27.04.1959.СССР бо Миср созишномаи сохтмони сарбанди Асуанро ба имзо расонд. Назорати маҷрои рӯди Нил барои ҳукумати Миср аҳамияти вежа дошт, лек лоиҳаи президенти Миср-Ҷамол Абдул Носир оид ба сохтмони сарбанди баланд дар Нил норизоияти ҳукумати ИМАро ба миён овард. Бонкии ҷаҳонӣ аз додани пул ба ҳукумати Миср худдорӣ кард ва Носир ба Хрушёв муроҷиат намуд. Муҳандисони шӯравӣ баъди чанде сохтмонро оғоз карданд ва Миср аз таҳдиди Нил наҷот ёфта, соҳиби барқи доимиву арзон гардид.
27.04.1961.Дар СССР фонд (сандуқ)-и сулҳи шӯравӣ таъсис дода шуд. Фонди сулҳи СССР ташкилоти ҷамъиятӣ ба шумор мерафт ва вазифаи асосиаш гузаронидани чорабиниҳо ва сарфакории дурусти маблағҳои хайриявии воридшуда буд.
27.04.1963.Роҳбари инқилобии Куба-Фидел Кастро Рус бори аввал вориди Маскав шуд. Барои ин сафар Кастро пинҳонӣ аз Куба хориҷ шуд, чун амрикоиҳо метавонистанд тайёраи Комендантеро маврид ҳадаф қарор диҳанд.
28.04.1920.Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Озарбойҷон.
28.04.1945.Роҳбари фашистии Итолиё-Бенито Муссолинӣ аз ҷониби партизанҳои итолиёӣ дастгир шуд ва ҳамроҳи маъшуқааш бераҳмона ба қатл расид.
28.04.1953.Дар Маскав Василий Сталин-писари Сталин ба ҳабс гирифта шуд. Ӯро баъди якуним моҳи даргузашти падараш ба ҳабс гирифтанд. Вай хабари ҳабс шуданашро як рӯз пеш аз ҷониби дӯстони халабонаш тариқи телефон шунид. Он шабу рӯз генерал-лейтинант В.Сталин 32 сол дошт ва вазифаи фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии округи ҳарбии Маскавро иҷро мекард. Василийро барои хароҷоти зиёди маблағҳои давлатӣ айбдор намуданд.
28.04.1990.Дар СССР бори охир унвони Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ тақдим карда шуд. Охирин Маршали СССР Дмитрий Язов шуд, ки баъди 1 сол яке аз иштирокчиёни фаъоли ГКЧП гашт.
29.04.1932.Дар СССР бригадаҳои кӯмак ба милиса (Бригадмил) таъсис дода шуданд. Ин бригадаҳо дар назди шӯъбаҳои милиса таъсис меёфтанд ва ба онҳо шаҳрвандони шӯравии аз 18-сола боло бо тавсияи созмонҳои ҳизбӣ, комсомолӣ, иттифоқи касаба ва ғ. шомил мешуданд. Дар оғози с.1941 дар сафҳои Бригадмил аллакай 400.000 ёрамчии милиса ифои вазифа мекарданд.
30.04.1945.Фюрери олмонӣ Адолф Гитлер ва маъшуқаи ӯ Ева Браун дар қароргоҳи зеризаминии сарвари Рейхи 3-ум худкушӣ карданд.
1.05.1890.Коргарони Австро-Венгрия, Белгия, Олмон, Дания, Испония ва як қатор кишварҳои дигари аврупоӣ аввалин бор бо баргузории роҳпаймоӣ иди 1 майро таҷлил намуданд.
1.05.1960.Тайёраи амрикоии "У-2" бо сарнишинии халабон Френсис Пауэрс сарҳади ҳавоии СССРро тариқи Афғонистон вайрон кард ва дар наздикиҳои шаҳри Свердловск зада ғалтонда шуд.
1.05.1990.Охирин роҳпаймоии 1 май дар СССР буд, ки роҳбарияти СССР ва ҲКИШ бо сарварии Михаил Горбачев дар минбари Мавзолей истода буданд.
2.05.1949. Дар СССР нахустин гузориши телевизионии бозии футбол пахш карда шуд. Бозӣ дар стадиони "Динамо" миёна дастаҳои футболи ЦДКА ва Динамои Минск баргузор гардид.
М.Салимшо