ХАБАРИ ДОҒ

Колхозчӣ соҳиби паспорт шуд

  • Панҷшанбе, Дек 22 2016

22.12.1943. Шӯрои Коммисарони Халқ (ШКХ)-и СССР матни Гимни нави давлатии аввалин кишвари Шӯроҳоро тасдиқ кард. Ногуфта намонад, ки аз соли 1922 то с.1943 дар СССР ба ҳайси гимни давлати суруди фаронсавии "Интернатсионал", ки ба коммунаи Париж бахшида шуда буд, истифода мешуд.

 

22.12.1989. Дар Руминия режими коммунистии Николай Чаушеску сарнагун карда шуд. Худи Чаушеску ҳамроҳи занаш Елена дар оғоз фирор кард, лек баъдан дастгир карда шуд ва 25.12.1989 бо қарори суди махсуси ҳарбӣ ҳамроҳи завҷааш ба қатл расонида шуд.

23.12.1947. Бо Фармони Раёсати ШО СССР 1 январ дар кишвар рӯзи ид ва истироҳат эълон карда шуд. Болшевикон аз соли 1929 ҷашни Соли навро чун иди мазҳабӣ (Рождество) мамнуъ эълон карда буданд ва то соли 1947 1 январ дар СССР рӯзи оддии корӣ маҳсуб меёфт.

24.12.1979. Нерӯҳои ҳарбии СССР ба хоки Афғонистон ворид шуданд. Оғози ҷанги Афғонистон. Аввалин шуда ба хоки Афғонистон баталёни алоҳидаи 781-и дивизияи тирандозони савораи 108 ворид карда шуд. Баъди онҳо баталёни 4-и десантии армияи 40 барои муҳофизати ағбаи Саланг ба ин кишвар ворид шуд.

24.12.1989. Баъди 10 соли оғози ҷанги Афғонистон Анҷумани 2-и вакилони мардумии СССР бо қарори худ, вуруди нерӯҳои низомии Шӯравиро ба Афғонистон маҳкум кард.

25.12. 1939. Матбуоти Шӯравӣ теллегроми ҷавобии Сталинро ба Гитлер ва Риббентроп рӯи чоп овард. Дар ин теллегром гуфта мешуд, ки "дӯстии халқҳои Олмон ва Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо хун пайванд дода шудааст, бояд дуру дароз ва пойдор боқӣ бимонад".

26.12.1974. Дар СССР додани шиносномаҳо ба аҳолии деҳот оғоз шуд. Баъзе аз муаррихон ин қарори роҳбарияти Шӯравиро чун бекор кардани ҳуқуқи крепостноӣ дар СССР муаррифӣ мекунанд. Додани шиносномаҳо ба пуррагӣ аз 1.01.1976 оғоз карда шуд ва танҳо 31.12.1981 ба охир расид. Дар ин муддат дар СССР 50 млн шиноснома ба колхозчиён тақдим гардид.

27.12.1929. Оғози коллективикунонии оммавӣ дар СССР.

27.12.1932. КИМ ва ШКХ СССР бо қарори худ дар қаламрави кишвар системаи паспортӣ ва бақайдгирии ҳатмиро ҷорӣ карданд. Хусусияти асосии системаи паспортии с.1932 ин буд, ки шиносномаҳо танҳо ба аҳолии шаҳрнишин, шаҳракҳои коргарӣ ва совхозҳо дода мешуданд. Колхозчиён аз доштани шиноснома маҳрум шуданд. Бе шиноснома колхозчиён наметавонистанд аз қаламрави колхоз берун раванд.

27.12.1938. Дар СССР унвони фахрии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ таъсис дода шуд. Ин унвон ба ашхосе, ки дар соҳаи истеҳсолот, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт, савдо ва ихтирооти илмӣ ба кишвари Шӯравӣ хизматҳои шоён карда буданд, дода мешуд. Бори аввал ин унвон 20.12.1939 ба Сталин, ба муносибати 60 солагиаш ва барои хизматҳои шоёнаш дар таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ супорида шуд.

27.12.1979. Қисмҳои махсусӣ КГБи СССР ба қасри Ҳафизуллоҳ Амин ҳамла карданд. Амалиёти ишғоли қасри Амин 40 дақиқа тӯл кашид ва дар натиҷа Амин ба қатл расид.

29.12.1927.Дар СССР аввалин коммунаи кӯдаконаи ба номи Ф.Дзержинский ифтитоҳ ёфт. Коммуна дар шаҳраки Харкови нави Украина бо пули чекистони украинӣ созмон дода шуд. Сарварии комунаро педагоги машҳури шӯравӣ-Антон Макаренко ба ӯҳда дошт.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter