ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июн 16 2021

 

Овони шӯравӣ баробари мардон бонувонро низ бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ қадр мекарданд. Онҳо аслан аз доираи кормандони корҳои саҳроӣ, хоҷагии кишвар буданд. Бонувони қаҳрамон намунаи ибрати ҷавонон ва мубалиғони Ҳукумати Шӯравӣ маҳсуб меёфтанд.
Ин дов аз чанд тан бонувони диловари арсаи меҳнат ёд мекунем. Энаҷон Бойматова, пахтакор (Конибодом), Суфро Боқиева, говдӯш (Исфара), Гавҳар Пиракова, механизатор (Восеъ).
* БОЙМАТОВА ЭНАҶОН (1923, деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом – 17.1.2011, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалисти (1960), Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1967). Аъзои КПСС аз соли 1945.
Солҳои 1935 – 1942 колхозчӣ, 1943 – 1956 сардори бригадаи пазтакорӣ ва аз соли 1957 раиси колхози «Москва» - и ноҳияи Конибодом буд. Э. Бойматова дар инкишофи пахтакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ саҳми арзанда дошт.
Аз соли 1954 аъзои КМ ПК Тоҷикистон ва депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 4 – 9). Бо 4 ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо (аз ҷумла 5 медали тиллою нуқраи НКХХ СССР) ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
* БОҚИЕВА СУФРО (15.12.1926, деҳаи Шаҳраки ноҳияи Исфара – 3.6.2009, ҳамон ҷо), говдӯш, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966). Устоди чорводории РСС Тоҷикистон (1967). Аъзои КПСС аз соли 1958.
Солҳои 1941 – 1954 колхозчӣ, 1954 – 1958 сардори бригадаи пиллапарварӣ ва 1958 - 1984 говдӯш, 1984 – 1990 сардори звенои фермаи чорводории колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Исфара буд. Соли 1966 аз ҳар сар модагов 3,5 ҳазор литр шир дӯшидааст.
С. Бойматова дар тараққии соҳаи чорводорӣ саҳми калон дорад. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 6 – 8), вакили Съезди 3 – юми умумииттифоқии колхозчиён буд.
Бо орденҳои Ленин, Револютсияи Октябр, медалҳо ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
* ПИРАКОВА ГАВҲАР (10.5.1942, деҳаи Буйдоқобод, ноҳияи Муъминобод), механизатор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1965). Механизатори хизматнишондодаи хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон (1965).
Солҳои 1959 – 1960 колхозчӣ, 1961 – 1963 муовини раис, 1963 – 1964 котиби ташкилоти комсомолӣ, 1964 – 1969 сардори бригадаи комплексии пахктакории колхози ба номи В. И. Ленини ноҳияи Восеъ. Солҳои 1969 – 1973 дар Мактаби олии ҳизбии Тошканд таҳсил кардааст. 
Солҳои 1973 – 1975 инструктори райкоми Восеъ, аз соли 1975 котиби ташкилоти ҳизбии, муовини раиси колхози ба номи С. М. Кирови ноҳияи Восеъ.
Г. Пиракова ташаббускори ғунучини мошинии пахта буда, дар соҳаи инкишофи пахтакорӣ саҳми босазо гузоштааст.
Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. 
***
* РАҲМОНОВА САЙЛӢ (6.1.1947, деҳаи Сасибулоқи ноҳияи Лахш - ), картошкапарвар, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1986). Аъзои КПСС аз соли 1969. 
Сарпионервожатийи мактаби миёнаи № 12 (1966) ва мудири яслӣ (1967 – 1971). Аз соли 1971 аввал сардори бригадаи картошкапарварии комсомолону ҷавонони совхози «Лахш» ва баъд совхози «Қизилсӯ» - и ноҳияи Ҷиргатол. Бригадаи ӯ солҳои 1980 – 1986 аз 120 га замин ба ҳисоби миёна 297 сентнерӣ ҳосили картошка рӯёнд.
Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 9 – 10) ва вакили Съезди 20 – уми ПК Тоҷикистон. Бо орденҳои Ленин, Револютсияи Октябр ва Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонда шудааст.

Умари Шерхон

адиб

 

Чоршанбе, Май 19 2021

Бахшида  ба 76 –умин солгарди Ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар  ҶБВ (1941-1945)

( Ҳикояи  воқеӣ-нимшӯхиву нимҷиддӣ)

Субҳи 22-юми июни соли 1941 Германияи фашистӣ бо сардории Адолф Гитлери хунхор бо  қувваҳои зиёди ҳарбӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷуми аҳдшиканона кард. Германияи  фашистӣ, ки қувваҳои ҳарбиаш  аз 5,5 млн  аскар,  3712 танк, 4950 ҳавопаймои ҷангӣ, 77260 тӯп  ва миномёт  ибрат  буд,  якбора масофаи  зиёда  аз 3000 км  сарҳади Иттиҳоди Шӯравиро  вайрон  намуда, зада  даромад. Ин саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ  буд  ва то моҳи майи  соли 1945 давом кард. Ин ҷанги хонумонсӯз зиёда  аз 20 млн  одамони  Иттиҳодияи Шӯравиро  кушт.  Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 пурдаҳшаттарин ҳодиса дар  таърихи  инсоният ба шумор меравад. Дар Ҷанги Дуюми ҷаҳон қариб 70  давлат  иштирок  карданд,  муҳорибаҳои  он  дар ҳудуди  40  давлат  идома  ёфт. 

Ниҳоят,  моҳи  майи  соли 1945  Германияи  фашистӣ шикаст  хурду  мардум  ба орзуҳои деринааш  расид ва овози нотакрори Левитан аз радио садо  дод: 

   «Диққат! Диққат! Москва  гап мезанад! Москва  гап мезанад! Германияи  фашистӣ ҷангро  бохт ва шармандавор  таслим шуд!!!»

Хабари ғалаба дар Доғистони Шӯрообод

Дар  яке  аз  деҳаҳои  дурдасти  ноҳияи  кӯҳистони Шӯрообод-Доғистон  низ чунин  радио  дар яке  аз  дарахтони назди  фермаи молию  ширии  колхози  ба  номи Сталин  васл  карда  шуда  буд.  Ҳамон  рӯз  яке аз коркунони  фермаи  Доғистон  амаки Саидҷалол, ки синну солаш  аз 50  гузашта  буд, корашро  ба  охир  расонда,  тарафи  хонааш равон шуд. 

Ногоҳ  аз  радио  садои  баланди овози Левитан садо дод: «Диққат! Диққат! Гражданинҳои  Иттиҳоди Шӯравӣ!  Имрӯз Армияи  Советӣ  дар шаҳри Берлин  охирин Германияи фашистиро  торумор намуда Берлинро  забт  намуд. Германияи  фашистӣ  ҷангро бохта,  шармандавор  таслим  шуд!...» 

Бо  шунидани  ин  суханҳо, амаки  Сайдҷалол  ба худ  омада фарёд зад: «Эй мардум СССР ғалаба  кард! СССР  ғалаба кард!» - гуён  ин  тарафу  он  тараф  медавид. Ба ногоҳ аз  наздаш зани  амаки Қудратулло  мегузарад. Ӯ  зани миёнаумр  буду  бо амаки Қудратулло чандин солҳо зиндагӣ  доштанд, вале  бефарзанд  буданд ва аз  хешу  таборашон  ҳам ҳеҷ  кас  дар Ҷанг  набуд. Амаки  Сайдҷалол  аз хурсандӣ  худро  гум  карда,  бо дидани  зани  амаки Қудратулло тарафаш  давида : «Э, янга, э, янга! Хабари  хуш, хабари хуш! СССР  ғалаба  кардай!»-  гуфта  аз хурсандӣ  зани  амаки  Қудратуллоро  бародарвор  ба  оғӯш  гирифту  раҳо кард.  Дар ҳамин вақт  амаки  Қудратулло  дар  гардиши  кӯча  истода омадани  занашро  интизор  буд. Ин ҳолатро  аз  дур  дида, «Ин  лаънатӣ  чаро  зани  маро  ба оғӯш  гирифт?!»- гуфта  рост  тарафи  амаки Сайдҷалол давид. 

