ХАБАРИ ДОҒ

Аз ҳабси Муралов то қатли Берия

  • Панҷшанбе, Июн 30 2016

4.07.1937. Дар Иттифоқи Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ олими намоёни соҳаи хоҷагии қишлоқ, сардори Академияи Умумироссиягии илмҳои хоҷагии қишлоқ, агрохимик, ходими давлатӣ ва ҳизбӣ, академик Александр Иванович Муралов ҳамчун душмани халқ ба ҳабс гирифта шуд.

 

4.07.1946. Шаҳри қадимии немисҳо Кёнегсберг ба Калининград тағйири ном кард.

4.07.1958. Дар киштии зериобии К-3 «Комсомоли Ленинӣ» аввалин реактори атомӣ ба кор андохта шуд. Дар СССР ин аввалин истифодаи реактори атомӣ дар чунин шакл буд ва аз ин ба баъд нерӯи атомӣ сӯхти асосии бештари киштиҳои зериобӣ гардид.

5.07.1918. Дар шаҳри Киеви РСС Украина Ҳизби коммунистии болшевикони Украина созмон дода шуд.

5.07.1918. Болшевикон дар шаҳри Екотиринадар тавассути анҷумани худ Ҷумҳурии Қафқози Шимолиро дар ҳайати РСФСР таъсис доданд.

5.07.1921. Дар Русияи шӯравӣ бо қабули 1 декрет додани корхонаҳои давлатӣ ба иҷора ба шахсони алоҳида иҷозат дода шуд. Ҳукумати болшевикӣ баъди ҷанги шаҳрвандӣ мебоист иқтисоди кишварро субот медод. Ба хотири ин сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП-Новая экономическая политика)-ро пеш гирифт.

5.07.1943. Оғози муҳорибаи Курск дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Ин ҷанг дар қатори муҳорибаи Сталинград яке аз асоситарин задухӯрдҳо дар рафти ҶБВ ба ҳисоб меравад. Артиши Сурх охирин кӯшиши немисҳоро барои ба даст гирифтани бартарӣ дар ҷанг барбод дод. Баъди ин муҳориба Артиши олмонӣ танҳо ақибнишинӣ мекард ва бартариро дар ҷанг комилан аз даст дод.

6.07.1918. Дар Маскав-пойтахти СССР эссерони чап муқобили болшевикон шӯриш бардоштанд. Барои тезутунд кардани вазъият ва кашидани Олмон ба ин даргириҳо эссерони чап ба ҷони сафири Олмон дар Русияи шӯравӣ-граф Вилгелм фон Мирбах суиқасд намуданд.

7.07.1921. Дар Русияи шӯравӣ ба барпо кардани корхонаҳои шахсӣ, ки теъдоди коргарҳояшон аз 20 нафар зиёд набошанд, иҷозат дода шуд. Ин амалкард низ яке аз самтҳои сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) маҳсуб меёфт.

7.07.1953. Дар Маскав-пойтахти СССР Пленуми Комитети марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ баррасии делои ҷиноии Берияро анҷом дод. Баъд аз чанде Лаврентий Павлович Берия бо қарори ҳаммаслакони собиқаш парронда шуд.

8.07.1922. Дар майдони ҳавоии Хадински Маскав аввалин бор дар ҷаҳон тайёраҳоро барои мубориза бо ҳашароти зараррасони хоҷагии қишлоқ истифода намуданд.

 

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter