Номзади ягона
15.03.1990 Анҷумани III-и ғайринавбатии вакилони мардумии СССР бо дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни СССР мансаби президентиро дар СССР роҳандозӣ кард. 14.03.1990 Пленуми КМ ҲКИШ доир шуд. Пленум Михаил Сергеевич Горбачевро ба ҳайси номзад ба мансаби президенти СССР пешбарӣ кард. 1 қатор вакилони Анҷуман номзадии сарвазир Николай Рижков ва вазири корҳои дохила Вадим Бакатинро барои президентӣ пешниҳод намуданд, аммо ин 2 аз президентӣ даст кашида, Горбачев номзади ягона боқӣ монд. Овоздиҳӣ соати 17:45 оғоз шуд ва пинҳонӣ мегузашт. Натоиҷи овоздиҳиро субҳи 15 март эълон карданд. Аз 2245 вакил дар Анҷуман 2000 кас иштирок доштанд. Барои ӯ 1329 вакил овоз дод, ки 59,2% теъдоди умумии вакилонро ташкил медод. 495 вакил зидди ӯ овоз доданд, 54 варақаи интихоботӣ корношоям баромад ва 122 вакили дигар аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд. Бо пешниҳоди раиси Шӯрои Олии СССР Анатолий Лукянов президенти тозаинтихоб ба минбар баромада, дасташро рӯи Сарқонун гузошта, қасам ёд кард: "Бо тантана савганд мехӯрам, ки ба халқҳои кишварамон содиқона хизмат мекунам, ба Сарқонуни СССР амал намуда, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро кафолат медиҳам ва ӯҳдадориҳои Президенти СССРро, ки ба дӯши ман гузошта шудаанд, софдилона иҷро намоям". Интихоби президент дар СССР бардоштҳои гуногун дар саросари дунё ба бор овард. Барои мисол ТВи Япония гузоришеро пахш кард, ки дар он гуфта мешуд: "Анҷумани ғайринавбатии вакилони мардумии СССР бузургтарин дигаргунии куллиро дар ҳаёти ҷомеаи шӯравӣ роҳандозӣ кард, ки дунё мислашро аз инқилоби с.1917 надида буд”.
Иди занонро ба диди бархе аз муаррихин, ҳатто дар Руми қадим ҷашн мегирифтанд. Дар ин рӯз мардони румӣ ба занонашон ҳадяҳои гуногун тақдим карда, занони ғуломро низ истироҳат медонанд. Ин рӯз ҳамеша бо баҳор, зебоӣ ва латофату таровати занона алоқаманд буд ва одат шудааст мардон ҳамаи занон-модарон, бибиҳо, ҳамсарон ва духтаронро табрик гӯянд ва гулу тӯҳфаҳо тақдим намоянд. Аммо ин ид аз оғоз ингуна набуд. Дар оғоз Рӯзи байналмилалии занон бештар ранги сиёсӣ дошт ва чун рӯйдоди сиёсӣ қаламдод мешуд. Таърихи пайдоиши он низ бо инқилобҳо ва мубориза барои баробарҳуқуқии занон алоқаманд аст. Бори аввал 8.03.1857 дар ш.Нйю Йорк коргарзанони фабрикаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ барои баргузории 1 гирдиҳамоии эътирозӣ ҷамъ шуданд. Он шабу рӯз занони ғарбӣ 16 соат меҳнат мекарданд ва ҳеҷ ҳуқуқе надоштанд. Занон аввалин Иттифоқи касабаи худро таъсис дода, талаб карданд, рӯзи кориашон то 10 соат кам ва музди меҳнаташон афзояд. Бори дуввум, баъд аз 50 сол, дар охирин якшанбеи февралмоҳи с.1908 боз занони Нй-Йорк ба кӯчаҳо рехта, ин бор хостори ҳуқуқи ширкат дар интихобот шуданд. Лек расмӣ шудани 8 март ба фаъолияти сотсиалистон алоқаманд аст. С.1910 дар Копенгаген-пойтахти Дания Конфронси 2-уми байналмилалии сотсиалистон доир шуд. Дар он занони амрикоӣ ба сотсиалистони немис Роза Люксембург ва Клара Сеткин вохӯрданд. Баъди баррасии авзоъ Клара пешниҳод намуд, ки рӯзи байналмилалии занонро таъсис диҳанд.
Сулҳ ва Замин
Шикасти садди 1000-сола феврали с.1917 иттифоқ уфтод. Инқилоби Февралӣ аввал дастгоҳи ҷазоиро, ки тавассути он синфҳои ҳукмрон синфи нодорро зери назорат нигаҳ медоштанд, аз миён бардошт. Дуввум, он садди равони (психологи)-ро, яъне боварӣ бар устувории тартиботи вуҷуддошта, ки қарнҳо тавассути ин синфҳои ҳоким ба мардум иблоғ мешуд, бартараф намуд. Саввум, маҳз феврал ҳизби кадетҳо (ҳизби асосии буржуазияи рус)-ро сари қудрат овард ва ин ҳизб душмани асосии сохти подшоҳӣ шуд. Инқилоби Февралӣ чун ҳамоиши осоиштаи зиддиҷангии коргарон оғоз шуд, лек нақши калидиро дар он боз деҳқонон бозиданд. Аскарони гарнизони Петербург - деҳқонбачаҳои шинелпӯш аз тир кушодан ба коргарони пойтахт сар боз заданд ва ҳамоиши осоишта ба шӯриш табдил ёфт. Мавқеи ишғолкардаи роҳбарияти Думаи давлатӣ низ ғалабаро осон кард. Аскарони шӯришгар худ назди Дума омаданд ва аз вакилони мардумӣ талаб карданд, ки қудратро дар кишвар ба дасти худ гиранд. Бо ҳамин, феврали с.1917 ҳукумати мутлақи подшоҳӣ дар симои Николайи 2 бо кӯшиши якҷояи тамоми нерӯҳои сиёси иҷтимоии мухолифин барканор карда шуд ва қудрат ба дасти Ҳукумати муваққат гузашт ва асоси онро намояндагони ҳизби кадетӣ, ки дар Дума аз ҳама зиёд намоянда доштанд, ташкил доданд.
"Гуфтугӯ дар танҳоӣ"
24.02.1989 дар ш.Душанбе гирдиҳамоии мардумӣ барои мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ барпо ва маҳз он ба қабули "Қонуни забон" дар Тоҷикистон мунҷар шуд. Тибқи ин Қонун забони тоҷикӣ забони давлатии РСС Тоҷикистон эълон карда шуд. Қонуни забонро шояд аз ҳама қонуни машҳури РСС Тоҷикистон мешавад номид. Дар қалби кишвари шӯравӣ тоҷикон яке аз аввалинҳо шуда, ба фарҳанги миллии худ рӯ оварданд. Албатта эҳёи ин фарҳанг роҳи тӯлонӣ дошт. Баъзе аз муаррихин оғози ин равандро ба солҳои 1960 ва бо ба сари қудрат омадани Турсунбой Улҷабоев рабт медиҳанд. Ӯ 5 сол ба РСС Тоҷикистон роҳбарӣ карда, бо чанд тан аз ҳаммаслакони наздикаш тавассути Хрушев аз вазифа сабукдӯш шуд. Ӯ воқеан барои ҶШС Тоҷикистон хизмати зиёд кардааст. Дар асл тамоми дастовардҳои РСС Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсоли барқ маҳз дар давраи вай тарроҳӣ ва баъдан тавассути роҳбарияти баъдӣ амалӣ шуданд. Ӯро дар шакли бисёр таҳқиромез аз кор гирифтанд ва ин сиёсати ҳукумати баъдиро тағйир дод. Ҷаббор Расулов, ки Улҷабоевро ҷойгузин кард, ба диди муаррихин, шахси бисёр ростқавл ва хоксор буд, лек танҳо иҷрокунандаи фармони Маскав буд ва аз худ ҳеҷ истиқлоле намоиш намедод. Дар замони роҳбарияти Расулов дар ҷомеаи тоҷик равандҳои номатлуби зиёд сурат гирифтанд ва яке аз ин равандҳо танг кардани забони тоҷикӣ дар соҳаҳои гуногун буд. Корхонаҳои саноатии кишвар низ ба ҷои тайёр кардани нерӯи кории худӣ мутахассисони аз Русия омадаро ба кор мегирифтанд ва мардуми маҳаллӣ дар канор боқӣ мемонд.
Насими демократӣ
Анҷумани ХХ-и ҲКИШ яке аз рӯйдодҳои муҳим ва бесобиқа дар таърихи собиқ СССР аст. Бори аввал роҳбарияти олии ҳизбӣ роҳбари собиқи худро сиёҳ ва падидаеро бо номи "шахспарастӣ" ошкор кард. Хрушев то с.1955 тавонист бо ёрии ҳарбиён мухолифини худро маҳор кунад ва собиқадорони собиқи ҳизбӣ, мисли Берия, Молотов, Маленков, Каганович ва одамони ба онҳо содиқ, ки ба Сталин наздик буданд, кушта ё ба ҳошия ронда шуданд. Дар арафаи баргузории Анҷуман тарозуи сиёсӣ дар СССР бо демократикунонии тамоми ҷомеа ҳамроҳ буд. Бӯи демократия дар ҳамаи ҷомеаи шӯравӣ танинандоз шуд. Раванди демократитар шудани ҷомеа пеш аз ҳама ба он бастагӣ дошт, ки дар СССР он шабу рӯз ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар роҳбарияти олии ҲК ва ҳамчунин роҳбарияти ҳизб дар ҷумҳуриҳо одамони нав таъин мешуданд. Инҳо маъмулан аз "горди кӯҳна" фосила дошта, бо ҷиноятҳои низоми сталинӣ алоқаманд набуданд. Маҳз ин падида сабаби фаъол шудани афкори умумӣ шуд ва роҳбарият мебоист оқибатҳои шахспарастии Сталинро ифшо мекард.
Тирамоҳи с.1955 Никита Хрушев ҷаласае ороста, ба он теъдоде аз роҳбарони олирутбаи ҳизбӣ даъват шуданд. Дар ҷаласа ӯ тасмим мегирад ҷиноятҳои Иосиф Сталинро ба вакилони Анҷумани дарпешистодаи ХХ нақл кунад. Молотов, Маленков ва Каганович зидди иқдоми ӯ мебароянд, аммо ба таъбире гапашон ба Никита намегузарад.
9 феврали соли 1984 баъди бемории тӯлонӣ котиби аввали ҲК ИҶШС, Юрий Андропов аз олам чашм пӯшид. Андропов яке аз пурмуаммотарин чеҳраҳои сиёсии авохири СССР ба шумор мерафт ва марги ӯ сару садоҳои зиёд дар ҷомеаи шӯравӣ эҷод кард. Ӯро мешавад охирин эҳёгари суннатҳои фаромӯшшудаи кишвари Шӯроҳо унвон кард. Андропов аз зумраи ангуштшумор сиёсатмадорони шӯравӣ ба шумор мерафт, ки вазъияти ногувори Иттиҳоди Шӯравиро дарк мекард ва кӯшиш кард кишвари Шӯроҳо аз хатари қарибулвуқӯъ ҳифз кунад. Давраи ӯ дар СССР бисёр кӯтоҳ вале аҷибу бисёр ғарбибе буд.
Аз КГБ ба Политбюро
Ситораи сиёсии Андропов бо таъини ӯ ба ҳайси роҳбари вақти КГБ ба ҳамагон ҷилвагар гардид. Юрий Андропов то ин вақт ҳатто як рӯз ҳам дар ин ниҳод фаъолият накарда буд ва кам касе гумон мекард, ки рӯзе роҳбарии ин ниҳодро ба зимма мегирад. Аз ин болотар Андропов дар таърихи фаъолияти КГБ баъди Феликс Дзержинский шояд самараноктарин роҳбари ин ниҳод ба шумор мерафт. Замои роҳбарии ӯ КГБ и СССР ҳеҷ кӯтоҳи дар анҷоми вазифа намекард ва тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеъаи шӯравиро таҳти назорат қарор дода буд. Пеш аз Андропов ба КГБ Владимир Семичастний роҳбарӣ мекард. Аммо миёнаҳои моҳи маи соли 1967 Брежнев якбора дар як нишасти Бюрои сиёсӣ ӯро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари КГБ холӣ кард ва Анропов раиси КБД гардид.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар