ХАБАРИ ДОҒ
Шанбе, Март 18 2023

Дар аввали асри ХХ, дар оғози ҳаракатҳои револютсионӣ дар Россия, Инқилоби Октябр ва таъсиси Ҳукумати Советӣ 2 тан аз занон дар сархати расонаҳои советӣ ва хориҷӣ бештару бештар зикр мегарданд.

 

Бонуи якум, албатта Надежда Константиновна Крупская, ҳамсаф ва завҷаи доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Илич Ленин (22.4.1870, Симбирск – 21.1.1924, ш. Горки, Москва), бузургтарин мутафаккир ва револютсионери пролетарӣ, давомдиҳандаи кори К. Маркс ва Ф. Энгелс, ташкилотчии Партияи коммунистии Иттифоқи Советӣ, Асосгузори Давлати Советии сотсиалистӣ, муаллим ва доҳии меҳнаткашони тамоми ҷаҳон буд.

Бонуи дувум, Коллонтай Александра Михайловна, ходими ҳаракати револютсионӣ ва байналхалқӣ, дипломати Советӣ. Аввалин дар ҷаҳон занест, ки сафир шудааст. Ҳамсари Павел Ефимович Дибенко (28.2.1889, губернияи Чернигов -29.7.1938), ходими ҳарбию давлатӣ.

Александра Михайловна Коллонтайро ҳарчанд бонуи дувум унвон диҳем ҳам, ӯ низ дар мақоми худ авлавият дорад. Чуноне зикр рафт мавсуф дар ҷаҳон нахустин сафирзан ёд мешавад.

Ин дов аз ин ду бонуи инқилобгар мегӯем.

 

Крупская (Улянова) Надежда Константиновна

(26.2.1869, Петербург – 27.2.1939, Москва), иштирокчии ҳаракати револютсионӣ, ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, яке аз ташкилотчиёни системаи маорифи халқи советӣ, доктори илмҳои педагогӣ (1936), аъзои фахрии АИ СССР (1931).

Аъзои ПК аз соли 1898. Аз оилаи офитсер.

Ҳини хонданаш дар курсҳои олии занонаи Петербург соли 1890 ба кружоки марксистии студентон дохил гардид. Солҳои 1891-1896 муаллимаи мактаб, соли 1894 бо В.И. Ленин вохӯрд. Соли 1895 дар ташкил ва кори «Иттифоқи мубориза барои озод кардани синфи коргар»-и Петербург иштирок намуд.

Соли 1896 ҳабс шуд, 1898 ӯро ба муддати 3 сол ба Уфа бадарға карданӣ шуданд, вале Крупская хоҳиш кард, ки ӯро на ба Уфа, балки ба деҳаи Шушенское, губернияи Енисей бадарға кунанд, зеро В.И. Ленин ҳам дар ҳамон ҷо, дар бадарға буд. Дар ҳамон ҷо Крупская ҳамсари В.И. Ленин гардид.

Панҷшанбе, Март 09 2023

 

Моҳи январи соли 1943, 80 сол қабл дар шаҳри Краснодон фашистон аъзои ташкилоти пинҳонкори комсомолии «Гвардияи ҷавон» - ро бо азобу шиканҷаҳои зиёде ба қатл расонданд.

Дар давраи советӣ қаҳрамонии пионерон, наврасон, комсомолон, ҷавонон басо шоиста таблиғ мешуд. Фидокориву ҷоннисории онҳо дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 дар филмҳои бадеӣ, китобҳо, плакатҳои таблиғотӣ, дар мактабу ҳунаристонҳо, корхонаву муассисаҳо, гӯшаҳои синфӣ ва ҳоказо сабт мегаштанд.

Ба мисол, қаҳрамонии комсомолони пинҳонкори Краснодон Олег Кошевой, Уляна Громова, Иван Земнухов, Сергей Тюленин, Любов Шветсова ва дигар аъзои «Гвардияи ҷавон» - ро аз хурд то бузург хуб медонистанд, чун ин корнамоиро ҳукумати вақт филм кардаву онро тавассути телевизиони марказӣ ва дар кинотеатрҳои мамлакат пайваста намоиш медоданд.

Бо он сабаб, ки аз ин корнамоӣ ва марги диловарони «Гвардияи ҷавон» 80 сол сипарӣ гашт, ба ёд овардани матонати ҷавонони пинҳонкорро намунаи ибрати ватандӯстӣ медонем.

 

САЙРИ ҚОМУСҲО

Чун одат, сарфи назар аз расонаҳои электронӣ маъмулан мавзуи таҳти назарро аз қомусҳои тоҷикӣ ҷустем. Аз «Энсиклопедияи советии тоҷик» интизориҳо доштем ва хато ҳам накардем. Дар ҷилди 2 – и Қомуси советӣ (Душанбе, 1980) дар бораи «Гвардияи ҷавон» 41 сатр маълумот бо 5 акси диловарон – қаҳрамонони сатҳи аввали ташкилоти мазкур: О. В. Кошевой, У. М. Громова, К. А. Земнухов, С. Г. Тюленин ва Н. Г. Шветсова дарёфт шуд, ки аз он хушнуд шудем.

Ба гуфте, бо ин баҳона ба «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик», саҳ.253, ҷилди 4, ш.Душанбе, 2015 назар афкандем, аммо дар ҳарфи «Г» ба мавзуи «Гвардияи ҷавон» рӯ ба рӯ назадем. Мумкин аз рӯи талаботи нав ин мавзуъ сарфи назар шуда бошад. Аммо ба андешаи инҷониб ҷо кардани ҳамон 41 сатр маълумот зараре ба бор намеовард, зеро мавзуи болозикр – матонату қаҳрамонӣ, ватандӯстиро дар худ таҷассум мекард. Ҳамчунон, Тоҷикистони азиз дар асри XX узви комилҳуқуқи давлати СССР маҳсуб меёфт. Зикри қаҳрамонии ҷавонон дар корзори Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи ибрат аст.

Баъдан, ҳич наметавон, ки 67 соли таърихи миллатро дар садаи XX (1924 – 1991) бо Иттиҳоди Шуравӣ сарфи назар кард. Ин таърихи мост ва аз дастоварду манфиат, хубиҳош, диловарию қаҳрамонии ҷавонмардони он овон гуфтанро зарур ва ҳатмӣ медонем.

Чоршанбе, Март 01 2023

 

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 30 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдор буданд, таъсис ёфтааст.

 

Баъди соҳибистиқлолӣ нахустин кӯшиш дар ташкили артиш фармони Президенти Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» буд. Аммо ин кӯшиш барҳадар рафт.

Танҳо баъди сессияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди Артиши миллӣ даст дод. 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

 

Паради ҳарбии нахустин

23 феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори якум Паради ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон эълон гардид.

Ба ҳама маълум аст, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар заминаи холӣ, аз сифр оғоз шуда буд. Дар давраи тезу тунди вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ.

 

Марҳилаи якум

Ба қавли коршиносон бунёди Артиши Тоҷикистонро ба се марҳила қисм кард. Дар марҳилаи 1-ум ҳадафи асосии таъсиси армия, ташаккули неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи музаффарияти истиқлолият қодир бошад, озодии шаҳрвандон ва мухторияту амнияти кишварро таъмин созад. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои муташаккилу зудамал созмон дода шуд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо неруҳои зиддиҳукуматӣ ва ҳифзи сохти конститутсионӣ буд.

 

Марҳилаи дуюм

Соли 1994 ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ қариб тамоми қаламрави кишварро таҳти назорат қарор доданд. Солҳои 1994-1996 марҳилаи 2-юми ташаккули сифатан нави Артиши миллии Тоҷикистон ибтидо гирифт. Ба омода сохтани афсарони касбӣ дар Коллеҷи ҳарбӣ (ҳозира Донишкадаи ҳарбии Тоҷикистон) ва муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия ибтидо гузошта шуд. Низомномаву оинномаҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҳия шуданд.

Чоршанбе, Фев 22 2023

 

Ҳама дам одамон дар нишастҳои гуногун аз боби сарвату боигарӣ, тангаву тиллои ҳамсоя, раису кабир, фалониву бисмадонӣ худро сурху сафед мекунанд. Пештоз мегӯем, ки то ҳаст одаме, то ҳаст оламе ин баҳсҳо идома хоҳанд ёфт. Чунин гапу гузор дар сарак, русто, шаҳр, вилоят, кишвар ақсои оламро гирифта…

Чунин сару садоҳо дар асри ХХ ва имрӯз ҳам нисбат ба 2 тан пешвоёни ҳизби коммунисти Иттифоқи Советӣ, роҳбарони СССР Владимир Илич Ленин (Улянов) ва Иосиф Виссарионович Сталин мегӯянду менависанд.

Қуллаи баланди овозаю дарвозаҳо нисбат ба афрози болозикр ба ду давра: солҳои 20-30 ва 80-90-уми асри ХХ рост меояд, ки аслан рӯғанрезони ин амалҳо душманони синфии пролетариати дохилӣ ва хориҷианд. Инак бо гузашти 105 сол аз дороиҳои доҳии пролетариати ҷаҳон В.И. Ленин мегӯянду ҳадс мезананд, аммо ҳиҷ не ки ягон далели муътамад биёранд.

Ленин (Улянов)

(22.04.1870, Симбирск – 21.1.1924, ш. Горки, вилояти Москва)

Мутафаккири бузург, револютсионери пролетарӣ, асосгузори Давлати Советии Сотсиалистӣ, доҳии меҳнаткашони тамоми ҷаҳон.

Ленин дар оилаи инспектори омӯзишгоҳҳои халқӣ таваллуд шудааст. Гимназияро хатм карда (1887), ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети Қазон дохил гардид, аммо барои иштирок дар ҷамъомади револютсионии студентон (декабри 1887) аз университет хориҷ ва ба деҳаи Кокушкинаи губернияи Қазон бадарға шуд. Октябри соли 1888 ба Қазон баргашта, ба кружоки марксистӣ дохил мешавад.

Соли 1889 оилаи Уляновҳо ба Самара кӯчид. Ленин соли 1891 ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети Петербург имтиҳонҳои таъҷилӣ супурда, ба Самара омад ва ёрдамчии адвокат шуд. Дар Самара кружокҳои марксистонро ташкил намуда, ғояҳои коммунизми илмиро тарғиб кард…

Соли 1893 ба Петербург омада, ба «Иттифоқи мубориза барои озод кардани синфи коргар» асос гузошт» (1895). Декабри соли 1895 ҳабс ва феврали 1898 ба муддати 3 сол ба деҳаи Шушенское бадарға карда шуд.

Соли 1900 Ленин ба хориҷа рафта, нашри газетаи «Искра»-ро ба роҳ монд. Соли 1903 Съезди 2-юми РСДРП доир шуд, ки дар он бо роҳбарии Ленин партияи марксистии револютсионии Россия созмон дода шуд.

Чоршанбе, Фев 15 2023

 

Муҳосира

 Дар шароити Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ муҳосира аксар омехта буд. Муҳосира мувофиқи вазифаҳо ва миқёси амалиёт стратегӣ ё тактикӣ мешавад. Муҳосира аз хушкиро қӯшунҳои хушкигард бо авиатсия ва қӯшунҳои зидди ҳуҷуми ҳавоӣ (ПВО) якҷоя ба ҷо меоварданд. Ба мисли муҳосираи қӯшунҳои Германияи фашистӣ аз тарафи қӯшунҳои советӣ дар назди Сталинград (солҳои 1942- 1943), дар Будапешт (соли 1944), дар Вена ва Бреслау (соли 1945).

Мисоли муҳосираи омехта (аз хушкӣ, ҳаво ва баҳр) аз тарафи қӯшунҳои фашистии немис муҳосира шудани Ленинград (солҳои 1941- 1943) буд, ки душман ба мақсад нарасид. Бо вуҷуди душвориҳои зиёд қӯшунҳои советӣ ба муҳосира тоб оварда, баъдтар онро рахна карда, ба душман зарбаи ҳалокатовар заданд.

Муҳосираи Ленинград

 Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ленинградиҳо намунаи мардонагӣ ва қаҳрамонӣ нишон доданд. Фашистони истилогар ба даст даровардани Ленинградро яке аз вазифаҳои якуминдараҷаи худ қарор дода буданд. Онҳо шаҳрро ба ҳалқаи муҳосира гирифта, онро ба хок яксон карда, аҳолиашро саросар қир карданӣ буданд.

Дар давраи муҳосира фашистон ба шаҳр 250 ҳазор бомбаи оташзананда, фугасӣ, снарядҳои артиллерӣ партофтанд. Аз се як қисми биноҳои истиқоматӣ, 4000 корхонаи саноатӣ, 400 мактаб, 600 касалхона, муассисаҳои маданӣ - маърифатӣ ва ёдгориҳои меъморӣ нобуд карда шуданд. Дар натиҷаи муҳосираи Ленинград танҳо аз гуруснагӣ 641 803 нафар аҳолии шаҳр ҳалок шуд.

Корнамоии қаҳрамононаи Ленинград дар муҳосираи 900 - рӯзаи фашистӣ дар лавҳи хотири наслҳо абадӣ нақш бастааст. На бомбаборонкунии ваҳшиёна, на азияти гуруснагӣ ва на сармо ирода, эътиқод ва боварии ленинградиҳоро ба ғалаба шикаста натавонист.

Дар он рӯзҳои тоқатфарсо тамоми мамлакат ба аҳолии матиниродаи шаҳр ёрӣ мерасонд. КМ ВКП (б), Комитети давлатии мудофиа, Ҳукумати Советӣ ба шаҳри муҳосирашуда ҳарҷониба мадад мерасонданд.

 «Роҳи ҳаёт»

 22 ноябр ба воситаи кӯли Ладога ба Ленинград роҳ кушода шуд, ки он дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 бо номи «Роҳи ҳаёт» машҳур аст».

Чоршанбе, Фев 08 2023

 

 Талафот

 12 январи соли 2023 дар пойтахти собиқ давлати абарқудрати советӣ, шаҳри Москва, яке аз шахсиятҳои маъруфи СССР, собиқ Котиби якуми ПК Ӯзбекистон Рафиқ Нишонов дар синни 97 солагӣ (4 рӯз пеш аз рӯзи мавлудаш) ба дори дунё пайваст.

Қисми зиёди нафарони 35- 40 сола киву чӣ кора будани ин шахсияти таърихиро дар гӯшаи хотир надоранд. Ин бесабаб нест. Нахуст давлати советӣ побарҷо нест ва ҳам ҳизби коммунист низ аз шуҳрату шон монда.

 Бародари калонӣ

 Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон даврони Шӯравӣ яке аз кишварҳои пурқудрати Осиёи Миёна маҳсуб меёфт. Кишвари ҳамсоя, ба қавли онрӯзиён барои Тоҷикистон чун бародари калонӣ эътироф гардида буд. Ҳама кору бор, сиёсат, фарҳанг, иқтисодиёт, саноат ва ҳоказоро котибони якуми ПК-и Тоҷикистон бо ҳамтоёни хеш - Ӯзбекистон ҳаллу фасл мекарданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон соли 1924 дар ССР Ӯзбекистон ташкил шудаву расман соли 1929 чун ҷумҳурии мустақил шинохта шуд. Чун ҳамаи 15 ҷумҳурӣ дар ҳайати як давлат - СССР муттаҳид буданд, биноан кулли корҳо бо маслиҳат матраҳ мегардид.

Котибони якум

 Аз он овон инҷониб котиби якуми ПК Ӯзбекистонро ёд дорам: Усмон Юсуф, Шароф Рашидов, Рафиқ Нишонов ва Ислом Каримов. Сеи охир нисбатан ошно ва ба соли ҳукмронӣ наздиктар буданд…

Ин дов аз Рафиқ Нишонов хоҳем гуфт. Ӯ 15 январи соли 1926 дар деҳаи Ғазалкент, ноҳияи Бӯстонлиқи РАСС Қазоқистон (РСФСР, Ӯзбекистон), дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст.

Ходими давлатӣ ва сиёсии советӣ ва ӯзбек, дипломат, аъзои КПСС аз соли 1949. Бобои Рафиқ Нишонов аслан аз Шаҳрисабз мебошад.

Институти давлатии (шабонаи) педагогии шаҳри Тошкент ба номи В.Г. Белинскийро хатм кардааст (соли 1956). Аз рӯи ихтисос «Муаллими таърих», номзади илми таърих (соли 1969) мебошад.

  Қадамҳои нахустин

 Рафиқ Нишонов фаъолияти меҳнатиашро дар 16 солагӣ (соли 1942) ҳамчун колхозчии колхози «Чирчиқ»-и ноҳияи Бӯстонлиқ оғоз намудааст.

саҳ 3 аз 60

Китобҳо

Flag Counter