ХАБАРИ ДОҒ

Аз ҳаракати «электричкаҳо» то салюти ғалаба

  • Ҷумъа, Июл 29 2016

29.07.1918.Рӯзномаи «Новая жизнь» («Ҳаёти нав»), ки муассисаш Максим Горкий буд, аз тарафи болшевикон баста шуд.

 

29.07.1941.Руминия эълон намуд, ки Бесарабия ва Буковинаро, ки соли 1940 ба СССР ҳамроҳ гардида буданд, ба ҳудуди худ бармегардонад.

31.07.1956.КМ ҲКИШ қарори рушди сохтмони манзилиро дар СССР ба тасвиб расонд. Дар сар то сари кишвар сохтмони хонаҳои бисёрошёнаи нисбатан арзон, ки миёни мардум бо «хрущёвкаҳо» маъруф буданд, ба роҳ андохта шуд.

1.08.1924.Дар СССР ордени Байрақи сурх таъсис дода шуд. Бо ин орден собиқадорони ҷангу меҳнат мукофотонида мешуданд.

2.08.1940.Дар ҳудуди ишғолгардидаи Бесарабия аз ҷониби СССР Ҷумҳурии шӯравии Молдавия барпо карда шуд.

2.08.1946.Дар СССР фармондеҳи собиқи Артиши озодкунии Русия (РОА) генерал-лейтенант Андрей Андреевич Власов ба қатл маҳкум карда шуд. Ӯ тирамоҳи соли 1942 аз ҷониби Иосиф Сталин фармондеҳи Артиши Сурх дар амалиёти Вязма таъин ва баъди шикаст ва ба иҳота афтидани артишаш ба немисҳо таслим шуд. Власов дар асорати немисҳо Артиши озодкунии Русияро аз ҳисоби ҷанговарони собиқи ба асорат афтидаи АС созмон дод ва қисмҳои ин Артиш (РОА) дар бисёре аз набардҳо алайҳи АС фаъолона ширкат доштанд.

2.08.1964.Оғози ҷанги Ветнам. 30.07.1964 киштиҳои Ветнами ҷанубӣ, ки ба онҳо афсарони америкоӣ роҳбари мекарданд, ба ҷазираҳои Ветнами шимолӣ дар халиҷи Тонкин ҳамлавар шуданд. Дар ҷавоб 2 август киштиҳои Ветнами шимолӣ 2 киштии ИМАро мавриди ҳамла қарор доданд. ИМА ин ҳамларо ба киштиҳояш баҳона қарор дод ва ба Ветнам қувваҳои низомии худро ворид намуд. Ногуфта намонад, ки ин ҷанг барои ИМА оқибатҳои фоҷиабор дошт. Артиши Ветнами шимолӣ бо кӯмаки ҳамаҷонибаи СССР билохира тавонист ИМА ва иттифоқчиёни ветнами ҷанубиашро шикаст диҳад.

3.08.1929.Дар СССР поездҳои наздишаҳрӣ, ки бо «электричкаҳо» дар миёни мардум маъруф буданд, ба ҳаракат даромаданд. Электричкаҳо аввалин бор аз вокзали Ярослави Маскав ба самти Мытищи ҳаракат мекарданд.

3.08.1940.Иҷлосияи 7-уми Шӯрои Олии СССР ба хоҳиши Сейми халқии Литва дар бораи ҳамроҳ гардидани ин ҷумҳури ба ҳайъати СССР посухи қаноатманд дод ва Литва ба СССР ҳамроҳ карда шуд.

3.08.1959.Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав аввалин фестивали байналмилалии синамо (Кинофестивал) ифтитоҳ гардид. Фестивали синамои Маскав дар оянда ба яке аз ҷашнвораҳои пуршукӯҳи СССР табдил ёфт.

3.08.1980.Дар СССР чорабинии ботантанаи пӯшидашавии бозиҳои 12-и Олимпии Маскав баргузор гардид.

5.08.1939.Дар муҳорибаи Халхин-Гол ҳавонаварди шӯравӣ Михаил Ююкин аввалин шуда, дар ҷаҳон тайёраи сӯхтаистодаи худро ба болои нишони заминии душман равона кард.

5.08.1940.Латвия ба ҳайъати СССР шомил гардид.

5.08.1943.Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав аввалин салюти ғалаба дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба амал оварда шуд. Ин салют ба ғалабаи АС дар муҳорибаи Курск бахшида шуда буд. Аз 121 тӯп 12 тирӣ парронда шуд.

5.08.1975.Дар СССР роҳи оҳани Тюмень-Сургут роҳандозӣ гардид. Ин роҳи оҳан яке аз муҳимтарин коммуникатсияҳо дар СССР ба шумор мерафт ва манотиқи нафту газии Сибири Ғарбиро ба ҳам мепайваст.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter