ХАБАРИ ДОҒ

Аз баёнияи Трумен то фавти Висотский

  • Панҷшанбе, Июл 21 2016

22.07.1960. Ҳукумати инқилобии Куба корхонаҳои истеҳсоли қандро, ки моликияти ИМА ба ҳисоб мерафтанд, миллӣ кунонид. Акнун қанди Куба ба СССР интиқол мешуд.

 

22.07.1989. Дар РСС Тоҷикистон забони тоҷикӣ, забони давлатӣ эълон гардид.

23.07.1980. Дар СССР киштии кайҳонии «Союз-37» ба фазои кайҳонӣ баромад ва дар ин киштӣ аввалин кайҳоннаварди Шарқӣ, шаҳрванди ветнамӣ Фам Туан ба фазо баромад.

24.07.1941. Президенти ояндаи ИМА-Гарри Трумэн бо баёнияе баромад кард, ки дар он омада буд: «Мо бояд ба СССР кӯмак кунем то он вақте, ки Олмон ғалаба мекунад ва ба Олмон кӯмак кунем агар СССР ғалаба мекунад».

24.07.1990. Дар СССР мамониат барои фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ, ки соли 1985 аз ҷониби Горбачёв ҷорӣ шуда буданд, бекор карда шуданд.

25.07.1918. ШКХ бо қарори худ таҳти имзои Ленин яҳудибадбини (антисемитизм)-ро «марг барои инқилоби коргару-деҳқонӣ» эълон намуд.

25.07.1937. Ҳукумати СССР Кумитаи Марказии комсомоли Украинаро ҳамчун ташкилоти зиддиинқилобӣ пароканда намуд.

26.07.1938. Сардори НКВД Николай Ежов ба Сталин барои баррасӣ рӯйхати 138 нафар афсарони баландрутбаи РККА (Артиши Сурх)-ро, ки бояд ба қатл маҳкум мешуданд, фиристод. Сталин ва Молотов зери феҳрист навиштанд: «Ҳамаашон парронда шаванд!».

24.07.1918. Дар Озарбойҷон эссерони чап ҳукумати болшевиконро чаппа карданд.

26.07.1975. Раиси КБД-и СССР Юрий Андропов ба КМ ҲКИШ тавсия мекунад, ки хонаи Николай Николаевич Ипатевро дар ш.Свердловск аз байн бибарад. Ин хона бо он маъруф аст, ки соли 1918 болшевикон дар он императори охирини рус Николаи 2-ро бо ҳамаи аъзои оилааш ба қатл расонда буданд.

27.07.1941. Ҳукумати шӯравӣ ҷасади Ленинро аз пойтахт ба ш.Свердловск кӯчонд. Ин амалиёт дар ҳолати комилан махфӣ гузаронида шуд. Танҳо баъди бартараф шудани хатари ишғоли Маскав аз тарафи немисҳо ҷасади Ленинро ба Мавзолей бозгардонданд.

27.07.1964. Дар СССР бо қарори Раёсати Шӯрои Олии кишвар Вазорати авиатсияи гражданӣ таъсис дода шуд.

27.07.1985. Аз 27 июл то 3 август дар Маскав фестивали 12-и ҷавонону студентон барпо шуд. Фестивалро котиби аввали ҲК М.С.Горбачёв ифтитоҳ бахшид.

27.07.1990. Шӯрои Олии РСС Белорусия Эъломияи соҳибистиқлолии кишварро қабул намуд.

28.07.1957. Дар Маскав пойтахти СССР фестивали 6-и ҷавонону студентон ифтитоҳ ёфт, ки мисле ин аввалин чорабинӣ дар СССР маҳсуб меёбад. Дар фестивал 34.000 ҷавонон аз 131 кишвари дунё ширкат варзиданд.

28.07.1964. Роҳбари аввали Хитой Мао Цзедун пешниҳоди Н.Хрушёвро барои иштирок дар конфронси байналмилалии ҳизбҳои коргарӣ ва коммунистӣ рад намуд. Муносибатҳои Хитой бо СССР баъди маҳкум кардани «шахсиятпарастӣ»-и Сталин тезу тунд гардиданд.

28.07.1980. Дар шаҳри Маскав актёр ва овозхони машҳур В.Висотский фавтид. Дар маросими дафни ӯ чандин ҳазор тан шаҳрвандони шӯравӣ ширкат варзиданд.

28.07.1984. Дар Лос Анҷелеси ИМА бозиҳои 23-юми Олимпӣ ифтитоҳ ёфтанд. Варзишгарони СССР ва кишварҳои лагери сотсиалистӣ дар бозиҳо ширкат накарданд. Ин бозиҳои Олимпӣ бо он маъруф шуданд, ки дар он аввалин бор варзишгарро бо ҷурми истифода аз допинг аз ширкат дар мусобиқа маҳрум карданд.

28.07.1988. Дар СССР баъди 71 сол, гирдиҳамоиҳои ғайридавлатӣ, роҳпаймоиҳо ва ҷамъомадҳо расман иҷозат дода шуданд. Инчунин баъди 21 соли таваққуф дипломатҳои исроилӣ ба СССР бозгаштанд.

28.07.1989. Ҳукумати Мозамбик расман эълон кард, ки аз марксизм ҳамчун идеологияи давлатӣ рӯ метобад. Ин кишвари африқоӣ яке аз боэътимодтарин шарикони СССР ба ҳисоб мерафт ва баъд аз навовариҳои Горбачёвӣ аз рафтан бо роҳи коммунизм даст кашид.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter