ХАБАРИ ДОҒ

16.07.1917. Оғози шӯриши «июлӣ» дар Петроград. Ин шӯриш аввалин кӯшиши болшевикон барои гирифтани қудрат дар Русия ба ҳисоб меравад. Аммо ба ҳукумати муваққатии Керинский он замон муяссар гардид, ки ин шӯришро саркӯб намояд.

 

16.07.1920. Антанта муҳосираи Русияи шӯравиро бекор кард.

16.07.1968. Роҳбарияти СССР, Олмони шарқӣ (ГДР), Венгрия, Полша ва Булғория норозигии худро дар мавриди ислоҳотҳо дар Чехословакия иброз намуданд. Ва Ҳукумати Чехословакия маҷбур шуд, ки аз ислоҳоти худ даст кашад.

17.07.1918. Дар Екатеринбурги Русия охирин императори Русияи подшоҳӣ Николайи 2 бо ҳамаи аъзои оилааш аз тарафи болшевикон парронда шуд. 

17.07.1929. СССР бо Хитой муносибати дипломатиашро қатъ кард. Сабаби ин амалкард муноқишаи мусаллаҳона дар КВЖД-роҳи оҳани ҳарбии Хитой гардид.

17.07.1939. Дар СССР инқилобчии собиқадор ва дипломати маъруф-Федор Расколников ғоибона ғайриқонунӣ эълон карда шуд.

17.07.1942. Оғози давраи аввали (мудофиави)-и муҳорибаи Сталинград дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

18.07.1918. Дар Русияи шӯравӣ аввалин шумораи рӯзномаи «Московская правда» рӯи чоп баромад.

18.07.1955. Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Вазирони СССР қарор доданд, ки ба Ветнами Шимолӣ дар муборизаи озодихоҳонааш кӯмак намоянд ва барои ин кишвар ёрии бебозгашт дар ҳаҷми 400 миллион рубл ирсол гардид.

19.07.1917. Дар рӯзномаи «Единство», ки нашрияи ҳизби плехановӣ маҳсуб меёфт, рӯзноманигори рус-Григорий Алексинский матлаберо чоп кард, ки Владимир Илич Ленин ва ҳизби болшевиконро ҳукумати Олмон маблағгузорӣ мекунад.

19.07.1920. Дар Русияи шӯравӣ комиссияи фавқулодда барои маҳви бесаводӣ таъсис дода шуд. Ҳукумати шӯравӣ баъди чанде тавонист, ки ин омили номатлубро комилан аз ҷомеаи шӯравӣ бартараф кунад. Системаи омӯзишӣ дар СССР яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон маҳсуб меёфт.

19.07.1924. Дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ аввалин шумораи рӯзномаи «Красный спорт» рӯи чоп омад. Баъдан ин рӯзнома ба «Советский спорт» тағйири ном кард ва солҳои тӯлонӣ дар СССР асоситарин ва хонданитарин рӯзномаи варзишӣ ба шумор мерафт.

20.07.1941. Дар СССР Комиссариати Халқии Бехатарӣ (НКГБ) бо Комиссариати Халқии Корҳои Дохила (НКВД) бо ҳам муттаҳид гаштанд ва НКВДи навро таъсис доданд.

20.07.1941. Баъди 1 моҳи задухӯрдҳои шадид Артиши олмонӣ қалъаи Брестро фатҳ кард. Муҳофизони ин қалъа дар муҳосираи комил тайи 1 моҳи дароз бо душман муқовимат карданд ва танҳо баъди ба охир расидани тиру лавозимоти ҷангӣ немисҳо тавонистанд қалъаи Брестро ба даст биёранд.

21.07.1918. Тоторҳои Қрим ба ҳукумати Олмон муроҷиат ва хоҳиш карданд, Қримро, ки зери тасарруфи немисҳо қарор дошт, хонигарии тоторӣ эълон кунад.

21.07.1937. Ҳукумати шӯравӣ радиои давлатии Украинаро ба миллатгароӣ муттаҳам кард ва ин амалкард барои кормандони ин радио оқибатҳои фоҷиаборе дошт.

21.07.1940. Сеймҳои давлатии Латвия, Литва ва думаи давлатии Эстония, ҳукумати шӯроҳоро дар қаламрави кишварҳояшон эълон намуданд.

21.07.1941. Аввалин ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Олмон (люфтваффе) дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба пойтахти СССР-шаҳри Маскав.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter