ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 20 2022

«Чапаев»

Бо шунидани ин ном (насаб) пеши назар симои баҳодуронаи лашкаркаши советӣ Василий Иванович Чапаев аз филми ҳунарии ҳамном падидор мегардад. Савори аспи бидав, бо шамшери бараҳнаи ялаққосӣ, попохи (телпаки) ятреба, алвонҷхӯрии китфпӯшаки мӯина (накидка) албатта аз хотирҳо зудуда намешавад.

Бо ин номи гӯшнавоз сокинони Иттиҳоди Шуравӣ аз аввали солҳои 30 – юми асри гузашта огаҳии хуб доранд. Ҳарчанд корнамоии Василий Иванович дар солҳои 1914 – 1919 маълуму машҳур гашта бошад ҳам, он танҳо баъд аз ба прокат баромадани филми ҳунарии «Чапаев» (1934) маъруфият касб кард. Ва ин филм солиёни зиёд барои дастгоҳи таблиғотии ҳукумати давр барномаеро мемонд.

Филми ҳунарии «Чапаев» аз рӯзгори давраи ҷангии қаҳрамони ҷанги гражданӣ Василий Иванович Чапаев ҳикоят мекунад. Филми мазкур яке аз филмҳои маъруфу маҳбуб ва бомуваффақияти синамогарони советӣ маҳсуб меёбад (1917 – 1991). Ва он дар тарбияи ватандӯстонаи чандин насли советӣ нақши созгор бозид.

Ин филмро бори нахуст ахири солҳои 60 – уми асри гузашта, дар «кинотеатри» деҳа, пушти девори оҳакбастаи мактаб, болои хоки гарми тобистон нишаста, бо завқ чандин маротиба тамошо кардаем. Аз хурд то бузург, марду зан ин филмро борҳо тамошо кардаву аз марги фармондеҳи маҳбуб сахт андуҳгин гаштаву ашк ҳам рехтаанд.

Бо сипарӣ шудани 88 сол аз рӯзи нахустнамоиши филми ҳунарии «Чапаев», ин филм маҳбубияти худро гум накардааст. Бо шунидани ин ном дар лабони дилхоҳ ҳаводори синамои ватанӣ табассум гул мекунад. Дар байни халқ латифаҳои зиёде дар бораи қаҳрамонони асосии ин филм – Чапаев, Анна, Петка ва Фурманов дар чархишанд. Сар аз соли 1934 аз ҷониби ҳаводорон латифаву хушгӯиҳо гирдоварӣ мешаванд. Имрӯзҳо ҳам эҷоди латифаҳо дар бораи Чапаев ва ҳамсафонаш идома доранд.

Филми ҳунарии «Чапаев» (93 дақиқа) аз рӯи асари адиби маъруфи советӣ Дмитрий Фурманов, режиссёрон – бародарон Василевҳо, муаллифони сенария Георгий Василев ва Сергей Василев рӯи навор омадааст.

Чоршанбе, Июл 13 2022

 

Казак Яров

Баъди ғалабаи инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсис ёфтани Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон дар ҳайати РСС Ӯзбекистон дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза то нимаи солҳои 30 – юм ҳаракатҳои босмачигарӣ идома кард. Задухӯрдҳои хунин байни ҳукумати нав ва боқимондаҳои босмачиён аслан дар ҷануби кишвар ва навоҳии сарҳадӣ бо Афғонистон доман густурда буд.

Дар давраи ҳукумати пешин сари мавзӯи ҳуҷуми аскарони сурх ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди давлати ҳамҷавор сухан нашнидаву нахонда будем. Дар китобҳои дарсии мактаби миёна низ аз ин боб маълумоте ба назар намерасид. Танҳо дар суҳбати нафарони солдидаи он замон (солҳои 60 – 70 уми асри гузашта) гоҳе мешунидем, ки армияи сурх дар он сӯи сарҳади давлатӣ низ амалиёт гузаронидааст. Боқӣ ҳич…

Боре дигар, 20 сол қабл, ҳангоми таҳияи (варианти 1 – уми) китоби «Данғара» (соли 2002) бо бархӯрд бо ҳаёту рӯзгори яке аз мубризони роҳи озодӣ, инқилобчии матин, ходими давлатӣ Қазоқ Ёров (дар паспорт Яров Казак), собиқ раиси комиҷроияи ноҳияи Данғара бобати мавзӯи болозикр огаҳӣ ёфтам. Айни авҷи задухӯрдҳои тарафайн дар кишвар бо роҳбарии лашкаркаши маъруф Будёний, ба тахмин нимаи солҳои 20 – уми асри гузашта, воқеан аскарони сурх дар он сӯи рӯди Ому бар зидди босмачиҳо размида будаанд. Аммо аз ин боб асноди хаттӣ муҳайё нагашт.

Солҳои охир дар расонаҳои Россия дар ин мавзуъ мақолаҳо расонаӣ шуниданд. Соли 2018 китоби «Разведка: ҷосусҳо, муҳорибаҳо, суиқасд» (Душанбе, «Шарқи озод», тарҷумон Қурбон Мадалиев) ба табъ расид. Дар маҷмуаи таҳти назар, дар бораи дар он сӯи рӯди Ому гузарондани амалиёти ҷангӣ бар зидди дастаҳои зиёди афғонӣ ва босмачиёни «худӣ» маводи ҷолибе бо номи «Ҳалокати Лоуренси шуравӣ» ҳаққонияти гуфтаҳои болоро ёфтам. Аз он хусус, ки аскари ҷавони тоҷик Яров Казак дар он амалиёт иштирок дошт ва ё на сухане набуд, ва аз ин боб то кунун маълумоти хаттие рӯи даст надорем.

 

Дастаи 2 ҳазорнафара

Сари мақсад меоем, 15 аперели 1929 сарҳади шуравию афғонро дастаи 2 ҳазорнафараи саворони либоси низомии афғонӣ дар бари ба назар аҷоибу ғароибе убур кард.

Чоршанбе, Июн 29 2022

 

МӮСОЕВ АБДУЛЛО

(25.2.1922 - 6.12.2002)

Дорандаи се дараҷаи ордени Шараф (1944, 1945, 1946).

Дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Москва (ҳозира Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) - и собиқ вилояти Кӯлоб, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Синфи 7 - ро соли 1943 тамом карда. Дар колхоз сардори звено, баъд ёрдамчии сардори шуъбаи 2 - юми Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шурообод буд.

Дар ибтидо ду бародараш Муродалӣ ва Алӣ дар ҷабҳа бар зидди фашистон меҷангиданд. Абдулло низ чанд маротиб ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат намуд то ӯро ба ҷабҳа фиристанд, аммо ҳар дафъа ҷавоби рад мегирифт. Ниҳоят ба раиси комиҷроияи ноҳия Бобо Носиров арз бурд. Раис ваъда дод, ёрдам мекунем.

15 сентябри соли 1943 Абдулло, фарзанди сеюми амаки Мусои 80 - соларо ба хизмат хонданд. Баъди чанде вай аллакай дар муҳорибаҳо бо фашистон дастбагиребон шуд. Фарзанди шуҷои Ватан дар озод намудани шаҳрҳои Витебск, Бендера, Смоленск, Кенигсберг, Варшава ва штурми Берлин ширкат намуд. Бахусус дар озод намудани сарзамини Полша ва штурми Берлин ҷасорат нишон дод.

Ефрейтор Мӯсоев Абдулло, мергани ротаи 2 - юми тирандозии полки 515 - уми тирандоз дар муҳорибаҳои шадиди маҳали Свинажинаи ноҳияи Турийск, вилояти Волинск моҳи апрели соли 1944 диловарона размида, шахсан 7 аскари душманро ба ҳалокат расонд. Барои ин корнамоӣ, бо фармони командири полки 515 - уми тирандози армияи 69 - уми фронти 1 - уми Белоруссия аз 28 июли соли 1944 Мӯсоев Абдулло бо медали «Барои ҷасорат» мукофотонда мешавад. Дар рафти муҳорибаҳои ин ҷанг тоҷикписар командири расчёти пулемёт, снайпер ва разведкачӣ буд. Баъдан ӯро командири отделения таъин намуданд. Вай бо сарбозони ҷасураш Ямполскийи украин, Николаи рус ва Мамадеви туркман мунтазам ба разведка мерафтанд.

Барои забти соҳили ғарбии дарёи Одер муҳорибаҳои шадид доман густурд. Абдулло бо 2 ҷанговараш супориш гирифт, ки «забон» биёрад. Соати 2 - и шаб, онҳо гаваккашон ба нуқтаи пулемёти душман наздик шуданд.

Чоршанбе, Июн 22 2022

Алоқамандӣ бо ҷадидизм

Бозгашт

Дар замони ҳозира, бавижа тайи ду даҳсолаи охир бо дигар шудани вазъи сиёсӣ дар ақсои олам ва бунёди як зумра ташкилоту созмонҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ҳаракатҳои солҳои 20 – уми асри гузашта, таъсиси ҳаракати ҷавонбухориён дар Бухоро пеши назар меорад. Аз ин рӯ, ин раҳ қобили қабул донистем, аз ташкил ёфтани гурӯҳҳои ҷавонбухориён ёд орем. Зеро ба назар он солҳо ва имрӯз ҳам ағлаби чунин созмонҳо бо ёрии давлатҳои хориҷии манфиатҷӯ худро ғамхору шоистаи даврон нишон додан мехоҳанд.

 

Тақлид

Ҳаракати ҷавонбухороиёнро аслан иштирокчиёни ҳаракати буржуазӣ – миллатчие, ки дар аморати Бухоро соли 1916 ба вуҷуд омада буд, ташкил медод. Пайдоиши ҷавонбухориён бо ҷадидизм иртибот дорад. Аввалин ҷадидони Бухоро, ки талабагони мадрасаҳо буданд, худро «ҷавонон» ё «ҷавонфикрон», қисми дигарашон дар таъсири ҷавонтуркони Туркия худро ҷавонбухориён унвон мегирифтанд.

То ғалабаи Револютсияи Феврал (1917) дар Россия ҷавонбухориён асосан бо корҳои маърифатӣ шуғл варзида, дар Бухоро ва ҳаволии (гирду атрофи) он мактабҳои усули нав созмон доданд. Зеро ҷадидони Бухоро зидди усули схоластикии таълим дар мадрасаҳо буданд.

 

Тарғиб

Солҳои 1912 – 1913 ҷавонбухориён аввалин газетаи тоҷикии «Бухорои Шариф» ва газетаи ӯзбекии «Тӯрон» - ро ба табъ расонданд. Як гурӯҳ ҷавонбухориён аз ҷавонтуркони Туркия ақидаҳои пантуркистиро қабул намуданд. Баъзе муллоён, савдогарон, табибон ва намояндагони дигар табақаҳо низ ба ҷавонбухориён пайвастанд. Ҷавонбухориён аз аввали фаъолияташон ба муқобилати сахти иртиҷоъпарастон (реаксионерони ашадӣ) дучор омада, пинҳонӣ амал мекарданд. Аз ин рӯ, фаъолияти ҷавонбухориён ягона ҳаракати оппозитсионӣ бар зидди сохти амири Бухоро маҳсуб меёфт. Баъди ғалабаи Револютсияи Феврали 1917 савдогарон – роҳбарони ҳаракати ҷавонбухориён фаъолияти маърифатчигиро

Чоршанбе, Июн 15 2022

 

5 августи соли 1936 мувофиқи Қарори Комитети Марказии ПК (б) РСС Тоҷикистон ва Совети Комиссарони Халқи ҷумҳурӣ дар Хоруғ Театри вилоятии давлатии драмаи мусиқӣ кушода шуд, ки режиссёри он Шариф Бақоев буд. Асоси онро иштирокчиёни кружоки ҳаваскорони санъати вилоятӣ ташкил намуданд.

Театри Хоруғ аз аввалин ҳайатҳои эҷодии касбии тоҷик аст. То соли 1958 Театри мусиқӣ ва аз соли 1958 то 1994 Театри драмаи мусиқӣ мазҳакавии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ ном дошт.

Театр фаъолияти худро аз барномаҳои консертӣ ва пйесаҳои якпардагӣ сар карда буд. Дар назди театр оркестр ташкил шуд, ки асосан аз асбобҳои миллӣ иборат буд. Асарҳои эҷодиёти халқ дар шакли аслиашон иҷро карда мешуданд ва барои ин навозандагон, ҳофизон ва раққосони халқӣ ҷалб карда мешуданд.

Минбаъд пйесаҳои «Дохунда» (аз рӯи романи Садриддин Айнӣ), «Сарҳадчиён»-и В. Бил – Белосерковский, «Аршин мололон» - У. Ҳоҷибеков, «Қасам» ва «Хари муқаддас»-и С. Саидмуродов ба саҳна гузошта шуда буданд. Дар натиҷаи офаридани намоишҳои нав ба нави замонавӣ театр тамошобинони зиёдеро ҷалб менамуд. Тобистони соли 1937 артистони театр дар намоиши эҷодиёти халқҳои Тоҷикистон дар Москва иштирок доштанд.

Соли 1941 дар Даҳаи адабиёт ва санъати халқи тоҷик дар Москва иштирок ва бомуваффақият ҳунарнамоӣ кард. Моҳи сентябри соли 1946 дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Сталинобод азназаргузаронии 1 – уми санъати Помир барпо шуд. Дар азназаргузаронӣ театри вилоятии Хоруғ спектакли М. Миршакар «Қишлоқи тиллоӣ» ва «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А. Н. Островскийро намоиш дод. Театри Хоруғ дар байни театрҳои ҷумҳурӣ аввалин шуда ба драматургияи А. Н. Островский рӯ оварда буд. Ин озмун комёбиҳои намоёни театрро дар такмили санъати театри касбии вилояти Бадахшони Кӯҳӣ намоиш дод. Соли 1947 режиссёри театр Меҳрубон Назаров пйесаи М. Миршакар «Тошбег ва Гулқурбон»-ро ба саҳна гузошт. Мусиқии ин намоишро бастакор Н. Қурбонҳусейнов навишта буд. Спектакл солҳои зиёд намоиш дода шуд.

Соли 1951 хатмкардаи шуъбаи режиссёрии Институти театрии Ленинград ба номи А. Н. Островский, Ф. М. Тошмуҳаммадов саррежиссёри театр таъин мешавад. Вай чунин намоишҳоро ба саҳна гузошта буд:

Чоршанбе, Июн 08 2022

 

Ба муносибати 100 – солагии ташкилоти пионерӣ

 

Хазинаи боэътимод, Университети (хазинаи) кадрии беминнати давлат

 

Худидора

Бо барҳам хӯрдани давлати абарқудрати шуравӣ қариб сад дарсад ташкилоту муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ бо баҳонаи эъмори демократия ва таъсиси ҷумҳуриҳои алоҳида барҳам хӯрданд. Ҳоло он ки замони шуравӣ ташкилоту ниҳодҳои манфиатбахш зиёд буданд. Ва яке аз ниҳодҳои пураҳмият ташкилоти пионерӣ маҳсуб меёфт.

Хушбахтона пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон ниҳоди мазкур бо ранги дигар дар кишвар арзи вуҷуд кард. Аммо он ба пояи ташкилоти пионерии замони советӣ муваффақ нагаштааст. Ё агар хуб бошанд ҳам дастгоҳи таблиғотии кишвар дар таблиғи он ба таври шоиста заҳмат намекашанд. Аз рӯи ақл бояд ҳар он чийе ки манфиатовар ё ба қавли дигар натиҷаи некбахшанда рӯ намегардонанд…

Пионер (франсузӣ pionnier - оғозкунанда), аъзои ташкилоти умумииттифоқии пионерӣ ба номи В. И. Ленин ва як қатор ташкилотҳои демократии бачаҳо дар мамлакатҳои хориҷа.

Бори аввал гурӯҳи коммунистии бачаҳо, ки соли 1922 дар Москва ташкил ёфт, номи пионерро гирифт. Қабул ба сафи пионер ба таври ихтиёрӣ гузаронда мешавад. Талаботи ташкилоти пионерӣ ба пионер, барномаи фаъолияти он дар ваъдаи тантанавии ҳангоми қабул дар шиори

«Дар мубориза ба кори Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ тайёр бош!» ва ҷавоби «Доимо тайёр!» ифода шудааст.

Пионер рамзи револютсионии худ – байрақи сурх, байрақча, галстуки сурх, нишон, атрибутҳо – шайпур, нақора, форма (бо нишонҳои мухталиф); маросимҳо – салют, саф кашидан, линейка, баровардан ва барафроштани байрақ ва ғайра, бозиҳои анъанавии пионерӣ, идҳо ва ғайраро дорад.

 

Гурӯҳҳои синнусолӣ

Дар ташкилоти пионерӣ 3 гурӯҳи синну соли пионерӣ: 10 – 11 сола, 11 – 12 сола ва 13 – 15 сола ҳаст. Пионер дар қайди отряде меистад, ки дар синф ё ҷои истиқомат ташкил шудааст.

саҳ 8 аз 60

Китобҳо

Flag Counter