   - Э , лаънатӣ! Ту  барои чӣ  зани  мара  оғуш  гирифтӣ? Ҳе  да даҳани падарат…! Занта …!

   - Э Қудратулло! Ту чӣ гуфтесай !? Охир, СССР ғалаба  кард! Ту чӣ дашном  дорӣ?

   - Э зани СССР – дорта…! СССР, ки  ғалаба  кард,  баъд  ту зани мара  оғӯш мекунӣ?!-  гуфта  аз гиребони  амаки Сайдҷалол  дошта  чанд  мушт  ба сару  рӯи  ӯ зад.

 Амаки Сайдҷалол  бошад, аввал худро ҳимоя  мекарду «Охӣ, СССР ғалаба  кардай!»- мегуфт. Амаки  Қудратулло  бошад  1001 дашноми  қоғазпеч  медоду  аз  ҳар тараф  мушт мепартофт. 

Амаки Сайдҷалол, ки  нисбат  ба  амаки  Қудратулло ботануманд буд, дид, ки ҳеҷ  гапро  намефаҳмад, аз  гиребони  амаки Қудратулло  дошта,  ӯро  ба  тарафи чап ҳаво дод: «Ма тура гуфтесам, ки СССР ғалаба  кардай! Ту намефаҳмӣ!?»- бо  ғазаб омада гуфт  амаки Сайдҷалол  ва худро канор гирифт.

Чоршанбе, Май 05 2021

ПОЗНЯК ВИКТОР ГЕНРИХОВИЧ

(26.4.1901 – 12.8.1983)

Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (6.4.1945).

Дар шаҳри Самарқанд, вилояти Самарқанди империяи Россия, ба дунё омадааст. Миллаташ литвонӣ. Соли 1917 гимназияро хатм намудааст. 

Дар Армияи Сурх аз марти соли 1919. Иштирокчии Ҷанги гражданӣ дар фронти Туркистон: сарбози сурхи қалъаи Самарқанд, старшинаи эскадрони полки 12 – уми савора дар бригадаи 3 – юми алоҳидаи савораи Туркистон ва дивизияи 3 – юми савораи Туркистон, командири взвод ва эскадрони полки 4 – уми савораи қирғизии дивизияи 2 – юми савораи Туркистон. Дар ҷабҳа то январи соли 1921.

Соли 1921 мактаби олии савораи Петроградро тамом кард. Аз сентябри 1921 то августи 1923 командири эскадрони 40 – ум ва 39 – уми полки савораи дивизияи 7 – уми савораи Самарск буд.

Соли 1926 Академияи ҳарбии РККА ба номи М. В. Фрунзеро хатм намуд. Аз июли 1926 сардори штаби полки 81 – уми савора дар бригадаҳои 7 – ум ва 8 – уми алоҳидаи савора. 

Аз соли 1928 сардори штаби полки алоҳидаи савораи Ӯзбекистон. Аз соли 1929 командири баталёни алоҳидаи савораи кӯҳӣ дар Тоҷикистон. Солҳои 1927 – 1931 дар ҳудуди РСС Тоҷикистон бар зидди босмачиён мубориза бурдааст. Соли 1931, ҳангоми торумори дастаи босмачиёни Иброҳимбек, Виктор Позняк баталёни алоҳидаи тоҷикии тирандозони кӯҳиро фармондеҳӣ мекард.

Аз соли 1931 сардори шуъбаи штаби округи ҳарбии Осиёи Миёна. Аз соли 1934 ёрдамчии сардори шуъба дар раёсати 1 – уми Штаби РККА. Аз январи 1935 командири полки 1 – уми тирандози Қазон, дивизияи 1 – уми тирандози Казони округи ҳарбии Приволжск. Аз феврали 1936 сардори штаби дивизияи 30 – юми савораи округи ҳарбии Ленинград. Аз сентябри 1937 муаллими калони тактикии курсҳои Байрақисурхдори такмили ҳайати фармондеҳии РККА.

Моҳи июли 1938 аз тарафи НКВД ба ҳабс гирифта шуда, дар тафтишот қарор дошт. Баъди ёздаҳ моҳ, майи соли 1939, озод гашта, муаллими тактикии Академияи ҳарбии РККА ба номи М. В. Фрунзе таъйин гардид. Аз апрели 1941 роҳбари калони тактикӣ – муовини сардори академияи мазкур.

Дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз моҳи ноябри 1941. Ба сифати командири бригадаи 39 – уми тирандоз, 27 – ум ва армияҳои 4 – уми ҳамлаовари фронти Шимолу Ғарбӣ дар мудофиаи Москва ва дар амалиёти ҷавобии Торопетск - Холмск иштирок намуд. Аз феврали 1942 командири дивизияи 360 – уми тирандози армияи 4 – уми ҳамлавари фронти Калинин буд.

Позняк дар рафти амалиёти ҳуҷумии Великолукск (1942 – 1943) корнамоӣ нишон дод. Ҳангоме ки фармондеҳии немисӣ бо мақсади аз муҳосира халос кардани группировакаи худ зарбаи ҷавобӣ зад, дивизияи 360 – уми тирандози полковник В. Г. Познякро ба қитъаи хавфнок гузаронданд. Моҳи декабри 1942 баъди марши (гашти) дурудароз дар барфҳои чуқур, дивизия ниҳоят ба ҳудуди (хати) муқарраргаштаи мудофиа баромада, ба ҷанг даромад. Қариб як моҳ қисмҳои дивизия ҷон дар рамақ ҳудуди мудофиаро нигоҳ дошта ҳуҷумҳои паёпайи се дивизияи фашистон, аз ҷумла як ҳуҷуми танкии душманро зада гардонданд.

Чоршанбе, Апр 28 2021

Моҳи апрел 2 чеҳраи таърихии бисёр муҳим-Владимир Ленин ва Адолф Гитлер таваллуд шудаанд. Ин 2 нафар бо шеваи тафаккур ва хусусиёти амалкардашон, маҳсули замони хеш буданд, аммо ҳар кадом дар тақдири миллати худ ва миллатҳои дигар сахт таъсир гузоштаанд. 

Поярези марксизм дар Россия

Владимир Улянов-Ленин яке аз поярезони марксизм-ленинизм дар Россия ба шумор меравад. Ленин аввалин ҳизби коммунистиро дар ин кишвар роҳандозӣ карда, орзуи Марксу Энгелсро ҷомаи амал пӯшонд.                                                                                 

Қатли бародар

Ленин 22 апрели соли 1922 дар шаҳри Симбирски Россия, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Падараш бозраси мактабҳои халқӣ ва модараш низ зани таҳсилкарда ба шумор мерафт. Владимир солҳои 1879-1887 дар гимназияи Симбирск таҳсил намуда, онро бо медали тилло хатм кард.                                                                                                 

Лаҳзаи тақдирсоз дар зиндагии Ленин соли 1887 гардид. Дар ин сол ҳукумати вақт, бародари бузурги Ленин Александрро барои ширкат дар қатли император Александри III-юм ба қатл маҳкум кард. Марги бародар таъсире сахте дар Владимири ҷавон гузошт ва роҳи ояндаи ӯро муайян кард. 

Соли 1887 Ленин ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Қазон дохил шуд, аммо бо сабаби ширкат дар тазоҳуроти донишҷӯён, баъди 1 сол аз Донишгоҳ хориҷ гардид. Аммо Володяи ҷавон рӯҳафтода нашуда, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи Санкт-Петербург супорида, соли 1891 ба таври экстернӣ факултаи ҳуқуқшиносии онро хатм мекунад. Соли 1895 бо иштироки бевоситаи Ленин дар Петербург "Иттиҳоди мубориза барои озодии синфи коргар" созмон дода шуд, ки аввалин ташкилоти марксистӣ дар Россия ба шумор мерафт. Барои ин кораш Ленинро ба ҳабс гирифта, ба муҳлати 3 сол ба деҳаи Шушинскоеи Сибир бадарға карданд. Дар ин бадарға Ленин бо Надежда Крупская ошно шуда, Крупская то охири ҳаёти доҳӣ ёвар ва ҳаммаслакаш гардид.                                                                                                                                                                                                                            

Тахаллуси тасодуфӣ

Соли 1900 Владимир Ленин Россияро тарк карда, ба Аврупо рафт. Ӯ дар Олмон, Англия ва Шветсария зиндагӣ карда, дар он ҷо бо Г.Плеханов ошно мешавад. Плеханов ҳам яке аз шахсиятҳои инқилобии рус ба шумор рафта, нақши зиёде дар ҳаёти Ленин бозидааст. Маҳз бо кӯмаки Плеханов Ленин аввалин нашрияи умумируссиягии марксистӣ "Искра"-ро нашр кард.                                                 

Пайдоиши тахаллуси Ленинро низ ба ҳиҷрати аввалини ӯ рабт медиҳанд. Бори аввал ин тахаллус соли 1901 садо дод, вале то ба ҳол пайдоиши ин тахаллус номаълум боқӣ мондааст. Баъдан аз зани Ленин борҳо бобати ин тахаллус пурсида буданд, аммо Надежна Константиновна ҳамеша посух медод, ки сабаби аслиашро намедонад. Ба андешаи ӯ шавҳараш тасодуфан тахаллуси Ленинро интихоб намудааст.

Номзад ба ҷоизаи Нобелӣ

Соли 1903 дар Анҷумани II сотсиал-демократҳои рус Ҳизби состиалистон ба 2 шоха-меншевикон ва болшевикон тақсимбандӣ гардиду Ленин роҳбарии болшевиконро ба ӯҳда гирифт. Ҳангоми инқилоби аввали рус дар соли 1905, роҳбари болшевикон дар Шветсария қарор дошта, моҳи ноябри ҳамон сол  пинҳонӣ ба Россия баргашт.

Чоршанбе, Апр 21 2021

 

Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии зебоманзари Ҳисор ҷойгир гардида, таърихи чандинасра дорад. Аввалин зикри катбии комилан тасдиқ шуда бобати Душанбе ба  асри XVII таалуқ дошта, дар китоби олими балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ “Баҳр-ул-хавофӣ фи маноқибил айёр” оварда шудааст. Инчунин соли 1676 хони Балх бо номи Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи рус Федор Михайлович мактубе навишта, дар он Душанберо ҷузъи қаламрави худ унвон мекунад. Аммо бозёфтҳои бостоншиносон дар ҳудуди шаҳри имрӯзаи Душанбе собит карданд, ки таърихи ин мавзеъ ба қарнҳои IV-V-и милодӣ мерасад. 

Водии Ҳисор аз замони Кушониён то истилои муғул дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи “Шумон” ёд шуда, Душанбе ҷузъи ин минтақа ба шумор мерафт. Аз асри XIV ба баъд “Шумон” ба Ҳисор тағйири ном карду онро водии Ҳисори Шодмон меномидагӣ шуданд. Душанбе аз охири асри XIV шомили бекигарии Ҳисор мегардад. Мутаасифона бо сабаби ҷангҳои дохилӣ Душанбе дар асри XIX 2 маротиба хароб карда шуд. Бори аввал дар соли 1840 аз тарафи беки дарвоз Исмоилхон ва бори дуввум аз ҷониби ҳокими Балҷувону Кӯлоб Мизробшо. Бо ҳамин Душанбе шукӯҳи қаблиашро аз даст дод, аммо чун маркази муҳими интиқолӣ боқӣ монд. 

 Пойтахти мо-Дюшанбе!

Қабл аз омадани русҳо дар ҳудуди Душанбеи имрӯза чанд минтақаи маскунӣ вуҷуд дошт. Дар соҳили чапи дарёи Душанбе деҳаҳои Шоҳмансур, Сари Осиё, Ғофилобод, Миршикор, Хуҷамбиёи боло ва Хуҷамбиёи поин, Қарамишкор, Чармгарон ва Заргар вуҷуд доштанд. Деҳаи Душанбе миёни онҳо аз ҳама бузург буда, 500 хоҷагӣ дошта, аҳолии он аз 6 то 8 000 нафарро ташкил медод. 

Душанбе бори аввал дар соли 1907 пойтахти ғайрирасмии бекигарии Ҳисор гардид. Дар он сол, дар Қаратоғ заминларзаи сахт ба вуқӯъ пайваста, беки Ҳисор барои таъмини амнияташ бо аҳлу аёлаш ба Душанбе кӯчид. Моҳи феврали соли 1920 бошад Душанбе барои чанд моҳ пойтахти аморати Бухоро гашта, амир Олимхон бо дарбори фирориаш онҷо маскан гузошта буданд. 

Соли 1921 нерӯҳои Артиши Сурх амирро аз Душанбе меронанд ва ин деҳаи хурд ба яке аз марказҳои ҷанги гражданӣ дар Бухорои Шарқӣ табдил меёбад. Моҳи феврали соли 1922 қурбошиҳои Бухорои Шарқӣ Душанберо ишғол карданд ва он 2 бора ба пойтахти Қурбошиобод мубаддал гардид. Аммо 14 июли соли 1922 Артиши Сурх бори дигар Душанберо ишғол намуд ва қурбошиҳо фирор карданд. 

1 сентябри соли 1922 ба ин деҳаи водии Ҳисори Шодмон Комиссия Фавқулоддаи Диктаторӣ ташриф оварда, Душанберо ба ҳайси маркази маъмурии худ интихоб намуд. Аъзоёни русзабони ин Комиссия, Душанберо-Дюшанбе талаффуз мекарданду ҳамингуна менавиштанд. Бо ин тартиб, Душанбе аз соли 1924 то соли 1929 расман Дюшанбе номида мешуд. Аммо мардуми маҳаллӣ онро ҳамонгуна Душанбе меномиданд.

 Аз Дюшанбе то Сталинобод

Нақши Душанбе баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон боз ҳам баландтар гардид. 5 феврали соли 1925 аввалин ҳокимияти расмии кишвари навтаъсис-Кумитаи инқилобии ҶМШТ вориди Душанбе шуд. Душанбеи он шабу рӯз вазъи бисёр ногувор дошт.

Чоршанбе, Апр 14 2021

“Сайёраи мо зебост, бениҳоят зебо! Агар ҳама одамон Замини моро аз кайҳон медиданд, ба назари ман мо ҳеҷ гоҳ ҷанге намедоштем” 

Солеҳҷон Шарипов, кайҳонаварди тоҷик

 “Ҳафтгонаи Меркурий”

Фатҳи кайҳон барои инсоният қадами ҷадиде дар тасхири табиат гардид ва баъди баромадан ба фазо, инсон аз нигоҳи илмӣ низ ба рушди бесобиқа расид. Имрӯз қариб тамоми дастовардҳои илмии бани башар, аз алоқаи мобилӣ гирифта, то интернет ба кайҳон бастагӣ доранд. Солҳои тӯлонӣ тасхири кайҳон ба масъалаи доғи сиёсӣ низ табдил гардида, асоситарин майдони рақобат миёни абарқудратҳои вақт, хусусан СССР ва ИМА ба шумор мерафт. Дар авохири солҳои 50-ум ҳарду абарқудрат ба фиристодани одам ба кайҳон омодагӣ мегирифтанд. Дар ИМА ин корро хеле ҷиддӣ гирифта, 1 октябри соли 1958 агентии NASA-ро таъсис доданд. Аввалин барномаи агентӣ "Меркурий" ном гирифта, ҳадафи асосии он парвози одам ба кайҳон буд. Амрикоиҳо барои парвози кайҳонӣ аз миёни садҳо ҳавонавард-озмоишгар танҳо 7 нафарро интихоб карданд. Ин 7 нафар кайҳонаварди оянда дар ИМА "Ҳафтгонаи Меркурий" ном гирифта, дарҳол дар сар то сари ИМА машҳур шуданд. Дар СССР бошад, кайҳонавардони ояндаро аз миёни сарнишинони қиркунандаҳо интихоб карданд. Ин қарори Сергей Королев буд, зеро ин олими шӯравӣ ақида дошт, ки ҳавонавардони тайёраҳои қиркунанда аз маҳорат ва таҷрибаи бештар бархурдоранд.

Аз “Восток” то “Восходу” “Союз”

Дар муваффақияти парвози кайҳонӣ нақши худи киштӣ бениҳоят муҳим аст. Аввалин киштии кайҳонии СССР “Восток” номгузорӣ гардида, зери роҳбарии Сергей Королев тарроҳӣ шуда буд. Ин киштӣ танҳо 1 сарнишин дошт. 

3 апрели соли 1961 дар СССР Раёсати КМ қарори парвози инсонро ба кайҳон имзо намуд ва 8 апрел нишасти Кумитаи Давлатӣ, ки ба ин мавзӯъ бахшида шуда буд, баргузор гардид. Дар нишаст барои партоби киштии кайҳонии "Восток" иҷоза дода шуд ва супоришҳои кайҳонаварди оянда муаян гардиданд. Королев Юрий Гагаринро интихоб кард. Гагарин мебоист дар баландии 180-230 км дар муддати 1,5 соат гирди Замин давр зада, имкони истиқомати инсонро дохили киштии махсус дар фазои кайҳонӣ муаян мекард. 

Билохира, лейтенант Юрий Гагарин дар киштии кайҳонии "Восток-1" 12 апрели соли 1961, соати 09:07 дақиқа аз Байконури Қазоқистон ба фазои кайҳонӣ баромад ва 1 соату 48 дақиқа гирди Замин парвоз кард. Парвози 2-юми “Восток” 6 августи соли 1961 ба вуқӯъ пайваст. Дуввумин шуда Герман Титов бо киштии “Восток-2” ба фазо баромад ва 1 шабонарӯзу 18 дақиқа дар фазои кайҳонӣ парвоз кард. Баъд аз ӯ, Андриан Николаев, 11.08.1962 дар “Восток-3”, Павел Попов, 12.08.1962 дар “Восток-4” ва Валерий Биковский 14.06.1963 дар “Восток-5” ба фазои кайҳонӣ баромаданд. Давраи “Восток”-ҳоро “Восток-6” бо сарнишинии Валентина Терешкова хатм мекунад. 

Терешкова, аввалин зан кайҳонавард дар ҷаҳон гардид ва 16.06.1963 ба фазои кайҳонӣ баромад. Парвози Терешкова 2 шабонарӯзу 22 соату 50 дақиқа идома дошт. Соли 1964 киштии кайҳонии “Восход” сохта шуд. “Восход-1” киштии кайҳонии чандсарнишин буда, бори аввал бо 3 кайҳонавард, Владимир Комаров (фармондеҳи киштӣ), Константин Феоктистов (кайҳонавард-таҳқиқотчӣ) ва Борис Егоров (табиб) ба фазо баромад. Парвози “Восход-1” як шабонарӯзу 17 дақиқа идома ёфт. “Восход-2” 18 марти соли 1964 бо сарнишинии кайҳонавардон Павел Беляев ва Алексей Леонов парвоз кард. 

саҳ 3 аз 47

Китобҳо

Flag Counter