6.08.1996. Оғози ҳамлаи ҷангиёни чечен ба Грозный. Амалиёти «Ҷиҳод», ки таввасути он ҷангиёни Чечен тавонистанд пойтахти кишварашон шаҳри Грознийро аз дасти русҳо дубора озод кунанд. Баъди чанде баъд аз баргузории ин амалиёт бо бастани созишномаи Хасавюрт ҷанги аввали чечену рус бо пирӯзии чеченҳо ба итмом расид.
8.08.1917. Оғози анҷумани 6-уми ҳизби болшевикон. Маҳз дар ин анҷуман болшевикон қарор доданд, ки даст ба шӯриши мусаллаҳона зананд ва ҳукуматро дар Русия бо зӯри силоҳ ба даст биёранд.
8.08.1924. Дар пойтахти СССР-шаҳри Маскав аввалин хатсайри дохилишаҳрии нақлиёти мусофиркаш (автобусҳо) ба фаъолияти худ шурӯъ кард.
8.08.1932. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои занон кор дар шахтаҳо иҷозат дода шуд. Бо ин кор болшевикон мехостанд баробарии занонро бо мардон дар ҷомеаи шӯравӣ таъмин кунанд.
8.08.1945. СССР тавассути қарордоди Потсдам ба Япония ҷанг эълон кард ва Артиши Сурх ба ҳудуди Манҷурия ворид шуд. Сталин дар Потсдам ба америкоиҳо ваъда дода буд, ки баъди шикасти Олмон ба онҳо дар ҷанг бо Япония кӯмак мерасонад. Ал ваъдаву дайн.
8.08.1955. Миср ӯҳдадор шуд, ки СССР ва Руминияро бо пахтааш ба ивази нафт таъмин намояд.
9.08.1991. Федератсияи Русия ҳамчун меросбари Иттифоқи Советӣ-СССР эътироф гардид.
10.08.1979. Дар СССР дар шаҳри Новороссийск намоишгоҳи «Саноати сементи СССР» ифтитоҳ ёфт. Баъдан ин намоишгоҳ ба «Осорхонаи сементи СССР» табдил дода шуд.
11.08.1921. Дар матбуоти даврии шӯравӣ қарори Шӯрои комиссарони халқ дар бораи дар амал ҷорӣ кардани сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП-Новая экономическая политика) нашр карда шуд. Сиёсати нави иқтисодӣ дар ҳаёти кишвари шӯроҳо нақши муҳиме бозид. Иқтисоди ҷангзадаи кишвар аз нав рушд пайдо кард ва некуаҳволии мардум низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. НЭП баъди сари қудрат омадани Иосиф Виссарионович Сталин бекор карда шуд ва СССР ба иқтисоди банақшагирӣ (плановая) бозгардид.
11.08.1928. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав аввалин Спартакиадаи халқҳои СССР ифтитоҳ ёфт.
11.08.1949. Роҳбарияти СССР эълон намуд, ки дигар Югославияро иттифоқчии худ ҳисоб намекунад.
11.08.1973. Дар телевизиони марказии СССР намоиши филми режиссёр Татяна Лиознова «17 лаҳзаи баҳор», ки дар бораи саргузашти ҷосуси маъруфи шӯравӣ «Штирлец» ҳикоя мекард, оғоз гардид, ки яке аз машҳуртарин филмҳо дар СССР маҳсуб меёфт.
12.08.1953. Дар СССР, дар полигони атомии Семипалатински РСС Қазоқистон озмоиши бо муввафақияти бомби водородӣ гузаронида шуд.
М.Салимшо