ХАБАРИ ДОҒ

Аз парвози «Союз-19» то қатли Вавилов

  • Ҷумъа, Июл 08 2016

9.07.1941. Коллегияи ҳарбии суди Олии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, генетики маъруфи шӯравӣ, академик Николай Иванович Вавиловро бо ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Англия ба қатл маҳкум намуд.

 

10.07.1918. Дар Анҷумани 5-уми Умумирусиягии Шӯроҳо, ки дар Маскав баргузор гардид, аввалин Конститутсияи РСФСР қабул карда шуд.

10.07.1934. Бо қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Коммунисти Сарраёсати сиёсии муттаҳида (ОГПУ-Объединённое государственное политическое управление) ба Сарраёсати бехатарии давлатӣ дар ҳайати НКВД-и навтаъсис табдил дода шуд.

11.07.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии Русияи шӯравӣ аввалин буҷаи давлатиро барои ним сол қабул намуд.

11.07.1960. Ҳукумати Чехословакия эълон кард, ки сохти сотсиалистӣ дар ин кишвар пирӯз гашт ва Чехословакия ба Ҷумҳурии Сотсиалистии Чехословакия табдили ном кард.

12.07.1923. Дар СССР КМ ҲКИШ бо қарори махсуси худ шахтаҳои Донбассро барқарор намуд. Ангишт он замон маводи асосии сӯхт дар истеҳсолот ба шумор мерафт ва СССР ба ин ашё барои барқарор намудани иқтидори иқтисодияш сахт ниёзманд буд.

12.07.1943. Дар рафти муҳорибаи Курск дар назди деҳаи Прохоровка калонтарин

задухӯрди тонкӣ дар рафти Ҷанги ҷаҳонии дуввум ба вуқӯъ пайваст.Олмон дар ин задухӯрд аз тонкҳои навтарини худ «Тигр» ва «Пантера»-ҳо истифода намуд. Бо вуҷуди ин муҳорибаи Курск бо шикасти немисҳо анҷом гирифт.

13.07.1947. Дар Париж-пойтахти Фаронса вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аврупоӣ нақшаи барқарорсозии Аврупоро, ки котиби давлатии ИМА Ҷорҷ Маршалл пешниҳод карда буд, пазируфтанд. СССР бо иттифоқчиёнаш, инчунин Финляндия аз ширкат дар ин конфронс худдорӣ намуданд.

14.07.1933. Дар СССР экспедитсияи Арктикӣ дар киштии «Челюскин» оғоз ёфт ва онро математик, географ, геофизик, астроном-Отто Юлевич Шмидт сарварӣ мекард. Экспедитсия ба фалокат дучор шуд ва наҷот додани иштирокчиёни он ба амалиёти бузурге табдил ёфт, ки қаҳрамонии ҳавонавардони шӯравиро ба ҳама собит кард.

15.07.1923. Дар СССР ширкати давлатии ҳавоии «Аэрофлот» созмон дода шуд. «Аэрофлот» ягона ва калонтарин ширкати ҳавоӣ дар СССР маҳсуб меёфт ва ба тамоми хатсайрҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар хизмат мерасонд.

15.07.1930. Вазъ дар хоҷагии қишлоқи СССР дар натиҷаи сиёсати коллективикунонӣ тезутунд гардид. Барои дарёфти гӯшт ва баъзе аз маҳсулоти дигар дар кишвар системи карточкагӣ ҷорӣ карда шуд.

15.07.1933. Дар СССР, дар шаҳри Свердловск яке аз калонтарин корхонаҳои мошинасозӣ «Уралмаш» роҳандозӣ гардид.

15.07.1975. Аввалин парвози киштиҳои кайҳонии СССР ва ИМА. Киштиҳои кайҳонии «Союз-19» (СССР) ва «Аполлон» (ИМА) дар якҷоягӣ ба фазои кайҳонӣ баромаданд.

15.07.1988. Дар СССР аввалин телерепортаж аз нишасти васеъи Раёсати Шӯрои Вазирони кишвар намоиш дода шуд.

15.07.1990. Президенти СССР-Михаил Сергеевич Горбачёв бо фармони худ назорати ҲКИШро аз болои Воситаҳои ахбори омма манъ кард.

 

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter