ХАБАРИ ДОҒ

Аз ҷодуи Кашпировский то қатли Че Гевара

  • Ҷумъа, Окт 07 2016

8.10.1967. Дар Боливия муборизи инқилобгаро-Че Гевара дастгир шуд. Ӯ, ки яке аз тарафдорони ашаддии ақидаи коммунистӣ дар Амрикои Лотин будӣ, дар ғалабаи инқилоби коммунистии Куба бо ҳамроҳии Фидел Кастро нақши ҳалкунанда бозид. Баъдан вай барои барпо кардани инқилоби нав бо дастаи мусаллаҳи худ вориди Боливия шуд, лек мутаассифона, дар ин кишвар тарафдорони зиёде пайдо накард ва оқибат аз ҷониби нерӯҳои низомии ин кишвар дастгир ва ба қатл расонда шуд.

 

9.10.1920. Қисмҳои артиши Полша таҳти фармондеҳии генерал Желиговский пойтахти Литва-шаҳри Вилнюсро ба тасарруфи худ дароварданд. Ҷанги Шӯравию Полша, ки соли 1920 иттифоқ уфтод, дар оғоз бо пирӯзии Артиши Сурх анҷом гирифт, лек баъдан полякҳо тавонистанд дар наздикиҳои Варшава артиши Тухачевскийро шикаст диҳанд ва ҷангро бо сулҳ ба итмом расонанд.

 9.10.1989. Дар ТВи Марказии СССР аввалин барномаи телевизионӣ бо иштироки ҷодугари маъруф-Анатолий Кашпировский ба вуқӯъ пайваст. Пайдоиши ҷодугарон дар ТВи 1 кишваре, ки 70 сол динро афюни мардум хонда буд, 1 амри ғайримаъмулӣ буд. Ин гуна ашхос ҳамеша дар шароитҳои хосе дар кишварҳои мухталиф зуҳур мекарданд. Бӯҳрони иқтисодиву сиёсӣ дар СССР сабабҳои асосии пайдоиши Кашпировский ва ашхоси ба ӯ монанд буданд.

9.10.1989. Дар СССР ҳуқуқи коргарон барои корпартоӣ ба расмият шинохта шуд. Акнун коргарон метавонистанд ба таври қонунӣ коршиканӣ кунанд.

10.10.1919. Созмони Антанта ва ИМА муҳосираи иқтисодии Русияи шӯравиро эълон карданд. Лек ин муҳосира ҳеҷ натиҷа надод ва оқибат ба нокомӣ анҷом ёфт.

10.10.1941.Генерал Георгий Жуков фармондеҳи Фронти Ғарбӣ таъйин гардид. Дар оғози ҶБВ зарбаи асосии амалиёти Барбаросса ба нерӯҳои ин Фронт рост омад. Нерӯҳои Фронти Ғарбӣ дар натиҷаи бе салоҳиятии фармондеҳи фронт генерал Павлов ба шикасти сахт мувоҷеҳ гардиданд. Павлов баъдан барои ин хатогиҳояш ба қатл маҳкум гардид.

11.10.1931. Дар СССР қарор дар бораи «Пурра аз миён бардоштани савдои хусусӣ» ба тасвиб расид. Сталин, ки зидди сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) дар СССР буд, пурра онро аз миён бардошт.

12.10.1958. Дар СССР дар рӯзномаи «Советский патриот» аввалин бор шиори «Нақшаҳои ҳизб, нақшаҳои халқ» ба тасвиб расид. Баъдан ин шиор дар СССР васеъ паҳн гардид.

12.10.1960. Дар нишасти 15-уми СММ котиби аввали ҲК-Никита Хрущёв бо кафши худ рӯи миз кӯфта фарёд зад: «Мо ба шумо «Ғарби пӯсида», «модари кузькаро нишон медиҳем».

13.10.1921. Ба имзо расидани созишномаи дӯстии Карск. Ин созишнома байни ҷумҳуриҳои шӯравии Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон аз 1 тараф ва Туркия аз тарафи дигар, ба имзо расид. Ногуфта намонад, ки ин созишнома бо иштироки бе воситаи РСФСР ба имзо расонида шуд.

13.10.1944. Артиши шӯравӣ дар рафти ҶБВ пойтахти Латвия-шаҳри Ригаро аз душманони олмонӣ озод намуд.

13.10.1990. Дар шаҳри Харкови Украина студияи телевизионии АТВ-1 (он баъдан ба ЗАО РТК «Тонис-Центр» табдил дода шуд) барномаи аввалини худро пахш намуд. Ин рӯз зодрӯзи телевизиони хусусии Украина маҳсуб меёбад.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter