ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 03 2017


Бо садо додани хабари мудҳиши ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ ба СССР, 22.06.1941 сар то сари мамлакати Шӯравӣ сафарбаркунӣ оғоз шуд.

Чоршанбе, Апр 26 2017


Иброҳим Обидов. Бори нахуст ба ин ном дар китоби дарсии "Таърихи РСС Тоҷикистон" барои синфҳои 7-10, охири солҳои 1970 вар хӯрда будам. Бо гузашти солҳо, ҳини донишҷӯӣ, киву чикора будани эшонро фаҳмидам.

Чоршанбе, Апр 19 2017


Бо наздик омадани ҷашни муҳиму таърихӣ-иди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ёди сарбозону афсарони шуҷои тоҷик, қаҳрамонии онҳо дар набардгоҳҳо пеши назар ҷилвагар мешаванд. Кас гумон мебарад, ки дар бораи пурдилон дар зарфи 72 сол лак андар лак гуфтаему ҳай нигоштаем.

Ҷумъа, Апр 14 2017


Амалиёти Берлин 23 рӯз, аз 16 апрел то 8.05.1945 идома ёфт ва чун бузургтарин муҳорибаи ҷанги ҷаҳонии 2 ба китоби Гиннес ворид шудааст. Аз 2 ҷониб дар ин амалиёт зиёда аз 3,5 млн сарбоз, 52.000 тӯп ва миномёт, 7750 тонк ва 11 000 ҳавопаймо ширкат доштанд. Дар натиҷаи ин амалиёт Артиши Сурх ба масофаи 100 то 220 км ба Ғарб пешравӣ кард ва бузургтарин гурӯҳи ҳарбии душманро дар таърихи ҷангҳо ба муҳосира гирифта, торумор намуд. Натиҷаи ниҳоии амалиёт ишғоли пойтахти Олмон-шаҳри Берлин гардид. Ба Артиши Сурх дар ин амалиёт маршал Жуков фармондеҳӣ мекард.

Панҷшанбе, Апр 06 2017


Парвози "Моҳи Сурх"
СССР ва ИМА баъди анҷоми Ҷанги ҷаҳонии 2 ба давраи нав "ҷанги сард" дохил шуданд ва миёнашон рақобати шадиде ҳукмфармо гашт. ИМА он шабу рӯз аз теъдоди зиёди тайёраҳои бомбаафкани дурпарвоз бархурдор буд. Ин тайёраҳо дар базаҳои ҳарбии амрикоиҳо дар саросари ҷаҳон ҷойгир буданд ва ба осонӣ метавонистанд аввалин кишвари Шӯроҳоро зери борони атомӣ қарор диҳанд. Дар ҷавоби ин роҳбарони СССР қарор доданд техникаи мушакиро рушд диҳанд. Мушакҳо ва моҳвораҳоро мешуд ҳам ба мақсади осоишта ва ҳам бо мақсади ҳарбӣ истифода бурд

Панҷшанбе, Апр 06 2017


Ҳангоми инқилоби февралии Русия пешвои ҳизби болшевикӣ Владимир Ленин дар шаҳри Сюрихи Шветсария қарор дошт. Баъд аз шунидани хабари инқилоб дарҳол кӯшиш намуд то ба Русия бозгардад.

саҳ 52 аз 60

Китобҳо

Flag Counter