтахи Полша-ш.Варшаваро тасарруф намуд. Худи ҳамин рӯз Олмон бо СССР миёни ҳам Созишномаи дӯстӣ ва сарҳадотро ба имзо расониданд.

28.09.1943.Суди шаҳри Токио ҷосуси шӯравӣ Рихард Зоргеро ба қатл маҳкум кард.

30.09.1928.Дар рӯзномаи «Правда» мақолаи Николай Бухарин «Қайдҳои иқтисодчӣ» ба чоп расид, ки сиёсати иқтисодии Сталинро зери суол мебурд.

1.09.1941.Дар Маскав вохӯрии намояндагони СССР, ИМА ва Англия ба вуқӯъ пайваст. Ин дидор 3 рӯз тӯл кашид ва дар натиҷа созишномаи кӯмаки иқтисодии ИМА ва Англия ба СССР ба имзо расид. Ин созишнома бо “Ленглиз” маъруф аст ва дар тӯли ҷанг амалӣ мешуд.

1.09.1988.Дастаи мунтахаби футболи СССР бори аввал чемпиони олимпӣ шуд. Дар бозии ниҳоӣ футболбозони шӯравӣ бар дастаи Бразилия бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардиданд.

Чоршанбе, 28 Сентябр 2022 10:57

Чоршанбе, 28 Сентябр 2022 10:54

Чоршанбе, 28 Сентябр 2022 10:51

Чоршанбе, 28 Сентябр 2022 10:47

Чоршанбе, 28 Сентябр 2022 10:42

саҳ 2 аз 10

Китобҳо

Flag Counter